Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПОСДОРӢ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
single-product

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПОСДОРӢ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

2025-04-16 08:14:51

Дар ҳамаи дастовардҳои таърихии ҷомеаи мо хидмати занону бонувон хеле бузург ва арзишманд мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам гардид, ки мақоми зан дар ҷомеа назар ба гузашта, хеле баландтар шавад. Дар ҳамаи марҳалаҳои муҳими ҷомеа имрӯз нақши занон ба як унсури муҳим ва ногусастанӣ табдил ёфтааст.

Агар ба таърихи ҳаёти ҷамъиятӣ назар андозем, метавон дид, ки да ҳар давр занону бонувон дар ҷомеа нақши хосе доштаанл. Бо вуҷуди он ки дар замонҳои қадим дар баъзе ҷойҳо ҳуқуқҳои занон нисбат ба мардон маҳдуд буданд, бо рушд ва тавсеъаи мафкураи инсоният занон тадриҷан дар баробари мардон мақому манзалат пайдо намуданд. Имрӯз занон ҳуқуқи баробар бо мардон доранд ва дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти давлатдорӣ ва ҷомеа фаъолона иштирок мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занону бонувон имкониятҳои васеъ ва шароити хуби амал карданро фароҳам оварда, онҳоро барои ширкат дар раванди идоракунии давлат ва ба ин васила рушду нумӯи кишвар ҳидоят мекунад. Бо кӯшишҳои пайваста, шумораи занони роҳбар ва мутахассисон дар сохторҳои давлатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар сол то сол афзоиш ёфта, нақши онҳо дар пешрафт ва рушди иқтисоди миллӣ боризтар гардидааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карда буданд: "Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ мекунад, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад". Ин гуфтаҳо нишон медиҳад, ки ҷиҳати хидмат ба ватан, ҳамзамон, маҳфуз доштани қадру манзалат ва ҳуқуқи занон дар ҷомеа хеле муҳим ва зарур дониста мешавад. Дар соҳаи маориф ва илм ҳам бонувон бо шиддат ва садоқат меҳнат мекунанд. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии кишвар, аксарияти муаллимон занон ҳастанд, ки бо талоши бештар кӯшиш мекунанд, ки насли навро ба роҳи дониш ва маърифат раҳнамоӣ кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон, аз оғози марҳилаи соҳибистиқлолӣ, барои таъмин намудани ҳуқуқи занон ва таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои зиёд амалӣ намудааст. Дар доираи ин тадбирҳо, як қатор ҳуҷҷатҳо ва қонунҳои давлатиро ба мақсади беҳтар кардани шароити занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо қабул кардаанд. Сафи занон, ки дар зинаҳои баландтари ҳокимият, мақомоти қонунгузорӣ, судӣ ва иҷроия фаъолият мекунанд, рӯз то рӯз меафзояд. Ин нишон медиҳад, ки иштироки занон дар раванди идоракунӣ ва ҷомеа на танҳо асли зарурӣ, балки натиҷаи сиёсати дуруст ва ғамхории давлат аст.

Бо итминон метавон гуфт, ки бонувони тоҷик, бо далерӣ ва хирад, суннатҳои бостонии миллатро дар оянда низ нигоҳ медоранд ва дар таҳкими сулҳ, рушди кишвари азизамон ва оромии ҷомеа саҳми бағоят арзишманде хоҳанд гузошт.

Хайринисо ХОҶАЕВА,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар