
Мизи мудавар таҳти унвони ДӮСТИИ ХАЛҚҲО-ОМИЛИ АСОСИИ ҲАМГИРОИ ВА РӮЗИ ПОЙТАХТ
2025-04-22 12:00:15
Дар асоси дастуру супоришҳои директори
муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи корҳои ба
нақша гирифтаи кафедра санаи 21.04.2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои 3 аз тарафи
омӯзгорони кафедраи Фармакология ва забони лотинӣ бо иштироки Муовини директор
оид ба таълими амалӣ Абдулмуминзода Ҳ.А
Декани факултаҳои кори фармасевтӣ баъди
хатми синфи "9" Саидзода.Н.Х ва Ғаффурзода Ҳ.Н. мудири кафедраи
Фармакогнозия ва кимёи фармасевтӣ Сулаймонова О.Ғ. ва мудири кафедраи
Технологияи дорусозӣ ва ташкили иқтисоди фарматсия Ҳасанова З.Ш дар якҷоягӣ бо
донишҷӯёни факултетҳои кори фармасевтӣ баъди хатми (9) ва тибби ташхисӣ бахшида
ба Рӯзи Пойтахт ва дӯстии се ҳамсояи ҳамсарҳад мизи мудавар баргузор гардид
Намоиши сиёсиро н.и.т Давлатзода А.С
оғоз намуда, маърӯза дар мавзуи Дӯстии халқҳо-омилиии асосии ҳамгироӣ ироа
намуданд.
Омӯзгорони кафедра Одинаева А.С маърӯза
дар мавзӯи Дӯстии абадӣ ва бародарии самими-асоси иттиҳод ва замина барои
фардои дурахшон ва
Буриев Ф.Ҳ. маърӯза дар мавзӯи Душанбе
имрӯз, зебост фардо зеботар бо видео роликҳо оиди қаҳрамониҳои фарзанди
фарзонаи миллат, сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон пешкаши меҳмонон
намуданд. Дар анҷоми чорабини муовини директор оид ба таълими амалӣ
Абдулмуминзода Ҳ.А барои гузаронидани чунин чорабинии пурмуътаво, сиёсӣ ва
ҷиҳати тарбиявӣ доша, изҳори сипос намуда, иброз намуданд,ки Тоҷикистонро имрӯз
нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо, мардумашро дар амну осоиш мебинем.
Дар ин кор саҳми Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле воло аст.