
ФАЪОЛИЯТИ 3-МОҲАИ КУМИТА ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
2025-04-15 17:18:07
Имрӯз дар
Коллеҷи информатика
ва
техникаи
компютерии
шаҳри Душанбе
бо
иштироки
академик
Фарҳод Раҳимӣ,
Раиси
Кумита
оид
ба
таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи
касбии
назди
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Баҳрулло Давлатзода
ва
Алишер
Ализода,
муовинони
раис,
Хурсанд
Содиқзода, муовини
якуми
директори
Агентии
назорат
дар
соҳаи маориф
ва
илми
назди
Президенти
Ҷумҳурии
Тоҷикистон, намояндагони
Вазорати
маориф
ва
илм,
Вазорати
тандурустӣ ва
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,
сардорони
раёсату
шуъбаҳои Кумита
ва
роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи
касбӣ оид
ба
ҷамъбасти фаъолияти
3-моҳаи Кумита
дар
нимсолаи
якуми
соли
2025 ҷаласаи
ҳисоботӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро Раиси Кумита академик
Фарҳод
Раҳимӣ
ифтитоҳ намуда,
ҳисоботи семоҳаро ба
самъи
ҳозирин расонида,
иброз
дошт,
ки
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои
миллат,
Президенти
Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи
касбиро
яке
аз
самтҳои афзалиятноки
кишвар
шуморида,
мунтазам
барои
рушду
нумуи
он
тадбирҳо меандешад.
Қайд гардид, ки айни замон,
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи
таҳсилоти ибтидоии
касбӣ фаъолият
менамояд,
ки
дар
онҳо аз
рӯйи 14 самт
(иқтисодиёт, техника
ва
технология,
нақлиёт, техникаи
радиоэлектронӣ, энергетика,
саноати
кимиёӣ, саноати
сабук,
саноати
кӯҳӣ, меъморӣ ва
сохтмон,
кишоварзӣ, металлургия,
телекоммуникатсия,
сайёҳӣ ва
меҳмондорӣ, хизмати маишӣ ва
хӯроки умумӣ) ва
135 ихтисос
кадрҳои коргарӣ омода
карда
мешаванд.
“Имрӯз дар
литсейҳои касбии
техникии
кишвар
23 ҳазору
469 нафар
хонанда
таҳсил менамоянд,
ки
аз
ин
6 ҳазору
276 нафарро
(26,7%) духтарон
ташкил
медиҳанд. Аз
шумораи
мазкур
20 ҳазору
956 нафар
(89,3%) дар
гурӯҳҳои буҷавӣ
ва
2 ҳазору
513 нафар
(10,7%) дар
гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил доранд.
Ба
ҳолати 1 марти
соли
2025 дар
муассисаҳои таълимии
таҳсилоти ибтидоии
касбӣ 205 нафар
хонандаи
маъюб
(55 нафар
духтар),
54 нафар
хонандаи
ятими
кулл
(10 нафар
духтар)
ва
705 нафар
нимятим
(93 нафар
духтар)
таҳсил карда
истодаанд,
ки ҳифзи
иҷтимоии онҳо таҳти назорати бевоситаи
роҳбарияти
Кумита
ва
муассисаҳои таълимӣ қарор доранд”,
- гуфт
Раиси
Кумита.
Зикр
гардид, ки барои зиёд намудани теъдоди қабули
хонандагон
ба
муассисаҳои таълимии
таҳсилоти ибтидоии
касбӣ дар
нақша гирифта
шудааст,
ки
дар
панҷ соли
оянда
беш
аз
як
милион
нафар
шаҳрвандон ба
омӯхтани касбу
ҳунар ва
забонҳои хориҷӣ фаро
гирифта
шаванд.
