
ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ИСФАРА ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАШКИЛ МЕШАВАНД
2024-12-12 10:42:55
Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара
ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ мутахассисони соҳаи тандурустиро аз рӯи
ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ ва кори фарматсевтӣ омода менамояд.
Дар ин бора аз коллеҷи мазкур хабар доданд.
Ба таъкиди масъулини муассиса, барои гузаронидани машғулиятҳои
назариявию амалӣ, таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён
байни коллеҷ ва Беморхонаи марказии шаҳр, маркази саломатии шаҳрӣ, осоишгоҳи
«Зумрад» ва Муассисаи назорати давлатии саниатрию эпидимиологии шаҳр ҷиҳати ба
ихтиёри коллеҷ вогузор намудани ҳуҷраҳои таълимӣ шартномаҳо ба имзо расонида
шуда, донишҷӯён қисмати амалии дарсҳоро дар ин муассисаҳо мехонанд.
Қайд гардид, ки қисми зиёди ҳуҷраҳои таълимӣ ба тарзи
кабликлиникӣ ҷиҳозонида шуда, онҳо ба фанҳои таълимӣ ва тахассусӣ мутобиқ
гардида, бо асбобҳои айёнӣ ва воситаҳои таълимӣ техникӣ таъмин карда шудаанд.
Ба зикри Садридинов Бурҳонидин, муовини директор оид ба таълим,
дар муассиса ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, аз худ намудани
илмҳои дақиқу риёзӣ, техникаву технологияи нав ҳамеша аз тарафи омӯзгорон ба
фанҳои табиӣ-риёзӣ ва тахассусӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, ҳамаи кормандону
омӯзгорони муассиса мекӯшанд, ки дар раванди дарс аз тахтаи электронӣ, проектор
ва компютер истифода баранд. Зеро дар ҳолати истифода бурдани техника ва
технологияи нави замонавӣ донишҷӯён бо дидан ва дар як вақт иҷро намудани
корҳои амалӣ, мавзӯи дарсро ба пуррагӣ фаҳмида, онро минбаъд дар таҷриба
истифода бурда метавонанд.
“Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, ҳоло дар
ҳамаи муассисаҳо ҳукумати электронӣ ҷорӣ шудааст. Мо низ бо ҳамин мақсад дар
раванди дарс ҷавононро баҳри аз худ намудани дарсҳо ба монанди технологияи
информатсионӣ, химия, биология, физикаи тиббӣ, география, экология ва ғайраҳо
тариқи техника ва технологияи нав омӯзонида, аз устодон тақозо менамоем, ки
дарси худро дар дараҷаи баланди таълимӣ гузаранд, то ин ки шогирдони мо дар
оянда кадри соҳибихтисос ва маълумоти гирифтаашон ба талаботи замон ҷавобгӯ
гардад”, - гуфт номбурда.
Тазаккур дода шуд, ки дар муассиса 3 кафедра фаъолият мекунад -
кафедраи фанҳои тахассусӣ, кафедраи фаҳои табиӣ-риёзӣ ва кафедраи фанҳои
гуманитарӣ. Дар умум, дар ин кафедраҳо 30 омӯзгори асосӣ ва 40 омӯзгори ҳамкор
аз фанҳои гуногун ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Таъкид шуд, ки роҳбарияти муассиса тасмим дорад дар оянда
ихтисосҳои серталаботи кори дандонсозӣ ва кори лабораториро низ дар раванеди
таълим ворид намояд, то ин ки теъдоди мутахассисони ин соҳа дар ҳудуди шаҳр ва
минтақа боз ҳам афзоиш ёфта, норасоии кадрҳои соҳибихтисос коҳиш дода шавад.