
"ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ПЕШ"
2024-12-12 10:13:11
Чунин унвон
дошт ҳамоиши идонае, ки дар маҷлисгоҳи Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ба
ифтихори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор
гардид.
Дар ин чорабини бошукӯҳ роҳбарияти кумиҷроияи ноҳиявӣ, олимону
коршиносон, фаъолону собиқадорони ҳизб ва аъзои фаъоли намояндагии Ташкилоти
ҷамъиятии ҷавонон - "Созандагони Ватан" иштирок карданд.
Раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Муродулло Почозода оид ба зарурати
таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳилаҳои ташаккули ин нерӯи тавонои сиёсӣ ва нақши
он дар пешрафту ободии кишвари азизамон сухан гуфт. Таъкид гардид, ки Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони Истиқлол дар ҳифзу таҳкими
дастовардҳои ин давра ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва давлатмеҳвар
тӯли 30 соли ҳастии пурифтихор корҳои зиёдеро ба сомон расидааст.
Раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ноҳиявӣ, шоири шаҳиру ваҳдатсаро
Олимхон Исматӣ бо илҳом аз ҳадафҳои барномавии ҳизб ва дастовардҳои он аз
ашъори тозаи худ қироат намуда, гуфт, ки сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами
ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҳар як эҷодкори худшиносу
ватандӯст аст.
Директори муассисаи давлатии таълимии
Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ Парвиз Марҳамзода аз нақши ташкилоти ибтидоии
"Кишоварз" дар баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ ва иҷрои нақшаи корӣ
ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан
гуфта, иттилоъ дод, ки сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби устодону донишҷӯёни ин боргоҳи
илму ҳунар рӯз аз рӯз меафзояд.
Дигар баромадкунандагон низ оид ба моҳияти ҳадафҳои барномавии
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақши он дар иҷрои рисолати созандагӣ
ибрози андеша намуданд.
Бо қадршиносии як гуруҳ фаъолони ҳизб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши идона анҷом ёфт