Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-10-02 14:49:50

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД

Санаи 26 сентябри соли 2024 доктор Сандип Кулшрешта директори Институти илмӣ-тадқиқотии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамзамон профессори Донишкадаи сайёҳӣ ва идоракунии меҳмонпазироии шаҳри Ҳайдаробод ба Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Доктор Сандип Кулшрештаро директори Коллеҷ Рабизода Наҷибулло, намояндаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Низомов ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти фаъолияти муассисаи таълимӣ тариқи призинтатсия пешниҳод гардид. Ҳавасмандии ҷонибҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар самти гузаронидани чорабиниҳои илмии муштарак, инчунин аз такмили ихтисос ва бозомӯзи гузаронидани омӯзгорону кормандон дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон матраҳ гардиданд.

Доктор Сандип Кулшрешта аз озмоишгоҳҳои сайёҳӣ, физика, химия ва технологияҳои рақамӣ дидан намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.

2024-10-02 14:41:22

ҲИФЗИ ЗАБОН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ МО

Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр дар кишвари мо Рӯзи забони давлатиро таҷлил менамоянд, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо маҳсуб мешавад. Бинои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии миллат дар рӯйи пояҳои забон ва фарҳанги он эъмор мегардад. Аз ин рӯ, забони тоҷикӣ ҷавҳари ҳувият ва тафаккури милли тоҷикон маҳсуб ёфта, танҳо тавассути забон мо метавонем хотираи таърихии мардумро ҳифз намоем ва ҳамбастагиии худро бо мероси ҳазорсолаи маънавии миллати худ эҳсос кунем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсии Тоҷикистон ба ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус намуда, дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз доштанд: «Забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст. Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустақкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд. Агар ба давраҳои дури таърихи забони худ назар кунем, мебинем, ки гузаштагони мо барои равнақу эътибор ва инкишофи забони худ чӣфидокорӣ ва чӣ кӯшишҳое ба харҷ доданд, то забони модарии хешро ба пояи забони расмии давлатӣ бароварданд».

Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонзабони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар эътироф гардид ва давлат ба он сарпаноҳи сиёсӣ дод. Дар ин самт, роҳбарияти Тоҷикистон нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон намуд ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Қабули санадҳои меъёри ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба густариши бесобиқаи забони тоҷикӣ замина фароҳам оварда, нақшу мақом ва манзалати онро ба ҳайси забони давлатии сарзамини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам намуд, ки ин падида натиҷаи сиёсати бунёдкорона ва кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Минбаъд бо саъю талоши хастагинопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти забони давлатӣ ва густариш пайдо кардани доираи истифодаи он шароити мусоид фароҳам омада, тамоми монеаву маҳдудиятҳои сунъӣ, ки дар замони то истиқлолият мавҷуд буданд, бартараф карда шуданд ва забони модарии мо ба шоҳроҳи рушди озодона ворид гардид. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат муваффақона ва босамар идома ёфта, маҳсули заҳмати шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Имрӯз масъалаҳои коргузорӣ, хусусан, мукотиба дар байни сохторҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин, забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра ба забони давлатӣ таъмин гардидааст ва кор дар ин самт ҳамеша дар маркази диққати давлату ҳукумати кишвар қарор дорад.

Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад, ки боиси ифтихори ҳар як ватандори асил мебошад.

Дар даврони Истиқлол бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуда, барои шинохти миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.

Пешвои миллат дар давраи истиқлолият ҷиҳати таблиғу ташвиқи забони тоҷикӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, ин равандро беш аз пеш густариш дода истодаанд. Аз ҷумла, ҳамасола нашри осори адибони барҷастаи классикӣ ва муосирро ба роҳмонда, дастраси ҳамватанон гаштаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки «бо ин забон на танҳо адабиёти оламшумули беш аз ҳазорсола офарида шудааст, балки аз ҷониби донишмандони бузурги мо асарҳои пурарзиш дар самтҳои мухталифи илмӣ таълиф ёфтаанд, ки ба пешрафти минбаъдаи илмҳои табииву дақиқ дар ҷаҳон мусоидат намудаанд. Ба ибораи дигар, забони тоҷикӣ аз даврони қадим на танҳо забони фарҳангу адаб, балки забони илм, аз ҷумла илмҳои дақиқу табиӣ низ ба шумор мерафту меравад. Бори дигар хотирнишон менамоям, ки забон, миллат ва давлат ҷузъҳои ҷудоинопазири якдигар ба ҳисоб рафта, устувории давлат, бақои умри миллат ва ҳувияти ягонаи миллӣ ба василаи забон таъмин мегардад. Ҳастии забон гарави ҳастии миллат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, замонати бақои фарҳангу тамаддуни он мебошад, зеро кулли ганҷинаи илмиву адабӣ ва фарҳангии миллат, пеш аз ҳама, ба василаи забон ҳифз мегардад».

Имрӯз ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор гирифтани забони тоҷикӣ маҳз натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои худ баҳри таҳкими истиқлоли Ватан тавонист забони давлатиро дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардонанд. Забони тоҷикӣ на танҳо унсури муҳими миллатсоз маҳсуб меёбад, балки аз рӯзи пайдоиши худ як абзори муҳими сиёсӣ буда, дар истиқлолхоҳии гузаштагони мо нақши калидиро бозидааст. Дар ин маврид Президенти кишвар дар асари безаволи худ «Забони миллат -ҳастии миллат» хеле хуб қайд намуда навиштаанд, ки «Саффориён (873-899) ва Сомониён (899-999) аз забон ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар муқобили араб барои касби истиқлол истифода карда, бори нахуст дар Хуросону Мовароуннаҳр парчами истиқлолро барафрохтанд ва сулолаву салтанатҳои азимеро аз хонадонҳои наҷиби маҳаллӣ бунёд намуданд. Амирони ватанпарасту донишпарвари сомонӣ барои эҳёи мероси фарҳангии пешазисломии худ низ кӯшишҳо карда, осори таърихию бадеӣ ва диниву ахлоқии муаллифони худӣ ва бегонаи асри хешро аз забони арабӣ тарҷума карда, ҳатто талош варзиданд, Қуръони маҷидро ба тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) баргардонанд.

Дар натиҷаи чунин сиёсати миллӣ нахустин осор ба забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) пайдо шуда, бузургтарин пешвоёни ин забон ва адабиёт Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва пайравону шогирдони онҳо маъруфтарин осори илмии он давраро ба забони модарии хеш навиштаанд».

Таърихи инсоният собит сохт, ки забони миллӣ дар дилхоҳ давру замонҳо як рукни давлатдории миллӣ буд. Дар ҳақиқат забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. Чи тавре ки Пешвои миллат таъкид мекунанд, «забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад».

Арҷгузорӣ ва муносибати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ намунаи олии ватандорӣ маҳсуб ёфта, боиси пайравии ҳар як соҳибватан гаштааст. Роҳбари давлати тоҷикон бо муносибати эҳтиромонаи худ нисбат ба забони тоҷикӣ ба мо нишон медиҳанд, ки ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ рисолати ҳар фарди бонангу номус аст. Дар ҳақиқат, бузургтарин вазифаи ҳар тоҷики худшиносу ватанпарвар, ки бо фарҳангу забони худ арҷ мегузорад, поку мусаффо нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои ояндаи миллати тоҷик ба мерос гузоштани ин сарвати миллӣ мебошад.

Назар Муҳаммадхоҷа,

“Ҷаҳони ҳунар”

2024-09-30 16:06:46

«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид.

Дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Дилшод Ниёзов аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯйи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён Гулнисои Содиқзода ҷойҳои якумро соҳиб гардиданд.

Ғолибони ҷойҳои якум бо Диплом ва 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ғолибони даври дуюми озмун (ҷойҳои 1, 2, 3) баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура ва маълумоти дуюми олӣ ба муҳлати се сол, бе супоридани имтиҳон тибқи тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Точикистон ба тариқи ройгон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои касбии баъд аз муассисаи олии таълимии мамлакат қабул мешаванд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар ду давр бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ баргузор гардид. Даври аввали он аз моҳи май то октябри имсол дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор шуд. 24 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» даври дуюми озмун гардида, то 28 сентябр идома ёфт.

Дар маросими мазкур иброз гардид, ки баргузории ин озмун метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии ҳавасманднамоии ҷавонон ба омӯзиши ҳаматарафаи давлатдории Пешвои миллат ва шинохти таъхири тоҷикон гардад.

Таъкид шуд, ки мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб доранд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади Пешвои миллат низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат доир гардид.

Ҳадафи озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ теъдоди иштирокчиён аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ зиёд гардида, 70 дарсади иштирокчиёни даври ҷамъбастии озмуни мазкурро донишҷӯёни ин муассисаҳо ташкил медиҳанд.

Аъзои ҳакамон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз сиёсатмадорон, донишмандон ва таърихшиносони донишгоҳҳои олии мамлакат иборат буданд.

2024-09-29 18:25:04

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ ХОНАНДАГОНУ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ОҒОЗ ШУД

Имрӯз дар Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оғоз шуд.

Дар рафти кушодашавии мусобиқа Давлатзода Баҳрулло ва Ализода Алишер, муовинони Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони коллеҷҳо, литсейҳои касбии техникӣ ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро Баҳрулло Давлатзода, ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки футбол яке аз намудҳои машҳуртарини варзиш ба ҳисоб рафта, асоси пойдории дӯстӣ ва сулҳу субот дониста шуда, дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши муҳим мебозад.

“Саннаи 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи 25 май эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул кард. Ин бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки дар кишвари мо варзиш, махсусан бозии футбол рушд карда, имрӯз футболбозони тоҷик дар дастаҳоҳои пешгоми дунё бозӣ мекунанд”, - гуфт муовини якуми Раиси Кумита.

Қайд гардид, ки мусобиқаи мазкур бори дуюм бо сарпарастии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, мақсади он ташвиқу тарғиби футбол дар байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муайян кардани чеҳраҳои нави варзишгарон аз намуди бозии футбол ва интихоби варзишгарони беҳтарин барои дастаи яккачини Кумита аст.

Мусобиқа то 3 октябр идома карда, дар арафаи Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ беҳтаринҳо бо ҷом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот сарфароз мегарданд.

2024-09-29 18:21:19

Боздиди Пешвои миллат аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Файзобод

28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзон ва ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия дидан намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҳосили фаровони зироаткорӣ ва нашъунамои кишти такрорӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, ба меҳнати содиқонаи аҳли заҳмати ноҳия баҳои баланд доданд.

Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои кишт, аз меҳнати созанда ва истифодаи самараноки ҳар як қитъа замини корам дар ноҳияи Файзобод шаҳодат медиҳад.

Дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёдонагӣ, ки самараи кишти такрорӣ аст, бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки иқлими ноҳия барои кишт ва ба даст овардани ҳосили зиёду босифати навъҳои гуногуни помидор, картошка, қаламфури булғорӣ ва меваҷот хеле мусоид мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматкашони ноҳияро ба ҳамкории пурсамар бо олимону мутахассисони соҳа, барои дарёфти тухмиҳои навъҳои серҳосил, истифодаи нуриҳо, мубориза бар зидди ҳашарот ва бемориҳо, инчунин ҷамъоварии беталафи ҳосил ҳидоят намуданд.

Кишоварзони ноҳияи Файзобод дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як қитъа замини корам сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола бо гирифтани ҳосили дилхоҳ ва фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Файзобод зиёда аз 3941 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.

Дар намоишгоҳ беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ба даст омадаанд, ба таври васеъ ба намоиш гузоштанд.

Тавре иттилоъ дода шуд ба давраи то 1 августи соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Файзобод зиёда аз 50 558 тонна ғалладонагӣ, 47 486 тонна картошка, 13 428 тонна сабзавот ва 32 751 тонна мева истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ инчунин маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумла анвои гуногуни нон, аз ҷумла фатир ва кулча муаррифӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва деҳқонони ризқофар барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, беҳдошти фарҳанги заминдорӣ, истифодаи заминҳои бекорхобида, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва баланд бардоштани ҳавасмандии саҳмдорон дастуру тавсияҳо доданд.

 

2024-09-29 18:17:15

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ БОҒИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "УМЕДА" - И НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Дурахшони деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод аз боғи Хоҷагии деҳқонии «Умеда» дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, майдони умумии хоҷагии деҳқонии «Умеда» 41 гектарро ташкил дода, дар 6 гектари он саҳмдорон боғи себи навъҳои содиротӣ бунёд намудаанд. Ҳосили пурбори себҳои «Зарринтоб», «Ситораи кӯҳсор», «Хубонӣ» ва ноки «Нозанин», ки навъҳои асосии боғро ташкил медиҳанд, заҳмати садоқатмандонаи саҳмдорони хоҷагӣ мебошад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки соли гузашта аз ҳар гектар боғи себ 25 тоннагӣ ҳосил гирифтаанд. Имсол низ ҷамъоварии ҳосили себ дар хоҷагии деҳқонии «Умеда» даҳаи аввали моҳи октябр оғоз мегардад ва тибқи таҳлили мутахассисони соҳа аз ҳар гектари он бояд беш аз 25 тоннагӣ ҳосил ба даст оварда шавад. Хоҷагидорон бо назардошти ба талаботи бозор мутобиқ будани сифати ҳосил дар фурӯши он душворӣ накашида, аз сари замин ҳосилро бо нархи дилхоҳ ба савдо мебароранд.

