Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-07-16 15:04:59

ИФТИТОҲИ ҶДММ “ҶАВОҲИРОТИ ЗАРГАРИИ ЗАРАФШОН” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон”-ро ба истифода доданд.
    Иншооти нави истеҳсолӣ аз коргоҳҳои заргарӣ ва маркази фурӯши тилло иборат буда, дар як сол иқтидор дорад то як тонна тиллоро коркард намояд. Минбаъд намудҳои гуногуни ҷавоҳирот бо истифода аз технологияи муосир дар ҳамин ҷой истеҳсол ва пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.
    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Душанбе ҷиҳати истихроҷу коркарди металҳои қиматбаҳо дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
    Бо амалӣ гардонидани ҳадафҳои Ҳукумати кишвар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” тибқи лоиҳа 65 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
    23 декабри соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки ҷиҳати таъсиси 4 корхонаи коркарди металҳои қиматбаҳо то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
    Бо иҷрои саривақтии ҳамин супориши Роҳбари давлат Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин сохта ба истифода дода шуд.
    Корхона аз ҳуҷраҳои рехтагарӣ, буриш, занҷирбофӣ, қолабрезӣ, нақшбандӣ, бастубанд ва дигар коргоҳҳо иборат мебошад.
    Хатҳои нави технологии корхона имкон медиҳад, ки ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи ниҳоӣ коркард ва аз он маҳсулоти заргарӣ мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад.
    Намудҳои гуногуни маҳсулоте, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” истеҳсол карда мешавад, дар мағозаи корхона муаррифӣ карда шуд.
    Корхонаи саноатӣ аз ду бинои ду ва се ошёна иборат буда, ҳудуди он, ки 30 садякро ташкил медиҳад, чароғон ва сабзкорӣ шудааст.

PRESIDENT.TJ

2024-07-16 13:48:08

Мулоқоти Фарҳод Раҳимӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси намояндагони халқи музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин

    18 июни соли 2024 мулоқоти Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод бо муовини Раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси намояндагони халҷи музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Ли Сяоин, ки ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши занони Тоҷикистону Чин дар шаҳри Душанбе қарор дорад баргузор гардид.
    Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи кишварҳоро баррасӣ карданд.
    Зикр гардид, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамчун ҳамсояи ҷуғрофӣ ва шарикони стратегӣмуносибатҳои дустонаи худро дар асоси эҳтиром, хамфикрӣ ва дастгирии ҳамдигар таҳкиммебахшанд.
    Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла рушди ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва маориф мубодилаи афкор намуданд.

2024-07-16 11:31:40

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ НОНИЮ ҚАННОДИИ ҶДММ “НОНПАЗ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз”-ро мавриди истифода қарор доданд.
    Иншоот дар заминаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи санъати хоси меъмории миллӣ бунёд ёфта, корҳои навсозӣ ва мутобиқгардонӣ ба замони муосир соли 2021 оғоз гардидааст.
    Таъкид бояд кард, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз” аз солҳои 30-юми қарни гузашта фаъолият дошт ва бо пешрафти замону рушди ҷомеа тамоми дастгоҳу таҷҳизоти он корношоям гардида буд.
    Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар иншоот пурра навсозӣ гардида, дар он тамоми инфрасохтор барои истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ муҳайё гардидааст.
    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити фароҳамгардида ва раванди истеҳсолот ба ташаббускорон ҷиҳати ҳамоҳангӣ дар амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ карда, иқдоми мазкурро намунаи олии дастгирӣ ёфтани сиёсати давлату Ҳукумат дар самти бунёдкориву созандагӣ арзёбӣ намуданд.
    Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар корхонаи “Нонпаз” беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла нон, батон, баггет, кулчаҳои қандин, торт, круассан, шириниҳои варақӣ ва амсоли инҳо истеҳсол карда мешавад, ки бо тамъҳои хоса дар бозори истеъмолӣ харидорони худро пайдо кардааст. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад.
    Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли насли нав буда, аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид гардидааст, ки аз ҷиҳати самаранокии неруи барқ каммасраф ва бисёрфунксионалӣ мебошанд.
    Тавре иттилоъ доданд, бо пурра ба истифода додани корхонаи нонию қаннодии “Нонпаз” теъдоди кормандон аз 200 то ба 400 нафар расонида мешавад, ки дар ин замина иқтидори истеҳсолӣ низ ба маротиб зиёд хоҳад шуд.
    Барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти ниҳоӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ташкили 24 нуқтаи фурӯш дар назар дошта шудааст ва барои анҷоми хизматрасонӣ мошинҳои хизматӣ ҷалб хоҳанд шуд.
    Мавриди зикр аст, ки намои зоҳирии бино бо усулҳои нави меъморӣ бунёд ва чароғон шудааст. Саҳн ва атрофи корхона сабзкорӣ шуда, ҳамчунин роҳравҳои берунии он ва таваққуфгоҳ, асфалтпӯш гардидааст.
    Корхона дар масоҳати 4 ҳазору 800 метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби соҳибкори ҷавон Усмон Мирзоалиев бунёд гардидааст. Иншоот аз сехҳои алоҳидаи истеҳсолӣ иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, муҳосибот, фурӯш, маҷлисгоҳ ва ошхона барои 100 нафар дар бинои маъмурии дуошёна ҷойгир карда шудааст.
    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандон ва масъулин, ба онҳо ҷиҳати беҳтар кардани сатҳу сифати истеҳсолот ва рақобатпазир намудани он дастуру маслиҳатҳои муфид дода, ба фаъолият пардохтани корхонаро қадами муҳим барои рушди соҳаи саноат дар пойтахт арзёбӣ намуданд.
    Дар навбати худ кормандон ва масъулини коргоҳи “Нонпаз” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ва фароҳамсозии шароити созгори кору фаъолият изҳори миннатдорӣ намуда, уҳдадор шуданд, ки минбаъд низ дар амалишавии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳаи саноат саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.
www.president.tj

