
ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАЛАКАИ КАСБӢ” ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
2024-10-16 15:39:17
Дар
шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи
касбӣ” миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид.
Озмуни
ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии
автомобил, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, кафшергари барқию газӣ,
ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет технология,
дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таљҳизотҳои
барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр
намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ санитарӣ гузаронида мешавад.
Мақсади асосии гузаронидани озмун такмили
донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ,
тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи
касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо мебошад.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ”
минтақаи Бохтари вилояти Хатлон миёни муассисаҳои таҳлоти ибтидоии касбӣ аз 11
муассиса 117 нафар хонанда аз рӯи 10 ихтисос иштироки фаъолона намуда, касбу
ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Баъди ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳон 44 нафар
хонандагон ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.
Озмун дар байни хонандагони муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ду давр гузаронида мешавад. Даври якуми озмун дар
шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон гузаронида
мешавад.
Баъди ҷамъбасти даври якуми озмун даври
ҷумҳуриявии баргузор мегардад, ки дар он ғолибони даври якуми озмун, ки ҷойҳои
якум, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Дар даври ҷумҳуриявӣ ғолибон бо
Ифтихорнома, Сипосноа ва туҳфаҳои хотиравӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд
