
ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ
2024-12-20 18:22:05
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи
компютерии шаҳри Душанбе дар мавзӯи пешгирии коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар кори вохӯрӣ директори Коллеҷи
информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Сафарзода Ҳамза Сафар
сарнозири Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон Акрамзода Ёсуман ва устодону кормандони муассиса иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами пешгирии зуҳуроти коррупсия дар муассисаҳои
таълимӣ ва нақши ҷавонон дар мубориза бо ин падидаи номатлуб мавриди баррасӣ
қарор гирифтанд. Акрамзода Ёсуман оид ба сиёсат ва тадбирҳои давлатӣ дар самти
мубориза бо коррупсия маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид карданд, ки
ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон, бояд дар пешгирии ин зуҳурот саҳмгузор
бошанд.
Иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, роҳҳои пешгирии
хавфҳои коррупсионӣ муҳокима гардиданд. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки татбиқи
меъёрҳои қонунгузорӣ ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷавонон яке аз роҳҳои
муассири мубориза бо коррупсия мебошад.
Вохӯрӣ дар фазои созанда баргузор шуда, аҳамияти ҳамкории наздик байни
сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои таъмини шаффофият ва адолат дар
ҷомеа махсус зикр гардид.