
ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ САНОАТИ КӮҲИИ ШАҲРИ ИСФАРА БА МАВСИМИ ЗИМИСТОН ОМОДА АСТ
2024-12-12 10:44:43
Дар Литсейи касбии техникии
саноати кӯҳии шаҳри Исфара баҳри беҳтар кардани раванди таълим ва касбомӯзии
муҳасилин фонди китобхонаи муассиса бо 132 адад китобҳои фанҳои умумитаълимӣ
ғанӣ гардонида шуда, устохонаи кафшергари барқию газӣ, ки дорои 9 нуқтаи кафшергарӣ
аст, азнавсозӣ гардиданд. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи
директори муассиса Баҳодур Насридинов маълумот дод.
Ба зикри директор, вобаста ба иҷро намудани қарори ҳукумати
мамлакат аз 30.03.2024, №192 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои
иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар
давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” фармоиши директори муассиса ба
тавсиб расида шуда, тибқи он оинабандӣ намудани оинаҳои шикастаи ҳамаи дару
тирезаҳои биноҳои муассиса амалӣ шуда, 15 тонна ангишт ва 7 м3 ҳезум захира
карда шуд.
Сарвари муассса гуфт, бо мақсади ҷалби бештари шаҳрвандон ба
касбомӯзӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 дар муассиса 80 нафар дар курси
кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои таркишгар, нақбкани зеризаминӣ ва
кӯҳкори зеризаминӣ таълим дода шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар тӯли як соли фаъолият 105
нафар дар курсҳои семоҳа аз рӯи ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат -
«Ошпаз-қаннод», «Асосҳои омӯзиши компютер», «Кафшергари барқию-газӣ», «Устои
таркишгар», «Нақбкани зеризаминӣ», «Кӯҳкори зеризаминӣ» ва «Дӯзанда» таълим
гирифта, ба онҳо шаҳодатнома дода шуд. Ҳамзамон, дар деҳаҳои дурдасти Чоркӯҳ,
Сурх, Навгилем, Ворух ва маркази шаҳри Исфара курсҳои сайёри касбомӯзӣ
гузаронида шуданд.
Қайд карда шуд, ки литсей дорои устохонаҳои таълимӣ–истеҳсолии
«Дӯзандагӣ», «Кафшергари барқию газӣ», «Корҳои зеризаминӣ», «Челонгарӣ» ва
«Дуредгарӣ» мебошад, ки дар онҳо машғулиятҳои таълимии истеҳсолии гурӯҳҳои
муассиса ташкил ва баргузор карда мешаванд.
