Ҳамасола санаи 22-юми сентябр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари адабпарвару сулҳпарвари мо ҳамчун “Рӯзи Рӯдакӣ” таҷлил карда мешавад. Боиси хушнудист, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо, тоҷикон ба марҳилаи нави худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ расидем. Зинда нигоҳ доштани ному корномаҳои бузургони илму адаби мо маҳз бо шарофату дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Далели ин гуфтаҳо дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани ҷашни 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2008 ба шумор меравад. Таҷлили ин ҷашн боис гардид, ки мо ба рӯзгору осори сардафтари адабиёти классикии форсии тоҷикӣ рӯ оварда, ҷиҳати интишори мероси адабии ӯ кушиш ба харҷ бидиҳем.
Устод Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ замоне ба бунё омад, ки халқи тоҷик пас аз муборизаҳои зиёди озодихоҳӣ соҳиби давлати бузурге бо номи Сомониён гардида буд. Давлати Сомониён тавонист дар як муддати кӯтоҳ забону адабиёти тоҷикӣ - форсиро эҳё намояд. Бояд таъкид намуд, ки дар тарбияи маънавии одамушшуаро Рӯдакӣ нақши шоҳони сомонӣ, махсусан, Наср ибни Аҳмад ва вазири донишманди ӯ Абулфазли Балъамӣ басо бузург аст.
Устод дар як байти худ ин мавзуъро чунин
ба қалам медиҳад:
Киро бузургию
неъмат зи ину он будӣ,
Маро бузургию
неъмат зи Оли Сомон буд.
Шоир андешаҳои инсондӯстии худро
тавассути образу тасвирҳои воқеӣ бо далелҳои ҳаётӣ муассиру нишонрас ба қалам
медиҳад.
Мавзуи дигаре, ки дар шеъри устод Рӯдакӣ
инъикос ёфтааст, мавзуи хираду дониш, тарбияи инсон ва некиву накукорӣ мебошад.
Масалан дар ин абёт хеле ҷолиб ба мушоҳида мерасад:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз,то бад-он гузарӣ.
Устод Рӯдакӣ дар шеъри дигари худ масъалаи
хираду хирадмандиро чунин ба қалам медиҳад:
Эй дареғо, ки
хирадмандро,
Бошад фарзанду
хирадманд,не.
Гарчи хирад дораду
дониш падар,
Ҳосили мерос ба
фарзанд, не.
Дар баробари чунин шеърҳо абёте дар
таркиби ашъори барҷомондаи шоир зиёд аст, ки ӯ дар онҳо аз бетафовутии худ
нисбат ба нозу неъмати ҷаҳон сухан мегӯяд ва андарз медиҳад. Масалан:
Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,
Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.
Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст?!
Дар абёти зер шоир аз замона панд мегирад, ки чунин
аст:
Замона панде озодвор дод маро,
Замона, чун нигарӣ, сар ба сар ҳама панд
аст.
Ба рӯзи неки касон, гуфт, то ту ғам
нахӯрӣ,
Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
Замона гуфт маро: Хашми хеш дор нигоҳ,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд
аст!.
Муҳаққиқон устод Рӯдакиро ҳамчун
суханвари ҳаким баҳогузорӣ кардаанд. Ҳамин аст, ки дар осори ӯ панду насиҳат,
суханҳои ҳикматомез, ки хислатҳои беҳтарини одамиро тарғиб ва рафтори
ношойистаи онро маҳкум мекунад, ниҳоят бисёр аст. Таъсири бузурги суханони
ҳикматомези ӯ гуфтаҳои берӯҳи хушку холӣ набуда, балки натиҷаи таҷрибаи ҳаёти
ҳаррӯза, ҷамъбасти хирадмандонаи рафти зиндагӣ мебошад. Аз ин сабаб аксари
суханҳои пандомӯзи ӯ барои имрӯзи мо низ аҳаммияти бузурги маънавӣ дорад.
Қобили таъкид аст, ки дар шеър устод
Рӯдакӣ инсон ва табиатро на вуҷуди дугона, балки пайкари ягона ба қалам медиҳад
ва ба тавассути тахайюл фақат аз ашёи маҳсус фоида бурда, дар зоҳири унсурҳои
сағиру кабир шабоҳати аҷиб ва вуҷуди воҳидро мебинад:
Рӯят - дарёи ҳусну
лаълат марҷон,
Зулфат -анбар, садаф
даҳан, дур(р) - дандон.
Абрӯ -киштиву чини
пешонӣ мавҷ,
Гирдоби бало
-ғабғабу чашмат -тӯфон.
Ё ин ки:
·
Эй аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,
·
Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ.
·
Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ ҳама ҷӯ,
·
Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ ҳама кӯ.
