Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИФРОТГАРОИИ ҶАВОНОН - ХАТАР БА ОЯНДАИ ҶОМЕА
single-product

ИФРОТГАРОИИ ҶАВОНОН - ХАТАР БА ОЯНДАИ ҶОМЕА

2025-04-22 12:02:01

Миёни мардум ҳикматест машҳур, ки «ҳақиқатро инкор кардан мушт бар санги хоро задан аст». Агар амиқтар дида андӯзем, бешак, ҳақиқат заволнопазир ва устувору тавоно бувад ва онро нодида гирифтану ба ин ҳикмати баҳснопазиру ҳазорҳо маротиба дар заминаи воқеаҳои таърихӣ собитшуда шубҳа кардан камоли аблаҳист.

Тоҷикистони азизи мо, ки имрӯз рӯ ба тараққӣ овардаю марҳила ба марҳила, тадриҷан пеш мераваду пайваста ободу зебо, тинҷу осоишта мешавад ва дар кулли ҷодаҳои зиндагӣ ба муваффақиятҳои беназир мушарраф мегардад, ба ҳамагон аён аст ва ҳатто, шаҳрвандони бурунмарзӣ инро эътироф менамоянду ба миллати сарфарози мо таҳсин мегӯянд.

Бунёдкориву созандагиҳоеро, ки абармардони халқи куҳанбунёди тоҷик, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дарозои 34 соли Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ намуданд, таърихи беш аз ҳазорсолаи ин миллати фархунда ёд надорад.

Халқи сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик имрӯз дигар бедору ҳушёр аст ва парчами ваҳдату якдилӣ дар даст дораду бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои хирадманду матинирода ва накукори хеш-Эмомалӣ Раҳмон барои рушди боз ҳам бештари Ватани аҷдодӣ якдилу якҷон ва бо тасмиму қарорҳои наку аз пайи бунёдкориҳои азиму муҳташам аст.

Боиси таассуф аст, ки барои онҳое, ки нотавонбинанду худкоманду тинати нопок доранд, ин ҳама дастовардҳову шарафмандиҳои кишвари хуршедии мо дардовару беқарорсозанд. Ва онҳо аз рӯи ғаразу хусусмат ва ҳасаду рашк ба ҳар васила талош меварзанд, то санги буҳтону иғво ба ин кохи пуршукӯҳу азими ваҳдат биафкананд ва дарди носури хешро таскин бубахшанд. Афсӯс, ки зумрае аз чунин бадтинатону ҳангомасозон ва манфиатҷӯёну ватанбезорони дилкӯр аз байни худи мо-тоҷикзодагон берун ҷастаанд ва чун фарзандони нохалаф хиёнат ба Модар-Ватан кардаанду мекунанд. Иддае аз онҳо бо созмонҳои террористию ифротгаро пайвастаанду қисме дигар, худ дар алоҳидагӣ ба аъмоли хиёнатгароёна ва ваҳшиёна пардохтаанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ба ин зумра ашхос роҳбарият ва аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ шомил ҳастанд.

Ифротгароӣ, ки хатари ҷиддӣ ба амнияту субот ва Истиқлолияти ҷумҳурии мо дорад, яке аз масоили муҳим ва мубрам дар замони имрӯз ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз ба шумор меравад. Дар ин замина зарур аст, ки аҳли ҷомеаро аз равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва созмону гурӯҳҳои ба ном исломии ифротгаро огоҳ намоем, то ба доми амиқи ин қабил афроди тундраву беватан гирифтор нагарданд.

Солҳои охир гаравиши ҷавонони сабукфикр ва каммаърифат ба ифротгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст. Таҳлил ва баррасии иттилои ҳамарӯзаи моҳворавӣ ва баҳсу мунозираи иддае аз ҷавонони гумроҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сафаҳоти шахсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷавонони ифротманиш ва тундгаро ҳанӯз мекӯшанд, ки сафи ҳамақидаҳояшонро биафзоянд. Албатта, ин ҳолат боиси нигаронист. Барои ҷалавгирӣ аз бегонашавӣ ва дигар падидаҳои номатлуб моро мебояд, ки ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷомеаро баланд бардорем. Аз ин рӯ, лозим донистем, ки пиромуни ин мавзӯъ чанд нуктаро баён дорем, то заррае ҳам бошад, дар ин ҷода саҳмгузор гардем.

Бешубҳа, аз ифтихори миллӣ то хиёнат ба Ватан масофаи андаке дар миён аст. Чанд соли охир дар дунё созмонҳое арзи ҳастӣ кардаанд, ки аз вазъи осоиштаи мамолик истифода намуда, миёни аҳолии он ҷамоҳир ниҳодҳои динӣ таъсис додаанд, ки ҳадафашон ноором сохтани ҷомеа мебошад. Онҳо зумрае аз ҷавонони содда ва ноогоҳро ба осонӣ ба гурӯҳҳои хеш шомил месозанд ва дар зеҳнашон идеологияи ғайримақбулро ворид менамоянд.

Надонистани таърих ва аркони саҳеҳи дини ислом, махсусун, фиқҳ ва ақидаи тавҳидӣ, надоштани масъулияти шаҳрвандӣ баъзе ҷавонони беиттилоъ аз Қуръону суннатро бегонапарасту тахрибкор ва хатарзо намудааст. Бисёр таассуфовар аст, ки ин қабил одамон, агар онҳоро «одам» гуфтан ҷоиз бошад, масъулияти инсонгарӣ ва худопарастии худро дар қатлу куштор, тундгӯию тундхӯӣ ва ба куфру бидъат ҳукм намудани дигар мусалмонон медонанд.

Иддае аз ҷавонони гумроҳу бехабар аз дини Исломи ноб аз Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротгаро дар мамолики исломӣ гаравидаанд. Онҳо барои дарёфти ормонҳои имонӣ ва исломӣ бехабар аз онанд, ки алакай қурбонии бозингарони мансабхоҳ ва душманони Ватани хеш гардидаанд. Душманони миллати тоҷик ва мазҳаби ҳанафӣ такфир, ифрот ва ситезаҷӯиро таблиғ менамоянд ва ҳаргиз таълимоти саҳеҳу дурусти дини мубини Исломро намеомӯзонанд. Онҳо бо шеваҳои гуногун ва методҳои санҷидашудаи террористон ва экстремистон неруҳои созандаи ҷавонони исломиро бо роҳи фиребу дасиса ба манфиати созмонҳои бадкирдору бадкеши худ истифода мебаранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: «Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан, меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид».

Дар даврони истиқлолият ифтихори ватандорӣ яке аз маҳакҳои асосии бақои давлат ва миллат маҳсуб меёбад. Тарбия ва мавҷудияти эҳсоси ватандӯстӣ аз падару модар вобастааст. Рафтори намунавии волидайн дар рӯҳияи хештаншиносӣ василаи беҳтарини тарбияи фарзанд мебошад.

Зинатшо ИМАТШОЕВ,

директори Литсейи касбии техникии

нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе