5 октябри соли 2024 дар Коллеҷи техникии
шаҳри Душанбе фаъолияти 9 моҳаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита академик
Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис Давлатзода Баҳрулло ва Ализода Алишер,
директорони коллеҷҳо, литсейҳои касбии техникӣ, нмаояндагони муассисаи таълимии
калонсолон натиҷагирӣ карда шуд.
ДАР ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ РАИСИ КУМИТА АКАДЕМИК
ФАРҲОД РАҲИМӢ ҲИСОБОТИ НУҲМОҲАРО БА ҲОЗИРИН РАСОНДА, ИБРОЗ ДОШТ, КИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИРО ЯКЕ АЗ САМТҲОИ
АФЗАЛИЯТНОКИ КИШВАР МАҲСУБ ДОНИСТА, МУНТАЗАМ БАРОИ РУШДУ НУМУИ ОН ТАДБИРҲО
МЕАНДЕШАД.
АЙНИ ЗАМОН, ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 65
МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ ФАЪОЛИЯТ МЕНАМОЯД, КИ ДАР ОНҲО АЗ РӮЙИ 14
САМТ (ИҚТИСОДИЁТ, ТЕХНИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯ, НАҚЛИЁТ, ТЕХНИКАИ РАДИОЭЛЕКТРОНӢ,
ЭНЕРГЕТИКА, САНОАТИ КИМИЁӢ, САНОАТИ САБУК, САНОАТИ КӮҲӢ, МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН,
КИШОВАРЗӢ, МЕТАЛЛУРГИЯ, ТЕЛЕКОММУНИКАТСИЯ, САЙЁҲӢ ВА МЕҲМОНДОРӢ, ХИЗМАТИ МАИШӢ
ВА ХӮРОКИ УМУМӢ) ВА 135 ИХТИСОС КАДРҲОИ КОРГАРӢ ОМОДА КАРДА МЕШАВАНД.
·
Дар соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16
ҳазору 525 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда буд, ки аз ин шумора 46
нафар ятими кулл, 689 нафар нимятим ва 211 нафар маъюб буданд.
·
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ташкил
ва тибқи талаботи қонунгузорӣ доир намудани аттестатсияи давлатии
хатмкунандагон маҳсуб меёбад.
·
Аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар соли таҳсили
2023-2024 тибқи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,
«Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва Низомномаи аттестатсияи давлатии
хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
гузаронида шудааст.
·
Бо фармоишҳои директорони литсейҳои касбии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8
ҳазору 276 нафар хонанда ба аттестатсияи давлатии хатм роҳ ёфта, 8 ҳазору 73
нафар аз рӯйи 53 ихтисос хатм намуданд, ки 2 ҳазору 674 нафари онҳоро духтарон
ташкил медиҳанд.
Бештари хонандагон аз рӯйи ихтисосҳои
“Дӯзанда” (1295 нафар), “Системаи компютерӣ ва Интернет технология” (886
нафар), “Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таљҳизотҳои барқӣ” (878
нафар), “Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил” (877 нафар), “Ҳисобдор бо
донистани компютер” (753нафар), “Тракторчӣ - мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ”
(602 нафар), “Кафшергари газию барқӣ” (505 нафар) ва “Кафшергари барқӣ” (487
нафар) литсейҳои касбии техникиро дар соли 2024 хатм намудаанд.
Аз шумораи
хатмкардагон 2235 нафар (28,0%) бо ҷойи кор таъмин шуда, 2018 нафар (25,0%)
барои идомаи таҳсил ба мактабҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд.
Дар асоси маълумоти аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешниҳодшуда, 1471
нафар (18,0%) ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ва 2349 (29,0 %) бо љойи кор
таъмин нашудаанд.
Ҳамзамон,7
ҳазору 388 нафар хонанда, аз ҷумла 1 ҳазору 448 нафар духтар ба бахши дуюм
гузаштанд.
Муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоии касбӣ дорои 96 бинои таълимӣ мебошанд.
Бо
мақсади омодагӣ ба соли нави таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ ва бо дастгирии шарикони
рушд корҳои таъмирию азнавсозӣ ба роҳ монда шуд.
