Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ –ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУСОИР
single-product

ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ –ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУСОИР

2025-04-16 17:04:06

Ифротгароӣ ба давлат ва ҷомеаи тоҷик хатари воқеӣ дорад. Аз ҷумла, экстремизм дар ҳақиқат хатари бузург буда метавонад, ҳатто он метавонад, ки ҷомеаҳои осудаю пешрафтаро низ ноором созад. Пешгирии экстремизму терроризм байни ҷавонон дар замони муосир кори хеле муҳим мебошад.

Дар замони муосир бархе аз ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш зиёдтар ба объекти таъсиррасонии гурӯҳҳои ифротиву террористии ҷинояткор аз боиси нофаҳмӣ ғайриқонунӣ гирифтор шуданашон аз эҳтимол дур нест. Маънои ифротгаро, яъне “ифрот”-ин бесарусомонӣ ва “гаро” ин “гаравидан” ва ё “шомил гаштан”-у “майл кардан” аст.

Мутаассифона, дар ҷомеаи муосир терроризм ва экстеремизми динӣ хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ ба худ касб намуда, хатари он боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар манотиқи мухталифи ҷаҳон реша давонида, ҳамчун вабои аср ба амнияти давлатҳо ва инчунин ҳаёти осоишта ва тинҷию зиндагии инсонҳои рӯйи олам ва ҳатто шахсони бегуноҳу ҳамзамон кӯтоҳандеш таҳдид менамояд. Ҷавонони нисбатан содалавҳ ва зудбовар бештар ба ин гурӯҳҳои ифротгаро шомил шуда, ояндаи худро бештар зери хатар мегузоранд. Тавре, ки мо ҳамагон хуб медонем терроризм ва экстремизм аз ҳама хавфноктарин ва басо ҳам як мушкилотии пешбинишавандаи ҷаҳони муосир маҳсуб меёбанд.

Амалиёти террористӣ бо истифода аз техникаи муосир силоҳ ва воситаҳои робитавии навбаромад сол ба сол мутташакилтар ва бераҳмонатар мегарданд. Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гурӯҳҳои мухталифи миллатгаро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ба ном “муассисаҳои” зиёди ба таври пинҳонӣ амалкунанда, анборҳои силоҳ ва маводи таркандадор ташкил намудаанд. Онҳо дар аксар мавридҳо бо номи “ширкатҳо, бонкҳо, фондҳо, фирмаҳо ва гурӯҳҳо”-и пасипардагӣ амал мекунанд. То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ як минтақае наметавонад, ки худро дар амну амонӣ эҳсос намояд.

Хатари он басо ногуфтанист. Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ дар робита ба ин масъала чунин иброз намуда буданд: “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд”.

Ҳамин тавр, терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор меравад, ки аз нигоҳи дигар метавон зикр кард, ки дунё дар ҳоли пешрафт мебошад ва ақибмондагиву хурофотпарастӣ ҳаргиз ба манофеи мову миллатамон нест.

Дар ҷомеаи имрӯз терроризму экстеремизм дар манотиқи мухталифи олам торафт доман густурда, боиси ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва инчунин сарсону овора шудани ҳазорҳо нафар сокинони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Мутаассифона, имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро ба чунин амалҳои мудҳише даст зада истодаанд, ки кирдори онҳо ба ақли солим рост намеояд.

Бадбахтона гурӯҳҳои ифротгаро дар навбати аввал насли ҷавонро фирефта намудаву бо ваъдаҳои бардурӯғашон онҳоро ба коми худ мекашанд. Насли ҷавон, ки ҳанӯз таҷрибаи кофие надорад, ба макру фиреби ин шайтонҳои лаъин бовар карда, инчунин оқибати ин омилҳои хатарзоро дуруст дарк накарда, дидаву дониста ба гурӯҳҳои нопоку ифротӣ шомил шуда, баробари мусаллаҳ шудан бо яроқу аслиҳа дар амалиёти гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ иштирок мекунад.

Муқовимат бо терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро яке аз омилҳои номатлуби замони муосир ҳисобида дар тамоми зуҳуроташ онро қотеъона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок ҳамаҷониба пуштибонӣ менамояд.

Беҳуда нест, ки бо мақсади комилан аз байн бурдану ба таври пурра решакан намудани ин амали номатлуб аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати кишварамон Барномаи давлатӣ оид ба таҳқиқи масъалаҳои алоқаманд бо муқовимат бо экстеремизм, терроризм, кибертерроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ барои солҳои 2022- 2026 қабул шудааст.

Ҳадафи асосии барнома, пеш аз ҳама, вусъатбахшидан ба таҳқиқи масъалаҳои марбут ба муқовимат бо экстремизм, терроризм, кибертерроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ мебошад, ки заминаи илмӣ дар муборизаи зидди терроризм, ҳимояи боэътимоди инсон, шаҳрванд ва ҳуқуқҳои вай аз сӯйи қасди ҷиноӣ бо иштироки ҳама субъектҳои давлат, мақомот ва ҷомеа мебошад.

Мо-омӯзгоронро зарур аст, ки дар вақти таълиму тадрис ҳамеша дар масоили хавфу хатарҳои ҷомеа, хусусан тимсоли ингуна падидаҳои номатлуби аср тадбирҳои судманд андешида, дар қалбу шуури толибилмон ва ҷавонони худогоҳу ватандӯст бештар аз пештар парвариши намудани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва худогоҳию хештаншиносиро талқин намоем. Бароямон ҳар як пораи сангу хоки Ватани ободу зебои соҳибистиқлоламон азизу муқаддас бошад. Мо бояд ҳамеша ватандӯст ва дурандеш бошем!

Баҳодур ИСОЗОДА,

омӯзгори Коллеҷи миллитсияи шаҳри Кӯлоб