Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-09-26 20:42:31

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола 5 - уми октябр дар Ватани азизамон Рӯзи забони давлатӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу азамати беандоза ва бо ифтихору сарбаландӣ ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як маърузаву суханрониҳои худ аз забони давлатӣ, аз забони шевои тоҷикӣ бо як меҳру муҳаббати беандоза ёд мекунанд ва онро бо ифтихор яке аз забонҳои бостон медонанд. Пешвои муаззами миллат чунин баён дошта буданд: “Забони давлатӣ бешубҳа яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб мешавад”.

Мояи ифтихори мост, ки бо ин забон дар тӯли таърих ҳазорон бузургмардону нобиғаҳо, олимону донишмандон ва шоирону нависандагоне чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Анварию Ҳоқонӣ, Ҷалолиддини Балхиву Ҷомӣ сухан гуфта, осори безаволу мондагорро ба наслҳои оянда ба мерос гузоштаанд.

Маҳз хотири ин Сарвари давлат дар таълифоти илмиву таҳқиқотиашон муҳимтарин масъалаи миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор дода, китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”-ро рӯи чоп оварданд.

Аҳаммиятнокии масъалаҳои мавриди назарро ба инобат гирифта, 5 октябри соли 2009, №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расониданд.

Дар асоси талаботи Қонуни мазкур забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ муқаррар гардида, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони давлатиро донад. Илова ба ин, забони давлатӣ бояд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣистифода шавад.

Ҳамзамон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд, ки барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароити мусоид фароҳам оранд.

Бо назардошти ин гуфтаҳо зарур аст, тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Нақшаи чорабиниҳои худро таҳия намуда, дар он семинар, конференсия ва дигар чорабиниҳоро бо олимони забоншинос, шоирон ва омӯзгорони варзида, намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла арҷгузорӣ ба забони модарӣ ба нақша гиранд.

Ҳамзамон, таъсис додани курсҳои омӯзиши забони давлатӣ барои аққалиятҳои миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба мақсад мувофиқ буда, риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони давлатӣ ҳангоми коргузорӣ, номгузории муассисаҳо, таҳияи муҳр, бланкаҳои расмӣ, шиору лавҳаҳо, нашри маҷаллаҳо ва рекламаҳо назорат карда шавад.

Илова ба ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи азхудкунии забони давлатӣ, эҳтиром ба забони давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони давлатӣ зарур аст, ки дар ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар арафаи ҷашни “Рӯзи забон” озмуни корҳои хаттӣ (диктант, нақли хаттӣ ва иншои озод) баргузор карда, он ҳамчун анъанаи нек ҳар сол гузаронида шавад.

Шарифзода Раҳмоналӣ, корманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2024-09-26 16:42:12

МАҚОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

«Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем».

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар радифи ин суханони пур аз меҳру вафо ва садоқати Пешвои миллат месазад гуфт, ки забони давлатӣ шаҳодатномаи шинохти миллат дар тӯли таърихи башарият ва пойдевори устувори насли дирӯз, имрӯз ва фардои миллати тоҷик аст. Миллати тоҷик дар тамоми шебу фарози таърих барои нигоҳдории ин мероси гаронбаҳо ба фишору таҳдидҳои зиёд тоқат кард. Албатта, фарзонафардони баору номус ва фидоии ин забону ин миллат дар даврони Истиқлоли давлатӣ забони миллиро дубора эҳё карданд.

Таърих гувоҳ аст, ки масъалаи густариши забони модарӣ, нигоҳдорӣ, рушд ва инкишофи он ҳамеша дар мавриди таваҷҷуҳи давлатдории мо будааст. Аввалин маротиба дар замони соҳибистиқлолии кишвар забони давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ пайдо намуда, дар шакли наву тоза эҳё гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёиёни кишвар саннаи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ҳамзамон, ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон шуда, он ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид гардид. Ҳамин тавр, забони давлатӣ минбаъд дар тамоми самтҳои фаъолияти Ҳукумати кишвар ва мардуми башарафи мамлакат фаъолона роҳандозӣ гардидааст.

Бо гузашти замон забони тоҷикӣ ба забони сиёсат, коргузорӣ, илм, адабиёт ва равобити дипломатӣ табдил ёфта, имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар тамоми сохторҳои давлатӣ забони коргузорӣ, комилан тоҷикӣмебошад. ки ин ифтихори басо бузург аст. Яъне, даврони Истиқлолият марҳилаи эҳё ва рушди забони тоҷикиро дар миқёси олам муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, суханронии Пешвои миллат дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки аз ин минбари бонуфузи ҷаҳон аз забони Пешвои миллати тоҷикон маҳз забони ноби тоҷикӣ садо дод, тасдиқи ин андеша аст.

Дар маҷмӯъ, метавон хулоса намуд, ки Пешвои миллати тоҷикон бо сарфарозӣ ва ифтихори бузург аз соҳибватанӣ ва соҳибзабонӣ изҳори ақида намуда, масоили мубрами ҷаҳони муосирро бо забони бузурги тоҷикӣ иброз доштанд, ки ин суханронӣмуаррифкунандаи таъриху забони миллати тоҷикон гардид.

Сарвари давлат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ санаи 5 октябри соли 2019 иброз доштанд: “Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон тадқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд. Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд”.

Оре, гузаштагони мо бо ин забони ноб осори зиёди назмию насрӣ ба қалам додаанд, ки имрӯз тамоми дунё аз онҳо истифода мебаранд. Донишмандони бузурги мо Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш ва дигарон бунёдгузорони забони илмию адабии тоҷикӣ ба шумор мераванд.

Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ иброз намуданд: «… боиси сарфарозиву ифтихори мо ворисон аст, ки забони точикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст»,

Бояд қайд намуд, ки тайи солҳои охир забони точикӣ бо маром рушд карда, барои ҳифзи асолати он дар кишвар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намуда истодаанд. Бе шубҳа, ин имконият барои таҳкими минбаъдаи рушди забони давлатӣзаминаи асосиро мегузорад.

Сарвари давлат борҳо барҳақ таъкид кардаанд, ки «... ин забони қадиму асил, сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост. Мо, соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ, посдориву нигоҳбинӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем».

Оре, қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, ин забони ширину шоиронаро дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо ширу поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣдорем.

Ҳавасмоҳ БОБОШОЕВА,

муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.

 

2024-09-26 16:36:28

ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 25-уми сентябри соли равон ба пешвози ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар кори семинар мудири бахши САҲШ-и шаҳри Ваҳдат Шоира Шарифзода, хизматчиёни бахши САҲШ Сайёра Амонзода, Гулхумор Асозода ва кормандону омӯзгорони Литсей иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса, номзади илмҳои иқтисодӣ, Ҳайдарзода Меҳроби Ислом кушода, дар мавриди ин санади муҳими ҳуқуқӣ ибрози назар кард.

“Аҳаммият ва бузургии ин санади муҳими таърихӣ дар он аст, ки он бори аввал аз ҷониби халқи ҷумҳурӣ бо роҳи озодонаи майлу иродаи ҳар як шаҳрванди мамлакат қабул шудааст. Саннаи 6 ноябри соли 1994 бо баробари қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон роҳи нави инкишофи худро интихоб намуд, ки ин давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Барпо намудани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд”, - гуфт директори Литсей.

Дар идомаи ҳамоиш Шоира Шарифзода, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Ваҳдат, суханронӣ намуда, дар мавриди аҳаммияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маълумот дод. Ба зикри мавсуф, тибқи Конститутсияи кишвар мардуми тоҷик худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон шинохта, садоқатмандии хешро ба арзишҳои ҳуқуқи башар эълон доштааст.

“Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад”, - таъкид кард ӯ.

Тибқи барномаи семинар иштироккунандагон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Дар рафти музокира хонандагон ба баромадкунандагон саволҳои ҷолиб дода, ба онҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.

2024-09-25 12:20:09

ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА ПЕШНИҲОДИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СММ

Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Нақши созандаи сулҳу ваҳдат дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир мегардад. Сулҳу ваҳдати комил аз ҷумлаи дастовардҳои муқаддасанд ва мо аҳли башар бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халҷи мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар байни давлатҳои мутараққии олам мақоми шоиста касб намуда, ҳамчун кишвар дар ҳоли рушду тавсеа ва ташаббускор эътироф гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали корӣ ба ҳаёси Роҳбари давлат набзи ҷаҳони муосирро дарк карда, ба ташаббусҳои байналмилалӣ иқдом намуданд, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти пешомада бетараф набошад. Шурӯъ аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 қатънома вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки ин иқдоми бузург дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фарҳам овард. Аз ҷумла, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 -2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», «Соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва ниҳоят, 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид гардидани санаи 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аз ҳамин хотир ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳамаи ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.

Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Имрӯз бори дигар ин андеша шаҳодати таърихии худро дарёфт, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди қабули қатъномаи махсус таҳти унвони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз ҷониби СММ миллати тоҷикро ҳамчун миллати сулҳхоҳ муаррифӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи тақдирсози ҳаёти кишвар ба майдони сиёсат қадам ниҳода, Тоҷикистонро ба як мамлакати амн, пешрафта, дар миқёси ҷаҳон ташаббускори масъалаҳои глобалии сулҳу субот, ҳифзи муҳити зисти оламиён ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани кулли башар табдил дод.

Пешвои миллат ба кишварҳои олам пешниҳодкарданд, ки дар ҳамин шабу рӯз сулҳу ваҳдат аҳаммияти амиқи сиёсию байналмилалӣ дошта, дар рӯи замин дар даҳ соли оянда ҳама ҷангҳо барҳам дода шавад ва инсоният рӯ ба сулҳ биёрад.

Дар ин ҷаласаи СММ зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки иштирокдорони ҳамоиш барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалӣ ва такмил додани вокунишҳои ҷаҳонӣ ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас меандешанд. Пешвои миллат иброз намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад.

Ҳамчунин, Президенти кишвар оид ба таҳкиму тавсеаи ҳамкории кишварҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти фарогир ва пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ андешаронӣ намуданд. Пешвои миллат ба сифати Роҳбари кишвари мизбони “Раванди Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм” аз дарҷ гардидани ин мавзуъ дар Паймон ба хотири оянда, ки аз руи натиҷаҳои ин саммит қабул мешавад, истиқбол намуданд.

Таъкид карда шуд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд. Дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Ҳамзамон бо ин, зарур шумурда шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари ғамхору раҳнамои худ бо барқарорсозии сулҳу осоиш ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ роҳ ёфта, имконоти дар чаҳорчӯби қонун ҳаллу фасл намудани ихтилофоти дохилиро нишон доданд. Маҳз бо баракати сулҳу оштӣ якпорчагии Ватани азизи мо ҳифз гардида, имкони ба роҳ мондани зиндагии осоишта, амнияту ваҳдати сартосарӣ ва гузаронидани чорабиниҳои бузурги умумимиллӣ, ки ба тарғибу ташвиқи ғояҳои муттаҳидкунанда, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносию худогоҳии мардум равона гардида буданд, ба даст омад.

Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки қувваҳои солими ҷомеа, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, сохторҳои фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муттаҳид созанд. Иштироки фаъол ва саҳми арзандаи Созмони Милали Муттаҳид, пеш аз ҳама, аз талоши сулҳҷӯйӣ, дасту дили поки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин аз сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдтар ба сатҳи «сиёсати бисёрсамтӣ» бардошта шуд, сарчашма мегирад.

Ҳамин тавр, таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ ва ҳалли ихтилофи дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва ҳоло барои пешгирии чунин моҷароҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад. Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион нафар гурезаҳо ва ташкил кардани ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунмодели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Сулҳи Тоҷикистон яке аз амалиётҳои бобарори сулҳофаринии СММ ба шумор меравад.

Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои ҷаҳониён намунаи ибрат буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст, зеро таърих кам дар ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муҳлати кӯтоҳ хотима ёбад ва ҷонибҳои даргир боз ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ дода, ба хотири бақои давлат, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ бо ҳам муттаҳид гардида, фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди давлати хешро ба ободии кишвар равона карда бошанд.

Аз ин хотир, ҳар як фарди солимфикри Тоҷикистони азизро зарур аст, дастовардҳои сулҳ, Истиқлоли давлатӣ ва асосҳои давлатдории миллии тоҷиконро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои пешрафту шукуфоии Ватани аҷдодӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаю созандаи мардум ҳамчунпайравони асили Пешвои миллат пайваста ҷаҳду талош намоянд.

Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, Муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

2024-09-25 10:17:04

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АМИРИ ДАВЛАТИ ҚАТАР ШАЙХ ТАМИМ ИБНИ ҲАМАД ОЛИ СОНӢ

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуданд.

Зимнан масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва чанде аз мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, аз ҷумла, ба рӯзномаи ҳамоиши сарони давлатҳо дар Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ, ки ба наздикӣ дар Қатар баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид.

2024-09-25 10:14:07

МУЛОҚОТ БО ВАЛИАҲДИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ ШАЙХ САБОҲ АЛ-ХОЛИД АЛ-ҲАМАД АЛ-МУБОРАК АЛ-САБОҲ

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо оид ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва таъмини амният табодули афкор карданд.

Барои беҳбуд бахшидан ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавсеаи ҳамкорӣ бо Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти арабӣ ва ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ зарур шумурда шуд.

Истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати сабуку хӯрокворӣ, содироти оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, самтҳои дигари ҳамкории ояндадори ду кишвар номида шуд.

Ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, ҷудо намудани бурсияҳо аз рӯйи ихтисосҳои тиббӣ, техникӣ ва фанҳои дақиқ барои шаҳрвандони ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Зимни баррасии масоили вобаста ба таъмини амну субот ҷонибҳо аҳаммияти баргузории Конфронси байналмилалии зиддитеррористӣ “Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе”-ро, ки ба наздикӣ дар Кувайт баргузор хоҳад шуд, таъкид доштанд.

2024-09-25 07:04:43

ИШТИРОКИ 190 НАФАР ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

 

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид.

Дар расми ифтитоҳи даври ҷамъбастии озмун дар баробари дигар масъулини соҳаҳои илму маорифи кишвар, ҳамзамон, роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита ва Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми раиси Кумита, иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки даври ниҳоии озмун 268 довталаб, аз ҷумла 190 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштироки фаъолона доранд.

Масрур Абдуллозода, Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, гуфт, баргузории ин озмун метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии ҳавасманднамоии ҷавонон ба омӯзиши ҳаматарафаи давлатдории Пешвои миллат ва шинохти таъхири тоҷикон гардад, зеро мақсад аз баргузории озмун омӯзиши ҳарчи бештари асарҳои Пешвои миллат ва тарғиби сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми гурӯҳҳои ҷомеа мебошад.

Фарҳод Раҳимӣ – раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки китобҳои Пешвои миллат ҳар яке қадр ва манзалати бузурги худро дошта арзиши онҳо дар ҳеҷ давру замоне коста намегардад.

Бояд гуфт, ҷойи якум дар озмун ба иштирокчие дода мешавад, ки беш аз 90% асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва ҳифз намудааст. Ғолибони даври дуюм (ҷойҳои1,2,3,) баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура ва маълумоти дуюми олӣ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон ба тариқи ройгон ба муассисаҳои касбии баъд аз муассисаи олии таълимии мамлакат қабул карда мешаванд.

Ғолибон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ. Барои ғолибон ба ин тартиб мукофотҳои пулӣ таъйин шудааст: барои ҷойи якум – 20 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон); ҷойҳои дуюм – 15 000 (ба ҳар яке аз ғолибон); ҷойҳои сеюм – 7 500 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон).

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ теъдоди иштирокчиён аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ зиёд гардида, 70 дарсади иштирокчиёни даври ҷамъбастии озмуни мазкурро донишҷӯёни ин муассисаҳо ташкил медиҳанд.