2024-07-16 11:06:02

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ЯГОНАГӢ, ИТТИҲОД ВА ЯКПОРЧАГӢ

    Миллат ва давлат дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор доранд ва мардум имрӯзҳо, замоне, ки даргириҳои хунин дар аксари мамлакатҳои олам идома дорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳувиятӣ аз як тараф ва мушкилоти дигари иқлимӣ аз тарафи дигар, ки пайомадҳои номусоиди он тағйири боду ҳаво аст, мардум бештар ба мафҳуми ваҳдат, ки маънои он барои одамон якдилӣ, барои давлат якпорчагӣ, барои рушди он иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳаб мебошанд, рӯй меоранд ва онро бояд пос доранд.
    Доир ба мафҳуми ваҳдат ҳамин нуктаро гуфтаниям, ки фаҳмиши ваҳдат хеле қадимист ва шояд аз қадимтарин зинаи ҷомеаи инсонӣ ибтидо гирифта бошад. Ваҳдат дар раванди шаклгирии қабилаҳо ва шиддатёбии низои байни онҳо барои ҳифзи бехатарии аъзои қабила, ки ҳамбастагии зичи онҳоро тақозо дошт, лозим буд.
    Агар амиқтар назар кунем, дар ҳама ҳолат ҳамбастагии қавмию қабилавӣ, ки пасон ба иттиҳодияи қабилавию аз он баъд омили асосии ташаккулу рушди давлатдорӣ гаштааст, дар асоси ифоқаю ваҳдат будааст. Халқҳое, ки беҳтару бештар муттаҳид мешуданд, дигар халқҳои ҳамбастагии сустдоштаро ба зери тасарруфи худ медароварданд. Дар натиҷа империяҳо пайдо мешуданд, ки аз конгломерати халқҳои гуногун иборат буда, ядрои онҳоро халқияте ташкил мекард, ки бештар муттаҳид буда, парокандагию низои дигар халқҳоро истифода мебурд ва иҷборан онҳоро ба худ тобеъ менамуд.
    Ба омилҳои халқиятро муайянкунанда, ҳамзабонӣ, ҳамҳудудӣ, ҳабастагии психологию фарҳангии дар тули асрҳо инкишофёфта, боз як омили дигар – мутаммарказии иқтисодӣ зам мешавад, ки ба ташаккули миллат асоси қавӣ гузошт. Аз инҷост, ки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ низ аз ваҳдат маншаъ мегирад.
    Мафҳуми ваҳдатро бо кадом забоне, ки ном набарем, аз он омили манфиатбахшиаш тағйир намеёбад. Дар фарҳанги тоҷикӣ ибораи «ваҳдат» арабӣ буда, маънии ягонагӣ, танҳоӣ, як будан аст. Ин фаҳмиши дунявии ваҳдат аст.
    Дар асрҳои миёна маҳз ҳамин эҳсоси ваҳдат буд, ки имконияти раҳоӣ аз тобеъияти хилофат, дарёфти мустақилияти комил, ташаккули халқияту давлати тоҷиконро дар замони Сомониён фароҳам овард.
    Дар тули таърихи баъдина моро аз имкони ваҳдатсозӣ истилои беамони аҷнабиён, ивазшавии силсиласулолаҳои онҳо маҳдуд сохта буданд ва қариб ҳазор сол халқи тоҷик фақат заҳри тобеъият чашида, ягона тасаллои дил тарғиби ғояҳои ваҳдат дар назми оламгири тоҷикию форсӣ тараннум мекарду роҳи халосиро дар ваҳдати вуҷуд медид.
