Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСА ДАР ШӮРОИ ОЛИМОН (ОМӮЗГОРОН)
single-product

БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСА ДАР ШӮРОИ ОЛИМОН (ОМӮЗГОРОН)

2025-06-25 19:13:55

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ" фаъолияти кории муассиса дар соли таҳсили 2024-2025 дар Шӯрои олимон (омӯзгорон) бо иштироки муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ, муҳтарам Исмоилзода Заррина, сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадализода Бобоҷон, раисии шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳакимзода Манучеҳра, директори Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ" Хоҷазода Давронҷон ва омӯзгорон муассисаи мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур директори муассиса, муҳтарам Хоҷазода Давронҷон вазъи таълиму, тарбия, илм ва хоҷагидории муассисаро дар давоми ҳисоботӣ баррасӣ намуда, пешравиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар ин раванд ба саҳми ҳозирин расонида шуд.

Дар охири ҷаласаи мазкур як қатор омӯзгорони муассиса барои фаъолияти хуб доштанашон ва ғолибону иштирокдорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

single