
ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАЛАКАИ КАСБӢ” ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
2025-04-19 15:32:34
Дар Литсейи касбии техникии
ноҳияи Восеъ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии минтақаи
Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯи ихтисосҳои системаи компютерӣ ва
интернет-технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, тракторчӣ-
мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии
таҷҳизотҳои барқӣ, барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, дӯзанда,
ҳисобдор бо донистани компютер даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ”
баргузор гардид.
Дар кори озмун Ҷамолиддин Назарзода, муовини сардори Раёсати
таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоии касбии минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.
Дар
даври якуми озмун 120 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳру
ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Восеъ, Данғара ва Ховалинг бо супоридани тест
аз рӯи фани таълимӣ ва нишон додани маҳорат аз рӯи ихтисос иштирок карданд.
Баъди ҷамъбасти натиҷаи имтиҳон 25 нафар ғолибон ба даври ҷумҳуриявии озмун
роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии
«Малакаи касбӣ» ҳамасола дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии
касбӣ аз рӯйи 15 ихтисос дар ду давр баргузор гардида, даври ниҳоии озмун
рӯзҳои 17-18 майи соли 2025 дар Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии
шаҳри Душанбе доир гардида, маросими ҷамъбасти он дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии
ба номи Садриддин Айнӣ ба нақша гирифта шудааст.