
ИШТИРОКИ МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶ ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
2024-10-15 21:38:06
Дар мувофиқа бо Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-ум то 12-уми
октябри соли 2024 Аъзам Байдуллоев - муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумова дар шаҳри Лиссабони
Португалия дар семинари байналмилалӣ таҳти унвони "Бозӣ ва нақши он дар
беҳсозии раванди омӯзиш" дар заминаи лоиҳаи "Омӯзиш дар асоси
душвориҳо" ширкат варзид.
Аъзам Байдуллоев, дар мавзуи “Масъалаи
омӯзиши забонҳо" дар заминаи омӯзиши забони англисӣ, душвориҳо ва раванди
бартараф намудани онҳо дар дарсҳо тавассути усулҳои муосири таълим" бо
истифода аз технологияи рақамӣ тариқи презентасия рӯнамоӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин сафар
ҳамкориҳои Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумова дар доираи
лоиҳаи болозикр рушд меёбад.
