
АРТИШИ МИЛЛӢ - МЕҲВАРИ КАФОЛАТИ АМНИЯТИ ҶОМЕА
2025-02-20 10:27:59
Рузи ман сар мешавад ҳар рӯз бо шеъри Ватан,
Пос дорам, мисли модар номи некат эй Ватан.
Дар ҳақиқат, Ватан як вожаи бузургу муқаддас ва
сарзаминест, ки дар зери мафҳумаш тамаддун ва таърихи ҳар як халқу миллат
ҷойгузин мебошад. Ҳар фарди бо нангу номус бояд зодгоҳи худ ва пайвандонашро
дӯст дорад, ба он муҳаббат ва садоқати беназир дошта бошад ва арзишҳои
миллиашро ҳифз намояд. Мо, тоҷикон сарфароз аз он бошем, ки кишвари
соҳибистиқлол дорем. Маҳз истиқлолият боис гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони чун
як кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона эътироф шуд ва дорои рамзи олии Ватану
ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил гардид. Ифтихор
аз он барем, ки дар чунин кишвари ободу, зебо ва осоишта ҳаёт ба сар мебарем.
Миллати мутамаддини тоҷик таърихи беш аз 6 ҳазорсола дорад.
Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд «Ифтихори
ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги Ватан сарчашма мегирад». Яъне,
имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки тоҷикон бо эҳё ва ҳифзи ҳувияти миллӣ
ва андӯхтаҳои таърихии худ ҳамқадам ва ҳамрадифи мардуми сайёра гардидаанд.
Таҷрибаи таърихи башар собит менамояд, ки яке аз
пояҳои устувори давлатдорӣ сипоҳи муназзаму мукаммал ба ҳисоб меравад. Маҳз
артиши муназзаму устувор кафолат медиҳад, ки низоми давлатдорӣ ва тамомияти арзӣ
нигоҳ дошта шавад. Суботи сиёсӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ аз сатҳи
касбият ва рушди низоми ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад.
Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дорои Қувваҳои
мусаллаҳи хеш мебошад. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун
рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷашн гирифта мешавад. Таҷрибаи
таърихии давлатдории миллати тоҷик ва ҳамзамон Тоҷикистони муосир нишон
медиҳад, ки яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар радифи дигар ниҳодҳо мавҷудияти
Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб мераванд. Дар маҷмӯъ ҳадафи асосии давлат, ки
танзими муносиботи ҷомеа ва ҳифзи истиқлолиятро дар бар мегирад, дар ин раванд
аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд. Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи
якпорчагии миллат ва манфиатҳои миллӣ низ мавҷудияти Қувваҳои мусаллаҳи
ташаккулёфта маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар рӯ ба рӯи падидаҳои номатлуб,
махсусан терроризм ва экстремизм, ҳадафҳои экспансионии кишварҳои хориҷӣ
мавҷудияти Қувваҳои мусаллаҳ, алалхусус Артиши миллӣ зарурияти ҳар давру замон
ба ҳисоб меравад.
Дар айни замон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амният, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии
сарзамини аҷдодӣ, ҳамчун рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Миллати тоҷик дар 34 соли соҳибистиқлолӣ, маҳз бо шарофати амнияти давлатӣ ва
таъмини сулҳу субот ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Қувваҳои мусаллаҳи
кишвар имрӯз дар радифи дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое ба ҳисоб
мераванд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум,
тартиботи дохилӣ ва дигармасъалаҳои муҳими давлатдорӣ нақши калидӣ дорад.
Боиси ифтихор
аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои
баланди ватандӯстию хештаншиносва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи
аввали ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки
пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард,
бетараф намонданд. Афсарони содиқ ба Ватану миллат ҷиҳати ба эътидол овардани
вазъи ҷамъятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститусионӣ, ҷасорату мардонагӣ
нишон доданд.
Аз хотир бояд
набаровард, ки солҳои 90-уми Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон доданд, ки яке аз
омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар набудани
қувваҳои мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Баробари барҳам хӯрдани низоми
шӯравӣ ва ба истиқлолият расидани кишвар ҳукуматро зарур буд, ки ҷиҳати таъмини
амният ва сулҳу субот, ҳамчунин ҳифзи истиқлол Артиши миллии худро ташкил
кунад. Мутаасифона дар муқоиса ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз
Артиши Шуравӣ тақрибан чизе мерос нагирифта буд. Бо сабаби бӯҳрони сиёсии
мақомоти давлатӣ то аввали соли 1993 ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муясар
нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ ва ташкили
Ҳукумати нав бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои
мусаллаҳи кишвар гузошта шуд. 23-юми феврали соли 1993 дар як давраи хеле
ҳассоси таърихӣ барои оромию осудагии давлат Артиши миллии кишвар ташкил карда
шуд.
Маврид ба
ёдоварист, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар
зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиашон баҳри ҳифзи манфиатҳои
давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили артиши миллӣ
саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Бо ташаббуси Пешвои
муаззами миллатдар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва
номукаммал ба як қувваи бузург табдил ёфт.
Имрӯз мо -
қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавоноро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи
арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ
ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавли насли
ояндасози кишвар омили дар боргоҳи таърих боқӣ мондани давлату миллат шуда
метавонад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли
ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи
манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад. Оромии кишвар, пешрафти ҷомеа
ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама аз таъмини амният дар сарҳади марзу
буми кишвар вобастагии зиёдеро ба бор меоварад. Дар воқеъ, авзои геосиёсии
минтақа низ имрӯз аз хизматчиёни сафи Артиши миллӣ тақозо менамояд, ки зираку
ҳушёр бошанд, зеро амнияти тамоми кишвар ва миллат ба онҳо гузошта мешавад.
Ҳукумати кишвар
ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои
Ватанро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои
барқарорнамудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу
субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор
кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Сияҳаков Сафаралӣ сардори раёсати таълими Коллеҷи
техникии шаҳри Душанбе н.и.т. дотсент,