Дар баробари саҳмдорони хоҷагӣ ҳангоми ҷамъоварии ҳосили боғот то 40 нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда мешавад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ соли равон дар миёни қаторҳои боғ сабзавоту полезӣ кишт намуда, аз он ҳам ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Барои таъмини чорво бо хӯроки дурушту серғизо дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ юнучқа кишт шудааст, ки бо се дарав ва захира намудани ҳосили он, чорвои дар хоҷагӣ мавҷудбуда аз зимистон беталаф бароварда мешавад. Парвариши тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, дар мавсими ҷамъоварии он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳмдорони хоҷагӣ суҳбати самимӣ анҷом дода, барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, васеъсозии масоҳати боғ, бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот ва аз ин ҳисоб тақвият додани иқтидори содиротии кишвар ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид доданд.

Мавриди зикр аст, ки иқлими ноҳияи Файзобод барои парвариши себу нок мусоид буда, майдони умумии боғот дар ноҳия ба 6 ҳазору 420 гектар баробар гардидааст. Ҳосили ба даст омада аз ин боғҳо дар баробари таъмини фаровонии бозори дохилӣ ба содирот низ равона мегардад. Бо зиёдшавии майдони боғҳо дар баробари афзудани ҳаҷми истеҳсоли мева шумораи ҷойҳои корӣ низ зиёд гардид, ки аҳолӣ бо шуғли мавсимӣ ва доимӣ фаро гирифта мешавад.

 

2024-09-27 16:35:27

ҲИФЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

Раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари ҷанбаҳои мусбати худ оқибатҳои ҳузнангезро ҳам ба бор дорад, ба забони давлатӣ низ бетаъсир намемонад. Дар робита ба вазъи бавуҷудомада Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба такягоҳу посдорони асосии забони модарӣ таъкид мекунанд: «Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Модар-Ватан ва азамати забони модарӣ, ҳамчун ба Модар-сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт арҷгузорӣ карда, мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд, зеро забони модарӣ лафзи ширину муқаддас барои ҳар як инсон аст, ки маҳз аз модар сарчашма мегирад. Тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз мекунад, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои фораму дилнишини он худро бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад, сазовори навои баландмазмуни модар гардад. Чунки он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, қалбу ҷон ором мегирад, зеро он лафзи модарист…

Ҳамин тавр, забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, санади қавитанини исботи зинда будани ҳар миллат, пойдор мондани забони модарии он аст. Забони тоҷикии мо дар роҳи пурпечутоби таърих ва даҳшату тохтутозҳои аҷнабиён зинда монда сарчашмаи бақои миллат гардид. Чуноне ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «... забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классики тоҷику форс замина гузоштааст».

Имрӯз забони ширину шоиронаи моро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Мо соҳибзабонон аз ин ифтихор намуда, барои поку беолоиш нигоҳ доштан ва дар тозагиву равонии он пайваста ҷаҳд хоҳем кард.

Дар яке аз суханрониҳои хеш Пешвои миллат ба ин маънӣ фармуданд: «Мо ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл диҳем, то забони ноби тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад».

Боиси сарфарозии ҳар як соҳибзабон аст, ки имрӯз забони модарии мо мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, зеро ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз забони модарӣ, пеш аз ҳама пуштибонӣ аз халқу миллати хеш мебошад. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат забони модарии мо аз минбари созмонҳои бонуффузи байналмилалӣ садо медиҳад ва эътибори забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан афзун мегардад.

Имрӯз дар ҷаҳон аз рӯйи маълумоти оморӣ ҳар сол тахминан ду забон аз байн мераванд. Аз 6000 забоне, ки мавҷуд аст, 43 фоиз дар ҳолати аз байн рафтан қарор доранд ва шумораи ками забонҳо мавқеи намоёнро дар доираи таҳсилот ва фаъолият ва камтар аз сад забонҳо дар дунёи технологияи рақамӣ истифода мешаванд. Масалан, дар Россия 136 забон дар ҳолати нестшавӣ қарор дошта, 20-тои онҳо аллакай ба ҳисоби “забони мурда” дохил шудаанд.

Мутахассисон бар он ақидаанд, ки барои зинда мондани забон бояд на камтар аз 100 ҳазор одам бо он гуфтугӯ кунанд, зеро дар ҳама давр забонҳо афзоиш меёфтанд, вуҷуд доштанд, баъдан аз байн мерафтанд, баъзан аз худ нишон ҳам намемонданд. Вале бо ташаккули технологияи нав шинохти забони модарӣ барои аққалияти миллӣ мушкил гардидааст, зеро забоне, ки имрӯз дар интернет пешниҳод нашудааст, барои олами муосир вуҷуд надорад.

Дар ин радиф эълон гардидани Рӯзи забони модарӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кулли забонҳои дунёро баробар донистани ин ниҳод аҳаммияти беандоза дорад, зеро ҳар як забон нодир аст ва ҳар яки он ба инсон тааллуқ дораду муаррификунандаи мероси зинда буда, муносибати ҷиддӣ ва ҳифзи он вазифаи ҳар як соҳибзабон аст.

Ҷомеаи бисёрзабона ва дорои маданияти баланд ба шарофати зинда будани забони худ вуҷуд дошта, урфу одати анъанавӣ ва маданияти халқро ҳифз намуда, аз насл ба насл мерасонад. Танҳо бисёрзабонӣ ба ҳамаи забонҳо имрӯз дар ҷараёни босуръати ҷаҳонишавӣ имконияти пайдо кардани ҷойгоҳи хешро дар олам фароҳам меорад, зеро забон воситаи нигоҳдошти олам эҳтиром ва эътирофи ҳамаи мавҷудот аст, зеро ҳар кадоме ба худ хусусияти хос доранд. Дар он ифодаи махсус ва калимаҳои таҷассумгари ҳуввияти миллӣ, маданият ва расму оин, анъанаи халқ акс гардидааст, ба мисли аслу насаб, забони модарӣ, ки бо шири модар дар рагу пайванди мо ҷой мегирад.

Хулоса, пояндагии забони модарӣ аз соҳибзабонон вобастагӣ дошта, поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, коста нагардидани лафзи поку ширини модарӣ вазифаи муқаддаси соҳибзабонон аст. Бинобар ин, ҳар як шахс пеш аз оне, ки ба омӯзиши забони дигар шурӯъ кунад, аввал бояд меъёрҳои забони модарии хешро пурра донад.

Шарифзода Шамъигул, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар

2024-09-27 16:06:39

Боздиди ПЕШВОИ МИЛЛАТ аз ҷараёни корҳо дар сарбанди Неругоҳи обии “Роғун”

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд. Дар ин ҷой аз сатҳи баҳр дар баландии 1140 метр то 1300 метркорҳои таркишию хокбарорӣ, ки ҳаҷми умумии лоиҳавии он 880 ҳазор метри мукааб мебошад, пурра анҷом ёфтааст. Насби лангарҳои оҳанин 80%, лангарҳои фишордор 85% ва корҳои арматурбандию бетонхобонӣ 81% иҷро шудааст. Ҳоло корҳои мустаҳкамкунӣ дар болои обқабулкунандаҳои доимӣ аз рӯйи лоиҳа идома дошта, ҳадафи коргарону мутахассисон ба иҷрои босифати нишондодҳо равона карда шудааст.

Ҳаҷми умумии корҳои бетонхобонӣ бошад дар ин мавзеъ 55 ҳазор метри мукаабро дар бар мегирад, ки то имрӯз 80% иҷро шудааст.

Дар минтақаи ядрои сарбанд кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст идома дошта, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизмҳои пуриқтидор сафарбар карда мешавад. Танҳо дар минтақаи ядрои сарбанди неругоҳ наздики 400 нафар машғули коранд.

Дар ядрои сарбанди неругоҳ 6 намуди маводи асосии сохтмонӣ мувофиқи технология қабат ба қабат хобонида шуда, ҳамарӯза сифати кор санҷида мешавад.

Ҳоло хобонидани мавод, аз ҷумла гилхок ва филтрҳо дар ядрои сарбанд дар сатҳи 1013 метр аз сатҳи баҳр идома дорад. Ҳаҷми лоиҳавии гилхок дар ядрои сарбанд 7,5 миллион метри мукааб пешбинӣ гардидааст ва то имрӯз зиёда аз 561 ҳазор метри мукааб хобонида шудааст.

Дар минтақаи ядрои сарбанд давоми сол дар маҷмуъ 21 миллион метри мукааб маводи гуногуни сохтмонӣ хобонида шудааст.

·        Дар як рӯз ба ҳисоби миёна сарбанди неругоҳ тақрибан 50 сантиметр баланд бардошта мешавад.

·        Имсол сатҳи об дар обанбор 5 метр баланд бардошта шуда, ба 1075 метр баробар гардидааст.

·        Баландии лоиҳавии сарбанди Неругоҳи обии “Роғун” 335 метрро ташкил медиҳад, ки баландтарин садди чунин навъ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

·        Қабатҳои назди кӯҳ бошад, мувофиқ ба талаботи технологӣ мустаҳкам карда мешавад. Дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои сементрезӣ ва мустаҳкамкунандаи паҳлуҳои чап ва рости кӯҳ то сатҳи 1110 метр бо шумораи 5093 чоҳ идома дошта, то имрӯз 1800 чоҳ парма ва сементрезӣ шудааст.

·        Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз ҷараёни фаъолияти хатти конвейерии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

Дар қитъаҳои муайяни Неругоҳи обии «Роғун» барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, иншооти алоҳида бунёд шудааст, ки хатти конвейерӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Дар маҷмуъ дар ин қитъаи сохтмонӣ 70 нафар дар ду баст фаъолият намуда, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ беш аз 30 техника ҷалб карда шудааст.

Дар марҳилаи аввал ашёи хом дар конҳо ва қитъаҳои муайяни иншоот тавассути техника ва таҷҳизоти пуриқтидор коркард мешавад.

Бо истифода аз чунин технологияи замонавӣ коргарони муҳандисию техникӣ метавонанд, ки дар як соат то 3500 тонна маҳсулотро омода ва ба воситаи хатти конвейерӣ ба сарбанди неругоҳ интиқол диҳанд.

Таъкид гардид, ки ду қисмати борфарории хатти конвейерӣ дар биефи поёнии сарбанд дар сатҳи 1090 метр ҷойгир аст.

Маҳсулоти сохтмонӣ ба воситаи хатти конвейерӣ то биефи поёнӣ интиқол дода шуда, ба воситаи мошинҳои боркаш ба қитъаҳои сарбанд хобонда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар сарбанди неругоҳ таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба иҷрои босифати сохтмон, риояи талаботи лоиҳавӣ, босифат ба анҷом расонидани кор ва тезонидани раванди сохтмон ҷалб намуданд.

2024-09-27 15:51:31

Боздид аз рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-и НБО “Роғун”

Боздид аз рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-и НБО “Роғун”

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Неругоҳи обии “Роғун” нахуст бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 шинос шуда, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти иншоот оғоз бахшиданд. Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 дар баландии 1088 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, корҳои бунёдӣ бо назардошти меъёрҳои ҷаҳонии соҳаи энергетика анҷом ёфтааст.

Дарозии дарвозаҳо 12,5 метрро ташкил дода, бо истифода аз маҳсулоти корхонаҳои ватании насби таҷҳизоти гаронарзиш сохта мешавад. Бояд гуфт, ки корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот аз соли 2019 оғоз гардида, онро бинокорони корхонаи пудратии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” ба иҷро расонидаанд. Иҷроиши корҳои васлу насби оҳанфулузот ва таҷҳизоти гидромеханикӣ дар ин минтақа мутаносибан 1150 ва 936 тоннаро ташкил медиҳад. Дарвозаҳои таъмирӣ дар неругоҳҳои обӣ яке аз ҷузъҳои муҳими иншоот ба шумор рафта, дар ҳолатҳои таъмир ва садама истифода мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии “Роғун” баъди боздид аз дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум, аз шохаи “А”-и нақби мазкур дидан карданд.

Нақби сохтмонии қабати 4 аз шохаҳои “А” ва “Б” иборат буда, вазифаи онҳо тақсим намудани ҳаҷми об ва паст кардани шиддатнокии ҷараёни он мебошад.

Иншоот ба истиснои баромадгоҳ 1770 метр дарозӣ дошта, қутраш 15 метрро ташкил медиҳад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сония мебошад.

