Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ИҚБОЛУ САОДАТ
single-product

ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ИҚБОЛУ САОДАТ

2025-04-19 15:42:44

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола чун анъана ҳар шанбеи сеюми моҳи апрели ҳар сол сокинони шарафманди шаҳри Душанбе ва дар қатори онҳо тамоми шаҳрвандони мамлакат Рӯзи пойтахтро бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд.

Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг - пойтахти ватани азизамон Тоҷикистони маҳбуб мебошад. Дар канори ин шаҳри нозанин идораҳои муҳимми давлатӣ, марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва дигар иншоотҳои муҳимми идорӣ ҷойгир гашта, пойтахти азизи моро ба яке аз мар­казҳои бузурги илмию фарҳангӣ табдил додаанд.

Ҳамин тариқ, шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ватанамон мебошад. Дар домани ҳамешасабзи ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дӯстона зиндагӣ доранд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар мақоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣ гаштааст.

Агар ба таърихи шаҳри Душанбе назар афканем, мебинем, ки ҳанӯз каме бештар аз як қарн пеш ин шаҳри имрӯз замонавию пуриқтидор деҳаи хурде буд. Дар замони шуравӣ шаҳри Душанбе тадриҷан васеъ шуда, ободу зебо мегардад ва ҳамчун пойтахт симои худро пайдо карда, сол аз сол ба маркази сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистон табдил меёбад. Дар муддати начандон тулонӣ аз як деҳаи хурд ба шаҳри азим табдил ёфтани Душанбе бори дигар дар аснои таърих аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тамаддунсози мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ фарҳанги ғаниву рангини маънавию моддӣ, афкори камназири фалсафӣ, адабиёти оламшумул, санъати нодири шаҳрсозӣ ва ҳунармандиву меъмориро ба вуҷуд оварда, ба ганҷинаи тамаддуни башар саҳми басо арзишманд гузоштааст.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, баракати сулҳу ваҳдати миллӣ, саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ на танҳо сол ба сол, балки рӯз то рӯз симои шаҳри Душанбе боз ҳам дигаргунтар гашта, биноҳои баландошёнаву маъмурӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, маишӣ бунёд ёфта, гулгашту хиёбонҳои ҷадид қабои сабз ба бар намуда, пойтахтро сабзу гулпӯш намуданд, ки ин аз созандагӣ ва меҳанпарастии миллати шарифи мо дарак медиҳад.

Воқеан, пойтахти Ватани маҳбубамон дар ҷодаи ташаккулёбӣ ва ба ҳам омадани нерӯҳои созандаи кишвар нақши муассир дорад, зеро таҳкими суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиву зиндагии осоиштаи аҳли ҷомеа худ кафили осоиши тамоми каламрави мамлакат мебошад.

Дар ҳақиқат, пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар ва азму талоши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст. Дар ин муддати начандон тулонӣ эъмор гардидани даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, иншооту биноҳои замонавии маъмуриву хизматрасонӣ, аз қабили Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва бинои муҳташами Кохи Наврӯз ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намуданд. Ҳамчунин қомат афрохтани Қасри миллат, Нишони давлатӣ, парафшон шудани Парчами миллӣ, бунёд гардидани Боғи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷмааи Наврӯзгоҳ, Боғи «Пойтахт» барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон ва Маркази ҳамноми тиҷоратӣ аз қабили ободкориҳое мебошанд, ки бозгӯи санъати баланди шаҳрсозии мардуми мо ба ҳисоб мераванд.

Шаҳри Душанбе макони зиндагиву фаъолияти ҳазорон шахсиятҳои маъруф, аҳли илм ва адабу санъати тоҷик, аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз ва шаҳри Душанбе, инчунин ҷиҳати пуштибониву муаррифии шоистаи халқи тоҷик азму талошҳои фидокорона анҷом додаанд. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нерӯҳои асосии илмиву техникӣ ва фарҳангиву адабии мамлакат муттаҳид гардида, дар рушду тараққиёти илму фарҳанги ватанӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон фаъолона саҳмгузорӣ менамоянд.

Ободониҳои имрӯз дар пойтахти Ватани азизамон шудаистода, албатта, ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон ва фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонанд ва итминони комил дорем, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қудрати созандаи халқи азизамон шаҳри Душанбе боз ҳам зебову дилоро мегардад.

Аҳмадшо САИДЗОДА,

директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе