
МУҲИММИЯТИ ДОНИСТАНИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ БАРОИ КАСБОМӮЗОН
2025-04-16 17:00:29
Дар ҷаҳони муосир, донистани забонҳои хориҷӣ на танҳо воситаи муошират, балки як ҷузъи асосии муваффақият дар касбомӯзӣ ва рушди шахсӣ мебошад. Имрӯз ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технологӣ талаб менамояд, ки ҳар яки мо забони хориҷиро омӯзем, зеро забондонӣ аз муҳимтарин унсурҳои муваффақият дар зиндагии шахсӣ ва касбӣ ба ҳисоб меравад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ ва тиҷорат пайваста густариш меёбанд, донистани забонҳои хориҷӣ на танҳо ҳамчун малакаи иловагӣ, балки зарурати ҳаётӣ шинохта шудааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода шуд, ки то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ машғул мебошанд.
Марказҳои зикршуда метавонанд дар як сол беш аз 8000 нафар сокинони мамлакатро ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гиранд. Ин раванд бо дарназардошти ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи аҳолии қобили меҳнат, тақвият дода мешавад. Тибқи маълумот дар панҷ соли оянда дар муассисаҳои зикргардида, беш аз як миллион шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд.
Барои касбомӯзон, донистани забонҳои хориҷӣ калиди дари имкониятҳои нав мебошад. Забондонӣ ба онҳо на танҳо имкони муошират бо фарҳангҳо ва одамони гуногунро медиҳад, балки имкон медиҳад, ки ба манбаъҳои пешрафтаи илмӣ ва технологияҳои муосир дастрасӣ пайдо кунанд.
Имрӯзҳо забонҳои англисӣ, русӣ, чинӣ ва дигар забонҳои байналмилалӣ ҳамчун воситаи асосии робита ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, технология, илм ва фарҳанг нақши муҳим мебозанд. Пас, омӯзиши онҳо на танҳо афзалият, балки сармоягузорӣ ба оянда мебошад.
Имрӯзҳо корфармоён шахсони донандаи забонҳои хориҷиро афзал медонанд, зеро ширкатҳои зиёде бо шарикон ва муштариёни байналмилалӣ фаъолият доранд. Барои ҷавонон донистани забонҳои хориҷӣ имконият медиҳад, ки дар чунин ширкатҳо кор пайдо кунанд ва дар аксари ихтисосҳои муосир, аз ҷумла технология, муҳандисӣ, тиб ва иқтисод, манбаъҳои асосӣ дар забонҳои хориҷӣ дастрасанд. Шахсони донандаи забонҳои хориҷӣ метавонанд аз адабиёти илмӣ, курсҳои онлайнӣ, ва барномаҳои таълимии байналмилалӣ баҳра баранд, ки ин онҳоро дар ҳунаромӯзӣ пешсаф месозад.
ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР МУАССИСАҲОИ КАСБӢ
-Ҷорӣ кардани барномаҳои махсуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.
-Ташкили курсҳои забонӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва платформаҳои онлайнӣ.
-Рушди ҳамкорӣ бо муассисаҳои хориҷӣ ва ташкили барномаҳои табодули донишҷӯён.
Донистани забонҳои хориҷӣ дар шароити ҷаҳони муосир ба рушди касбӣ ва шахсӣ мусоидат мекунад. Муассисаҳои касбӣ бояд ба омӯзиши забонҳо диққати ҷиддӣ диҳанд, то ҷавонон тавонанд дар бозори меҳнат муваффақ бошанд ва дар рушди ҷомеа саҳмгузор бошад.
Қадриддин ҲАИТОВ,
Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ,
коргузорӣ ва назорати Кумита