Дар минтақаи камераи дарвозаҳои шохаи “А” кор тибқи лоиҳа идома дошта, то имрӯз корҳои бетонхобонӣ 1271 метри мукааб, корҳои кафшерӣ 489 метр ва васлу насби варақаҳои оҳанин ба пуррагӣ ба иҷро расидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ва суҳбат бо бинокорон, аз натиҷаи кор дар ин минтақа изҳори қаноатмандӣ намуда, дар оянда барои саривақт ва мувофиқ ба талабот иҷро намудани корҳои боқимонда дастурҳои мушаххас доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки “Роғун” дар рӯди Вахш бунёд гардида, бузургтарин дар силсиланеругоҳҳои Вахш аст ва бо иқтидори 3600 МВт дар Осиёи Марказӣ ҳам калонтарин неругоҳ маҳсуб мешавад.

Агрегати нахустини Неругоҳи обии “Роғун” 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.

Зимни боздидҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коргарон даъват менамоянд, ки содиқонаву софдилона фаъолият намуда, ҳар як кори ба зиммаашон гузошташударо тавре анҷом диҳанд, ки садсолаҳо барои миллати тоҷик хизмат намояд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои тезонидани корҳои бунёдӣ дар дигар минтақаҳои иншоот ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти кишвар Неругоҳи обии “Роғун”-ро яке аз сарчашмаҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар номида, пурра ба фаъолият пардохтани онро барои давлату миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ арзёбӣ намуданд.

Бунёдгузори кохи нур – Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо бинокорон, барои иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва саҳм гузоштан дар бунёди иншооти аср – Неругоҳи обии “Роғун” ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки номи ҳар яки онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад ва барои ояндагон намунаи ибрат хоҳанд шуд.

2024-09-27 15:44:34

НАҚШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Ҳамасола 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин рӯз на фақат ба ҷашн гирифтани як унсури қонунӣ, балки ба арҷгузории яке аз қиматтарин ганҷҳои миллии мо - забони тоҷикӣ бахшида мешавад. Забони тоҷикӣ, ки ҳамчун забони расмии давлатӣ эътироф шудааст, на фақат маҳфуздорандаи мероси бойи фарҳангиву таърихии мост, балки пули устуворе ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллӣ ва пайванди наслҳо мебошад. Ҳар сухане, ки бо ин забон гуфта мешавад, бозгӯйкунандаи таърихи пурифтихори миллат ва нишонаи равшани ваҳдату такомули пайвастаи ҷомеаи мост.

·        Забони тоҷикӣ, ки шохае аз забони форсист, решаҳои амиқи худро ба даврони пурифтихори Сомониён мерасонад. Ин давраро муҳаққиқон ҳамчун «даврони тиллоӣ» барои рушди адабиёт, фарҳанг ва илм дар таърихи тоҷикон мешиносанд. Шахсиятҳои барҷастае чун устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино ва соири мутафаккирони классик саҳми беназире дар ғановати ин мероси гаронбаҳо доранд. Ин мероси гаронмоя дар вуҷуди мардуми Тоҷикистон амиқан ҷой гирифтааст, зеро забон воситаи муошират, василаи ифодаи фарҳанг, тафаккури инсонӣ ва интиқоли арзишҳои ахлоқию маънавӣ аз насл ба насл мебошад.

Аз асри IX то имрӯз забони тоҷикӣ бисёр таҳаввулотро паси сар кардааст, аммо ҳамеша ҳамчун сутуни устувори ҳувияти миллии мардуми тоҷик боқӣ мондааст. Аз забони форсии классикӣ, ки дар дарбори Сомониён пешрафт намуда буд, то забони тоҷикии муосир, ин забон ҳамеша бо тағйироти иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳамоҳанг шудааст, вале ҷавҳари аслии худро ҳифз намуда, нишонаи пайвасти ногусастании гузашта бо имрӯз боқӣ мондааст.

Бо эълом гардидани Истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991, аҳамияти забони тоҷикӣ ба таври расмӣ дар қонуни асосӣ ба унвони неруи ваҳдатбахше баҳри миллат ба расмият шинохта шуд. Тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 нақши марказии забони тоҷикиро дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, коргузорӣ, васоити ахбори омма ва ғайра таҳким бахшид.

Забон дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ нақши калидӣ дорад. Дар Тоҷикистон, ки гуногунии этникӣ ва забонӣ ҷанбаҳои муҳими фарҳангӣ маҳсуб меёбанд, забони тоҷикӣ ҳамчун қувваи пайвандкунанда амал намуда,намояндагони гурӯҳҳои гуногунро зери чатри ҳувияти умумимиллӣ сарҷамъ месозад. Кишвар тавассути забони тоҷикӣ имкон дорад, ки мероси таърихии худро ба мардум расонад, дидгоҳи худро ба оянда муаррифӣ намояд ва тадовуми (идомаи) суннату анъанаҳои фарҳангиро ҳифз намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро ҳамчун ифодагари арзишҳои маънавӣ ва оинаи ибратбахши рӯзгори мо тоҷикон арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд, ки бояд барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ бо ҳама имконият талош намуда, забондонии хешро пайваста такмил диҳем ва забони модарии хешро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Дар ҷаҳони муосир, ки бо равандҳои ҷаҳонишавӣ рӯ ба рӯ ҳастем, забонҳо бо далели ҳамкории густурда бо фарҳангу забонҳои дигар, пайваста дар ҳоли таҳаввул қарор доранд. Барои Тоҷикистон ҳифзи забони тоҷикӣ дар шароити таъсири забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ, туркӣ ва арабӣ, ки асосан ба эҳтиёҷоти рушди иқтисодӣ ва интегратсияи ҷаҳонӣ марбутанд, як чолиши хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

Гарчанде ҷаҳонишавӣ имкониятҳои зиёдеро барои табодул ва омӯзиши забонҳо фароҳам меорад, ҳамчунин хатарҳои зиёде ба ҳамроҳ дорад. Вале Тоҷикистон дар ҳифзу эҳёи забони худ аз тариқи сиёсатҳои мубтакирона, ки истифода аз забони тоҷикиро дар ҳама бахшҳои ҷомеа тарвиҷ медиҳад, фаъол буда, истфодаи чандзабониро ба унвони абзоре баҳри ҳамкориҳои байналмилалӣ ташвиқ мекунад.

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои асосӣ мебошад, ки забони тоҷикӣ дар он нақши муҳим дорад. Бо тарвиҷи истифодаи забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳо, Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки насли ҷавон бо решаҳои фарҳангии худ пайванди ногусастанӣ дошта бошад. Забони тоҷикӣ ҳамчун воситае амал мекунад, ки донишҷӯён метавонанд бо истифода аз он мероси фарҳангии бойи минтақаи худро кашф намоянд ва дар рушду тавсеаи илму фарҳанги кишвар мусоидат намоянд.

Дар солҳои охир кӯшишҳо барои пешрафти забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногуни илмӣ афзудаанд. Ҳарчанд пешгомии забони русӣ ҳанӯз ҳам дар бисёр соҳаҳои илмӣ ба назар мерасад, вале давлату ҳукумат тадбирҳоеро барои рушди осори илмӣ ба забони тоҷикӣ амалӣ кардааст, ки на танҳо эътибори забонро баланд мебардоранд, балки ба табодули дониш дар ҷомеаи илмии кишвар низ кӯмак мекунад.

Ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ барои нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва афкори миллӣ аҳамияти муҳим дорад. Давлат дар тарғиби сиёсати забонӣ, ки истифодаи забони тоҷикӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро пеш мебарад, нақши фаъол дорад. Ибтикороти фарҳангӣ, ба монанди ҷашнвораҳои адабӣ, мусобиқаҳои шеърхонӣ, сабқатҳои забонӣ ва ғайра ҷойгоҳи забонро дар ҳаёти рӯзмарра қавӣ месозанд.

Ҳамон тавре ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба рушди худ идома медиҳад, забони тоҷикӣ низ чун арзишмандтарин сарвати он боқӣ мемонад. Забони тоҷикӣ воситаи муҳими иртибот бо гузашта, баёнкунандаи ҳувияти имрӯза ва тасвиргари оянда мебошад ва барои мо-тоҷикон чун рамзи ифтихори миллӣ, ваҳдат ва устуворӣ аҳамияти беназир дорад. Гиромидошти забони тоҷикӣ ба маънои эҳтиром ба миллат, таърих ва фарҳанги ҳазорсолаи ниёгони худ аст.

Файзов Шарифхон, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-09-27 08:57:56

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ХИЗМАТ ВА ТУРИЗМИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳриДушанбе ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ бо иштироки намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонандагон кормандону омӯзгорони Литсей ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт.

Нахуст, меҳмонон аз ҳунари дастии хонандагони ихтисосҳои сайёҳииЛитсей аз наздик шинос шуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Шаҳром Ҷалилов, директори Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки боиси хушнуди ва сарфарозист, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб ба узвияти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуда, дар доираи узвият дар ин ниҳоди махсусгардондашудаи СММ ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии сайёҳиро таҷлил менамояд. Ин ҷашн дар саросари дунё аз соли 1979 таҷлил мешавад, ки ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни кишварҳо ва мардумони гуногуни олам мебошад. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои зеботарин табиат, иқлими мусоид, кӯҳҳои сарбафалаккашида, дарёву чашмаҳои мусаффо, обҳои минералию шифобахш, иқтидори бузурги сайёҳии экологӣ ва мардуми меҳмоннавоз буда, бо дастгирӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар як мудати кӯтоҳ ба яке аз кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ рушдёфта мубаддал гардад.

Шарифзода Раҳмоналӣ, намояндаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зимни суханрониаш хонандагону омӯзгоронро бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ таҳният гуфта, иброз дошт, ки таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангиву табиати нодир ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳиро ба вуҷуд оварда, соҳаи мазкур манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мешавад. Бо назардошти ин омилҳо ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди бемайлони иқтисодиёт ин соҳа ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таъкид гардид, ки Созмони байналмилалии сайёҳӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро вобаста ба дастгирӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳо барои пешрафти соҳа муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд. Тибқи ҳадафҳои стратегии умумии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, давраи то соли 2030 мероси бойи таърихиву фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кӯҳҳову ҳайвоноту рустаниҳои нодир омили муҳими рушди сайёҳӣ ва афзоши ҳиссаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ маҳсуб меёбад. Бо сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат соҳаи сайёҳӣ пайваста рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хосса гардид.

Таъкид шуд, ки сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии давлат маҳсуб мешавад. Дар ҷаҳони муосир сайёҳӣ мавқеи устувор касб намуда, ба шуғли дӯстдошта ва доимии мардумони сайёра мубаддал гаштааст.

Дар охири чорабинӣ хонандагон ва кормандону омӯзгорон барои саҳми арзанда дар татбиқ ва пешрафти соҳаи сайёҳии мамлакат бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидои ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

2024-09-26 20:50:05

БОЗДИДИ ДОНИШҶӮПИСАРОНИ КОЛЛЕҶ АЗ ҲАЁТИ САРБОЗОН

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон, ҷалби онҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва таҳкими ҳувияту эҳтиром ба арзиҳои миллии донишҷӯписарон 26-уми сентябри соли 2024 донишҷӯписарони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбарии мудири шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонони Коллеҷ Саидаброр Саидӣ дар ҳамкорӣ бо намондагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба қисми ҳарбии 0125-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Дар рафти мулоқот донишҷӯён аз рафти зисту зиндагонии сарбозон дар қисми ҳарбӣ шинос шуданд.

Боиси зикр аст, ки баҳри боз ҳам ҳавасманд шудани ҷавонписарон ва сарбозони қисми низомӣ миёни онҳо бозию мусобиқаҳо ташкил карда шуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Дар охир ба фаъолони чорабинӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ифтихорнома ва сипоснома тақдим карда шуд

2024-09-26 20:42:31

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола 5 - уми октябр дар Ватани азизамон Рӯзи забони давлатӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу азамати беандоза ва бо ифтихору сарбаландӣ ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як маърузаву суханрониҳои худ аз забони давлатӣ, аз забони шевои тоҷикӣ бо як меҳру муҳаббати беандоза ёд мекунанд ва онро бо ифтихор яке аз забонҳои бостон медонанд. Пешвои муаззами миллат чунин баён дошта буданд: “Забони давлатӣ бешубҳа яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб мешавад”.

Мояи ифтихори мост, ки бо ин забон дар тӯли таърих ҳазорон бузургмардону нобиғаҳо, олимону донишмандон ва шоирону нависандагоне чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Анварию Ҳоқонӣ, Ҷалолиддини Балхиву Ҷомӣ сухан гуфта, осори безаволу мондагорро ба наслҳои оянда ба мерос гузоштаанд.

Маҳз хотири ин Сарвари давлат дар таълифоти илмиву таҳқиқотиашон муҳимтарин масъалаи миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор дода, китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”-ро рӯи чоп оварданд.

Аҳаммиятнокии масъалаҳои мавриди назарро ба инобат гирифта, 5 октябри соли 2009, №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расониданд.

Дар асоси талаботи Қонуни мазкур забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ муқаррар гардида, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони давлатиро донад. Илова ба ин, забони давлатӣ бояд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣистифода шавад.

Ҳамзамон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд, ки барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароити мусоид фароҳам оранд.

Бо назардошти ин гуфтаҳо зарур аст, тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Нақшаи чорабиниҳои худро таҳия намуда, дар он семинар, конференсия ва дигар чорабиниҳоро бо олимони забоншинос, шоирон ва омӯзгорони варзида, намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла арҷгузорӣ ба забони модарӣ ба нақша гиранд.

Ҳамзамон, таъсис додани курсҳои омӯзиши забони давлатӣ барои аққалиятҳои миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба мақсад мувофиқ буда, риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони давлатӣ ҳангоми коргузорӣ, номгузории муассисаҳо, таҳияи муҳр, бланкаҳои расмӣ, шиору лавҳаҳо, нашри маҷаллаҳо ва рекламаҳо назорат карда шавад.

Илова ба ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи азхудкунии забони давлатӣ, эҳтиром ба забони давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони давлатӣ зарур аст, ки дар ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар арафаи ҷашни “Рӯзи забон” озмуни корҳои хаттӣ (диктант, нақли хаттӣ ва иншои озод) баргузор карда, он ҳамчун анъанаи нек ҳар сол гузаронида шавад.

Шарифзода Раҳмоналӣ, корманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2024-09-26 16:42:12

МАҚОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

«Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем».

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар радифи ин суханони пур аз меҳру вафо ва садоқати Пешвои миллат месазад гуфт, ки забони давлатӣ шаҳодатномаи шинохти миллат дар тӯли таърихи башарият ва пойдевори устувори насли дирӯз, имрӯз ва фардои миллати тоҷик аст. Миллати тоҷик дар тамоми шебу фарози таърих барои нигоҳдории ин мероси гаронбаҳо ба фишору таҳдидҳои зиёд тоқат кард. Албатта, фарзонафардони баору номус ва фидоии ин забону ин миллат дар даврони Истиқлоли давлатӣ забони миллиро дубора эҳё карданд.

Таърих гувоҳ аст, ки масъалаи густариши забони модарӣ, нигоҳдорӣ, рушд ва инкишофи он ҳамеша дар мавриди таваҷҷуҳи давлатдории мо будааст. Аввалин маротиба дар замони соҳибистиқлолии кишвар забони давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ пайдо намуда, дар шакли наву тоза эҳё гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёиёни кишвар саннаи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ҳамзамон, ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон шуда, он ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид гардид. Ҳамин тавр, забони давлатӣ минбаъд дар тамоми самтҳои фаъолияти Ҳукумати кишвар ва мардуми башарафи мамлакат фаъолона роҳандозӣ гардидааст.

Бо гузашти замон забони тоҷикӣ ба забони сиёсат, коргузорӣ, илм, адабиёт ва равобити дипломатӣ табдил ёфта, имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар тамоми сохторҳои давлатӣ забони коргузорӣ, комилан тоҷикӣмебошад. ки ин ифтихори басо бузург аст. Яъне, даврони Истиқлолият марҳилаи эҳё ва рушди забони тоҷикиро дар миқёси олам муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, суханронии Пешвои миллат дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки аз ин минбари бонуфузи ҷаҳон аз забони Пешвои миллати тоҷикон маҳз забони ноби тоҷикӣ садо дод, тасдиқи ин андеша аст.

Дар маҷмӯъ, метавон хулоса намуд, ки Пешвои миллати тоҷикон бо сарфарозӣ ва ифтихори бузург аз соҳибватанӣ ва соҳибзабонӣ изҳори ақида намуда, масоили мубрами ҷаҳони муосирро бо забони бузурги тоҷикӣ иброз доштанд, ки ин суханронӣмуаррифкунандаи таъриху забони миллати тоҷикон гардид.

Сарвари давлат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ санаи 5 октябри соли 2019 иброз доштанд: “Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон тадқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд. Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд”.

Оре, гузаштагони мо бо ин забони ноб осори зиёди назмию насрӣ ба қалам додаанд, ки имрӯз тамоми дунё аз онҳо истифода мебаранд. Донишмандони бузурги мо Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш ва дигарон бунёдгузорони забони илмию адабии тоҷикӣ ба шумор мераванд.

Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ иброз намуданд: «… боиси сарфарозиву ифтихори мо ворисон аст, ки забони точикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст»,

Бояд қайд намуд, ки тайи солҳои охир забони точикӣ бо маром рушд карда, барои ҳифзи асолати он дар кишвар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намуда истодаанд. Бе шубҳа, ин имконият барои таҳкими минбаъдаи рушди забони давлатӣзаминаи асосиро мегузорад.

Сарвари давлат борҳо барҳақ таъкид кардаанд, ки «... ин забони қадиму асил, сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост. Мо, соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ, посдориву нигоҳбинӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем».

Оре, қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, ин забони ширину шоиронаро дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо ширу поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣдорем.

Ҳавасмоҳ БОБОШОЕВА,

муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.

 

2024-09-26 16:36:28

ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 25-уми сентябри соли равон ба пешвози ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар кори семинар мудири бахши САҲШ-и шаҳри Ваҳдат Шоира Шарифзода, хизматчиёни бахши САҲШ Сайёра Амонзода, Гулхумор Асозода ва кормандону омӯзгорони Литсей иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса, номзади илмҳои иқтисодӣ, Ҳайдарзода Меҳроби Ислом кушода, дар мавриди ин санади муҳими ҳуқуқӣ ибрози назар кард.

“Аҳаммият ва бузургии ин санади муҳими таърихӣ дар он аст, ки он бори аввал аз ҷониби халқи ҷумҳурӣ бо роҳи озодонаи майлу иродаи ҳар як шаҳрванди мамлакат қабул шудааст. Саннаи 6 ноябри соли 1994 бо баробари қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон роҳи нави инкишофи худро интихоб намуд, ки ин давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Барпо намудани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд”, - гуфт директори Литсей.

Дар идомаи ҳамоиш Шоира Шарифзода, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Ваҳдат, суханронӣ намуда, дар мавриди аҳаммияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маълумот дод. Ба зикри мавсуф, тибқи Конститутсияи кишвар мардуми тоҷик худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон шинохта, садоқатмандии хешро ба арзишҳои ҳуқуқи башар эълон доштааст.

“Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад”, - таъкид кард ӯ.

Тибқи барномаи семинар иштироккунандагон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Дар рафти музокира хонандагон ба баромадкунандагон саволҳои ҷолиб дода, ба онҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.

2024-09-25 12:20:09

ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА ПЕШНИҲОДИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СММ

Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Нақши созандаи сулҳу ваҳдат дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир мегардад. Сулҳу ваҳдати комил аз ҷумлаи дастовардҳои муқаддасанд ва мо аҳли башар бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халҷи мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар байни давлатҳои мутараққии олам мақоми шоиста касб намуда, ҳамчун кишвар дар ҳоли рушду тавсеа ва ташаббускор эътироф гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали корӣ ба ҳаёси Роҳбари давлат набзи ҷаҳони муосирро дарк карда, ба ташаббусҳои байналмилалӣ иқдом намуданд, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти пешомада бетараф набошад. Шурӯъ аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 қатънома вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки ин иқдоми бузург дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фарҳам овард. Аз ҷумла, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 -2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», «Соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва ниҳоят, 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид гардидани санаи 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аз ҳамин хотир ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳамаи ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.

Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Имрӯз бори дигар ин андеша шаҳодати таърихии худро дарёфт, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди қабули қатъномаи махсус таҳти унвони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз ҷониби СММ миллати тоҷикро ҳамчун миллати сулҳхоҳ муаррифӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи тақдирсози ҳаёти кишвар ба майдони сиёсат қадам ниҳода, Тоҷикистонро ба як мамлакати амн, пешрафта, дар миқёси ҷаҳон ташаббускори масъалаҳои глобалии сулҳу субот, ҳифзи муҳити зисти оламиён ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани кулли башар табдил дод.

Пешвои миллат ба кишварҳои олам пешниҳодкарданд, ки дар ҳамин шабу рӯз сулҳу ваҳдат аҳаммияти амиқи сиёсию байналмилалӣ дошта, дар рӯи замин дар даҳ соли оянда ҳама ҷангҳо барҳам дода шавад ва инсоният рӯ ба сулҳ биёрад.

Дар ин ҷаласаи СММ зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки иштирокдорони ҳамоиш барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалӣ ва такмил додани вокунишҳои ҷаҳонӣ ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас меандешанд. Пешвои миллат иброз намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад.

Ҳамчунин, Президенти кишвар оид ба таҳкиму тавсеаи ҳамкории кишварҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти фарогир ва пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ андешаронӣ намуданд. Пешвои миллат ба сифати Роҳбари кишвари мизбони “Раванди Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм” аз дарҷ гардидани ин мавзуъ дар Паймон ба хотири оянда, ки аз руи натиҷаҳои ин саммит қабул мешавад, истиқбол намуданд.

Таъкид карда шуд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд. Дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Ҳамзамон бо ин, зарур шумурда шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари ғамхору раҳнамои худ бо барқарорсозии сулҳу осоиш ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ роҳ ёфта, имконоти дар чаҳорчӯби қонун ҳаллу фасл намудани ихтилофоти дохилиро нишон доданд. Маҳз бо баракати сулҳу оштӣ якпорчагии Ватани азизи мо ҳифз гардида, имкони ба роҳ мондани зиндагии осоишта, амнияту ваҳдати сартосарӣ ва гузаронидани чорабиниҳои бузурги умумимиллӣ, ки ба тарғибу ташвиқи ғояҳои муттаҳидкунанда, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносию худогоҳии мардум равона гардида буданд, ба даст омад.

Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки қувваҳои солими ҷомеа, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, сохторҳои фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муттаҳид созанд. Иштироки фаъол ва саҳми арзандаи Созмони Милали Муттаҳид, пеш аз ҳама, аз талоши сулҳҷӯйӣ, дасту дили поки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин аз сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдтар ба сатҳи «сиёсати бисёрсамтӣ» бардошта шуд, сарчашма мегирад.

Ҳамин тавр, таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ ва ҳалли ихтилофи дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва ҳоло барои пешгирии чунин моҷароҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад. Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион нафар гурезаҳо ва ташкил кардани ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунмодели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Сулҳи Тоҷикистон яке аз амалиётҳои бобарори сулҳофаринии СММ ба шумор меравад.

Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои ҷаҳониён намунаи ибрат буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст, зеро таърих кам дар ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муҳлати кӯтоҳ хотима ёбад ва ҷонибҳои даргир боз ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ дода, ба хотири бақои давлат, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ бо ҳам муттаҳид гардида, фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди давлати хешро ба ободии кишвар равона карда бошанд.

Аз ин хотир, ҳар як фарди солимфикри Тоҷикистони азизро зарур аст, дастовардҳои сулҳ, Истиқлоли давлатӣ ва асосҳои давлатдории миллии тоҷиконро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои пешрафту шукуфоии Ватани аҷдодӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаю созандаи мардум ҳамчунпайравони асили Пешвои миллат пайваста ҷаҳду талош намоянд.

Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, Муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

2024-09-25 10:17:04

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АМИРИ ДАВЛАТИ ҚАТАР ШАЙХ ТАМИМ ИБНИ ҲАМАД ОЛИ СОНӢ

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуданд.

Зимнан масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва чанде аз мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, аз ҷумла, ба рӯзномаи ҳамоиши сарони давлатҳо дар Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ, ки ба наздикӣ дар Қатар баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид.

2024-09-25 10:14:07

МУЛОҚОТ БО ВАЛИАҲДИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ ШАЙХ САБОҲ АЛ-ХОЛИД АЛ-ҲАМАД АЛ-МУБОРАК АЛ-САБОҲ

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо оид ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва таъмини амният табодули афкор карданд.

Барои беҳбуд бахшидан ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавсеаи ҳамкорӣ бо Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти арабӣ ва ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ зарур шумурда шуд.

Истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати сабуку хӯрокворӣ, содироти оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, самтҳои дигари ҳамкории ояндадори ду кишвар номида шуд.

Ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, ҷудо намудани бурсияҳо аз рӯйи ихтисосҳои тиббӣ, техникӣ ва фанҳои дақиқ барои шаҳрвандони ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Зимни баррасии масоили вобаста ба таъмини амну субот ҷонибҳо аҳаммияти баргузории Конфронси байналмилалии зиддитеррористӣ “Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе”-ро, ки ба наздикӣ дар Кувайт баргузор хоҳад шуд, таъкид доштанд.