Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-07-09 19:57:28

ҲАР ОН ЧӢ ДӮСТ НЕКӮ ХОНД, НЕКӮСТ

Сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро, ки рӯзи 8-уми июли соли равон ба Тоҷикистон доир гардид, метавон гардиши муҳими муносибатҳои дӯстона ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуд, зеро вазъияти имрӯзаи сиёсии ҷаҳон кишварҳои оламро водор бар он месозад, ки бо ҳамсоякишварҳои худ муносибатҳои хубу ногусастанӣ дошта бошанд.

Роҳбарони ду кишвар дар масъалаи марз тавонистанд ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, ки чанде пеш тариқи созишномаҳои байниҳамдигарӣ мустакам намуда буданд, ба созиш расанд. Ҳамагон шоҳиди онем, ки дар баробари мулоқотҳои сатҳи баланди роҳбарони ду кишвар кушодашави боз як гузаргоҳи марзии дигар-Тоҷварон ва Қарамиқ сурат гирифт, ки баёнгари боварию эътимоди нав дар муносибатҳои дӯстона ин ду кишвар мебошанд.

Созишномаҳои басташуда, аз ҷумла созишномаи таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон шаҳодат аз он медиҳад, ки тарафҳо ба муносибатҳои дӯстонаи давомдор боварӣ доранд ва омодаанд низоми навбатии ҳамгироиро барпо намоянд.

Акнун баъди сафари навбатии Президенти Қирғизистон мо метавонем бо дилпурӣ ва ихлосу боварӣ бори дигар дар сатҳи байналмилалӣ садо баланд намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат сазовори ҷоизаи Нобел барои сулҳ мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки таъсири ин сафар бисёр калон арзёбӣ карда мешавад. Мо медонем, ки ҳарчанд дар чанд қисмати минтақаҳои наздисарҳадӣ нуқтаҳои гузаргоҳӣ кушода шуда бошанд ҳам, дар дигар қисматҳо ин мушкилотҳо мавҷуд буданд. Акнун ин сафари хотирмон ба он оварда расонд, ки равобити байни сокинони ду кишвар мустаҳкам гардида, муносибатҳои хешутаборӣ аз нав барқарор карда шаванд.

Бо бастани созишномаҳои давлатӣ густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва таълимӣ пайдо гардида, бо таҳияи барномаю чорабиниҳои фарҳангӣ, рафтуомади сокинони ду кишвар якдигарфаҳмӣ ба миён омада, нофаҳмиҳои пешина аз байн бурда шаванд. Мо хуб медонем, ки халқҳои тоҷику қирғиз ва дигар халқиятҳои Осиёи Миёна урфу одатҳои ба ҳам наздик ва таърихи муштарак доранд. Агар ба гузаштаи начандон дур назар афканем, метавонем дид, ки дар соҳаҳои гуногун байни ин ду кишвар муносибатҳои хуб ҷой доштанд.

Хурсандибахш аст, ки дар ин сафари корӣ аз ҷониби намояндагони ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав, туризм ва тиҷорат ва бо чанди дигар созишномаҳо ба имзо расиданд, ки фикр мекунам дар гардиши мол байни кишварҳо ва ба ин васила дар соҳаи иқтисод таккони ҷиддиеро ба бор хоҳанд овард.

Таърихи гузаштаи халқи тоҷик нишон медиҳад, ки мардуми мо доим дар сулҳу амонӣ зиндагӣ намуда, боре таҷовузро болои халқе раво надидаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои ҳамсоя доим таваҷҷуҳ дора два баҳри таҳкими ин муносибатҳои кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад.

Ситора ШОДИЕВА,

сармутахассиси шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе

2025-07-09 19:55:26

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН - ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВ ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ СТРАТЕГӢ

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 июли соли 2025 оғоз гардид, як рӯйдоди дорои аҳаммияти баланди сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ арзёбӣ мегардад. Дар пасманзари муносибатҳои мураккаб ин боздид на танҳо баёнгари талошҳои муштараки ду кишвар барои беҳбуд бахшидан ба равобити дуҷониба мебошад, балки инчунин ҳамчун қадами муҳим барои расидан ба эътимоди мутақобила, рушди ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои ҳассоси таърихию марзӣ арзишманд аст.

Дар ҷараёни ин сафари давлатӣ мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар таҳти раёсати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими равобити дуҷониба, аз ҷумла таъмини амният дар сарҳад, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамгироии нақлиётӣ, энергетикӣ, обу захираҳои табиӣ ва рушди фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Аз ин рӯ, вохӯрии сарони ду кишвар беш аз ҳама на ба мубодилаи изҳороти дипломатӣ, балки ба раванди татбиқи амалии созишномаҳое тамаркуз дошт, ки метавонанд ояндаи минтақа ва сарнавишти мардумони сарҳаднишинро дигаргун созанд.

Як нуктаи муҳими сафари мазкур имзои санадҳои нави ҳамкорӣ аст. Ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ, дар поёни сафари расмӣ беш аз даҳ санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва ғараҳо ба имзо расиданд. Ин созишномаҳо метавонанд заминаи ҳуқуқӣ ва амалии густариши равобитро фароҳам оварда, дар заминаи иқтисодиву тиҷоратӣ боиси ташкили ширкатҳои муштарак, лоиҳаҳои зерсохторӣ ва беҳбуди дастрасӣ ба бозорҳои ҳамдигар шаванд. Бо назардошти он ки иқтисоди ҳар ду кишвар ба рушди минтақаҳои марзӣ сахт вобаста аст, иҷрои чунин санадҳо метавонад имкониятҳои нави рушди иқтисодӣ ва паст кардани шиддати иҷтимоиро ба миён оварад.

Сафари Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчунин дар сатҳи рамзҳои дипломатӣ ва фарҳангии он аҳамияти махсус дошт. Гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва мулоқоти судманд бо ҷониби Тоҷикистон як паёми равшанро дар худ дошт: эҳтиром ба таърихи якдигар ва эҳёи ҳамзистии фарҳангӣ метавонад асоси суботи доимӣ гардад. Дарвоқеъ, решаҳои фарҳангиву тамаддунии муштарак, забон ва суннатҳои ҳамсон бояд на ҳамчун баҳонаи ихтилоф, балки ҳамчун муҳаррики дӯстӣ ва наздикӣ дар заминаи равобити байнидавлатӣ истифода шаванд.

Аз нигоҳи геополитикӣ низ ин сафари давлатӣ дар фазои таҳаввулоти босуръати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайваст. Бо дарназардошти фаъолнокии афзояндаи кишварҳои хориҷӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ давлатҳои минтақа талош доранд муносибатҳои байниҳамдигариро бар асоси усулҳои нави сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла ҳамгироии амниятӣ ва иқтисодии минтақавӣ таҳким бахшанд. Ҳамин аст, ки ташреҳи таҳлилгарон аз ин дидор ҳамчун як талош барои ба ҳам овардани иқтидорҳои дохилӣ ва коҳиши вобастагии геополитикӣ низ қобили таваҷҷуҳ мебошад.

Сафари муҳтарам Садир Жапаров бешубҳа на як ҳодисаи расмӣ, балки оғози марҳилаи нав дар равобити ду кишвари дӯст ва ҳамсоя ба ҳисоб меравад. Он метавонад на танҳо барои Тоҷикистону Қирғизистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ як намунаи ҳамкорӣ, субот, рушди мутаносиб ва ҳалли осоиштаи мушкилоти мавҷуда гардад. Бартарӣ додан ба манфиатҳои умумӣ, эҳтиром ба истиқлолият ва ҳувияти миллӣ, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва эҷоди фазои эътимод унсурҳоеанд, ки метавонанд робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ бароранд.

Ҷамила ДАВЛАТЗОДА, директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав

2025-07-09 19:53:58

САФАРИ ДАВЛАТИИ САДИР ЖАПАРОВ-ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ РАВОБИТИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8-уми июли соли 2025 сурат гирифт, як гардиши муҳим дар муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад. Дар замоне ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба таҳкими равобити дохилминтақавӣ ниёз дорад, мулоқоти роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров имкони баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро фароҳам овард.

Пас аз солҳои баҳсҳои тӯлонӣ дар масъалаи марз ниҳоят ҷонибҳо тавонистанд ба созиш бирасанд ва масъалаҳои сарҳадиро ба таври расмӣ ҳаллу фасл намоянд. Имрӯз на танҳо марзи мушаххасшуда, балки ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзии Тоҷварон ва Қарамиқ баёнгари эътимоди нав мебошад.

Аз ҷиҳати сиёсӣ, сафари мазкур намунаи дипломатияи сабурона ва дарозмуддатест, ки бо роҳандозии музокироти доимӣ, хештандорӣ ва ироаи иродаи сиёсӣ ба натиҷа расид. Созишномаи таъсиси Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон нишон доданд, ки ҳоло ҷонибҳо омодаанд низоми навбатии ҳамгироиро дар минтақа барпо кунанд. Сафар боз як паём ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад: роҳҳои муваффақият дар сиёсати минтақа танҳо сулҳ, гуфтугӯ ва манфиати муштарак аст.

Яке аз натиҷаҳои муҳими сафари Садир Жапаров ба Тоҷикистон, ки шояд зиёд дар расонаҳо зикр нашуд, ин нақши мутақобилаи ҷомеаҳо дар танзими муносибатҳои ду кишвар мебошад. Баъд аз буҳронҳои марзӣ, равобити байни одамон, хусусан дар минтақаҳои наздимарзӣ коста гардида буданд. Аммо акнун бо ифтитоҳи гузаргоҳҳо ва имзои тавофуқномаҳои ҳамкорӣ дар сатҳи иҷтимоӣ, фазо барои ҳамгироии мардумӣ фароҳам шудааст, ки мо намунаашро дар миёни сокинони ноҳияҳои Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон дидем.

Ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ ва расонавӣ низ тавофуқ намуданд. Бо ташкили чорабиниҳои муштарак, табодули донишҷӯён ва рӯзноманигорон, инчунин ворид намудани бандҳои мушаххас дар барномаҳои фарҳангии давлатӣ, ҳадаф бар он аст, ки на танҳо муноқишаҳо, балки нофаҳмиҳо ва стереотипҳо низ аз байн бурда шаванд.

Мардуми ҳар ду кишвар таърихи муштарак, урфу одати наздик ва эҳтироми мутақобила доранд. Сафари Садир Жапаров метавонад оғози марҳилаи «дипломатияи мардумӣ» дар Тоҷикистон шавад, ки муҳаррики устувор барои ҳифзи сулҳ ва пешбурди робитаҳои оянда аст.

Ҳамин тавр, ҳарчи бештар муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар миёни ду кишвар мустаҳкам мешаванд, ҳамон қадар муҳит барои густариши робитаҳои иқтисодӣ мусоидтар мегардад. Сафари имрӯзаи Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон заминаи воқеии барқарорсозии равобити иқтисодии судмандро фароҳам кард.

Дар доираи ин сафар беш аз 20 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз энергетика ва об то кишоварзӣ ва тиҷорат, имзо шуд. Аз ҷумла, созишномаҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологии нав, ҳамкориҳои аграрӣ, туризм ва тиҷорати марзӣ имкон медиҳанд, ки корхонаҳои муштарак ташкил шаванд ва маҳсулоти ватанӣ озодона ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёбанд.

Хулоса, ин сафар нишон дод, ки чунин сафарҳо метавонад омили асосии субот бошад ва агар тарафҳо ба манфиати умумӣ диққат диҳанд, ҳамаи монеаҳо бо роҳи дипломатӣ бартараф мешаванд.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

2025-07-09 19:52:35

ОҒОЗИ ЛОИҲА ДОИР БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ РАҚАМӢ ВА ШУҒЛ БАРОИ ҚИШРИ ОСЕБПАЗИРИ АҲОЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз дар Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар як ташаббуси нав, ки ба рушди малакаҳои рақамӣ ва имкониятҳои шуғл барои қишри осебпазири аҳолии вилояти Хатлон нигаронида шудааст, расман оғоз гардид. Лоиҳаи «Мусоидат ба рушди малакаҳои рақамӣ ва шуғл барои ҷомеаҳои осебпазир» аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) - Агентии муҳоҷирати СММ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ ва амалӣ карда мешавад.

Ин лоиҳа дар заминаи барномаи ЮНИСЕФ «Аз таҳсил то ба даст овардани даромад», ки дар ҳамкорӣ бо шарикони миллӣ бо мақсади кӯмак ба ҷавонон, бахусус аз минтақаҳои деҳот ва камбизоат, барои аз худ кардани малакаҳои рақамӣ, соҳибкорӣ, ки барои бозори муосири меҳнат заруранд, таҳия шудааст, асос меёбад.

Қаблан, ЮНИСЕФ дар саросари кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар, дар якҷоягӣ бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чаҳор Маркази шуғли фосилавӣ таъсис дода буд. Ин марказҳо ҳамчун фазои фарогире хидмат мекунанд, ки дар он ҷавонон метавонанд ба омӯзиши малакаҳои рақамӣ, мураббигӣ ва имкониятҳои шуғл дастрасӣ пайдо карда, фосилаи байни таҳсилот ва бозори меҳнатро бартараф созанд.

«Оғози лоиҳа аз комёбиҳои мо дар давоми ҳамкорӣ бо бахш ва муассисаҳои гуногун ҷиҳати дар мадди назар қарор додани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Якҷоя мо ояндаи боз ҳам фарогирро бунёд мекунем, ки дар он ҳеҷ як ҷавон аз таваҷҷуҳ дур намемонад», - гуфт сардори намояндагии ЮНИСЕФ Артур ван Дизен.

Тавассути ба ҷавонон омӯзонидани малакаҳои рақамии серталаб ва васеъ намудани дастрасии онҳо ба кори фосилавӣ, лоиҳа мушкилоти маҳдудияти шуғл дар маҳалро ҳал намуда, ба баланд бардоштани устуворӣ мусоидат мекунад.

Дар доираи ин шарикӣ, СБМ таҷрибаи худро дар соҳаи таъмини воситаҳои зиндагӣ ва фарогирӣ пешниҳод мекунад, дар ҳоле ки ЮНИСЕФ дастгирии татбиқи модели Марказҳои шуғли фосилавӣ дар сарсоари кишварро идома дода, бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва шарикони давлатӣ барои таъмини устуворӣ ва васеъшавӣ ҳамкории зич менамояд.

«Ин лоиҳа нишондиҳандаи уҳдадории мо барои фароҳам овардани роҳҳои амалӣ барои ҷавонон аст, то онҳо малакаҳои дар бозор серталабро рушд диҳанд ва дар ҷомеаҳои худ саҳми арзанда гузоранд. Тавассути талошҳои муштарак, мо саъй дорем, ки осебпазирии ҷавононро коҳиш диҳем ва ба рушди фарогир мусоидат намоем», - гуфт Виктор Лутенко, роҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон.

2025-07-09 19:50:12

АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

9 июл сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки тайи ду рӯз дар Тоҷикистон идома дошт, ба анҷом расид.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нишони эҳтироми хоса меҳмони олиқадрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Ба хотири гусели меҳмони олимақом саҳни фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ ва аксҳои сарони ду давлат идона оро ёфта буд.

Барои гусел роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тараф саф оростанд.

2025-07-08 22:40:41

Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.07.2025

Шоми рӯзи 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори меҳмони олимақом муҳтарам Садир Жапаров бо нишони қадршиносӣ дар фазои дӯстию бародарӣ маҳфили “Шоми дӯстӣ” барпо намуданд.

Зимни сайру гашти шомгоҳӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз намоиши маҳсулоти тару тоза, аз қабили меваю сабзавот дидан намуданд.

Дар роҳравҳои алоҳидаи як гӯшаи зебову дилнишини бӯстонсаро навъу намудҳои мухталифи маҳсулоти кишоварзии бо шаклу услуби хос ороёфта, ба меҳмонон пешкаш гардид.