Бо
ин
мақсад Кумита
нақшаи ба
курсҳои кӯтоҳмуддати
касбомӯзӣ
ҷалб намудани
шаҳрвандонеро, ки
касбу
ҳунар надоранд,
барои
нимсолаи
якуми
соли
2025 бо
шумораи
20 ҳазор
нафар
тасдиқ намуда,
барои
иҷро ба
муассисаҳои таълимии
таҳсилоти ибтидоии
касбӣ ирсол
намуд. Дар се моҳи
соли
равон
курсҳои кӯтоҳмуддати
касбомӯзии назди
муассисаҳои таълимии
таҳсилоти ибтидоии
касбиро
3 ҳазору
939 нафар
хатм
карданд,
ки
аз
ин
859 нафарашро
занону
бонувон
ташкил
медиҳад.
Дар
идомаи суханронӣ
иброз
гардид,
ки
айни
ҳол, дар
ҷумҳурӣ 88 муассисаи
таҳсилоти миёнаи
касбӣ (аз
ин
теъдод
59 муассисаи
давлатӣ ва
29 муассиса)
ва
6 филиал
фаъолият
менамояд.
Дар
муассисаҳои мазкур
аз
рӯйи самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг,
кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ,
таъмини
бехатарӣ ва
аз
рӯйи зиёда
аз
209 номгӯйи ихтисос
мутахассисон
омода
карда
мешавад.
Дар
муассисаҳои мазкур
98 ҳазору
551 нафар
донишҷӯй (73 ҳазору 914 духтар)
дар
зинаи
таҳсилоти миёнаи
касбӣ ва
2 ҳазору
991 нафар
хонанда
(777 духтар)
дар
шуъбаҳои таҳсилоти ибтидоии
касбии
назди
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи
касбӣ ба
таҳсил фаро
гирифта
шуда,
ба
онҳо 7 ҳазору 516 нафар
омӯзгор ва
98 нафар
устои
таълими
истеҳсолӣ дарс медиҳанд.
“Бо
мақсади
ташкили
раванди
таълим
ва
бо
ҳамин васила
мусоидат
намудан
ба
баланд
бардоштани
сифати
таҳсилот дар
36 муассисаи
таълимии
таҳсилоти миёнаи
касбии
самти
тиббӣ аз
рӯйи 13 ихтисос
дар
заминаи
синфҳои 9 ва
11 нақшаҳои
асосии
ягонаи
таълимии
ҷавобгӯ ба талаботи
стандартҳои ҷаҳонии
таҳсилот таҳия гардида,
мавриди
истифода
қарор дода
шуд.
Инчунин,
70 адад
нақшаи таълимии
самти
техникӣ ва
технологӣ таҳия ва
барои
корбарӣ ба
муассисаҳои таълимӣ ирсол
карда
шуд.
Айни
замон,
нақшаҳои
таълимии
соҳаи фарҳанг ва санъат аз рӯйи 24 ихтисос
мавриди
таҳлил қарор дода
шуда,
барои
тасдиқ пешниҳод карда
мешавад»,
- гуфт
Раиси
Кумита.
Дар
хотимаи суханронӣ
таъкид
гардид,
ки
дар
давраи
ҳисоботӣ Кумита оид
ба
таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи
касбии
назди
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҳамаҷониба
кӯшиш ба
харҷ дод,
ки
дар
асоси
дастуру
супоришҳои Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои
миллат,
Президенти
Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон вазифаҳои соҳавии худро
саривақт ва
бо
сифат
ба
иҷро расонад.
Сипас,
Хурсанд Содиқзода,
муовини
якуми
директори
Агентии
назорат
дар
соҳаи маориф
ва
илми
назди
Президенти
Ҷумҳурии
Тоҷикистон, суханронӣ намуда,
ҳисоботи Раиси
Кумитаро
қаноатбахш ҳисобид. Мавсуф
роҷеъ ба
фаъолияти
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи
касбӣ дар
семоҳаи аввали
соли
2025 ибрози
назар
намуда,
иброз
гардид,
ки
нақши соҳаи таҳсилоти касбӣ дар
таъмини
бозори
меҳнат бо
мутахассисони
соҳаи коргарӣ назаррас
мебошад.
Дар
қисмати музокира
директорони
як
қатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи
касбӣ баромад
карда,
доир
ба
фаъолияти
муассисаҳои худ
маълумот
дода,
ҳисоботи Раиси
Кумитаро
қаноатбахш эълон
карданд.
