
"ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР СОЛИ 2025"
2025-04-19 15:30:14
Таҳти ин унвон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумита Ализода Алишер
Ҳикматулло, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
Тоҷикистон ва Чин семинар баргузор гардид.
Алишер Ализода
бо сухани муқаддимавӣ чорабиниро оғоз карда, иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Чин
ҳамчун ҳамсоя ва шарикони стратегӣ муносибатҳои дӯстонаи худро дар асоси
эҳтиром, ҳамфикрӣ ва дастгирии ҳамдигар таҳким бахшида, дар самтҳои мухталиф
ҳамкории самарабхш доранд.
Зикр гардид, ки
баррасии масоили рушду густариши ҳамкории Тоҷикистону Чин дар ҳамаи вохӯриҳои
сарони давлатҳо баррасӣ гардида, давоми чанд соли охир дар муносибати байни
кишварҳо таҳаввулоти тоза ба амал омада, раванди ҳамкориҳои ду мамлакат дар
доираи беш аз 200 санаду созишнома ба роҳ монда шудааст.
Дар идомаи семинар як зумра роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии Тоҷикистону Чин роҷеъ ба самтҳои фаъолияти муассисаҳои худ,
роҳҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва табодули донишу таҷриба ибрози
андеша намуданд.
Дар семинар
миёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва Коллеҷи технология ва
тиҷорати шаҳри Гуанчжоу дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати чинии "Nalike"
созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
