Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-06-05 12:13:53

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАИСИ ҲУКУМАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ МИХАИЛ МИШУСТИНН

 

4 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо метавонем бо талошҳои муштарак ба пешрафти боз ҳам бештар ноил гардем.

Ба татбиқи тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, ки моҳи марти соли равон баргузор гардид ва санадҳои имзошуда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва дар маҷмуъ робитаҳои иқтисодӣ, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Густариши муносибатҳо дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ҳам самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.

Ҳарду ҷониб аз ҷараёни бомуваффақияти Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскав ва Қазони Федератсияи Русия изҳори қаноат намуданд.

Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба рӯзномаи мулоқоти сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон сурат гирифт.

2025-06-05 12:12:38

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

Ҳамдиёрони азиз!

Фардо иди сайиди Қурбон фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу осоиш, иқболи баланд ва файзу баракат орзу менамоям. Фарҳанги иди Қурбон таҷассумгари имону садоқат ба Худованд буда, маънӣ ва фалсафаи он ба қадри якдигар расидан, ба ҳамдигар муҳаббату дӯстӣ варзидан, аз ихтилофу парокандагӣ худдорӣ кардан, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ва махсусан падару модарон, шукронаи умр ва неъматҳои зиндагӣ, аз ҷумла оромиву субот мебошад.

Иди Қурбон, инчунин, айёми шод кардани қалби ятимону маъюбон ва камбизоатҳову эҳтиёҷмандон аст. Яъне онҳое, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд, бояд пеш аз ҳама, аз ҳоли наздикони худ ва шахсони ниёзманд, инчунин, беморону азодорон бохабар шаванд.

Дар ҳадисҳои Паёмбари ислом омадааст, ки рӯзи ид айёми хурсандӣ, аз дилҳо дур кардани кинаву адоват ва хусусан, кумак кардан ба оилаҳои камбизоату ниёзманд ва ятимону маъюбон мебошад. Расули Худо дар ин маврид фармудаанд: «Беҳтарини мардумон касонеанд, ки ба мардум бештар манфиат расонанд. Бадтарини мардумон касонеанд, ки ба мардумон шарру зарар мерасонанд».

Боиси қаноатмандист, ки бисёр амалҳои хайр ва инсондӯстона, аз ҷумла гирифтани дасти ниёзмандон ва расонидани кумаки моддӣ ба онҳо, хусусан, солҳои охир ба анъанаи беҳтарини мардуми мо табдил ёфтаанд.

Бо истифода аз фурсат, зарур мешуморам, ки як масъаларо таъкид намоям.

Қурбонӣ кардан, ки яке аз суннатҳои иди Қурбон мебошад, барои ҳама ва хусусан, ба шахсони эҳтиёҷманд воҷиб нест.

Ин амалро танҳо шахсоне метавонанд анҷом диҳанд, ки дар таъмини аҳли оилаашон мушкилоте вуҷуд надорад.

Яъне шахсоне, ки имконияти молиявӣ надоранд, набояд ба хотири савоб аз дигарон қарз гирифта, қурбонӣ кунанд.

Зеро шариати ислом муқобили ҳама гуна сарфу хароҷоти беҳуда ва исрофкорӣ аст.

Дигар ин ки Парвардигор низ бандаашро ба хотири сахтӣ кашидан наофаридааст.

Қаблан низ гуфтаам ва бори дигар хотиррасон менамоям, ки иди Қурбон тӯй нест ва барои таҷлили он дастурхони серхарҷ оростан умуман зарурат надорад.

Иди Қурбон – гузоридани намози ид, табрики якдигар, зиёрати падару модарон ва калонсолону беморон, изҳори таъзия ба азодорон ва анҷом додани қурбонӣ танҳо барои шахсоне мебошад, ки имконияти мусоиди молӣ доранд.

Такроран таъкид месозам, ки оростани дастурхони пурдабдаба ва меҳмондории зоҳирпарастонаву намоишкоронаро дини мубини ислом, шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ маҳкум мекунад.

Доир ба ин масъала дар яке аз ҳадисҳои Расули акрам омадааст, ки «осон бигиред ва душвор нагардонед, хабари хуш диҳеду нафрат наоваред».

Агар ҳар яки мо аз исрофкориву намоишкорӣ худдорӣ карда, як амали хайрро анҷом диҳем, масалан, зиндагии ятимеро ё хонаи оилаи бесаробонеро обод кунем, кӯчаеро, ки дар он сукунат дорем, таъмир кунем, дар таъмири пуле ё бемористону кӯдакистону мактабе саҳм гузорем, соҳиби савоби зиёд мегардем.

Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оила ва фарзандон низ амали хайр ва савоб мебошад.

Ё ба ҷойи ҳаҷҷу умраи такрорӣ анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад.

Ин нукта дар осори динӣ ва адабии гузаштагони бузургамон садҳо ва ҳазорон бор таъкид шудааст.

Ҷойи хушҳолист, ки дар ҷомеаи мо, миёни мардуми мусулмони мо шахсони хайрхоҳу савобҷӯй кам нестанд, ки маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро ба корҳои ободонӣ – бунёди роҳу пул, бунгоҳи тиббӣ, мактабу кӯдакистон ва дигар иншооти муҳимми иҷтимоӣ сарф карда, ба хизмати халқ ва фарзандони мардум мегузоранд ва албатта, соҳиби савоби зиёд мегарданд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо моҳият ва асли фармудаҳои инсонпарваронаи дини исломро дуруст дарк намоем, ба зиёдаравию намоишкорӣ ва баргузории маросиму маъракаҳои нолозим роҳ надиҳем ва талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро ҳатман риоя кунем.

Мо дар дунёи ноорому пурҳаводиси имрӯза бояд ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.

Худованд дар Қуръони карим дар ин маврид мефармояд: «Агар шукр намудед, ҳароина бароятон афзун менамоем.

Ва агар носипосӣ кардед, ба дурустӣ, ки азоби Худованд сахт аст».

Мо бояд шукронаи давлати соҳибистиқлоламонро кунем, ки узви кулли созмонҳои байналмилалӣ аст ва дар ҳаллу фасли мушкилоти сайёра ташаббускору пешсаф мебошад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри давлатамон ва боз ҳам неруманду пешрафта гардонидани он бошем ва фаромӯш накунем, ки ҳоло дар оғози марҳалаи давлатсозӣ қарор дорем, яъне акнун давлат сохта истодаем.

Мо ҳанӯз дар зиндагии давлат ва халқамон мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорем, ки барои бартараф кардани онҳо бояд боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ бошем ва содиқонаву софдилона заҳмат кашем.

Мо бояд барои худ, аҳли хонадон ва пеш аз ҳама, фарзандонамон шароити хубу бароҳати зиндагӣ ва таълиму тарбияро муҳайё кунем, онҳоро босавод, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонем, то онҳо дар оянда – дар замонаи пешрафти илм ва техникаву технологияҳо – азият накашанд ва соҳибону номбардорони фардои миллати тоҷик бошанд.

Мо бояд дар дунё чунон зиндагӣ кунем, ки номи неку амали хайри мову шумо дар саҳифаҳои таърих барои наслҳои оянда боқӣ монад.

Ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи кишвар саломативу дили шод, хушбахтӣ, барору пешравиҳо дар кору зиндагӣ ва муҳимтар аз ҳама, неъмати бузурги осоишу оромӣ орзу менамоям.

Сарбаланду хонаобод бошед, ҳамватанони азиз!

2025-06-03 13:17:49

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ГУНОГУНҶАБҲАИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ

(Дар ҳошияи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Русия, рӯзҳои 28-29 - майи соли 2025)

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери парчами ваҳдату ягонагӣ ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин абармарди миллат тавонист ҷойгоҳи волое дар арсаи байналмилалӣ касб намояд. Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки асоси онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, аз музаффариятҳои бузургу мондагори кишвари мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Зеро бо шарофати сиёсати ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро бо давлатҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонию ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба роҳ монд.

Дар натиҷаи мавқеи устувори сиёсӣ ва дурандешию башардӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо имрӯз аз ҷониби беш аз 180 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои устувори дипломатӣ дорад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили сиёсати хориҷии кишвар дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ чунин зикр карданд: “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои олам омодагии хешро барои идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор менамояд.”

Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конфронсҳои сатҳи баланд, ташрифи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё, ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ ва мизбони баргузории чорабиниҳои ҷаҳонии варзиши будан аз мавқеи намоёни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ башорат медиҳад.

Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳанӯз 8 - апрели соли 1992 барқарор гардида, ҳоло бо ташаббуси сиёсати ояндасози роҳбарони кишварҳо заминаҳои ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои ду давлати ба ҳам дӯстро беш аз 300 созишномаи байнидавлативу байниҳукуматӣ ташкил медиҳад.

Сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро дар Федератсияи Русия метавон яке аз рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ дар густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ду давлат ҳисобид.

Дар ҳошияи ин сафари расмӣ нимаи дуюми рӯзи 28 - май дар Федератсияи Русия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.

Дар оғози вохӯрӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми гарм ва таманниёти самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин расониданд.

Дар ин вохӯрии судманд маҷмуи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, инчунин, дар ин мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкории фаъол дар соҳаи маориф, омӯзиши забон ва тарғиби фарҳанги русӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун сиёсатмадори ҷавону донишманд ва дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла, атрофи вазъияти ноустувор дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

Ҳамин тариқ, бояд зикр кард, ки сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 28-29 майи соли 2025 ба Федератсияи Русия дар тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ду кишвар нақши бузург гузошта, барои густариши муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии Тоҷикисту Русия мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳамкориҳои судмандро бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намудааст.

Зоир ҒАФУРӢ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе

2025-06-03 13:13:17

ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ СОХТМОНИ ЧОЙХОНАИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот дар ин мавзеъ соли 2024 оғоз ёфта, тибқи нақша моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом расонда мешавад. То ин вақт 80 фоизи корҳо, аз ҷумла бунёди бинои асосӣ ва хобондани конструксияҳои оҳанӣ дар қисми болои иншоот ба итмом расидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо нахуст аз толори асосии бино, ки тибқи лоиҳа бо шаклу унсурҳои миллӣ оро меёбад, дидан намуданд. Тибқи маълумот, чойхона сеошёна буда, аз толорҳои кушоду барҳавои гаҷкорӣ, кандакорӣ, айвони болокушодаи замонавӣ ва 5 толори дигари қабули меҳмонони хос иборат мебошад.

Ҳоло бо ҷалби устоҳои кордону чирадасти ватанӣ корҳои гаҷкорӣ дар толори якум оғоз шудааст ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат бояд ба анҷом расад.

Дар дигар қисми иншоот наздики 300 коргар, ки аксари онҳоро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, машғули корҳои гуногуни сохтмонӣ ҳастанд.

Пас аз мавриди истифода қарор додани иншоот дар чойхона зиёда аз 150 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мегарданд.

Дар маҷмуъ мувофиқи тарҳ намои беруна, сақф ва девору толорҳои иншооти нави фарҳангиву хизматрасонӣ бо санъати баланди меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, оянда дар ин ҷо барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.

2025-06-03 13:07:53

ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмон дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Иншооти муҳташами варзишӣ дар майдони 9,5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Бунёди калонтарин иншооти варзишии Тоҷикистон дар идомаи тадбирҳо ба фароҳамсозии инфронсохтори кору хизматрасонии сатҳи баланд дар пойтахти кишвар мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 15 марти соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони варзишгоҳ дар пойтахт оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуда буданд.

Ҳоло дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон тахту ҳамворкунӣ, насби конструксияҳои оҳанӣ, кашидани ноқилҳои барқу интернет, хати обу корезӣ, гармидиҳӣ, дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ, ороиши даруни биноҳо, сафолакпӯшонӣ ва дигар корҳо ҷараён дорад.

Дар доираи муаррифии лоиҳаи иншоот ва масолеҳи сохтмонии истифодашаванда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисонро барои босифат ва мувофиқ ба талаботи стандартӣ бо дарназардошти унсурҳои миллӣ ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ вазифадор намуданд.

Дар варзишгоҳ 45 ҳуҷраи корию маҷлисгоҳ, 36 тамошоҷои сатҳи баланд барои мухлисон (VIP), 9 нуқтаи тиббӣ, 36 ошхона ва осорхонаи футболи тоҷик мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад.

Ҳоло аз ҷониби 725 нафар мутахассису коргар ҳамарӯза сохтмон аз рӯи лоиҳа пеш бурда мешавад.

72 дастгоҳи сабткунандаи телевизионӣ насб мегардад, ки барои сабти ҷараёни мусобиқаҳо пешбинӣ шудааст. Равшанӣ дар майдон ва ҷойҳои нишаст тавассути 312 чароғи махсус таъмин мегардад.

Бунёди иншооти калони варзишӣ дар шаҳри Душанбе дар идомаи бозиҳои бомуваффақи ҷавонони тоҷик барои рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон ва минтақа заминаи воқеъӣ мегузорад.

Ба атрофи Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон тавассути насби лавҳаҳои алюминӣ тарҳи замонавӣ бахшида мешавад, ки мавҷҳои обро таҷассум хоҳад намуд. Дар атрофи варзишгоҳ бунёди фаввораҳои замонавӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон аз болои дарёи Варзоб ва Лучоб барои рафту омади ҳаводорони футбол ду пул мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ сохта шуда, ин макон ба шаҳраки муосири варзишӣ табдил дода мешавад.

Дар маҷмуъ бунёди Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси лоиҳа мувофиқ ба талаботи Федератсияи байналмилалии футбол ҷараён дошта, дар он барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ шароит фароҳам мегардад.

Футбол маҳбубтарин намуди варзиш дар ҷаҳон аст. Дар асоси пешниҳоди Президенти Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 25 май дар саросари олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии футбол таҷлил карда мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастовардҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон фароҳамшавии имкониятро барои ташаккули ин намуди варзиш, мизбонии мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

2025-06-03 13:01:07

ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОНИ РОҲИ МОШИНГАРД АЗ ДАРВОЗАИ ҒАРБӢ ТО МАҲАЛЛАИ ЧОРТУТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи мазкур ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут соли 2024 оғоз гардида буд.

Паҳноии роҳ 50 метрро ташкил дода, аз 8 хати ҳаракат дар ду самт иборат аст. Пиёдароҳҳо, як пул дар болои канали Ҳисор бо дарозии 37,5 метр, гузаргоҳ аз болои роҳи оҳан бо дарозии 175 метр, 2 гардиши нақлиётӣ ва шинонидани дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.

Шумораи муҳандисону коргарон зиёда аз 200 нафарро ташкил дода, онҳо бо истифода аз 44 техника ва механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ барои босифат ва тибқи нақша сохта, ба истифода додани роҳ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият карда истодаанд.

Роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут қисмате аз роҳи ҳалқавии атрофи пойтахт буда, барои кам кардани шумори зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои асосӣ ва пешгирии тамбашавии нақлиёт дар шаҳр пешбинӣ шудааст.

Баъди ба истифода додани ин қитъаи роҳ, мошинҳое, ки аз водии Ҳисор ба самти шарқу ҷануб мераванд, дигар аз роҳҳои дарунии пойтахт намегузаранд.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар идомаи лоиҳаи роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут бунёди корҳои сохтмонии роҳи дусатҳа низ бо дарозии 67,3 метр, ки аз 4 хати ҳаракат дар ду самт иборат мебошад, бо маром ҷараён дорад.

Масофаи умумии роҳи мошингард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дар маҷмуъ 9,2 километрро ташкил дода, ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Марҳилаи якуми роҳ соли 2023 дар масофаи 5 километр ба истифода дода шуда, марҳилаи дуюм ва сеюми он, ки 4,2 километрро ташкил медиҳад, тибқи нақша бояд то соли 2027 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Дар маҷмуъ дар масири ҳалқавии бунёдшаванда, ки дарозиаш 18 км аст ва дарвозаи ғарбии пойтахтро бо дарвозаи ҷанубии он бе даромадан ба дохили шаҳр мепайвандад, ду пули мошингузар ва як эстакадаи бисёрсатҳа низ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самаранок аз имконияту шароитҳои мавҷуда, тезонидани корҳои сохтмонӣ ва пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи мазкур ба муҳандисону роҳсозон дастуру тавсияҳо доданд.

Ба ҳамин монанд ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооти зиёди иҷтимоию хизматрасонӣ вусъат дорад, ки ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, таъмини босифати хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон ва муаррифии урфу одат ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон мебошад.

2025-06-03 12:58:51

ДАСТАИ “ТАҲСИЛОТ” ДАР ҶОМИ “САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” МАҚОМИ СЕЮМРО ИШҒОЛ НАМУД

Дастаи “Таҳсилот”-и Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷоми Сарраёсати шаҳри Душанбе, ки аз 13 то 27 майи соли 2025 миёни 33 даста бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол-25 май, ки бо ташаббуси президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардидааст иштирок намуда, созовори ҷойи сеюм гардид.

27 майи соли 2025 дар бозии ниҳоӣ дастаи Муассисаи давлатии “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон”-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳисоби 4:3 ба дастаи Мактаб-интернати №2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи шаҳри Душанбе ғалаба намуда, соҳиби Ҷоми “Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” гардид. Дастаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро сазовор гардида, бо диплом ва медал қадрдонӣ карда шуд.

Ҷом ва сипономаи кумитаи тадорукотро ба Раиси Кумита оид ба тасҳилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ тақдим намуданд.

2025-06-03 07:37:17

ДАВРИ ХОТИМАВИИ ФАЪОЛИЯТИ ВАРЗИШИИ КРИКЕТ - ҲАМЧУН ЯК НАВЪИ БОЗИИ ВАРЗИШ

15.05.2025. ш. Душанбе

Тибқи баррасии мактуби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешниҳоди раиси федератсияи крикет бо мақсади баланд бардоштани рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш семинари омӯзишӣ таи се рӯз бо ихлосмандон дар муассисаи таълимии бо дараҷаи баланди навъи хоси варзишии "КРИКЕТ" доир ва баргузор гардид, ки дар ин замина, дӯстдорони ин навъи варзиш низ муайян гардиданд ва барои вусъат бахшидан дар ин самти соҳа, тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуданд...!

Гуфта мешавад, ки шахсони масъули соҳа дар муассисаи таълимӣ бо баланд бардоштани одоби варзишгар ва пурзур намудани талаботҳо дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ё худ аз бар намудани боз ҳам як усули хоси варзиш таҷрибаҳои худро дар тули се рузи фаъолияти арзандаашон равона карданд...!

Маврид ба зикр аст, ки дар як мавриди кӯтоҳ ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ва мактуби пешакӣ сарпарастони самти соҳаи ин навъи варзиш дар муассисаи таълимӣ қарор доданд, ҳозиринро сари як пиёлаи чой даъват намуда, барои рӯҳбаланд гардидани мухлисони ин навъи бозии варзишӣ ки тайи 13 сол ин ҷониб дар ватани хеш арзи вуҷуд дорад, шиносоӣ намуда, дар қисмати хотимавӣ барои иштирокдорони ин семинари варзишӣ як сару либрси намунавии варзишӣ ҳадя намуданд...!

Дар кори ҷаласа муовинони директор ва сардори шуъбаи таълим саҳми бориз дошта, меҳмононро ки аз хориҷи кишвар ҳузур доштанд хайрамақдам намуда таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Меҳмонони рушди соҳаро хайрамақдам мегӯем!

Дуруд ба иштирокчиёни хоси варзиш.

2025-06-03 07:23:58

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИДИ НАМУДИ ВАРЗИШИ КРИКЕТ ДАР МДТ ФИЛИАЛИ КОЛЛЕҶИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

02.06.2025. ш. БӮСТОН

Тибқи дастури Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Раиси федератсияи крикет бо мақсади омӯзиши намуди варзиши крикет бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони муасисса семинари омӯзишӣ баргузор гардид

Бояд қайд намуд, ки семинари мазкур аз санаи 2.06 то 4.06.2025 сол баргузор мегардад.

2025-06-02 17:17:27

НАҚШИ ГЕОМЕТРИЯ ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ МАНТИҚӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР

Дар замони муосир, ки пешрафти илм ва техника бо суръати бесобиқа сурат мегирад, нақши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ дар тарбияи насли огоҳу закӣ беш аз пеш меафзояд. Бо мақсади тақвияти ин раванд ва фароҳам овардани заминаи устувор барои рушди илмҳои дақиқ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, солҳои 2020 - 2040 ҳамчун бистсолаи омӯзиши фанҳои риёзӣ ва табиӣ эълон гардид.

Ин иқдом нишондиҳандаи сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумат дар самти баланд бардоштани сатҳи саводи илмии ҷомеа мебошад, ки дар ниҳояти кор ба рушди нерӯи инсонӣ ва болоравии рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Яке аз муҳимтарин фанҳои риёзӣ, ки ҳам дар таълим ва ҳам дар татбиқи амалӣ ҷойгоҳи хоса дорад, ин геометрия мебошад. Геометрия аз ибтидои ташаккули тамаддун ҳамроҳи инсоният буда, ҳанӯз аз замони қадим дар сарзаминҳои Мисри Қадим, Юнони Бостон ва Ҳиндустон барои андозагирии заминҳо, сохтмони биноҳо ва ҳисобу китоби муҳандисӣ истифода мешуд. Имрӯз низ геометрия ҳамчун фанни асосии таҳсилот дар мактабҳои миёна, касбӣ ва олии кишвар мавқеи хоса дорад ва омӯзиши он ба ташаккули тафаккури мантиқӣ, фазоӣ ва таҳлилӣ мусоидат менамояд.

Фаҳмиши сохти шаклҳо, таҳлили ҷисмҳо дар муҳити сеандоза, қонуниятҳои табдили координатаҳо, истифодаи теоремҳо ва амалисозии исботҳои мантиқӣ донишҷӯро водор месозанд, ки зеҳнро фаъол нигоҳ дошта, ҳар як қадами фикриро бо далел асоснок кунад. Аз ҳамин ҷост, ки омӯзиши геометрия танҳо омӯхтани маълумоти назариявӣ набуда, балки як воситаи пуриқтидори тарбияи фикрронӣ ва мантиқ мебошад.

Имрӯзҳо татбиқи геометрия дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон бараъло ба мушоҳида мерасад. Аз сохтмон ва меъморӣ то соҳаи компютер ва технологияҳои иттилоотӣ, аз харитасозӣ ва геодезия то тибби муосир ва кибернетика, ҳамаҷо геометрия ҳамчун асоси ҳисобу моделсозӣ нақши муассир мебозад. Дар муҳандисии компютерӣ, системаҳои графикӣ ва лоиҳакашии автоматикӣ (CAD), моделсозии 3D ва дизайн бе дониши амиқи геометрия амалан иҷронопазиранд. Ҳатто дар рушди сунъии зеҳн ва роботсозӣ низ шаклу сохтор, масири ҳаракат ва масофа бо истифода аз мафҳумҳои геометрӣ ҳисобу таҳлил мегарданд.

Аз ин рӯ, омӯзгорони геометрия дар раванди таълим нақши калидӣ доранд. Онҳо вазифадоранд, ки дарсҳои худро на танҳо бо мазмуни назариявӣ, балки бо машғулиятҳои амалӣ, моделсозӣ, истифодаи воситаҳои аёнӣ, нармафзорҳои муосир ва усулҳои интерактивӣ ғанӣ гардонанд. Вақте ки донишҷӯён на танҳо формулаҳо, балки фалсафаи ҳар қонуни геометриро дарк мекунанд, раванди таълим самаранок ва шавқовар мегардад. Инчунин, истифодаи лоиҳаҳо, озмунҳо, таҳлили масъалаҳои ҳаётӣ ва фаннигардонии онҳо бо маводи муосир шавқи омӯзишро дучанд менамояд.

Геометрия дар баробари рушди тафаккур, инчунин ҳисси зебоипарастӣ ва тартиботро низ дар зеҳни одамӣ инкишоф медиҳад. Тарҳрезии симметрӣ, таносуби ҷузъҳо, танзими ҷисмҳо дар фазо – ҳамаи ин падидаҳо шахсро ба сӯйи тартибу низом, зебоӣ ва фаҳмиши зеҳнӣ раҳнамун месозанд. Бо ин маънӣ, омӯзиши амиқи геометрия дар ташаккули инсони комил ва муосир нақши муассир мебозад.

20-солагии омӯзиши фанҳои риёзӣ ва табиӣ як имкони нодир барои арзёбӣ ва таҳлили дастовардҳо дар соҳаи таълим буда, ҳамзамон такони наве барои ислоҳи камбудиҳо ва татбиқи навовариҳо мебошад. Дар ин раванд, саҳми омӯзгорон, олимон, донишҷӯён ва тамоми ходимони соҳаи маориф беандоза арзишманд аст. Вақте, ки ҳамаи унсурҳои низоми таълим – барнома, китоб, омӯзгор ва муҳит – дар ҳамоҳангӣ қарор доранд, ба даст овардани сатҳи баландтарини саводи илмӣ ва касбӣ амри воқеӣ мегардад.

Хулоса,омӯзиши амиқи геометрия на танҳо яке аз василаҳои муҳими рушди тафаккури мантиқӣ ва илмӣ мебошад, балки заминаи мустаҳками касбҳои муҳандисӣ, технологӣ ва моделсозии муосирро фароҳам месозад. Ин фан бояд бо истифода аз имкониятҳои нави дидактикӣ ва технологияи рақамӣ тадрис шавад, то дар замони рушди босуръати илм ва техника, насли ҷавон битавонад бо дониш ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷавобгӯи ниёзҳои муосири ҷомеа гардад.

Икром АШӮРОВ, омӯзгори кафедраи математика ва табиатшиносии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

2025-06-02 17:15:47

ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРӮИ БАРҚ - ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ МИЛЛӢ

«Ба истифодаи сарфакоронаи барқ, кам кардани талафоти он, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ин ҷода, аз ҷумла тавассути қабули қонуни нав дар бораи энергетика диққати аввалиндараҷа дода шавад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Давоми 34 соли даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуданд ва ба муваффақияти зиёд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, ноил гардиданд.

Мақсади асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Бо мақсади рушди иқтисодиёти кишвар ҳадафҳои стратегӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар муайян гардида, дар ин самтҳо корҳои зиёд амалӣ шудааст. Роҳбари давлат борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми марти соли 2025 дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад. Дигар онҳое, ки барқро беинсофона ва ғайриқонунӣ истифода мебаранд, яъне ба хазинаи давлат даст мехалонанд, ба ҷомеа ва оянда хиёнат карданӣ мешаванд, беҷазо нахоҳанд монд. Боло рафтани мақоми Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба назорати истифодаи мақсадноки неруи барқ, таҳияи дурусти ҳисобу китоби барқи фоиданок ва кам шудани талафот мусоидат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки нерӯи барқ омили асосии равнақи тамоми соҳаҳои истеҳсолот ва пешравии ҳар як давлат дар тамоми соҳаро азҷумла самти кишоварзӣ, саноат ва дигар соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин асос дар асри нанатехнологияи имрӯза хонадони ҳар як шаҳрванди кишварҳои пешрафта ва рушдёбандаро бе истифодаи нерӯи барқ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Мақсади ҳар як давлати соҳибистиқлол ва рушёбанда ин пеш аз ҳама тамини барқ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва нерўии барқи босифат барои шаҳрвандони худ мебошад. Дар кишвари мо низ солҳои зиёде боз барои таъмини истиқлолияти энергетии кишвар ва дар ин асос рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар барномаҳои зиёде қабул ва амалӣ гашта, иқтидорҳои нави энергеткӣ хушбахтона хело зиёд ба кор андохта шуда, рушди бесобиқаи хоҷагии халқи кишвар ва зиндагии шоистаи шаҳрвандонро таъмин намуда истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин хотир истифодабарандагони қувваи барқ бояд дар ин самт масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд. Ёдовар бояд шуд, ки дар асоси моддаи 382-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ» ном дорад, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба шахсони воқеӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1500 то 2250 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2250 то 3750 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15000 то 22500 сомонӣ) ҷарима таъйин мешавад. Ҳамзамон бояд донем, ки дар моддаи 253 иловаи 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ» ном дорад, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 27350 то 41025 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ инчунин ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ гардидааст.Мақсади ворид намудани иловаи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятӣ – ин пешгирии вайрон кардани қоида ва меъёрҳои қувваи барқ мебошад ва ҳангоми содир гардидани чунин ҷиноятҳо ба давлат ва ба мардум зарар расонида мешавад, чунки ҳангоми суиистифодаи нодурусти барқ, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ баъзе минтақаҳо дар фасли сармо бе барқ мемонанд. Дар ин ҷо принсипи инсондӯстӣ ба инобат гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳгор имконият медиҳад, ки ислоҳ шавад ва танҳо агар гунаҳгор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад. Ҳар истифодабарандаи қувваи барқ уҳдадор аст, ки таҷҳизоти ҳисоби барқиро бо тартиби муқарраргардида насб намуда, сипас ба истифодаи қувваи барқ шуруъ намояд. Аз ин рӯ, асбобҳои андозагирии барқӣ бояд аз стандарти давлатӣ ва назорати техникӣ гузаронида шуда, бо гузоштани пломбаҳои муқарраршуда ва ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда шаванд. Истифодабарандагон ҳуқуқи худсарона ва бе риояи тартиби муқарраршуда кандани плобаҳои асбобҳои андозагирии барқиро надоранд.

Қабул гаштани тағироту иловаҳо ба кодексҳои зикршуда ин пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизотҳои нерӯи барқ ва аз байн бурдани қонуншиканиҳои ҷойдошта вобаста ба истифодаи кувваи барқ мебошад. Дар ҳамин асос шаҳрвандон бояд ба масъалаи сарфакорона истифода бурдаи қувваи барқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳамагон бояд дар ин ҷода масъулиятшинос бошем.

Имрӯз неруи барқ дигар танҳо воситаи равшанӣ нест, он пояи иқтисоди миллӣ, шарти рушди иҷтимоӣ ва нишонаи ҳаёти муосири шаҳрвандӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузории миллиардҳо сомонӣ барои таъмини устувори энергетикӣ талош менамояд, то ҳар хонадон дар ҳар гӯшаи кишвар барқ дошта бошад. Тибқи Паёми Президенти мамлакат танҳо дар чанд соли охир 36 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи умумии 89 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст. Ҳоло корҳои бузурги таҷдид дар НБО-и “Норак” ва “Қайроққум”, сохтмони НБО-и “Себзор” ва таҳкими шабакаҳои интиқоли барқ идома доранд. Аз соли 2027 кишвар ба истиқлоли комили энергетикӣ хоҳад расид.

Хулоса агар мо мехоҳем барқ дар хонаамон мунтаззам фурӯзон бошад, бояд онро сарфа намоем, пардохти ҳаққашро дер накунем ва ғайриқонунӣ истифода набарем. Зеро нерӯи барқ натиҷаи меҳнати даҳҳо ҳазор нафар ва миллиардҳо сомонии буҷаи давлат аст. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки истиқлоли энергетикӣ неъматест, ки бо масъулият ва фарҳанги баланди истифодабарӣ ҳифз мешавад. Ҳар як хонадон, ҳар як сокини кишвар, ҳар як идора бояд дар ин раванд ҳисса гузор бошад.

Тоҳир Одилов,

мудири кафедраи техникӣ-технологии

“Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ”

2025-06-02 17:14:22

ҒАЛАБАИ ТАЪРИХӢ ДАР ФУТБОЛИ ТОҶИК

Соли 2025 барои мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол соли бобарор аст. Зеро, бозингарони навраси мо дар чемипионати Осиё, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишвари Арабистони Саудӣ баргузор гардид, хуб ҳунарнамоӣ карда, ба даври чорякниҳоӣ баромаданд. Ин натиҷа ба онҳо имкон дод, ки соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон шаванд. Бояд ёдовар шуд, ки чемпионати ҷаҳон миёни мунтахабҳои миллии то 17-сола моҳи декабри соли равон дар кишвари Қатар баргузор мегардад.

Санаҳои 24-31-уми май дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд Ҷоми CAFA 2025 миёни мунтахабҳои миллии то 17-сола баргузор гардид, ки дар он бозингарони 16-сола иштирок карданд.

Ҷоми миллатҳои CAFA (Central Asia Football Assosiation Nations Cup, Ҷоми Миллатҳои Ассосиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ) мусобиқа оид ба футбол мебошад, ки дар он мунтахабҳои миллии Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Эрон иштирок мекунанд.

Дар ин мусобиқа футболбозони навраси тоҷик хуб ҳунарнамоӣ карда, дар бозиҳои гурӯҳӣ ҳамсолони худро аз Туркманистон бо ҳисоби 4:1 ва мунтахаби миллии Афғонистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст шикаст дода, ба бозии финалӣ роҳ ёфтанд.

Дар бозии финалӣ бошад, мунтахаби миллии Тоҷикистон сани 31-уми май бо дастаи мизбон, мунтахаби миллии Ӯзбекистон бозӣ карда, бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад. Дар рафти бозӣ футболбозони тоҷик, азму иродаи қавӣ нишон дод. Чунончӣ, онҳо тӯби дуюмашонро дар дақикаи 95-ум вориди дарвозаи ҳариф карда, бозиро ба вақти иловагӣ гузарониданд. Голи ғалабаовар бошад, дар дақиқаи 119-ум зада шуд. Қайд кардан лозим аст, ки дар рафти бозӣ футболбозони ӯзбек се маротиба дар ҳисоб пешсаф буданд. Аммо, футболбозони тоҷик бо ҳунари олӣ ва руҳияи шикастнопазири худ тавонистанд, ки бозиро ба фоидаи худ анҷом диҳанду соҳиби медалҳои тилло гарданд.

Ташкилкунандагони мусобиқа ба ҳунарнамоии бозингарони тоҷик баҳои баланд доданд. Ҷунончӣ, дарвозабони мунтахаби миллии Тоҷикистон Абубакр Раҳмонқулов дарвозабони беҳтарин ва нимҳимоятгар Меҳрубон Одилзода бозингари беҳтарини мусобиқа дониста шуданд.

Ин ғалабаи дуюми мунтахаби миллии то 17-солаи кишвар дар Ҷоми миллатҳои CAFA ба шумор меравад. Чунончӣ, бозингарони навраси мо соли 2023 низ дар ин мусобиқа ғалаба карда буданд. Дар ҳамон мусобиқа низ сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Далер Қайсов буд.

Ин ғалабаи таърихиро ба кулли мухлисони футболи тоҷик муборакбод намуда, орзуи онро дорем, ки дар оянда ҳамаи мунатахабҳои миллии Тоҷикистон ба чунин комёбиҳо ноил шаванд. Барои футболбозони навраси тоҷик, ки шӯҳрати футбол ва умуман варзиши тоҷикро баланд бародаштанду ба шарафашон Суруди миллии Тоҷикистон садо дода, Парчами давлатии Тоҷикистон боло бардошта шуд, дастовардҳои аз ин ҳам назаррасро таманно дорем. Бешубҳа ин дастоварди футболбозони навраси тоҷик барои рушди футбол дар кишвар, зиёд шудани шавқи наврасон ба ин намуди варзиш ва умуман тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард. Ғалабаи таърихӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Юсуф БОБОЕВ, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд

2025-06-02 17:12:36

АРЗЁБИИ МАНБАЪҲОИ ОБҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ ВА РУЙИЗАМИНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаҳон имрӯз дар остони бӯҳрони ҷиддии соҳаи об қарор дорад. Масъалаи камбуди оби нӯшокӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об дар даҳсолаи охир торафт ба мушкилоте табдил меёбад, ки ҳарчи бештар ба худ таваҷҷуҳи хоси оламиёнро ҷалб карда, қабул ва татбиқи тадбирҳои умумӣ ва таъсирбахшро ногузир гардонида истодааст.

Сабаби аслии чунин ҳолати ногувор, пеш аз ҳама, афзоиши аҳолӣ ҷаҳон, пурзӯршавии таъсироти техногунии фаъолияти инсон ба ҳолати экосистемаҳо ва дар паёмад шиддатнок гардидани мушкилоти экологии минтақа ва ҷаҳон, инчунин тағирёбии иқлими сайёра дониста мешавад.

Давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкори ба ташкилоту хазинаҳои бо нуфузи байналхалқӣ баҳрои таъмини аҳоли кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе бо оби тозаи ошомиданӣ чораю тадбирҳои заруриро меандешад. Дар навбати худ мо шаҳрвандон низ вазифадорем, ки дар сарфакорона истифода бурдани об бо эҳтиёт бошем ва ба ин неъмати бебаҳо ҳиссагузор бошем.

Чӣ тавре, ки маълум аст баъди бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардидани резолютсия дар бораи эълон намудани «Соли 2003 - соли байналхалқии оби тоза» ва бо мақсади муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои обӣ, инчунин ҷалб намудани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин проблемаи муҳим ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қарорҳоро қабул менамояд.

1. Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазоратҳо, ташкилоту идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шаванд, ки оид ба татбиқи ҳамин консепсия барномаи мушаххаси дарозмуддат таҳия намуда, иҷрои онро зери назорати доимӣ гиранд.

3. Вазорати меларатсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, онро дастраси ҳамаи вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои давлатӣ гардонад.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол oиди иҷроиши қарори мазкур ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборoт пешниҳод намояд.

5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамин қарор Котиботи Ассамблеяи Генерали СММ-ро огоҳ созад.

Бояд қайд намуд, ки самтҳои муҳимтарини истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ки дар консепсияи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд аз инҳо иборат мебошад.

Арзёбии умумии манбаъҳои об.

Масоҳати яхбастаи куҳҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ қариб 17 ҳазор км² -ро ташкил медиҳад, ки аз он бештар аз 60% дар Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Миқдори пиряхҳо дар ҷумҳурӣ 14509 ва масоҳати умумии яхбастагӣ 11146 км² мебошад, ки тақрибан 8% тамоми масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Минтақаи аз ҳама бузурги пиряхҳои Тоҷикистон (60%) масоҳате мебошад, ки ба қуллаҳои баландтарин - Исмоили Сомонӣ (7495 м) ва Ленин (7143 м) мепайвандад ва дар он майдони аз ҳама бузурги пиряхҳои Федченко (651,7 км² ), Грум-Гржимайло (143 км²), Гармо (114,6 км²) ва даҳҳо пиряхҳои дигар воқеъ шудаанд, ки масоҳати ҳар кадоми онҳо беш аз 30 км² аст. Пиряхҳое, ки масоҳаташон беш аз 1км² аст, танҳо 20% миқдори умумии пиряҳоро ташкил медиҳанд. Вале дар онҳо қариб 85% тамоми ҳаҷми яхҳо ҷамъ омадааст. Маҷмуи захираҳои ях дар пиряхҳо тақрибан 845 км³ -ро ташкил дода, 13 маротиба аз ҷараёни солонаи дарёҳои тамоми ҷумҳурӣ афзунтар мебошад.

Инчунин 90% минтақаи ташаккулёбии ҷараёни обҳои Осиёи Марказиро Тоҷикистон ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумотҳо обшавии яхҳо то 25% ҳамаи манбаъҳои обро ташаккул дода, қисми қобили мулоҳизаи ҷараёни асосии тобистона ва дар солҳои камобӣ то 50% ташкил медиҳад.

Дар давраи обхезиҳо аз ҳамаи дарёҳо аз 70 то 90% ҳачми солонаи об ҷорӣ мешавад. Умуман, ҷараёни миёнаи бисёрсолаи дарёҳое, ки дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, 64 км²/солро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму 62,9 км ва Сирдарё 1,1 км³. Дарёҳои Тoҷикистон 55,4% ҷараёни миёнаи бисёрсолаи сатҳи ҳавзаи баҳри Аралро таъмин мекунанд.

Дар Тоҷикистон тақрибан 1300 кул бо масоҳати умумии 705 км² мавҷуд аст. Аксари кулҳо аз ҳавзаҳое иборатанд, ки масоҳати сатҳашон аз 1 км² камтар аст, ки онҳо 97,5% миқдори умумии кулҳо ва танҳо 9% маҷмуи масоҳати кулҳоро ташкил медиҳанд ва бо ин сабаб онҳо аз таъсироти антропогению техногенӣ дар оянда хеле осебпазир мебошанд.

Миқдори асосии кулҳо (73%) дар куҳҳои Помиру Олой дар баландии 3500-5000 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Масоҳати онхо 80% фазои умумии обҳои кулҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Кулҳо дар минтақаҳои пасткуҳ ва наздикуҳӣ кам буда, тақрибан 30 кул бо масоҳати умумии 2,4 км² об ҷамъ мешавад, ки аз ин миқдор 20 км³ обҳои ширин мебошанд . Бинобар душворрасиашон кулҳои куҳӣ ба қадри бояду шояд омухта нашудаанд ва аз ин ру, ташкили омузишу таҳқиқи онҳо зарур аст.

Дар Тоҷикистон 9 обанбори истифодашаванда бо ҳаҷми аз 20 млн. м³ то 10,5 км³ ва масоҳати умумии сатҳашон 664 км² мавҷуд аст, ки ҳаҷми умумӣ -15,4 км³ аз он ҷумла истифодашаванда -7,63 км³ буда 13% ҷараёни миёнаи бисёрсолаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни танзимшавандаи Панҷ бештар аз 10 дарғотгоҳи муносиб барои бунёди обанбор бо истгоҳи барқии обӣ, ки ҳаҷми умумиашон 36,1 км³, аз он ҷумла ҳаҷми қобили истифодаашон 17,4 км³-ро ташкил медиҳад, ба мушоҳида мерасад. Бо назардошти ин ва бунёди обанборҳои дигар ҳаҷми умумии онҳоро то 66,8 км³ ва ҳаҷми қобили истифодаро то 35,6 км³ расондан мумкин аст, ки мутаносибан 56,6 ва 30,2% ҷараёни ҳарсолаи миёнаи бисёрсолаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Аралро ташкил хоҳад дод. Дар робита бо ин, ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ барои аз худ кардани ин манбаъҳо, мувофиқи мақсад мебошад.

Манбаъҳои обҳои зеризаминӣ ва руизаминӣ. Манбаъҳои обҳои зеризаминии Тоҷикистон ба миқдори 18,7 км³/сол муайян карда шудаанд. Манбаъҳои истифодашаванда 2,8 км3/солро ташкил медиҳанд. Дар тамоми ҷумҳурӣ гирифтани об ба ҳисоби миёна 2,3 км³/солро ташкил медиҳад.

Обҳои зеризаминӣ 39, 3% барои эҳтиёҷоти хоҷагию ошомиданӣ 7,7% барои эҳтиёҷоти истеҳсолию техникӣ ва 38,1% барои обёрӣ истифода мегардад. Дар ҷумҳурӣ бештар аз 9000 чоҳ канда шудааст, ки 4614-тои он амал мекунад. Барои аз байн бурдани камбудиҳои истифодаи об барқарор намудани чоҳҳои мавҷуда зарур аст.

Манбаъҳои обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғд 25,6% миқдори умуми Ҷумҳуриявӣ ва захираҳои қобили истифодаи он 45,8% ва мутаносибан ин рaқамҳо дар вилояти Хатлон 21,8% ва 25,9%, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 21,4 ва 1,28 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 31,2 ва 27,0% муайян карда шудаанд.

Табақаи хоки барои реша давондани дарахту растанӣ мусоиди замин дорои хусусиятҳои обғунҷоиш мебошад, ки дар он обҳои руизаминӣ мавҷуданд. Ин обҳо дорои хусусиятҳои махсус буда, аз як тараф унсури таъминкунандаи мубодилаи об ва аз тарафи дигар барои мавҷудияти нашъунамои табақаи наботот, ки унсури ибтидоии мавҷудоти зинда мебошанд, заруранд. Масоҳати калони заминҳои лалмии дар қисмати марказӣ ва ҷанубу ғарбии Тоҷикистон (то 500 ҳазор га) ҷойгир буда, имконияти обёрӣ кардани онҳо нест ва тақозо карда мешавад, ки усулҳои аз назари иқтисодӣ камхарҷи истифодабарии онҳо таҳия карда шавад.

Дар ин самт таҳқиқотҳо бо мақсади муайян намудани манбаъҳои обҳои заминӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо, бахусус, қисмати маҳсулдеҳи барои ба вуҷуд овардани ҳосил истифода мегардида анҷом дода шаванда имкон медиҳад, ки захираҳои тараққӣ додани лалмикорӣ ошкор карда шаванд.

Технологияи комплексии азхудкунӣ ва барқарорсозии ҳосилнокии заминҳои камоб, ки дар қитъаи таҷрибавии дар Файзобод будаи Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии хокшиносӣ таҳия шудааст, исбот мекунад, ки афзун гардондани ҳосили ғалладона, зироатҳои меваю ангур ва табақаи гиёҳҳо (3-4 карат) ва беҳтар кардани низоми бо об таъмин сохтани заминҳои лалмӣ ва ҳавзаҳои дарёҳои куҳӣ, имконпазир мебошад.

Сифат ва таркиби кимиёвии обҳои руизаминӣ ва зеризаминӣ. Дар бурриши амудии геологӣ oбҳои зеризаминии Тоҷикистон ба ду минтақаи гидродинамикӣ тақсим мешаванд. Минтақаи болоӣ бо ғафсии то 200-300 м дорои обҳои ширини хушсифати гидрокарбонӣ мебошад. Минтақаи поёнии иборат аз уфуқҳои амиқи ҳавзаҳои артезиaнӣ аст, ки обҳои Шур ва нимшур дошта, таносуби минералҳои он то 400 г/л мебошад. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ обҳои минтақа дорои сулфату хлоридҳо ва магнию натрий мебошанд. Ғафсии ин минтақа якчанд километр мебошад.

Дар Тоҷикистон инчунин обҳои маъдании зеризаминии дорои аҳамияти саноатӣ дар 35 ҷой кашф карда шудаанд, ки маҷмуи зиёди як қатор элементҳои кимиёвиро дар бар мегиранд. Инчунин қариб 100 чашма ва манбаи обҳои гарми заминӣ ошкор гардидаанд, ки мумкин аст барои ҷуброни камбудии тавозуни сузишворию энергетикии Тоҷикистон ба кор раванд.

Дар ин самт ба андешаи мо зарур аст, ки барномаи асоси ҳуқуқӣ ва тартиби ягонаи истифода ва ҳифзи обҳои зеризаминӣ таҳия гардад. Миқдори камтарини маъданҳо (то 300 мг/л) дар обҳои дарёҳои минтақаи баландкуҳ мавҷуд аст, ки асосан аз барфоб ва яхобҳо сарчашма мегиранд.

Неъматулло ШАРИФОВ, мудири кафедраи химия ва экологияи Коллеҷи техникӣ

2025-06-02 17:10:50

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ

Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои ором ва осуда ҷашн мегиранд. Дар замони бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат масъулияти бештарро талаб менамояд, зеро вазъияти ҷаҳони муосир пешгӯинашаванда ва тағийрпазир боқӣ мемонад.

Кишварҳои гуногун бо сабабҳои манфиатҷӯии гурӯҳҳои алоҳида ба хоку хун кашида мешаванд ва ҳодисаҳои солҳои охир дар миқёси ҷаҳон гувоҳи он аст, ки раванди сиёсии давлатҳои ҷудогона торафт мураккаб мегардад. Ҷангу куштор ва вайронкории кишварҳои обод аз қабили Ироқ, Сурия, Яман, Ливия ва ғайра рӯзгори талхеро пешорӯйи мардумони кишварҳои мазкур қарор додааст.

Ин санаи таърихӣ, ки бо суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамон иртиботи қавӣ дорад, аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳамчун рӯйдоди муҳимму сарнавиштсоз ба хотима ёфтани мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, таъмин гардидани сулҳу оромии комил, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат мусоидат намуд.

Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд - меъмори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва бесобиқа аст.

Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарини таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Зеро бо имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, дар китоби сарнавишти миллати куҳанбунёди мо саҳифаи наве боз намуд, ки роҳи ояндаро ба сӯи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд равшан сохт.

Имрӯз кишвари азизамон бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат рӯз аз рӯз ободу зебо ва рӯзгори мардум беҳтар гардида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром ҷараён доранд.

Сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ бо қадами мубораки фарзонафарзанди ҷонфидои Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа устувор гардида, соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат рушд ёфта, мактабу маориф ва илму дониш мавқеи худро боз ҳам устувор намуд.

Таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ – ин ду рукни асосӣ боиси рушд ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардида, дар марҳилаи кунунӣ ваҳдат бевосита кафили рушди устувору муътадили ҷомеа дониста мешавад. Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафҳои воқеан олӣ,моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиамонро ҳамаҷониба таҳлил намоем ва ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ ва ҳақиқӣ диҳем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас ва дар баробари Истиқлоли давлатӣ заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ ном бурда, таъкид менамоянд: “Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид”.

Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвари моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо низ шукрона мекунем, ки мардуми соҳибватанем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин кард ва имрӯз ҳам ба зиндагии мардум маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намуда истодааст.

Сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон дар ин ҷода анҷом дода истодаанд, на танҳо байни мардуми Тоҷикистон обрӯву манзалати зиёде пайдо карданд, балки дар тамоми дунё ҳамчун як таҷрибаи нодир ва сулҳпарварона эътироф гардида гардида, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Бинобар ин, имрӯз беш аз ҳар вақти дигар мо бояд дарк карда бошем, ки танҳо дар сурати таҳкими ҳамаҷонибаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣмеорад вакишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро устувор карда метавонем.

Ваҳдати миллӣ ба сатҳи худшиносии миллӣ ва дарки амиқи моҳияти ватандорӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Зарурат ва аҳамияти бузурги Ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат эҳсос мешавад. Зеро соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як халқу кишвар кори саҳлу осон нест, ҳифзу таҳкими ин ганҷинаи бебаҳо бошад,кори мушкилтар аз он аст. Роҳи расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале амалияи ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол ва Ваҳдати миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва маданияти сиёсии устуворро тақозо менамояд.

Хушбахтона, дар ин маврид таърих ба мардуми тоҷдори тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари маҳбубро ато намуд, ки мардуми мамлакатро дар атрофи идеологияи ягонагиву ваҳдат ба ҳам овард. Дар муддати кӯтоҳ аҳолии кишвар нисбат ба сарвари худ муҳаббату садоқат ва боварӣ ҳосил намуда, кӯшиш намуданд, ки дар тарғиби сиёсати давлатии эшон саҳмгузор бошанд.

27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” имзо гардид ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муждаи шодӣ ба Ватан баргаштанд. Дар фурудгоҳи пойтахт Сарвари маҳбуби худро аҳолии Душанбе, зиёиён ва ходимони давлатӣ бо як шукӯҳу шаҳомат ва муҳаббати хосса пешвоз гирифтанд. Маросими пешвозгирии мазкур, ки дар он аҳолии ҳамаи минтақаҳои кишвар иштирок намуданд, аллакай гувоҳӣ аз ташнаи меҳру муҳаббат ва муттаҳидӣ будани мардуми кишвар медод. Сарвари давлат ин рӯзро ҳамчун рӯзи сарнавиштсози миллат ба таърих муҳр намуданд ва онро Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намуданд. Чуноне Сарвари давлат таъкид карданд: Маҳз Ваҳдати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоду демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи Ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сӯи оянда муайян созем. Зеро ба фармудаи ниёгони бузургамон тавонои ва хушбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати он вобаста мебошад”.

Ҳамаи ин ободиву шукуфоӣ ва якдилии мардуми сарбаландикишвар натиҷаи Ваҳдати миллӣ ва заҳмату талошҳои пайдарпайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз ин ҷост, ки пиру ҷавони мамлакатро зарур аст, то тамоми имконоту иқтидори мавҷударо барои ҳифзи арзишҳои Истиқлолу озодӣ ва Ваҳдати миллӣ равона созанд ва дар бунёди ояндаи босуботи мамлакат ҳиссаи боризи худро гузоранд.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шахси худшиносу худогоҳ ва меҳанпарвар аз он иборат, ки Ваҳдати милӣ ва Истиқлоли даволатиро чун гаҳвари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азизу гаронарзиш ҳифз намояд ва онро дар баробари дигар муқаддасоти миллиамон пос доранд.

Иброҳимов Шерхон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025-05-30 20:39:51

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ИТАЛИЯ ҶОРҶА МЕЛОНИ

30 май дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши якуми “Осиёи Марказӣ ва Италия” бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи мувофиқаҳои як сол пеш дар Рим ҳосилшуда, омили рушди минбаъдаи робитаҳо хоҳад буд. Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Истифодаи имкониятҳои бахши истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок, коркарди амиқи пахта ва содироти маҳсулоти тайёр, ҷалби сармоя ва воридоти технология, аз самтҳои ояндадор номида шуд.

Тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш, маориф, ҷудо кардани бурсияҳои донишҷӯӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин, кушодани филиалҳои мактабҳои таҳсилоти олии Италия дар кишвари мо аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд.

Ба рушди робитаҳо дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ, ҳамкории муштарак барои ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақавию глобалӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар фароварди суҳбат Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонум Ҷорҷа Мелони даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оранд.

2025-05-30 20:38:28

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Италия” вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

2025-05-30 20:37:17

ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ НАҶОТИ БАШАРИЯТ

Имрӯз яке аз мушкилоти глобалие, ки на танҳо Тоҷикистон балки ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, ин тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ ва обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Пиряхҳо захираи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб рафта, обшавии босуръати онҳо дар тамоми минтақаҳои сайёраи Замин ба назар мерасад. Бинобар ин дар шароити ҷаҳонишавӣ на танҳо барои як давлат балки ҷомеаи ҷаҳонро зарур аст ба ҳифзи пиряхҳо, ки оқибатҳои ногувор дорад, диққати ҷиддӣ зоҳир намояд.

Зарурияти ҳифзи пиряхҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҷаласаҳои қаблии Ассамблеяи Генералии СММ ба таври зайл таъкид намуда буданд: “Бинобар тағйирёбии иқлим ва ба ҳисоби миёна то 1оС гарм шудани ҳарорати миёнаи солона пиряхҳо бошиддат об шуда, захираи оби тоза дар сайёра, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол кам шуда истодааст".

Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буд, якдилона қабул намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаи глобалии об ва иқлим ташаббусҳои зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод намудааст, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама мусоидат намудан дар пешгирии паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, бахусус обшавии пиряхҳо ва кам шудани захираҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Иқдоми дигари Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 кишвари узви ин созмон дастгирӣ карданд. Қабули чунин қатъномаи муҳим ва муфид барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гардид.

Тибқи қарори мазкур аз ҷониби Маҷмааи кулли СММ 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Инчунин тибқи ҳамин қатънома қарор дар бораи таъсиси Хазинаи байналмилалии боварӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд ва маълум гардид, ки дар соли 2025 Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Иқдоми мазкур барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти бузургро доро мебошад. Маҳз тавассути он имкони бештари ҳифзи табиат ва неъматҳои он имконпазир мегардад, ки барои ҳифзи ҳаёти башарият басо муҳим мебошад.

Пиряхҳо давоми садсолаҳои мавҷудияти кураи Замин арзи ҳастӣ намуда, дар эволютсияи он низ нақши муҳимро соҳиб ҳастанд. Инкишофи мухити географии кураи замин бо мувозинати гармию намнокӣ муайян карда мешавад, ки бевосита ба раванди ташаккул ва обшавии пиряхҳо вобаста аст.

Таъсири пиряхҳо асосан дар ҳолати гармшавии бошиддати иқлим ва кам гардидани боришот таъсири худро ба табиат ва иқлими Замин мерасонанд. Ин аст, ки аҳли башарро зарур аст, барои пешгирии обшавии пиряхҳо камари ҳиммат баста, нақши босазои худро дар он гузошта бошанд.

Тӯли солҳои охир дар сар то сари ҷаҳон обшавии босуръати пиряхҳо мушоҳида карда мешавад. Аз ин ҷост, ки миёни аҳолии кураи Замин ва бахусус миёни коршиносону олимон чунин ақида пайдо гаштааст, ки то соли 2100 нисфи пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт.

Пиряхҳо манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ ба ҳисоб мераванд. Давоми солҳои охир тақрибан 1,5-2 миллиар нафар сокинони кишварҳои мухталифи Осиё, Аврупо ва Амрико аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ дучори мушкилӣ гардида истодаанд. Сабаби асосии мушкилии мазкур хушкшавии дарёҳое арзёбӣ мегардад, ки сарчашмаи онҳоро маҳз пиряхҳо ташкил медиҳанд.

Мушкилии дигар ва бисёр муҳим ин мебошад, ки дар натиҷаи обшавии пиряхҳо сатҳи баҳру уқёнусҳо низ баланд гардида, заминҳои наздисоҳилӣ зери об мондаанд. Дар навбати худ ин падидаи фалокатзо ба киштзорҳо ва зиндагии мардуми минтақаҳои наздисоҳилӣ таъсири манфии худро расонда истодааст. Бо ин гуфтаҳо тахмин кардан мумкин аст, ки обшавии пиряхҳо дар солҳои наздик инсониятро ба афзоиши мушкилоти глобалии экологӣ рӯ ба рӯ мекунад.

Дар ибтидои асри XXI таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт, зеро инсоният таҳдиди коҳиши ҳавои тоза ва обро беш аз беш дарк намуд. Инро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқ мекунанд.

Тоҷикистон низ тӯли бистсолаи охир ҳамчун яке аз кишварҳои асосии ташаббускор дар пешгирӣ аз мушкилоти обу иқлим баромад мекунад. Дар тӯли муддати начандон дарози таърихӣ панҷ пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд ва боиси афзун гардидани эътибори сиёсии он гардид. Ин нуфузу эътибор ва ташаббускории рӯзафзун ба номи фарзанди баномуси миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии зич дорад. Маҳз ин нафар дар ибтидои сада диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои мазкур равона намуд. Тӯли ин солҳо аз минбари бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ натанҳо барои баррасии масъалаҳои дохилии Тоҷикистон балки барои ҳалли мушкилоту муаммоҳои глобалии сайёра талош намуд. Ин аст, фидокории фарзанди фарзона ва боору номуси тоҷик.

Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як ташаббускори сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, барои муттаҳид намудани саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус роҳбарони сиёсии ҷаҳон дар қабул ва татбиқи он шароит фароҳам меорад

Ба шарофати ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва хизматҳои хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун иҷрокунандаи вазифаҳои муҳимтарин ва калидӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шинохта шудааст.

Неъматулло Фаттоев, директори Литсейи политехникии шаҳри Душанбе