
ҶАЛАСАИ САЙЁРИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-12-14 17:36:05
Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи
Ю. Б. Исҳоқӣ” ҷаласаи сайёри Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти раисии академик
Фарҳод Раҳимӣ баргузор гардид. Дар кори он муовинони раис, сардорони раёсат ва
мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Дар ҷаласа
вазъи соҳаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва фаъолияти муассисаҳои ҳудуди
вилояти Суғд таҳлил шуданд. Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои дар таҳрири нав
қабул намудани ду қонуни соҳавӣ дар самтҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,
ки айни ҳол дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, таъмини баззаҳои моддию
маънавии муассисаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, бунёди муассисаҳои нави
таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ягон муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ надоранд, сохтмону азнавсозии бино, устохона, озмоишгоҳ ва хобгоҳҳо дар
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ,
таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимӣ, баланд бардоштани савияи дониши
кормандону омӯзгорон ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо, таъмини
иштироки хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ
ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуданд.
Академик Фарҳод
Раҳимӣ қайд кард, ки тибқи тағйирот ба қонунгузории соҳаи таҳсилоти миёнаи
касбӣ, ки айни ҳол дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад,
муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ба истиснои коллеҷҳои
соҳаи фарҳанг ва тиб, аз 3 сол ба 2 сол расонида мешавад, ки тақозои замон аст.
Раиси Кумита таъкид намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бояд теъдоди мутахассисони
соҳибкасб аз ҳисоби ҷавонони қаламрави вилоят афзоиш дода шуда, ҷиҳати
мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат дар ин давра муҳасилини
муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар корхонаҳои ватанӣ таҷриба
андӯзанд.
Қайд гардид, ки
аҳли коллективи муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пайваста аз
дастгириҳои Сарвари давлат бархӯрдор мегарданд. Ин аст, ки маҳз бо ташаббуси
бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хубтар ба роҳ мондани
раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва
соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6
сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
“Айни замон дар назди Кумита 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 87
муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи
ғайридавлатӣ) ва 5 филиал (1 давлатӣ ва 4 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки
дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд”, -
гуфт Раиси Кумита.
Таъкид гардид,
ки аҳли кормандон ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии сохтори Кумита
ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша сармашқи кори худ қарор
дода, кӯшиш намоянд, ки фаъолияти хешро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд ва
дар ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳиссагузор бошанд.
Дар идомаи
ҷаласаи сайёр сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ Файзиддин Қурбонзода ва
сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ Бобоҷон Маҳмадализода аз раванди
фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд, ки бо
фармоиши Раиси Кумита гуруҳи корӣ мавриди санҷиш қарор дода буданд, гузориш
доданд.
Дар рафти ҷаласа дигар масъалаҳои ҷории соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта,
масъулин ҷиҳати иҷро ва ҳалли саривақтии онҳо уҳдадор шуданд. Дар ҷаласа, ки бо
муҳокимаи фаъол идома ёфт, роҳбарони муассисаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро
оид ба такмили низоми таълим ва беҳтар кардани шароити корӣ баён намуданд.

