Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ДАВРИ НИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ОҒОЗ ШУД
single-product

ДАВРИ НИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ОҒОЗ ШУД

2025-04-19 15:34:16

Имрӯз дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024-2025 оғоз шуд.


Дар маросими ифтитоҳи даври ниҳоӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар Ислом, муовини якуми Раиси Кумита Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, роҳбарон ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҳадафҳои озмун, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аҳаммияти касбомӯзӣ дар шароити муосир ибрози назар намуда, қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир донистани забонҳои хориҷӣ ва доштани касби муосир на танҳо воситаи муошират, балки як ҷузъи асосии муваффақият дар рушди шахсӣ ва мебошад, зеро имрӯз ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технологӣ талаб менамояд, ки ҳар як ҷавон забони хориҷӣ ва касби рақобатпазир дар бозори меҳнатро омӯзад, то зиндагии шоиста дошта бошад.
Қайд гардид, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат соҳаи таҳсилоти касбӣ ҳамчун самти афзалиятнок таъкид гардида, Сарвари давлат иброз доштанд, ки маблағгузории соҳа сол ба сол афзоиш ёфта, барои баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар идомаи чорабинӣ Сафарзода Анвар Ислом суханронӣ карда, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуданд.

"Ҷиҳати пешбурди сиёсат дар самти таҳсилоти касбӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №429 аз 6 сентябри соли 2023 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, имрӯз дар назди он 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунад", - гуфт номбурда.

Ёдовар мешавем, ки даври якуми олимпиада моҳи март дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки беш аз 5500 донишҷӯ баргузор шуда, ба даври ниҳоӣ 322 нафар ғолибони ҷойи 1-ум аз 85 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳ ёфтанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки даври ниҳоӣ беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардида, ба ғолибон Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад.

Олимпиада бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.