Аъзои ҳакамон дар ҳамкорӣ бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз сиёсатмадорон, донишмандон ва таърихшиносони донишгоҳҳои олии мамлакат иборат мебошанд.

 

 

2024-09-25 06:58:24

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАИСИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН МАСЪУД ПИЗИШКИЁН

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо омодаем минбаъд низ барои тақвияти он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем.

Ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва таълимии ду кишвар ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар то соли 2030, ҳамкории амалӣ дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва ҷалби имконоти Кумитаи муштараки сармоягузорӣ барои татбиқи пайгиронаи нақшаҳои мавҷуда муҳим дониста шуд.

Дар фароварди мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтарам Масъуд Пизишкиён даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

2024-09-25 06:54:15

МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД АНТОНИУ ГУТЕРРИШ

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар мулоқот рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо нақши созмонро дар татбиқи барномаҳои муҳимми сиёсиву амниятӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишварамон қадр мекунем.

Ҷонибҳо вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, паёмадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ ва ноамнии озуқавориро муҳокима намуда, амалҳои дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самтҳо зарур шумурданд.

Ба масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо, нобудшавии гуногунии биологӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, татбиқи Рӯзномаи-2030 ва натиҷаҳои Саммити оянда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва Конфронси навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об дар соли 2028, ки ҳарду дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, низ аз мавзуъҳои муҳимми суҳбат буд.

Мубодилаи афкор доир ба масъалаҳои мубрами мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ ҳам сурат гирифт.

2024-09-25 06:51:56

Мулоқоти Пешвои миллат бо муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки вақтҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарчи бештар ба таҳдидҳои дорои хусусияти экстремистӣ, террористӣ ва низоъҳои мусаллаҳона рӯ ба рӯ мешавад.

Барои муқовимат бо чунин таҳдидҳо истифода аз имконоти хадамоти дахлдор, сохторҳои махсуси созмонҳои байналмилалию минтақавӣ зарур шумурда шуд.

Зикр гардид, ки дар конфронси қарибулвуқуъ дар Давлати Кувайт дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” масъалаҳои мубрами мубориза бо терроризми байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои вобаста ба таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша сурат гирифт.

2024-09-25 06:48:54

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

2024-09-25 06:46:13

Иштирок ва суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда дар шаҳри Ню-Йорк

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ таъкид доштанд, ки “ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст”.

Зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният, Сарвари давлати мо изҳори итминон намуданд, ки иштирокдорони ҳамоиши имрӯза барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ ва такмил додани вокунишҳои байналмилалӣ ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои оид ба ҳалли мушкилоти иқлим, соҳаи об ва беҳдошт пешбинишуда, ҳанӯз кофӣ нест.

Дар ин зимн таъкид шуд, ки Тоҷикистон нақша дорад, дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо саъю талошҳои худро барои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, тақвият бахшад.

Раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” яке аз намунаҳои равшани талошҳои пайвастаи кишварҳо дар ин ҷода номида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба таҳкиму тавсеаи ҳамкории кишварҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти фарогир ва пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ андешаронӣ намуданд.

Зимнан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари кишвари мизбони “Раванди Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм” аз дарҷ гардидани ин мавзӯъ дар Паймон ба хотири оянда, ки аз руи натиҷаҳои ин саммит қабул мешавад, истиқбол намуданд.

Таъкид карда шуд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд.

Дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, зарур шумурда шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд.

 

 

2024-09-25 06:42:22

Мулоқот бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди кишвар номида, аз ҳамкории босамар бо он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар тӯли 31 соли ҳамкории дуҷониба бо дастгирии молиявии Бонк дар Тоҷикистон 116 лоиҳаи афзалиятнок дар соҳаҳои иҷтимоӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар татбиқ шудааст.

Масоили ҷалби маблағ барои татбиқи тарҳҳои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини ҳадафҳои иҷтимоии кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, дастрасӣ ба “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” аз мавзуъҳои умдаи суҳбат буд.

Ба Бонки Ҷаҳонӣ барои пешсафӣ ва иқдомҳои амалиаш дар раванди маблағгузории сохтмони Неругоҳи “Роғун” изҳори сипос карда шуд.

Ҳамчунин, оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои гуногуни беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои иловагӣ ва идомаи раванди ислоҳот, табодули андеша сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ, бахусус барои тавлиди энергияи барқароршаванда ва рушди кишоварзӣ мебошад ва зарур аст, ки барои истифодаи босамар аз ин имконот дастгириҳои байналмилалии молиявию техникӣ афзун гардад.

Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 

2024-09-23 15:39:06

ҚАДРДОНИИ ДИРЕКТОРИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ПОЛИТЕХНИКИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ХУБИ МЕҲНАТӢ

Неъматулло Фаттоев, Директори Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе, барои фаъолияти хуби меҳнатӣ, дастовардҳои назарраси соҳавӣ ва нишон додани малакаи роҳбарӣ бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.

Мукофотҳои мазкурро Ализода Алишер Ҳикматулло, муовини Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ба Неъматулло Фаттоев тақдим кард.

Зикр шуд, ки Фаттоев Неъматулло Самадович баъди хатми факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуда, дар тамоми ин давра ҳамчун нроҳбарии воқеии масъулиятшиносу адолатпарвар ном баровард. Мавсуф аз соли 2005 инҷониб сарнавишти худро ба самти касбомӯзию соҳибкории пайваст. Ӯ набзи замону талаботи бозори меҳнатро ба хубӣ дарк намуд, ҷиҳати тарбияи мутахассисони донишманд саъю талоши пайваста дорад.

Неъматулло Фаттоев мегӯяд, касбомӯзӣ рӯҳи инсонро бо ахлоқи ҳамида, заҳматписандӣ, ростқавлӣ ва инсондӯстӣ қавитар мепайвандад ва ҳикмати мазкур тӯли ҳазорсолаҳо, пушт ба пушт ҳамнафаси мардуми ҳунарманди мо буд ва дар шароити имрӯз аҳамияти бештар касб кардааст. Рӯ овардан ба касбу ҳунар на танҳо тақозои бозори кори ҷумҳурӣ, балки сарчашмаи хушбахтии ҳар як инсон дар оила аст ва мо бахусус аз ҷавонону калонсолон даъват мекунем, ки худро аз ин ҷодаи бошарафу давлати бегазанд ҳеҷ гоҳ канор нагиранд.

Бояд гуфт, ки Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе ҳоло соҳиби базаҳои беҳтарини омӯзиши касбҳои нави замонавӣ буда, дар давраи роҳбарии Неъматулло Фаттоев ба бастовардҳои назарраи соҳавӣ ноил шудааст.

2024-09-23 15:23:21

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

2024-09-23 15:08:13

РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ...

Ҳамасола санаи 22-юми сентябр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари адабпарвару сулҳпарвари мо ҳамчунРӯзи Рӯдакӣтаҷлил карда мешавад. Боиси хушнудист, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо, тоҷикон ба марҳилаи нави худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ расидем. Зинда нигоҳ доштани ному корномаҳои бузургони илму адаби мо маҳз бо шарофату дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Далели ин гуфтаҳо дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани ҷашни 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2008 ба шумор меравад. Таҷлили ин ҷашн боис гардид, ки мо ба рӯзгору осори сардафтари адабиёти классикии форсии тоҷикӣ рӯ оварда, ҷиҳати интишори мероси адабии ӯ кушиш ба харҷ бидиҳем.

Устод Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ замоне ба бунё омад, ки халқи тоҷик пас аз муборизаҳои зиёди озодихоҳӣ соҳиби давлати бузурге бо номи Сомониён гардида буд. Давлати Сомониён тавонист дар як муддати кӯтоҳ забону адабиёти тоҷикӣ - форсиро эҳё намояд. Бояд таъкид намуд, ки дар тарбияи маънавии одамушшуаро Рӯдакӣ нақши шоҳони сомонӣ, махсусан, Наср ибни Аҳмад ва вазири донишманди ӯ Абулфазли Балъамӣ басо бузург аст.

Устод дар як байти худ ин мавзуъро чунин ба қалам медиҳад:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,

Маро бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.

Шоир андешаҳои инсондӯстии худро тавассути образу тасвирҳои воқеӣ бо далелҳои ҳаётӣ муассиру нишонрас ба қалам медиҳад.

Мавзуи дигаре, ки дар шеъри устод Рӯдакӣ инъикос ёфтааст, мавзуи хираду дониш, тарбияи инсон ва некиву накукорӣ мебошад. Масалан дар ин абёт хеле ҷолиб ба мушоҳида мерасад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз,то бад-он гузарӣ.

Устод Рӯдакӣ дар шеъри дигари худ масъалаи хираду хирадмандиро чунин ба қалам медиҳад:

Эй дареғо, ки хирадмандро,

Бошад фарзанду хирадманд,не.

Гарчи хирад дораду дониш падар,

Ҳосили мерос ба фарзанд, не.

Дар баробари чунин шеърҳо абёте дар таркиби ашъори барҷомондаи шоир зиёд аст, ки ӯ дар онҳо аз бетафовутии худ нисбат ба нозу неъмати ҷаҳон сухан мегӯяд ва андарз медиҳад. Масалан:

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,

Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.

Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,

Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.

Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,

Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст?!

Дар абёти зер шоир аз замона панд мегирад, ки чунин аст:

Замона панде озодвор дод маро,

Замона, чун нигарӣ, сар ба сар ҳама панд аст.

Ба рӯзи неки касон, гуфт, то ту ғам нахӯрӣ,

Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.

Замона гуфт маро: Хашми хеш дор нигоҳ,

Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст!.

Муҳаққиқон устод Рӯдакиро ҳамчун суханвари ҳаким баҳогузорӣ кардаанд. Ҳамин аст, ки дар осори ӯ панду насиҳат, суханҳои ҳикматомез, ки хислатҳои беҳтарини одамиро тарғиб ва рафтори ношойистаи онро маҳкум мекунад, ниҳоят бисёр аст. Таъсири бузурги суханони ҳикматомези ӯ гуфтаҳои берӯҳи хушку холӣ набуда, балки натиҷаи таҷрибаи ҳаёти ҳаррӯза, ҷамъбасти хирадмандонаи рафти зиндагӣ мебошад. Аз ин сабаб аксари суханҳои пандомӯзи ӯ барои имрӯзи мо низ аҳаммияти бузурги маънавӣ дорад.

Қобили таъкид аст, ки дар шеър устод Рӯдакӣ инсон ва табиатро на вуҷуди дугона, балки пайкари ягона ба қалам медиҳад ва ба тавассути тахайюл фақат аз ашёи маҳсус фоида бурда, дар зоҳири унсурҳои сағиру кабир шабоҳати аҷиб ва вуҷуди воҳидро мебинад:

Рӯят - дарёи ҳусну лаълат марҷон,

Зулфат -анбар, садаф даҳан, дур(р) - дандон.

