
КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ БОХТАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 БО ДАСТОВАРҲО ҶАМЪБАСТ НАМУД
2025-07-03 08:01:06
2 июли соли 2025 дар Коллеҷи омӯзгории
шаҳри Бохтар ҷаласаи васеи Шӯрои олимон баргузор гардид. Дар ҷаласа директори коллеҷ
Шамъигул Шарифзода, муовинони директор, устодон ва дигар аъзоёни шӯро иштирок
доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа
масъалаҳои марбут ба ҷамъбасти сессияи ҷорӣ, натиҷаи аттестатсияи давлатии
хатмкунандагон, ҳисоботи муовинони директор, мудирони кафедраҳо, сардорони
шӯъбаҳо оид ба соли таҳсили 2024 - 2025, вазъи пардохти маблағи таҳсил ва иҷрои
барномаҳои давлатӣ дар нимсолаи дуюм баррасӣ шуданд.
Зикр
гардид, ки Шӯрои олимон ҳамчун як ниҳоди муҳими илмӣ-назариявӣ, саҳми арзанда
дар рушди фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии муассиса дорад. Аъзоёни шӯро дар
робита ба самтҳои гуногуни фаъолият суханронӣ намуда, пешниҳодҳои худро ироа
намуданд.
Директори муассиса масъалаҳои матраҳшударо таҳлил намуда, барои
бартарафсозии камбудиҳо ва тақвияти фаъолияти соҳаҳо ба шахсони масъул дастуру
супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки бо назардошти ҳидоятҳои Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил
ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир андешида шаванд.
Дар интиҳо, қарорҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи
ҷаласа баррасӣ ва натиҷагирӣ гардиданд.