Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ВАҲДАТИ - МИЛЛӢ АСОСИИ ПОЙДОРИ СУЛҲ ДАР ҶОМЕА
single-product

ВАҲДАТИ - МИЛЛӢ АСОСИИ ПОЙДОРИ СУЛҲ ДАР ҶОМЕА

2025-06-25 18:11:44

Дар тӯли таърихи башар, халқи тоҷик борҳо бо хиради азалии худ ва бо дилу нияти пок тавонистааст рӯзҳои сахту сангини замонро паси сар намояд ва ба орзуҳои волои худ бирасад. Яке аз ин орзуҳои дерина ва муқаддаси халқамон Ваҳдати миллӣ буд, ки ниҳоят 27 июни соли 1997 бо кӯшишу талоши фарзандони фарзонаи миллат ва бо раҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

Ваҳдати миллӣ на танҳо хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва оташи бадбахтӣ буд, балки оғози як саҳифаи нав дар таърихи давлатдории тоҷикон гардид. Ваҳдат ба кишвари мо суботи сиёсӣ, амният ва имконияти рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам овард. Дар заминаи он, Тоҷикистон тавонист пояҳои истиқлолияти худ ва асосҳои давлатдории миллиро мустаҳкам намояд.

Имрӯз вақте сухан аз ваҳдати миллӣ меравад, пеш аз ҳама мо бояд ба он ҳамчун дастоварди бузург ва муқаддаси миллати худ назар афканем. Зеро ваҳдат он ганҷест, ки барои ба даст овардани он ҳазорон дил сӯхт, ҳазорон модар ашки сӯзон рехт ва ҳазорон фарзанд қурбонӣ шуд. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Пас аз ба даст овардани ваҳдат, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди давлатдорӣ ворид гардид. Бо талошҳои шабонарӯзии роҳбарияти давлат ва бо дастгирии халқи азиз, ин сарзамини кӯҳанбунёд ба як кишвари обод, зебо ва орому босубот табдил ёфт. Роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим дар гӯшаву канори кишвар бунёд ёфтанд. Ба шарофати ваҳдат мо имкон пайдо кардем, ки дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор гардонем ва бо кишварҳои дунё равобити дӯстона барқарор созем.

Яке аз муҳимтарин арзишҳои Ваҳдати миллӣ дар он зоҳир мешавад, ки он ҳамаи сокинони кишварро бо ҳар гуна диду назар ва бо ҳар гуна мансубияти динӣ ва миллиашон дар зери як парчами ягонагӣ муттаҳид кард. Имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, сарфи назар аз ҷойи зисту мансубият, худро як порчаи ҷудонашавандаи ин ватан медонад ва бо ифтихор номи тоҷикро бар забон меорад.

Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир ҳанӯз ҳам кишварҳое ҳастанд, ки аз набуди ваҳдат ва якпорчагӣ ранҷ мебаранд ва зиндагии мардумонашон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дорад. Маҳз ҳамин аст, ки мо бояд таҷрибаи нодири ваҳдати миллии хешро пос дорем ва онро ҳамчун намунаи беҳтарини сулҳу субот ба ояндагон биомӯзем.

Ҳар сол мо бо шукуҳу шаҳомати хоса Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирем. Ин ҷашн на танҳо ба хотири ёдоварӣ аз як санаи таърихист, балки он лаҳзаест барои андеша кардан ба арзишҳои олӣ - сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат. Ваҳдати миллӣ ба ҳар яки мо масъулияти бузургеро вогузор намудааст: ки наслҳои ояндаро дар руҳи дӯстиву ҳамдигарэҳтиромӣ тарбия намоем ва ҳаргиз роҳ надиҳем, ки он рӯзҳои сиёҳ ва талхи гузашта такрор шаванд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи ифтихор ва сарбаландии халқи тоҷик дар ҳар қалб ҷовидон аст. Ин ганҷи бебаҳо моро ба сӯи ояндаи дурахшон ва обод раҳнамоӣ мекунад. Биёед ҳама бо ҳам якдилона саъю талош намоем, то ин кохи пурҷалоли ормонҳои халқи худ - ваҳдати миллиро ҳамеша устувор нигоҳ дорем ва онро ба фарзандону наберагони худ ба мерос гузорем.

Абдаминова Фирӯза, декани факултети филология ва таърихи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода