
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ БО КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
2025-04-15 17:13:09
Бо
мақсади
эҷоди ҳамкориҳои
мутақобилан судманд,
дар
доираи
сафари
корӣ, директори
коллеҷи Академияи
байналмилалии
тиҷорати шаҳри Алмаатои
Ҷумҳурии Қазоқистон
Хисматуллина
Альфия
Анваровна
бо
ҳайати
рроҳбарикунандаи коллеҷи болозикр
ба
Коллеҷи техникии
шаҳри Душанбе,
ташриф
оварда,
бо
шароитҳои таҳсил ва
базаи
моддию
техникии
коллеҷ шинос
шуданд.
Зимни
вохӯрӣ тарафҳо барои
таҳия ва
татбиқи муштараки
барномаҳои таълимӣ ва
барномаҳои илмӣ дар
соҳаи таҳсилоти касбӣ, ҳамчунин ҳаракати академии
донишҷӯён, омӯзгорон ва
олимон
бо
мақсади тайёр
кардан,
такмили
ихтисос
ва
такмили
фаъолияти
илмию
таълимӣ, гузаронидани
тадқиқоти
илмии
муштарак,
таҳқиқоти
илмии
фундаменталӣ ва
амалӣ дар
соҳаи таҳсилоти касбӣ, татбиқи муштараки
фаъолияти
инноватсионӣ, иштироки
мутақобила дар
гузаронидани
лоиҳаҳои
байналмилалии
таълимӣ, тадқиқотӣ ва
илмию
техникӣ, конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, инчунин
мубодилаи
адабиёти
таълимӣ ва
илмӣ ибрози
андеша
намуданд.
Ҳадафи асосии вохурии мазкур
татбиқ
ва
ҳамгиро намудани
илм
буда,
дар
ин
асос,
таҳсилоти босифат
ва
шуғли пурмаҳсул гардида,
рушди
устувори
иқтисодӣ
таъмин
мешавад.