Агарчи асоси шеъри устодро аксаран
ашёҳҳои моддии ҳастӣ ва унсурҳои муҳити табиӣ ташкил мекунанд, ба хотири
шеърияти маъно ва ҷанбаи тасвириро касб намудан шоир аз мафҳумҳои абстракт низ
истифода намуда, мазмуни ҷолиберо рӯйи кор овардааст:
Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад.
Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад.
В-ар ҷон ба лаб оядам, ба ҷуз мардуми
чашм,
Як қатраи об бар лабам кас накунад.
Дар рубоии боло дар доираи ду мафҳуми
абстракт - ҳодиса ва таб, ҳамчунин як мафҳуми моддӣ – мардумаки чашм дар шеъри
ғиноӣ як навъ амали ҳамосӣ рӯйи кор омада, ҳолат ва вазъияти шахси фоъилро хеле
барҷаста тасвир намудааст.
Аз мероси бузургу гаронбаҳои бадеии
устод Рӯдакӣ имрӯз танҳо абёти пароканда боқӣ мондааст. Вале аз ҳамин ашъори
пароканда ҳам бузургии шоир ба хубӣ эҳсос мешавад. Шояд аз парокандагӣ ва
нотамомии абёт мустаҳкамии композитсия, шавқангезии сюжет ва дурахши бадеии
шеъри ӯ барҷаста намоён набошад. Аммо гоҳо як мисраъ ҳам бузургии шоирро ба
назари мо ҷилвагар месозад. Мо устод Рӯдакиро аз рӯҳи инсонпарваронаи шеъри ӯ,
аз образҳои нотакрору ҷовидонӣ ва гардишҳову хулосаҳои аҷоиби файласуфонааш
мешиносем.
Ҷиҳати ҷолиби таваҷҷӯҳи назми Рӯдакӣ,
пеш аз ҳама он аст, ки дар шеъри ӯ, хоҳ сатрҳои ошиқона бошанд, хоҳ панд ва хоҳ
шикояту гилагузорӣ, эҳсоси инсон суруда шудааст, ҳама ашъори шоир саршор аз
андеша дар сари тақдири инсон аст. Ӯ яке аз аввалин классикони шеъри форсист,
ки ба тасвири инсон таваҷҷуҳ карда, шахсияти инсонро ба адабиёт ворид кард.
Гуманизми устод Рӯдакӣ дар ашъори ахлоқию иҷтимоии ӯ боз ҳам равшантар зоҳир
гардидааст. Устод Рӯдакӣ омӯзгори бузурги ахлоқ аст. Дар шеъри ӯ ахлоқи пок,
одамият, инсонпарварӣ, ақлу хирад, илму дониш ва мардиву бузургӣ талқин
шудааст. Устод Рӯдакӣ маънии Ҳаёт ва моҳияти рӯзгори инсонро дар он медонад, ки
мардум умрашонро ба беҳудагӣ нагузаронанд, аз паи кореву ҳунаре шаванд, касеро
наёзоранд, нексиришту неккирдор бошанд. Аз назари устод Рӯдакӣ ин ҷаҳон дарёест
ва аз он танҳо бо киштии некию накӯкорӣ гузаштан мумкин аст. Бузургтарин
омӯзгори инсон барои устод Рӯдакӣ таҷрибаи зиндагист. Ҳар кас, ки аз баду неки
зиндагӣ ибрат гирифтааст, ҳама мушкилоти рӯзгорро ба осонӣ бартараф карда
метавонад. Аз бисёр шеърҳои ӯ бар зидди замон ва нобаробариҳои иҷтимоӣ садои
эътирози сахте шунида мешавад.
Хулоса, шеъри устод
Рӯдакӣ на танҳо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷаи ғоявӣ ба ҳимояи манфиати мардуми
одӣ нигаронида шудааст, балки аз ҷиҳати забону тарзи баён низ ба ин гурӯҳи
ҷамъиятӣ наздикӣ дошт. Устод Рӯдакӣ ҳанӯз аз замони худ дар байни аҳли адаб,
тазкиранигорон ва дигарон шуҳрати азим ва мақоми баланд дошт. Дар тамоми
тазкираҳо, асарҳои адабиву таърихӣ номи устод Рӯдакӣ чун шоири пурқудрату
боистеъдод зикр гардидааст. Бисёр шоирон дар ашъори худ устод Рӯдакиро бо
эҳтиром ёдовар шуда, ӯро «Одамушшуаро», «Соҳибқирони шоирӣ», «Устоди шоирони
ҷаҳон» хондаанд. Масалан, чунин эҳтироми беандозаро мо дар байтҳои зерини
Низомии Арӯзии Самарқандӣ дида метавонем, ки бар зидди бадхоҳони шоири бузург
гуфтааст:
Эй он ки таън кардӣ дар шеъри Рӯдакӣ,
Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кӯдакист.
К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.
Назар Муҳаммадхоҷа,
котиби масъули рӯзномаи “Ҷаҳони ҳунар”