
ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
2025-04-19 15:38:29
Дар Коллеҷи политехникии ноҳияи
Данғара олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз
фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи
халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024-2025, ки рӯзҳои 17-18 ҷараён дошт ҷамъбаст
гардид.
Дар маросими ҷамъбастии
олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми Раиси
Кумита Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини раиси ноҳияи Данғара, Зуҳро
Ҳакимзода, роҳбарон, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии
ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро
академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иштирокдорони даври ниҳоии олимпиадаи
ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро барои фаъолона
ширкат намудан ва то ба ин давр расиданашон таҳният гуфта, зикр кард, ки ҳамаи
Шумо барои мо ғолиб ҳастед, зеро то даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтед.
Бо ташаббуси бевоситаи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар озмуну олимпиадаҳои гуногун ташкил
ва баргузор мегардад, ки олимпиадаи мазкур низ дар доираи дастуру ҳидоятҳои
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, - иброз дошт Ф. Раҳимӣ.
Раиси Кумита
иброз доштаннд, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии
мамлакат соҳаи таҳсилоти касбӣ ҳамчун самти афзалиятноки соҳаҳои хоҷагии
мамлакат таъкид гардида, Сарвари давлат иброз доштанд, ки маблағгузории соҳа
сол ба сол афзоиш ёфта, барои баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани
технологияҳои нав ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Таъкид гардид, ки
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти
иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу
маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва
ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи
аввалиндараҷа зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки даври
якуми олимпиада, ки моҳи март дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳру
ноҳияҳои мамлакат бо иштироки беш аз 5500 донишҷӯ баргузор шуда, ба даври ниҳоӣ
322 нафар ғолибони ҷойи 1-ум аз 85 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳ ёфтанд.
Дар
даври ниҳоӣ аз 85 муассиса 322 нафар иштирок намуда, аз 43 муассиса беҳтаринҳо
сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ифтихорӣ гардида, ба ғолибон Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои
хотиравӣ тақдим гардид.
Олимпиада
бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва
ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.
Ҳамзамон,
донишҷӯёну омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз ҷойҳои
таърихию саёҳӣ, инчунин аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан намуда, ба худ
тассуроти нек бардоштанд.
Марвид
ба зикри хос аст, ки ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани сифати таҳсилот дар
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ инчунин, соҳибкасб намудани
шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №429 аз 6 сентябри соли 2023
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар охир аз рӯи
натиҷаи медаллҳои ба дастоварда Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, сазовори ҷойи аввал,
Коллеҷии тиббии шаҳри Бохтар сазовори ҷойи дуюм, Коллеҷи омӯзгории ба номи
Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм ва Коллеҷи техникии
Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи чорум гардиданд.