Роҳбари кишвари ҳамсоя бо имкону захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат шинос шуданд.

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров барои меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ, ки аз ҷониби Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, изҳори сипосу хушнудӣ намуданд.

2025-07-08 22:26:09

ИШТИРОКИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР КОНСЕРТИ АРБОБОНИ САНЪАТ БО НОМИ "ДӮСТИИ АБАДӢ

8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок намуданд.

Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.

Консерти ҷаззоби “Дӯстии абадӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.

2025-07-08 22:21:28

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ ОБ ДАР ЗАМОНИ ИМРӮЗА

Зи ҷӯе, ки хӯрди аз он оби пок,

Набояд фикандан дар он сангу хок.

Дар замони муосир, бо вуҷуди мушкилоти глобалии вобаста ба об, ин неъмати табиӣ ҳамчун сарвати бебаҳо аҳамият ва мавқеи хоса касб кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи об таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, пайваста дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои муҳими худро ироа медоранд. Маҳз бо ташаббуси Президенти кишвар Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028" роҳандозӣ гардид, ки мояи ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.

Мо хуб медонем, ки об — манбаи ҳаёт аст. Он на танҳо ҳаёти инсон, балки гулу гиёҳон, набототу ҳайвонот ва зебоии муҳити зистро таъмин мекунад. Об покизагиву таровати зиндагиро мебахшад ва фазои зисти моро зеботар ва солим нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки қадри ин неъмати беназирро дониста, онро сарфакорона ва оқилона истифода барем.

Гарчанде Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ кишваре бой ба шумор меравад, дар бисёр давлатҳои ҷаҳон миллионҳо нафар аз норасоии оби нӯшокӣ ранҷ мекашанд. Бештари онҳо маҷбуранд аз оби ифлос истифода баранд, ки сабаби бемориҳои гуногун ва ҳатто талафоти ҷонӣ мегардад.

Мутаассифона, захираҳои оби тозаи сайёра сол ба сол кам мешаванд. Ин вазъ моро водор месозад, ки барои истифодаи самараноку сарфакоронаи об чораҳои ҷиддӣ андешем. Аз ҷумла, бояд маданияти истифодаи обро баланд бардорем, аз ифлос кардани чашмаҳо, ҷӯю дарёҳо худдорӣ намоем ва дигаронро низ ба ин роҳ ҳидоят кунем.

Мо набояд дар канор биистем. Зарур аст, ки хусусан ҷавонон дар бораи аҳамияти об ва роҳҳои сарфакоронаи истифодаи он маълумоти бештар дошта бошанд. Онҳо бояд ба насли оянда чун муҳофизони табиат ва захираҳои он тарбия ёбанд.

Бояд дарк кунем, ки яке аз ҳадафҳои калидии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" низ маҳз ҳамин баланд бардоштани маърифати обпарварӣ ва истифодаи оқилонаи он дар саросари ҷаҳон аст.

Саидаҳмадзода Фариддудин, муовини аввали директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар

2025-07-08 22:19:49

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Дар Қасри миллат масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Садир Жапаров ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд. Сарони ду давлат аз ниҳоӣ шудани делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо идома дорад.

Таҳким ва густариши робитаҳои парлумонӣ воситаи маҳими рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд.

Таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ зарур шумурда шуд.

Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ аз самтҳои афзалиятноки афзоиши сармоягузории мутақобила арзёбӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки ҳамкорӣ дар самти содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ густариш дода шавад.

Ҷонибҳо барои сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди марказҳои логистикию саноатӣ ва густариши шарикӣ дар соҳаи рушди системаҳои иттилоотӣ, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, тавсеаи шоҳроҳҳои транзитию нақлиётӣ ва зиёд кардани шумораи парвозҳо, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҷониби Тоҷикистон барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, робитаҳои байни муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, табобатию солимгардонӣ ва муассисаҳои санитарию курортӣ изҳори омодагӣ намуд.

Баргузор намудани фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ омили муҳими таҳкимбахши робитаҳои фарҳангию гуманитарии байни мардумон номида шуд.

Мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Ҳамкории зич барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, оқибатҳои гармшавии глобалӣ ва ҳифзи пиряхҳо аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Ҳамчунин, атрофи ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 

2025-07-08 22:17:22

ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Санаи 8-уми июли соли 2025 дар толори Коллеҷи техникӣ ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис Баҳрулло Давлатзода, Алишер Ализода, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, намояндагони Поркуратураи Генералӣ, Вазорати тандурустӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, Вазорати фарҳанг, Вазорати Рушди иқтисод, Агентии назорат дар соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади пешрафти зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён ва тайёр намудани мутахассисони касбии дар бозори меҳнат рақобатпазир ва ба ин васила ғанӣ гардонидани неруи зеҳнӣ ва касбии коргарии кишвар тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Зикр гардид, ки Кумита фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2025 дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025 ва нақшаи кори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ба роҳ монда, дар ин давра корҳои муайянро ба анҷом расонид.

«Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати пешрафти соҳа 4 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» пас аз баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Айни замон, лоиҳаи 3 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ва «Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №532» дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад», - гуфт раиси Кумита.

