
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ"
2024-10-18 07:01:50
Санаи 17 октябри соли 2024 тибқи Нақшаи
чорабиниҳои Коллеҷ ва мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи
Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 24 сентябри соли 2024, №675 даври якуми озмуни
шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур 35
нафар донишҷӯёну омӯзгорон фаъолона иштирок намуданд.
Ҳайати комиссияи озмуни фаъолияти худро дар
доираи Низомнома ба роҳ монда, омӯзгорону донишҷӯён аз номинатсияҳои зерин
баромад намуданд:
-эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти
Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;
-қироати беҳтарин шеър дар васфи пойтахти
Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;
-иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти
Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;
-иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳи дар васфи
пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;
Комиссия корро
шаффофона ба роҳ монда, беҳтаринҳоро ба даври дуюм (ноҳиявӣ) роҳхат доданд.

