
ДАВРИ ЯКУМИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ НУРОБОД БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-10-17 17:43:29
Санаи 17.10.2024 дар Коллеҷи муҳандисии
техникии ноҳияи Нуробод даври якуми олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем,
ки олимпиадаи мазкур аз тарафи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Ҳадаф аз ташкили
олимпиада амалигардонии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,
дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" мебошад.
Сунаътулло
Баротов, мудири кафедраи фанҳои табии - риёзӣ қайд намуд, ки олимпиада аз
фанҳои таълимии математика, биология, химия, физика ва информатика гузаронида
мешавад. Ҳоло доираи васеи донишҷӯёни коллеҷ аз фанҳои мазкур ширкат намуда,
донишу маҳорати худро санҷида истодаанд.
Гуфта шуд, ки пас
аз ҷамъбаст гардидани даври якуми олимпиада ғолибон ба даври навбатӣ роҳхат
гирифта, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ
донишсанҷӣ мекунанд.
Лозим ба таъкид
аст, ки дар Коллеҷ маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шудааст, ки донишҷӯён берун аз
соатҳои дарсӣ бо омӯзгорони касбӣ ба омӯзиш машғул мешаванд. Аз ҷумла,
фаъолияти маҳфилҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чашмрас ҳастанд.