Таъкид шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Кумита таҳияи 5 адад лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Таъмиру сохтмон», «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва мониторинги сифати таҳсилот» дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2024, №292, омода гардида, дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Ба зикри академик Фарҳод Раҳимӣ, айни замон, дар 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 14 самт (иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ, металлургия, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ) ва 300 касбу ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешавад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 165 касбу ихтисос зиёд мебошад.

Таъкид карда шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита муваззаф гардид, ки ҷиҳати ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани 210 ҳазор нафар шарвандон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбирҳои амалӣ андешад. Бо ин мақсад барои зиёд намудани теъдоди қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ корбарӣ бо вазорату идораҳои дахлдор идома дошта, дар нақша гирифта шудааст, ки дар 5 соли оянда беш аз 1 милион нафар шаҳрвандон ба омухтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд. Кумита нақшаи ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандонеро, ки касбу ҳунар надоранд, барои нимсолаи якуми соли 2025 бо шумораи 20 ҳазор нафар тасдиқ намуда, барои иҷро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ирсол намуд.

“Дар ин давра курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро 4 ҳазору 269 нафар хатм кард, ки аз ин 1007 нафарашро занону бонувон ташкил медиҳад. Дар соли таҳсили 2024-2025 дар заминаи литсейи касбии теҳникии ноҳияи Шуғнон, шаҳри Бохтар, нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе ва Литсейи алоқаи шаҳри Душанбе марказҳои шуғли фосилавӣ ифтитоҳ гардиданд, ки айни замон фаъолияти босамар дошта, шаҳрвандонро ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро мегиранд. Ба ҳолати шаш моҳи соли 2025 курсҳои кӯтоҳмуддати назди марказҳои шуғли фосилавии муассисаҳои болозикрро 321 нафар (114 духтар) хатм намуда, айни замон 5 гурӯҳ бо шумораи 125 нафар шаҳрвандон таҳсил намуда истодаанд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ гуфт, соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Кумита Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» аз рӯи 15 ихтисос байни хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии баргузор гардид. Озмун дар ду низом сурат гирифт. Дар низоми аввал хонандагон вобаста ба ихтисос малакаи худро тавассути саволномаи тестӣ санҷида, низоми дуюм барои иҷрои кори амалӣ аз тарафи комиссия баҳогузорӣ гардид.

Дар идомаи ҷаласа зикр шуд, ки айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 59 муассисаи давлатӣ ва 27 муассиса) ва 6 филиал фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ, таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи зиёда аз 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135 адад номгӯйи ихтисос зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №656 «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 26 декабри соли 2024, №654 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи қарори протоколи ҷаласаи назоратии назди раиси Кумита аз 10 июни соли 2025, №01/21 ба таври пилотӣ муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияҳои омӯзгорӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ ва варзиш кам гардида, муҳлати таҳсил дар дигар равияҳо 4 сол (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва 3 сол (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ) ба роҳ монда шуд. Инчунин, бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар Кумита ихтисосҳои нави самти иқтисодиёти сабз, мошинҳои барқӣ, зеҳни сунъӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонавард ва манбаъҳои ғайрианъанавӣ ва барқароршавандаи энергияро муайян намуда, ба лоиҳаи Таснифоти давлатии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд.

Қайд гардид, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳо санаҳои 17-18 апрели соли 2025 дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз руйи 4 фанни таълимӣ: забон ва адабиёти тоҷик (иншо), забони русӣ (нақли хаттӣ), забони англисӣ (диктант, тарҷумаи матн) ва таърихи халқи тоҷик (тест) гузаронида шуд.

Дар хотимаи ҷаласа ба як қатор омӯзгорону кормандони соҳа бо нишони аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.


2025-07-08 22:14:24

ИФТИТОҲИ МАҶОЗИИ ГУЗАРГОҲИ САРҲАДӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Дар Қасри миллат пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон” – “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба омодагӣ ба бозкушоии гузаргоҳҳо шахсони масъул гузориш доданд.

Сарони ду давлат барои кушодани гузаргоҳҳо иҷозат доданд.

Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон баргузор шуд.

2025-07-08 22:13:20

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН БА ТОҶИКИСТОН - ЗАМИНАИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ СИЁСӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар замони муосир муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ на танҳо бар асоси воқеияти ҷуғрофӣ, балки бар пояи зарурати сиёсӣ ва геостратегӣ бунёд мешаванд. Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки таърихан робитаҳои зич ва муштаракоти зиёди фарҳангӣ доранд, дар даҳсолаҳои охир шоҳиди бурду бохтҳои гуногун дар ҳамкориҳои дуҷониба буданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Тоҷикистон, ки 8 июли соли 2025 оғоз шуд, як рӯйдоди калидӣ дар таърихи навини робитаҳои ду кишвар арзёбӣ мешавад. Ин сафар на танҳо рамзи сулҳу оштии минтақаӣ аст, балки заминаи нав барои рушди ҳамгироии сиёсӣ ва амниятӣ низ мебошад.

Сафари мазкур бо маросими ботантанаи истиқбол, мулоқоти рӯ ба рӯи президентҳо, ҷаласаҳои васеи ҳайатҳо ва ниҳоят имзои ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкорӣ сурат гирифта истодааст. Дар байни онҳо, Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тадбирҳои боварӣ ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгоҳи махсус доранд.

