
ТАҲСИЛ БО НИЗОМИ КРЕДИТӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН
2025-04-19 15:36:13
Рушду тараққиёт ва пешрафти ҷомеа, ворид
гардидани васоити гуногуни техникӣ дар истеҳсолот ва корхонаю муассисаҳо,
талаботи бозори меҳнат ва омода намудани мутахассисони воқеан ҳам барои ҷомеа
арзанда тақозои ҳаёт аст.
Дар сиёсати Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таълим ва тарбияи насли наврас ва соҳибкасб намудани ҷавонон нақши
калидӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ соҳаи таҳсилоти
касбӣ ва тандурустиро соҳаи афзалиятноки ҷомеа дониста, ба масъулини ин соҳаҳо
як қатор вазифа ва масъулиятҳо гузоштанд. Ҳамин талаботу супоришҳои ғамхоронаю
дилсӯзона мо омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро низ
водор месозад, ки раванд ва сохтори таълиму тарбияро мутобиқ ба талаботҳои
замон ба роҳ монем. Аз ҷумлаи яке аз ин талаботҳо татбиқи низоми кредитӣ дар
таҳсил мебошад.
Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ДДТХ дар деҳоти Кангурти ноҳияи
Темурмалик соли чорум аст, ки фаъолият дорад. Аммо дар ин муддати кӯтоҳ баҳри
омода намудани мутахассисони миёнаи тиб ба як қатор комёбиҳо ноил гаштааст.
Иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва махсусан дар озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” ва
дастовардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯзгорони мо
метавонанд дар омода намудани шогирдон саҳми арзанда гузоранд. Соли
гузашта 80 нафар
шогирдон муассисаро хатм намуданд, ки аз инҳо 5 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд.
Инчунин омӯзгорони мо дар семинари ташкилнамудаи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб
иштирок намуда, доир ба ин шакли таълим маълумоти зарурӣ гирифтанд. Ҳамкории
муассисаи мо бо Коллеҷи тиббии Данғара дар самти омӯхтани низоми кредитӣ ва аз
бар намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ доир ба ин сохтори таълим идома дорад.
Хулоса, омӯзиш дар ин самт идома дошта, бо боварии комил гуфта метавонем,
ки дар оғози соли таҳсили 2025-2026 дарсҳоро дар шакли низоми кредитӣ бе ягон
мушкилию душворӣ оғоз мегардад.
Насрулло Шарифов-мудири кафедраи
фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии
ДДТХ дар деҳоти Кангурти н. Темурмалик.