
ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НЕФТ ВА ГАЗИ ШАҲРИ ИСФАРА ШАҲРВАНДОНИ БЕШУҒЛРО БО КАСБ ТАЪМИН МЕКУНАД
2024-12-12 10:46:47
Саноати нефт ва газ аз зумраи соҳаҳои
саноати вазнин аст, ки ҷустуҷӯи конҳои нефту газ, чоҳпармакунӣ, истихроҷи нефту
газ, коркарди газу нефт ва монанди инро дарбар мегирад. Ин навъи саноат бо
инкишофи таҳаввулоти илмию техникӣ ва мутахассисони донишманду кордон сахт
алоқаманд аст, зеро ҳукумати кишвар ба тараққии босуръати саноати нефту газ
диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар ин бора Эҳсон Мирзоев,
директори Литсейи касбии техникии нефт ва гази шаҳри Исфара, зимни суҳбат гуфт.
Ба зикри ӯ, бо ин мақсад дар Муассисаи давлатии таълимии
“Литсейи касбии техникии нефт ва гази шаҳри Исфара” шаҳрвандон ба курсҳои
кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯйи касбҳои ронандагӣ (дараҷаи В ва С), кафшергарӣ,
монтёри барқӣ, ёрдамчии пармагар дар соҳаи нафту газ ва оббарорӣ, муҳосибӣ,
сӯзанидузӣ, сабадбофӣ, челонгарии таъмири муҳаррики автомобил, системаи
компютерӣ ва интернет-технология ба муҳлати таҳсили 3 моҳ ҷалб карда шуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби бештар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ дар
муассиса пайваста Рӯзи дарҳои кушод баргузор карда мешавад, ки дар онҳо шумораи
зиёди хонандагону хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру
деҳоти Исфара ташриф оварда, аз шароиту имкониятҳои таҳсил дар муассисаи
таълимӣ аз наздик шинос мегаванд.
“Айни замон муассиса хонандагонро аз рӯйи
ихтисосҳои челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил (бо иловаи ронандаи
дараҷаи "С"), монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти
барқӣ, тракторчӣ - мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, мошинисти дастгоҳҳои
пармагарӣ дар соҳаи нафту газ (бо иловаи ронандаи дараҷаи"С"),
ҳисобдор (бо донистани компютер), системаи компютерӣ ва интернет – технология,
кафшергари газию барқӣва кафшергари барқӣ дар заминаи синфи 9 давоми 2 сол ва
дар заминаи синфи 11 ба муддати 1 сол таълим медиҳад”, - гуфт ӯ.
Таъкид шуд, ки хонандагон дар вақти таҳсил ба як вақт хӯроки
гарм ва хобгоҳи замонавӣ таъмин карда мешаванд.
