Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ
single-product

КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ

2024-10-15 13:02:43

6 ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардум Конститутсия, ҳуҷҷатисарнавиштсозро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.

Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи кишвари мо ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст, зеро дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлуҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос ёфта, вобаста ба рушди давлатдории миллӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнатро ҳамчун ҳуқуқ эътироф намуда, сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистонро дар худ таҷассум карда, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонотро моликияти истисноии давлатӣ эътироф карда, истифодаи самараноки онро ба манфиати халқи Тоҷикистон кафолат додааст. Вобаста ба таҳаввулот ва пешрафту дигаргуниҳо 3 маротиба: 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 3 феврали соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардида, меъёрҳои он такмил дода шуданд.

Тағйироти конститутсионӣ ва натиҷаҳои муфиди он далели онанд, ки имрӯз раванди рушди конститутсионии Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳои ҷаҳон ба қонуниятҳои ҷаҳонӣ такя мекунад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги миллати тоҷик буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллат мебошад.

Дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди мамлакат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат эълон шудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои дохилӣ таҳия ва қабул шуд. Аз ин рӯ, он ҳамчун санади созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон арзёбӣ мегардад. Чунин таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон ҳоло ҳамчун намунаи ҳалли низои дохилӣ эътироф шудааст.

Боиси ифтихори ҳар тоҷик аст, ки коршиносони як қатор давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ эътироф кардаанд. Тоҷикистон аввалин кишварест, ки дар байни 82 давлати рӯ ба инкишоф барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид самтҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия намуд. Ҳадафи асосӣ роҳандозӣ намудани низоми самарабахш ва шаффофи идораи давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Дар маҷмуъ, ин иқдом, пеш аз ҳама, барои татбиқи муқаррароти моддаи якуми Конститутсия оид ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон нигаронда шудааст.

Дар таърихи навини Тоҷикистон аввалин маротиба дар Конститутсия инсон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир гардонд. Ин ба он маъност, ки ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад.

Дар моддаи 14-и Конститутсия омадааст, ки мазмуну муҳтавои ҳамаи дигар қонунҳоро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳад. Яъне, дар маркази арзишҳо гузоштани инсон маънии дар атрофи он муттаҳид намудани ҳамаи арзишҳои дигарро дорад. Касе, мақомоте ва ё санади меъёрии ҳуқуқие ба хотири ягон манфиат наметавонад ҳуқуқу озодиҳои инсонро маҳдуд ё поймол намояд.

Ҳамзамон, Конститутсия имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти онҳо дарҷ намуд. Бартарӣ, қатъият ва устувории Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки дар асоси раъйи мардум қабул шудааст ва бидуни овози халқ ҳатто як ҳарфи онро тағйир додан мумкин нест. Ин нукта нишони устувории пойдевори давлат ва сохти конститутсионии кишвар аст. Дар ҳамин робита ёдовар мешавем, ки то моҳи ноябри соли 1992 вакилони мардумӣ ба Конститутсияи ҳамонвақта даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки яке аз сабабҳои асосии хусусияти буҳронӣ гирифтани вазъияти ҳамон давр ба ҳисоб меравад.

Хулоса, имрӯз мо дар арафаи 30 - юмин солгарди қабули ин бахтномаи миллат қарор дорем. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки он бо иродаи мардуми тоҷик қабул гардида, дар ин муддат Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ карда, дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ ба талошу даъвоҳои беасоси барои сохти давлатдориамон хатарнок хотима гузошт.

Маҳмадулло ХОҶАЕВ,

декани факултети кори ҳамширагӣ

дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумии

Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор