
ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
2025-07-03 08:06:36
Дар толори маҷлисгоҳ бо иштироки тамоми
омӯзгорону кормандони коллеҷи техникӣ фаъолияти шашмоҳаи коллеҷи техникии ДТТ
ба номи академик М.Осимӣ шунида шуд.
Ҷаласаро директори коллеҷи
техникӣ муҳтарам Низомзода Зокирҷон ифтитоҳ намуда, масъалаҳои баррасишавандаро
мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дод.
Сипас, тибқи рузномаи ҷаласа барои баррасӣ ва муҳокима намудани
натиҷаи самтҳои фаъолияти коллеҷ дар шашмоҳаи соли ҷорӣ навбати сухан ба
муовинони директор дода шуд.
Муовинони директор оид ба
натиҷаи самти фаъолияти худ дар шашмоҳи соли ҷорӣ баромад намуда, ҷиҳати корҳои
ба сомон расонида дар назди ҳамагон ҳисобот дода, қайд намуданд, ки камбудию
нуқсониҳои ҷойдоштаро ошкору роҳҳои бартарафсозии онҳо ва самтҳои афзалиятноки
пешрафти коллеҷро дар самти худ муайян карда, бояд ҷидду ҷаҳд намоем ва кӯшиш
ба харҷ диҳем, ки иҷрои амалии нақшаҳои ояндаамонро дар соли таҳсили дар
пешистода таъмин сохта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷомаи
амал пӯшонида, ҳиссаи арзандаи худро дар беҳдошти сифати таҳсилот, раванди
таълиму тарбияи донишҷӯён гузорем.
Пас аз анҷоми ҳисоботҳо баромадкунандагон ба саволҳои аъзои
Шӯрои олимон ва омӯзгорону кормандон ҷавобҳои саҳеҳу қаноаткунанда дода, иловатан
қайд карданд, ки мақсаду мароми ҳар як сохтор ин беҳдошти сатҳи сифати таълиму
тарбияи донишҷӯён, дилгармии омӯзгорон нисбати касби омӯзгорӣ, муҳайё намудани
шароити мехнати омӯзгорону донишандӯзии донишҷӯён, таъмини муассисаамон бо
воситаҳои замонавии таълим, ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба корҳои эҷодӣ,
навоварӣ, мувофиқи талаботҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил кардани ҳуҷҷатнигорӣ дар
тамоми воҳидҳои сохтории коллеҷ ва бо меҳнати ҳалолу таҳсили хуб ҷавоб
гардонидан аст.
Дар муҳокимаи ҳисоботҳо дар шашмоҳаи соли ҷорӣ аъзои Шӯрои олимон ва омӯзгорону кормандон қайд намуданд, ки дар ҳақиқат муассисаи таълимии мо соли таҳсили ҷорӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид, тағйироти куллӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолиятамон ба вуҷуд омаданд. Агар ҳар як корманди коллеҷ камбудиҳои фаъолияташро бартараф созад ва супоришҳои роҳбарияти коллеҷро дар хусуси рушди ояндаи коллеҷ дар амал татбиқ намояд, боз ба натиҷаҳои беҳтар ноил мешавем. Корҳои наҷиби ба сомон расонидаи муовинони директорро ба инобат гирифта, фаъолияти коллеҷро дар шашммоҳаи соли ҷорӣ қаноатбахш арзёбӣ намуда, бо боварии комил гуфта метавон, ки дар оянда ба комёбиҳои ҷолиби диққати ҳамагон ноил хоҳем гашт.
