
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
2025-07-03 08:04:33
Аслан истеъдод ҳам, ҳунар ҳам, пеш аз ҳама,
худи инсон аст. Инсоне, ки метавонад ва қодир аст дар вуҷуду сиришти хеш ҳама
оламро ғунҷоиш диҳад ва тасхир созад. Номаи сарнавишти ҳунарманди асил бошад,
барои дигарон аз ҳама ҷиҳат аҷоибу мароқангез аст. Муҳаббат атои Парвардигор
аст. Дилеро, ки аз нури муҳаббат равшан аст, шикастану афсурда сохтан сахт душвор
аст.
Кенҷабой Норматов ҳам аз
ҳамин тоифа инсонҳост. Худованд барояш дили муҳаббатборе туҳфа намудааст.
Кенҷабой Норматов зодаи ноҳияи Спитамен. Аз хурдӣ ба санъати мусиқӣ меҳр
бастааст. Ин меҳр ӯро ба омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри
Хуҷанд меоварад.
Ӯро
ҳунарманди бузург, рубобнавози моҳир Одилҷон Назаров ба шогирдӣ қабул менамояд.
Омӯзишгоҳи мусиқиро бо баҳои аъло хатм намуда, бо ҳидояти устодаш ба
консерваторияи давлатии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил мегардад. Дар
он ҷо аз профессор Васильев Ф.Н. дарси санъати касбиро меомӯзад.
Баъди хатми консерватория бо дипломи аъло ба шаҳри Хуҷанд
бармегардад ва дар омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ба
сифати омӯзгори рубоб ва дирижёрӣ ба кор шурӯъ менамояд. Устод чун роҳбари
оркестри созҳои мардумӣ дар оркестр навгониҳо ҷорӣ менамояд. Дар оркестр
асарҳои рангоранг ва калонҳаҷм садо медоданд. Асарҳои композиторони ҷаҳон ворид
гашта иҷроиши асарҳо ба касбият мубадал гаштанд.
Устод Норматов К. дар давоми ин солҳо шогирдони зиёдеро тарбия
намудааст, ки онҳо имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон ва берун аз
он кор ва фаъолият мебаранд. Камина яке аз аввалин шогирдони устод ҳастам ва
мефахрам аз он ки аз устод сабақ гирифтам. Хушбахтона имсол устоди азиз ҷашни
мавлуд доранд, он кас ба синни мубораки 80 расиданд.
Ворис
РАҲМОНЗОДА,
композитор, омӯзгори Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд