
ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАЛАКАИ КАСБӢ” ДАР МИНТАҚАИ БОХТАР ОҒОЗ ГАРДИД
2025-04-16 17:02:13
Имрӯз дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш байни
хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии минтақаи Бохтари вилояти
Хатлон аз рӯи ихтисосҳои системаи компютерӣ ва интернет-технология, челонгар
оид ба таъмири муҳаррики автомобил, тракторчӣ- мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ,
монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, барқчӣ оид ба
таъмири қисмҳои барқии автомобил, дӯзанда, ҳисобдор бо донистани компютер даври
якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” оғоз гардид.
Дар кори озмун Ҷамолиддин Назарзода, муовини сардори
Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоии касбии минтақаи Бохтар иштирок доранд.
Дар даври якуми озмун 11 нафар хонанда аз муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритус, Бохтар, Вахш, Дустӣ,
Ёвон, Левакант ва Ҷайҳун бо супоридани тест аз рӯи фани таълимӣ ва нишон
додани маҳорат аз рӯи ихтисос иштирок доранд. Баъди ҷамъбасти натиҷаи имтиҳон
ғолибон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ»
ҳамасола дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 15
ихтисос дар ду давр баргузор гардида, даври ниҳоии озмун рӯзҳои 17-18 майи соли
2025 дар Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе доир
гардида, маросими ҷамъбасти он дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии ба номи Садриддин
Айнӣ ба нақша гирифта шудааст.