Сафари муҳтарам Садир Жапаров на танҳо ба сифати ташрифи расмӣ, балки ҳамчун иқдоми стратегӣ баҳогузорӣ мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуд, ки “ин сафар оғози марҳилаи нави ҳамкории мутақобилан судманд ва боэътимод аст”. Гуфта шуд, бастаи муҳими санадҳои дуҷониба, ки аз рӯйи музокироти имрӯза қабул гардид, ба таври умум заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории ду кишварро бо мазмуни нав ғанӣ мегардонад.

Дар ин замина, таъсиси Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон бозгӯи он аст, ки равобит на фақат дар сатҳи раҳбарон, балки дар сатҳи ҳамаи вазорату идораҳо муназзам хоҳад шуд. Ин механизм имкон медиҳад, ки масъалаҳои мавҷуда дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар сатҳи ҳукуматӣ баррасӣ карда шаванд.

Илова бар ин, бо иштироки роҳбарони ду давлат гузаргоҳҳои марзии Тоҷварон – Қарамиқ ба таври рамзӣ кушода шуд, ки нишонаи оғоз ба марҳилаи нави муомилаи байни халқҳо мебошад. Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон баргузор шуд.

Дар идомаи ин сафар дар доираи мулоқот масъалаи таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил низ баррасӣ шуд. Ба ҳайатҳои амниятӣ ва марзбонӣ супориш дода шуд, ки ҳамоҳангсозии доимӣ дошта бошанд ва бо истифода аз технологияи иттилоотӣ марзро таҳти назорат гиранд.

Ин сафар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дигар ҳамчун рақиб ё кишварҳои эҳтиёткор нестанд, балки чун шарикони минтақаӣ вориди марҳилаи нави равобит мешаванд. Тоҷикистон, ки солҳои охир дар сиёсати хориҷӣ фаъолиятнишон медиҳад, мехоҳад як кишвари фаъолу ташаббускор дар минтақа бошад. Қирғизистон низ бо такя ба нақши демократии худ дар минтақа, манфиатдор аст, ки равобити устувор бо ҳамсоягонаш дошта бошад.

Ҳамзамон, ин сафар метавонад намуна барои дигар кишварҳои минтақа гардад, то муносибатҳои дуҷонибаро бо ҳалли мушкилот ва бар асоси усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба роҳ монанд.

Хулоса, сафари давлатии муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як сафар, балки рамзи шурӯи марҳилаи нав, гуфтугӯи нав ва иродаи нав аст. Тавассути ин сафар ду кишвар нишон дода истодаанд, ки метавон аз гузашта сабақ гирифт ва ба сӯи ояндаи беҳтар қадам ниҳод. Бо чунин иқдомҳо, сулҳ, субот ва ҳамгироии минтақаӣ метавонад аз ормон ба воқеият табдил ёбад.

Одилзода Исмоил Ёқубҷон, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар

 

2025-07-08 22:11:43

САФАРИ ТАЪРИХИИ САДИР ЖАПАРОВ БА ТОҶИКИСТОН-ОҒОЗИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲО

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони сафари давлатӣ ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гардид. Ин сафари сатҳи олӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил оғоз шуда, ба рӯйдоди як марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон асос гузошт.

Сафари мазкур дар пасманзари муколамаи тӯлонӣ ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти ҳарду кишвар ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва боз кардани роҳ ба сӯйи ҳамкориҳои бештар сурат гирифтааст. Имрӯз зимни сафари давлатӣ як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ заминаи мустаҳкам фароҳам оварданд.

Сафари давлатии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистонро метавон саҳифаи тоза дар рушди муносибатҳои ду кишвар номид. Дар шароити кунунии геосиёсӣ ва ниёз ба ҳамбастагии минтақавӣ, чунин қадамҳо на танҳо барои Тоҷикистону Қирғизистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ арзиши бузург доранд. Бо назардошти иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар, робитаҳои дуҷониба метавонанд дар солҳои наздик боз ҳам ба сатҳи шарикии амиқи стратегӣ расанд ва манфиатҳои муштаракро дар доираи васеи масоили минтақавӣ таъмин намоянд.

Муносибат байни ин ду кишвар қариб ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ, илмӣ-техникӣ, ҳарбиву амниятиро дарбар мегирад. Бо вуҷуди ҳамаи ин муносибатҳо байни шаҳрвандони ин ду кишвар гоҳ-гоҳ низоъҳои сарҳади сар мезанад, ки ҳарду кишварро ба ташфиш овардааст. Аз моҳи марти соли 1997 дар маркази ҳар ду кишвар сафоратҳо ба фаъолият шуруъ карданд. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият, рафоқати халқҳо, роҳбарияти ҳар ду кишвари ҳамсояро боз ҳам ба якдигар наздик кард.

Бо мақсади рушди тиҷорати Тоҷикистону Қирғизистон аз 26-уми сентябри соли 2003 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он ба пешрафти тиҷорати наздисарҳадӣ имконият фароҳам овард. Бо ин мақсад дар шаҳри Исфара дар сарҳади Қирғизистон бозори “Гулистон” кушода шуд, ки баҳри пешрафти харду кишвар аҳамияти хоса дорад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон хусусияти хоси табиӣ ва иқлими якхела доранд, аммо аз якдигар вобаста нестанд. Кӯҳҳои азими якхела бо захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок, ки мардуми қирғиз аз неъматҳои он истифода бурда истодааст ва халқи тоҷик низ омодааст, ки онҳоро мавриди корандозӣ қарор диҳад. Илова бар ин, дину мазҳаби якхела (суннимазҳаб), урфу одат, сатҳи ҳаёти ташаккулёфта халқҳои ҳамсояро ба якдигар наздик менамояд.