Синфхонаҳо,
устохонаҳои таълимӣ, намои биноҳои таълимию хобгоҳ, толорҳои варзишию маљлисгоҳ
аз таъмири асосию ҷорӣ бароварда шуданд.
Дар ин давра қабул ба муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоии касбӣ љамъбаст гардид. Ба ҳолати 27 сентябри соли 2024 ба
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 ҳазору 94 нафар хонанда қабул карда шудааст,
ки 98,0 дарсади нақшаи қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии
касбиро дар соли таҳсили 2024 -2025 ташкил медиҳад. Теъдоди мазкур нисбат ба
ҳамин давраи соли гузашта 3637 нафар, ё 15,0 дар сад зиёд мебошад. Аз теъдоди
16094 нафар қабулшудагон 12982 нафар дар заминаи синфи 9 ва 3111 нафар дар
заминаи синфи 11 мебошанд.
Ҳадафу мароми давлат ва Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми
шаҳрвандони Ватани азизамон равона гардидааст. Аз ин рӯ, барои ташкили ҷойҳои
кории нав дар дохили кишвар ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон
мунтазам тадбирҳо андешида мешавад. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва
хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2023) чунин баён гардидааст: «Аз ин рӯ, моро
зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият барои фароҳам овардани
ҷойҳои нави корӣ чораҷӯйӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълимии касбу ҳунар
ва забономӯзии шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешем». Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар
санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии
байналмилалии эътирофшудаи Тоҷикистон ва Низомномаи Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14 майи соли
2024 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, оғоз намуд.
Фарҳод
Раҳимӣ, зимни ироаи ҳисобот илова кард, ки дар ин зинаи таҳсилот аз рӯйи 14
самт ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода гардида, дар назар аст, ки теъдоди
ихтисосҳо то ба 1000 ихтисос зиёд карда шавад.
Ҳамзамон,
илова гардид, ки дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод
58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 4 филиал фаъолият
менамояд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи 10 самт, (омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг,
кишоварзӣ, иҳтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва таъмини
бехатарӣ) 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад.
Дар
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 90096 хонанда ва донишҷӯй (67641 духтар) ба
таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 6 ҳазору 85 нафар омӯзгор (2765 зан) дарс
медиҳанд, ки аз онҳо 18 нафар (3 нафар зан) доктори илм ва 175 нафар (48 нафар
зан) номзади илм мебошанд.
Иҷрои
«Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва
«Барномаи миёнамуҳлати омода кардани мутахассисони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027» зери назорати Кумита қарор дошта, аз
натиҷаи амалишавии барномаҳои мазкур соле як маротиба ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда мешавад.
Баъди
шунидани ҳисобот аз ҷониби Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ пешниҳод
гардид, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши
амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ,
ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин
васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои
миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ,
ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи
Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус
донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли
таҳсили 2024-2025 “Соли хониши асарҳои Пешвои миллат эълон карда шавад”.
Таъкид
гардид, ки дар ин давра ҳамаи омӯзгорону кормандон ва хонандагону донишҷӯёнро
зарур аст, ки асарҳои Пешвои миллатро мутолиа намоянд.
Дар
музокира, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳрии Турсунзода, ва директори литсейи
касбии маъюбони шаҳри Душанбе доир ба фаъолияти муассисаҳои худ маълумот дода,
ҳисоботи Раиси Кумитаро қаноатбахш эълон доштанд.
Дар охир
ба як қатор кормандони коллеҷу литсейҳои касбии техникӣ барои фаъолияти
самаракнок ва таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, инчунин бахшида ба
Рӯзи “омӯзгорон” бо Итихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.
Ҳайати кормандони Кумита, директорони
коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ бо эҳсоси ифтихори ватандорӣ аз таваҷҷуҳу
дастгириҳои Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу
ҳаноатмандӣ намуда, бо ҳиси баландӣ ватандӯстӣ баён доштанд, ки бо дарки
масъулияти дучанд фаъолиятро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, дар омода намудани
мутахассисони баландихтисос ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.