
ҶАЛАСАИ САЙЁРИ КУМИТА ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
2025-03-05 20:14:04
Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии
шаҳри Кӯлоб ба номи Р. А. Раҳмонзода ҷаласаи сайёри Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби
вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар кори он Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ муовинони раис, Давлатзода
Баҳрулло, Ализода Алишер, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон иштирок
намуданд.
Дар ҷаласа вазъи соҳаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи
касбӣ ва фаъолияти муассисаҳои ҳудуди минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон таҳлилу
баррасӣ гардидаднд.
Дар ҷаласа
масъалаҳои таъмини иштироки хонандагону донишҷӯён дар машғулиятҳо, таъмини
муассисаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти
ибтидоии касбӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ надоранд,
сохтмону азнавсозии бино, устохона, озмоишгоҳ ва хобгоҳҳо дар муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимӣ, баланд
бардоштани савияи дониши кормандону омӯзгорон ва ба такмили ихтисос фаро
гирифтани онҳо, таъмини иштироки хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон
дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ таҳлилу баррасӣ шуданд.
Академик Фарҳод
Раҳимӣ қайд кард, ки тибқи тағйирот ба қонунгузории соҳаи таҳсилоти миёнаи
касбӣ, ки айни ҳол дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад,
муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ба истиснои коллеҷҳои
соҳаи фарҳанг ва тиб, аз 3 сол ба 2 сол расонида мешавад, ки тақозои замон аст.
Раиси Кумита таъкид намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бояд соли оянда ба 210 ҳазор
расондани теъдоди хонандагону донишҷӯёни ҳарду зинаи таҳсилот, инчунин дар 5
соли оянда як миллион шаҳрвандони кишварро бо шуғлу касбҳои пурмаҳсул ҷавобгӯ
ба талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ омода карда шаванд.
Қайд гардид, ки
аҳли коллективи муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пайваста аз
дастгириҳои Сарвари давлат бархӯрдор мегарданд. Ин аст, ки маҳз бо ташаббуси
бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хубтар ба роҳ мондани
раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва
соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6
сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
“Айни замон дар назди Кумита 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88
муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (59 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи
ғайридавлатӣ) ва 5 филиал (1 давлатӣ ва 4 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки
дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд”, - гуфт
Раиси Кумита.
Таъкид гардид,
ки аҳли кормандон ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии сохтори Кумита
ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша сармашқи кори худ қарор
дода, кӯшиш намоянд, ки фаъолияти хешро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд ва
дар ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳиссагузор бошанд.
Дар идомаи
ҷаласаи сайёр сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ Файзиддин Қурбонзода ва
сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ Бобоҷон Маҳмадализода аз раванди
фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии минтақаи Кӯлоби
вилояти хатлон, ки бо фармоиши Раиси Кумита гурӯҳи корӣ мавриди санҷиш қарор
дода буданд, гузориш доданд.
Дар рафти ҷаласа дигар масъалаҳои ҷории соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта,
масъулин ҷиҳати иҷро ва ҳалли саривақтии онҳо уҳдадор шуданд.
Дар ҷаласа, ки бо муҳокимаи фаъол идома ёфт, роҳбарони муассисаҳо
пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро оид ба такмили низоми таълим ва беҳтар кардани
шароити корӣ баён намуданд.
Дар охир бахшида ба Рӯзи модарон ба як қатор
омӯзгорони собиқадор Сипосномаи Кумита тақдим карда шуд.
