
МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ "ЗИНДАГӢ БИДУНИ ХУШУНАТ ВА ЗӮРОВАРӢ ЗЕБОСТ" ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ БА НОМИ А. ҚАҲҲОРОВ
2024-12-07 08:36:33
Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз
25-уми ноябр то 10-уми декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи
хушунат нисбат ба занон» сурат мегирад, ки он дар иртибот ба «Конвенсия оиди
бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳои ҳуқуқи занон» қабул гардидааст.
Дар доираи маъракаи иттилоотии мазкур санаи 5 декабри соли
равон дар Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом ба номи А. Қаҳҳоров мизи мудаввар
таҳти унвони "Зиндагӣ бидуни хушунат ва зӯроварӣ зебост" баргузор
гардид, ки дар он Раиси ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ва сархатиби
масҷиди ҷомеаи марказии шаҳр Аббосхон Аброров иштирок намуданд.
Дар оғоз зикр гардид, ки чорабинии мазкур бо мақсади дар амал
татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи оила, баланд бардоштани сатҳи
маданияти ҳуқуқии ҷавонон, устувории нақши оила, бунёди оилаи солим,
парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди ҷавонон, тараннуми арзишҳои олии
оила, тарбияи ҷавонон ба ватандӯстию меҳанпарастӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва
хушунати оилавӣ равона карда шудааст. Дар вохӯрӣ меҳмонони баромад карданд.
Таъкид шуд, ки мақсади гузаронидани чунин
чорабиниҳо ҷалби диққати ҷомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбати занон, мусоидат
намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии занон
ва коҳиш додани хушунати хонаводагӣ мебошад.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронии иштирокчиён анҷом ёфт.