Абрӯ -киштиву чини пешонӣ мавҷ,

Гирдоби бало -ғабғабу чашмат -тӯфон.

Ё ин ки:

·        Эй аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,

·        Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ.

·        Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ ҳама ҷӯ,

·        Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ ҳама кӯ.

Агарчи асоси шеъри устодро аксаран ашёҳҳои моддии ҳастӣ ва унсурҳои муҳити табиӣ ташкил мекунанд, ба хотири шеърияти маъно ва ҷанбаи тасвириро касб намудан шоир аз мафҳумҳои абстракт низ истифода намуда, мазмуни ҷолиберо рӯйи кор овардааст:

Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад.

Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад.

В-ар ҷон ба лаб оядам, ба ҷуз мардуми чашм,

Як қатраи об бар лабам кас накунад.

Дар рубоии боло дар доираи ду мафҳуми абстракт - ҳодиса ва таб, ҳамчунин як мафҳуми моддӣ – мардумаки чашм дар шеъри ғиноӣ як навъ амали ҳамосӣ рӯйи кор омада, ҳолат ва вазъияти шахси фоъилро хеле барҷаста тасвир намудааст.

Аз мероси бузургу гаронбаҳои бадеии устод Рӯдакӣ имрӯз танҳо абёти пароканда боқӣ мондааст. Вале аз ҳамин ашъори пароканда ҳам бузургии шоир ба хубӣ эҳсос мешавад. Шояд аз парокандагӣ ва нотамомии абёт мустаҳкамии композитсия, шавқангезии сюжет ва дурахши бадеии шеъри ӯ барҷаста намоён набошад. Аммо гоҳо як мисраъ ҳам бузургии шоирро ба назари мо ҷилвагар месозад. Мо устод Рӯдакиро аз рӯҳи инсонпарваронаи шеъри ӯ, аз образҳои нотакрору ҷовидонӣ ва гардишҳову хулосаҳои аҷоиби файласуфонааш мешиносем.

Ҷиҳати ҷолиби таваҷҷӯҳи назми Рӯдакӣ, пеш аз ҳама он аст, ки дар шеъри ӯ, хоҳ сатрҳои ошиқона бошанд, хоҳ панд ва хоҳ шикояту гилагузорӣ, эҳсоси инсон суруда шудааст, ҳама ашъори шоир саршор аз андеша дар сари тақдири инсон аст. Ӯ яке аз аввалин классикони шеъри форсист, ки ба тасвири инсон таваҷҷуҳ карда, шахсияти инсонро ба адабиёт ворид кард. Гуманизми устод Рӯдакӣ дар ашъори ахлоқию иҷтимоии ӯ боз ҳам равшантар зоҳир гардидааст. Устод Рӯдакӣ омӯзгори бузурги ахлоқ аст. Дар шеъри ӯ ахлоқи пок, одамият, инсонпарварӣ, ақлу хирад, илму дониш ва мардиву бузургӣ талқин шудааст. Устод Рӯдакӣ маънии Ҳаёт ва моҳияти рӯзгори инсонро дар он медонад, ки мардум умрашонро ба беҳудагӣ нагузаронанд, аз паи кореву ҳунаре шаванд, касеро наёзоранд, нексиришту неккирдор бошанд. Аз назари устод Рӯдакӣ ин ҷаҳон дарёест ва аз он танҳо бо киштии некию накӯкорӣ гузаштан мумкин аст. Бузургтарин омӯзгори инсон барои устод Рӯдакӣ таҷрибаи зиндагист. Ҳар кас, ки аз баду неки зиндагӣ ибрат гирифтааст, ҳама мушкилоти рӯзгорро ба осонӣ бартараф карда метавонад. Аз бисёр шеърҳои ӯ бар зидди замон ва нобаробариҳои иҷтимоӣ садои эътирози сахте шунида мешавад.

Хулоса, шеъри устод Рӯдакӣ на танҳо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷаи ғоявӣ ба ҳимояи манфиати мардуми одӣ нигаронида шудааст, балки аз ҷиҳати забону тарзи баён низ ба ин гурӯҳи ҷамъиятӣ наздикӣ дошт. Устод Рӯдакӣ ҳанӯз аз замони худ дар байни аҳли адаб, тазкиранигорон ва дигарон шуҳрати азим ва мақоми баланд дошт. Дар тамоми тазкираҳо, асарҳои адабиву таърихӣ номи устод Рӯдакӣ чун шоири пурқудрату боистеъдод зикр гардидааст. Бисёр шоирон дар ашъори худ устод Рӯдакиро бо эҳтиром ёдовар шуда, ӯро «Одамушшуаро», «Соҳибқирони шоирӣ», «Устоди шоирони ҷаҳон» хондаанд. Масалан, чунин эҳтироми беандозаро мо дар байтҳои зерини Низомии Арӯзии Самарқандӣ дида метавонем, ки бар зидди бадхоҳони шоири бузург гуфтааст:

Эй он ки таън кардӣ дар шеъри Рӯдакӣ,
Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кӯдакист.
К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.


Назар Муҳаммадхоҷа,

котиби масъули рӯзномаи “Ҷаҳони ҳунар”

2024-09-20 15:59:55

ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ТАЪЛИМ – САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

“Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар замони ҷаҳонишавӣ рушди босуръати техника ва технологияи муосир зиндагии аҳли башариятро куллан тағйир дода, муносибатҳои ҷамъиятии сифатан навро ба вуҷуд овард, зеро ҳамарӯза даҳҳо техникаҳои ҷадиди замонавӣ кашф ва ба истифода дода шуда, равишҳои корӣ оҳиста-оҳиста ба шакли электронӣ мегузаранд. Дар ин раванд, кашфи компютер, ихтироъ ва роҳандозии шабакаи глобалии интернет аз нодиртарин дастовардҳои асри гузашта ба шумор меравад. Вале дар асри XXI ин раванд, яъне рақамикунонӣ якбора бо суръати баланд рушд намуда, фаъолият ва зиндагии инсонро бамаротиб осону дигаргун сохт. Он ба инкишофи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсири мусбат расонида, тараққӣ кардани соҳаҳоро дар ҷаҳон хеле боло бурд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамқадам бо давлатҳои дигари олам буда, дар пайи тараққӣ кардани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо истифода аз технологияи муосир ва рушди ин самт басо тадбирҳои муҳим андешида истодааст. Аз ин рӯ, бо роҳандозӣ гардидани барномаҳои мушаххаси давлатӣ онҳо сол аз сол ба натиҷаи дилхоҳу назаррас майли ноилшавӣ доранд.

Имрӯз дар кишвари мо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи мазкур қабул гардида, масъулин пайи татбиқи онҳо ҳамеша ҷаҳду талош мекунанд ва камар мебанданд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, таҳти №1174 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2012-2020 бо мақсади амалисозии Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, таҳти №468 Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон қабул гардид. Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии кишвар бошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, таҳти №451 тасдиқ шуда, Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 таҳти №1713 қабул гардид.

Дар давраи муосири рушди ҷомеа зиёд шудани ҳаҷми афзоиши иттилоот талаб менамояд, ки ба суръат ва сифати азхудкунӣ ва истифодаи минбаъдаи он дар фаъолияти касбӣ эътибори хоса зоҳир намоем. Мақсади ҷалб ба таҳсилот дар ин соҳа низ таълиму тарбияи мутахассисони дараҷаи баланд мебошад. Ин талабот ба таълими омӯзгорон ҳамчун тарбияткунандагони мутахассисони оянда бештар дахл дорад.

Марҳилаи имрӯзаи рушди таҳсилот тағйироти сифатии мазмун, сохтор ва татбиқи технологияҳои нави таълимро дар раванди таълими омӯзгорон тақозо менамояд.

Бояд қайд намуд, ки аксарияти омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ имрӯз дар самти истифодаи технологияи иттилоотӣ омодагии касбии камтар доранд. Аз ин рӯ, ин омилҳо метавонанд ба паст шудани сатҳи умумии қобилияти зеҳнии донишҷӯён таъсири манфии худро расонанд.

Коркарди технологияҳои нави таълими омӯзгорон дар макотиби таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун фанни асосӣ барои омӯзгорони оянда имконияти баланд бардоштани сифати дониши педагогии донишҷӯёни ихтисосҳои мухталифро фароҳам оварда, сатҳи фаъолияти мустақилонаи таълимӣ-маърифатии онҳоро муайян менамояд. Ин технологияҳо бояд дар асоси муносибатҳои замонавӣ ба дараҷаи тайёр намудани мутахассисони соҳа коркард шуда бошанд. Барои саҳеҳ баҳо додан ба фаъолияти таълимии донишҷӯёну хонандагон коркарди технологияи баҳодиҳии сатҳи азхудкунии мавзуъҳои фаннӣ муҳим аст. Ин имконият медиҳад, ки ҳисси қаноатмандии хонандагон аз раванди таълим афзун шавад.

Инчунин, истифодаи технологияҳои муносибати инфиродӣ, технологияии модулӣ-рейтингӣ, технологияи интерактивӣ ва ғайраҳо дар раванди омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгорӣ мусоидат менамояд.

Истифодаи васеи технологияҳои таълим дар раванди омӯзиш қобилиятҳои омӯзгорони ояндаро такомул дода, барои таълиму тарбияи мутахассисони ин соҳа нақши муҳим мебозад. Ба омӯзгор лозим аст, ки ба инкишофи қобилиятҳои эҷодии равшангарони роҳи оянда низ эътибор зоҳир намояд, зеро он элементи зарурии машғулияти замонавӣ мебошад.

Аз дараҷаи фаъолнокии эҷодии донишҷӯён самаранокии фаъолияти таълимӣ барои инкишофи тафаккур вобастагии калон дорад. Истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълими фанни мазкур имконият медиҳад, ки якрангии машғулиятҳо ва фаъолияти устодон бартараф карда шавад. Ба омӯзгорон лозим аст, ки имкониятҳои равонӣ педагогӣ, дидактикӣ, ташкилӣ ва технологии истифодабарии фанни мазкурро дар самти тахассус барои донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ омӯзанд ва тадқиқ намоянд, то ки таълими ин фан мақсаднок гардад.

Бояд таъкид кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз истифобарандагони шабакаи интернет ва технологияи иттилотӣ зиёд шуда, дар ҷомеа технологияҳои инноватсионӣ мавқеи калон пайдо карда истодааст. Технологияи инноватсионӣ ҳам ба сифати илмие, ки роҳҳои беҳтарини таълимро тадқиқ менамояд, ҳам ба сифати системаи тарзҳо, принсипҳое, ки дар таълим истифода мешаванд ва ҳамчун раванди таълим баромад мекунад.

Дар сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илмҳои информатсиониву дақиқ, рӯ овардан ба технологияи муосири таълимӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷойгоҳи махсус дошта, Сарвари давлат борҳо дар мулоқот бо аҳли маориф зарурияти омода кардани мутахассисони касбии соҳаро амри воқеӣ гуфтанд.

Воқеан, барои рушду такомули техникаву технология дар фосилаи 33 соли соҳибистиқлолӣ корҳои азиме ба сомон расонида шуда, Ҳукумати мамлакат бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав ва махсусан рушди соҳаи саноат дар кишвар, беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави мутахассисони илмҳои дақиқ соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуд.

Ҳадафи Пешвои муаззами миллат бо роҳандозии тадбирҳоимазкур,пеш аз ҳама, омода кардани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки иқтидори истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ сол то сол зиёд гардида истодааст. Ба мамалакат мутахассисоне лозим ҳастанд, ки аз лиҳози касбият, дониш ва нерӯмандӣ тавонанд бо технологияи муосири идоракунӣ кор карда тавонанд.

Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки мо дар зеҳну тафаккури насли наврас ва ҷавон омӯзиши технологияи муосирро бештар талқин намоем, зеро ояндаи миллат, пешрафт ва шукуфоии он аз чунин ҷавонони қобилиятнок ва соҳибистеъдод вобастагии калон дорад.

Шуҳрат ЗИКИЛЛОЕВ,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумова



2024-09-20 15:23:35

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара

19 сентябр дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин муассисаи таълимӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 1,23 гектар бунёд гардида, туҳфаи арзандае ба сокинони ин деҳа дар оғози соли нави таҳсил арзёбӣ гардид.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки аҳолии деҳаи мазкур 4500 нафарро ташкил дода, қаблан хонандагон дар бинои кӯҳнаву хурде, ки солҳои 30-юми асри гузашта бунёд гардида буд, таҳсил мекарданд. Бо зиёд шудани аҳолӣ зарурати бунёди муассисаи наву замонавӣ ба вуҷуд омад, ки инак бо иқдоми неки соҳибкорон амалӣ карда шуд.
36 синфхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти таълимӣ ва шароити мусоид барои омӯзгорон ва хонандагон ҷиҳозонида шудааст, ки минбаъд кӯдакону наврасони деҳаи мазкур бо истифода аз ин имконоти муосир, дониши худро такмил медиҳанд.
Роҳбари давлат иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ, муҳим арзёбӣ намуда, онро амали ибратбахш ва шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 китобхона ҳам мавҷуд аст, ки дорои адабиётҳои бадеӣ ва таълимӣ буда, дар қироатхонаи он дар як вақт наздики 40 нафар метавонанд адабиёти дилхоҳашонро мутолиа намоянд.
Синфхонаҳои фаннии физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, география, забони русӣ, математика ва таълими меҳнати писаронаву духтарона бо асбобҳои айёнӣ ва озмоишгоҳу дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин буда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо мусоидат менамоянд.
Маҷлисгоҳи муассисаи таълимӣ, ки дорои 198 ҷойи нишаст аст, барои гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ пешбинӣ шудааст.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти мазкур як толори варзишӣ барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва футбол низ мавҷуд аст, ки ҳуҷраи ивази либос, ҳуҷраи мураббӣ ва амбор барои нигоҳдории асбобҳои варзишӣ ҳам дорад.
Ҳамчунин дар саҳни бинои мазкур боз се майдончаи дигари варзишӣ барои футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст.
Системаи гармидиҳии мутамарказ бо истифода аз ангишт имкон медиҳад, ки синфхонаҳо дар фасли зимистон гарму бароҳат бошанд.
Саҳни ҳавлии ин иншооти соҳаи маориф сабзкорӣ ва сафолакпӯш карда шуда, ҳамчунин роҳи мактаб ва дигар роҳҳои ҳамшафати он асфалтпӯш карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ моҳи марти соли 2024 оғоз гардида, дар муддати шаш моҳ бо сатҳу сифати баланд бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифати маҳаллӣ бунёд карда шуд. Атрофи иншоот панҷарабандӣ гардида, ҳамчунин бо камераҳои назоратӣ ҷиҳозонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дастгириҳои давлатӣ нисбат ба соҳибкорон, алахусус пешниҳоди имтиёзҳо ва татбиқи барномаҳои шарикии давлат бо бахши хусусӣ соҳибкоронро барои саҳмгузорӣ дар ободии Ватан дилгарм намудааст.
Натиҷаи ҳамин буд, ки дар ноҳияи Данғара давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорон муассисаҳои зиёди таълимӣ ва томактабӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад.
Танҳо дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия беш аз 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва боғчаи бачагона бунёд гардидааст.
Ҳамчунин дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба шарафи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 37 муассисаи нави таълимӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 16-тои он ифтитоҳ карда шуд.
Танҳо дар доираи сафари кории имрӯза боз 6 муассисаи нави таълимӣ ва се муассисаи томактабӣ бо саҳми соҳибкорони ватандӯст, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди амал қарор дода шуд.
Маориф дар авлавияти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, сол то сол маблағгузорӣ ба соҳа афзун мегардад.
Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо ва таваҷҷуҳ буд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби медал мешаванд, ба маротиб афзоиш меёбад.