Доираи ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт васеъ буда, аз саноати кӯҳӣ, металлургияи ранга, агросаноатӣ, саноати сабук, энергетика, коммуникатсия ва нақлиёт иборат мебошад. Аз Тоҷикистон ба Қирғизистон хамасола нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ ва нассоҷӣ содир мешавад. Аз Қирғизистон бошад ба кишвари мо шифер, шиша, чароғҳои барқӣ, гӯшт ва маҳсулоти ниёзи мардум ворид мешавад ва ин доду гирифтҳо ҳамасола афзоиш ёфта истодаанд. Дар муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон тамоюли муайяни болоравӣ мушоҳида мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар баробари робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамкориҳои маданӣ, фарҳангии ин ду ҳамсоякишвар рушд меёбад. Байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидааст ва мутобиқи ин созишнома рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон ва рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегардад. Санъаткорони ҳар ду кишвар бо барномаҳои консертӣ ва намоишномаҳои театрӣ сафарҳои хизматӣ анҷом медиҳанд ва ин ҳунарнамоии санъаткорон робитаҳои ин ду кишвари ҳамсояро боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад кард.

Дар маҷмуъ, дар муносибатҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон дар шароити рушди мустаъқил, саъю кушиши муштарак ҷиҳати роҳандозии алоқаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ ба назар расида, дар он руҳияи эътимоди мутақобил, ҳусни ҳамҷаворӣ ва муносибатҳои нек бо якдигар ҷой дорад.

Неъматулло Фаттоев, директори Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе

2025-07-08 22:10:40

ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ҶОМЕА

Шабакаҳои иҷтимоӣ дар замони муосир нақши бебаҳо ва куллӣ доранд. Онҳо роҳи асосии муошират, мубодилаи маълумот ва гирифтани хабарҳоро тағйир додаанд. Бо ёрии онҳо, одамон метавонанд бо дӯстон ва хешовандони худ дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон дар тамос бошанд, фикру андешаҳои худро ба осонӣ баён кунанд ва ҳатто дар мавриди масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ фаъол бошанд.

Аммо, дар баробари ин, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад мушкилоти ҷиддӣ низ ба вуҷуд орад. Масалан: вақтсанҷӣ ва вобастагӣ бисёри одамон вақти зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, ки ин метавонад ба кору таҳсил ва муносибатҳои воқеии онҳо таъсири манфӣ расонад. Маълумоти нодуруст ва ғаразнок: Дар шабакаҳо маълумоти бардурӯғ ва таҳрифшуда паҳн мешавад, ки метавонад ба ташвиш ва нофаҳмии ҷамъиятӣ оварда расонад.

Фишорҳои иҷтимоӣ: Муқоиса кардани ҳаёти шахсӣ бо тасвирҳои таҳриршудаи дигарон метавонад боиси паст шудани эътимоди худ ва стресс гардад. Дар маҷмуъ, шабакаҳои иҷтимоӣ абзори тавоноест, ки агар дуруст истифода нашавад, метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ гардад. Барои истифодаи муассир ва солими онҳо, ҳар як шахс бояд худодит дошта бошад, маълумоти худро боэҳтиёт интихоб кунад ва вақти худро мувофиқ тақсим намояд. Ман фикр мекунам, ки дар оянда нақши шабакаҳои иҷтимоӣ боз ҳам зиёдтар хоҳад шуд ва барои истифодаи дуруст ва солимашон зарур аст, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҳар як шахс дониши кофӣ дар бораи он пайдо кунад ва масъулиятшинос бошад.

АБДУЛЛОЕВА М.,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд

2025-07-08 22:09:20

МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва ба иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.

Ҳамчунин санадҳои зерин ба имзо расид:

- Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тадбирҳои боварӣ;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва мушоҳидаи фосилавии Замин;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ва аккредитатсия;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2026-2027;

- Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат барои давраи солҳои 2025-2026;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии радиошунавонии Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Ёддошти тафоҳум миёни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии зироаткории назди Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва коркарди саноати Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Созишнома оид ба таъсиси Шурои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон.


2025-07-08 22:07:34

САФАРИ ДАВЛАТИИ САДИР ЖАПАРОВ-ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ РАВОБИТИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8-уми июли соли 2025 сурат гирифт, як гардиши муҳим дар муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад. Дар замоне ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба таҳкими равобити дохилминтақавӣ ниёз дорад, мулоқоти роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров имкони баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро фароҳам овард.

Пас аз солҳои баҳсҳои тӯлонӣ дар масъалаи марз ниҳоят ҷонибҳо тавонистанд ба созиш бирасанд ва масъалаҳои сарҳадиро ба таври расмӣ ҳаллу фасл намоянд. Имрӯз на танҳо марзи мушаххасшуда, балки ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзии Тоҷварон ва Қарамиқ баёнгари эътимоди нав мебошад.

Аз ҷиҳати сиёсӣ, сафари мазкур намунаи дипломатияи сабурона ва дарозмуддатест, ки бо роҳандозии музокироти доимӣ, хештандорӣ ва ироаи иродаи сиёсӣ ба натиҷа расид. Созишномаи таъсиси Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон нишон доданд, ки ҳоло ҷонибҳо омодаанд низоми навбатии ҳамгироиро дар минтақа барпо кунанд. Сафар боз як паём ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад: роҳҳои муваффақият дар сиёсати минтақа танҳо сулҳ, гуфтугӯ ва манфиати муштарак аст.

Яке аз натиҷаҳои муҳими сафари Садир Жапаров ба Тоҷикистон, ки шояд зиёд дар расонаҳо зикр нашуд, ин нақши мутақобилаи ҷомеаҳо дар танзими муносибатҳои ду кишвар мебошад. Баъд аз буҳронҳои марзӣ, равобити байни одамон, хусусан дар минтақаҳои наздимарзӣ коста гардида буданд. Аммо акнун бо ифтитоҳи гузаргоҳҳо ва имзои тавофуқномаҳои ҳамкорӣ дар сатҳи иҷтимоӣ, фазо барои ҳамгироии мардумӣ фароҳам шудааст, ки мо намунаашро дар миёни сокинони ноҳияҳои Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон дидем.

Ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ ва расонавӣ низ тавофуқ намуданд. Бо ташкили чорабиниҳои муштарак, табодули донишҷӯён ва рӯзноманигорон, инчунин ворид намудани бандҳои мушаххас дар барномаҳои фарҳангии давлатӣ, ҳадаф бар он аст, ки на танҳо муноқишаҳо, балки нофаҳмиҳо ва стереотипҳо низ аз байн бурда шаванд.

Мардуми ҳар ду кишвар таърихи муштарак, урфу одати наздик ва эҳтироми мутақобила доранд. Сафари Садир Жапаров метавонад оғози марҳилаи «дипломатияи мардумӣ» дар Тоҷикистон шавад, ки муҳаррики устувор барои ҳифзи сулҳ ва пешбурди робитаҳои оянда аст.

Ҳамин тавр, ҳарчи бештар муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар миёни ду кишвар мустаҳкам мешаванд, ҳамон қадар муҳит барои густариши робитаҳои иқтисодӣ мусоидтар мегардад. Сафари имрӯзаи Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон заминаи воқеии барқарорсозии равобити иқтисодии судмандро фароҳам кард.

Дар доираи ин сафар беш аз 20 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз энергетика ва об то кишоварзӣ ва тиҷорат, имзо шуд. Аз ҷумла, созишномаҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологии нав, ҳамкориҳои аграрӣ, туризм ва тиҷорати марзӣ имкон медиҳанд, ки корхонаҳои муштарак ташкил шаванд ва маҳсулоти ватанӣ озодона ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёбанд.

Хулоса, ин сафар нишон дод, ки чунин сафарҳо метавонад омили асосии субот бошад ва агар тарафҳо ба манфиати умумӣ диққат диҳанд, ҳамаи монеаҳо бо роҳи дипломатӣ бартараф мешаванд.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

2025-07-08 22:06:28

ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ ВА САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Дар форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров иштирок ва дар ҳузури соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вақтҳои охир тамоюли афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Қирғизистон мушоҳида мешавад ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодӣ, инчунин ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ низ рушд меёбанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки тавофуқҳои аз рӯйи музокироти имрӯза бадастомада барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тарафҳо, ки бар принсипҳои хамсоягии нек ва дӯстии устувор асос ёфтаанд, заминаи боэътимод мегарданд.

Изҳор гардид, ки натиҷаҳои Форуми имрӯза низ ба ғанигардонии муносибатҳои дуҷониба бо мазмуни нави амалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Зимни муаррифии имкониятҳои васеи сармоягузорию тиҷоратӣ ҳавасмандии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамчунин фаъолсозии робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар таъкид гардид.

Вусъат додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байниминтақаҳои ду кишвар бисёр муҳим арзёбӣ карда шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидори зиёди табиии Тоҷикистон ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар қонунгузории мо барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳо ва кафолатҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар ҷодаи сармоягузорӣ ин тавсеаи тиҷорат мутобиқ ба тамоюлҳои ҷаҳонии рушди иқтисоди “сабз” мебошад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд ҳамкории судмандро дар соҳаи гидроэнергетика рушд диҳанд. Захираҳои бузурги “энергетикаи сабз”-и ҷонибҳо метавонад ба манфиатҳои на танҳо ду кишвар, балки тамоми минтақа хизмат кунанд.

Пешниҳод карда шуд, ки соҳибкорон ва ҷонибҳои манфиатдор дар соҳаҳои гуногуни саноат низ шарикии мутақобилан судмандро ба роҳ монанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони форумро ба дурнамою густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту логистика, кишоварзӣ, инчунин бахшҳои молия ва бонкӣ ҷалб намуданд.

Имконоти бузурги ҷонибҳо барои якҷо пеш бурдани сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва солимгардонӣ таъкид гардид.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ҳамаи зарфияту иқтидорҳои мавҷуда бояд барои рушди иқтисоди кишварҳо ва баланд бардоштани некуаҳволии мардумони ду давлат самаранок истифода карда шавад.

2025-07-08 22:04:55

БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН ДАР МАРКАЗИ “ЭКСПО”

8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази “ЭСКПО”-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз намоишгоҳ дидан намуда, бо маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳои саноатии Тоҷикистону Қирғизистон шинос шуданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров бо соҳибкорону намояндагони доираҳои тиҷорат ва истеҳсолкунандагони ду кишвар суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро барои ба роҳ мондани робитаҳои зичи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ ҳидоят намуданд.