    Вале гардиши таърих чун подоши ҳамаи ин ранҷу хориҳо моро ба эҳёи навини давлатдорӣ расонд. Табиист, нигаҳдошти ин атои тақдир, ин дастоварде, ки қарнҳо тоҷикон дар орзуяш буданд, бе ваҳдати комил имкон надошт.
    Воқеан, муҳимтарин сарчашмаи рушди ҳар як давлати соҳибисттиқлол, пеш аз ҳама, ваҳдат – ягонагӣ, иттиҳод ва якпорчагии он маҳсуб меёбад. Ҳодисаҳои сиёсии охири садаи ХХ ва чаҳоряки аввали асри XXI нишон дод, ки бе ваҳдат, ваҳдати комил, ё ин ки ваҳдати миллӣ, ки нуқтаи баландтарини ваҳдати ҷомеа мебошад, на танҳо рушд ва пешрафти мамлакат ба даст намеояд, балки эҳтимоли аз байнравии он ба миён меояд. Ба андешаи коршиносон Ваҳдати миллӣ ин ягонагӣ ва ҳамдилии ҳамагон атрофи миллат дар ростои мусолиҳаҳои миллӣ, ҳифз ва таҳкими арзишҳои суннатӣ, таърихӣ, динӣ, илмиву фарҳангӣ ва ширкати ҳама дар дастёбӣ ба рушди ҷомеа мебошад.
    Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда имкон фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аҷдодӣ ва ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ таҳкурсии қавии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.
    Вале, то расидан ба Ваҳдати миллӣ, ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон рӯзҳои басо вазнинро паси сар кард, ки заминаҳои он ҳанӯз дар охири давраи шуравӣ гузошта шуда буданд ва воқеаҳои февралии соли 1990 эътирози ошкорои душманони миллат ва ҳомиёни дохилию хориҷии онҳо буд.
    Он солҳо гурӯҳҳои алоҳида таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳона кашида, хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷиконро ба вуҷуд оварданд. Эътироф накардани натиҷаи интихоботи умумихалқии соли 1991 аз ҷониби ба ном қувваҳои демократӣ, ки дар асл бозичаи дасти исломгароён буданд, баёнгари он буд, ки ин қувваҳо бо ҳар роҳу восита талоши ҳокимияти сиёсӣ доранд.
    Аз ин ҷост, ки неруҳои бадхоҳ бо дастгирии ҳомиёни худ аз хориҷи дуру наздик Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд, ки он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавӣ гардида, появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро комилан фалаҷ сохта, дар ҷумҳурӣ беқонуниятӣ ва бесомониҳоро ба вуҷуд овард.
    Майдоннишиниҳои беохир, ҳамчун як воситаи асосӣ оғози муборизаи ошкорои мусаллаҳона, таъсиси ба ном Ҳукумати муросои миллӣ, вале дар асл зиддимиллӣ, ки як минтақаи калони мамлакатро дар муҳосира нигоҳ дошта, тавассути воситаҳои ахбори умум, пеш аз ҳама телевизиону радио дар ҷумҳурӣ ошкоро тухми низову бадбинӣ ва маҳалгароӣ мекошт, мардуми тоҷику тоҷикистониёнро ноумед карда буд.
    Дар чунин шароити душвори сиёсӣ шаҳрвандони фаъол ва асили мамлакат ба воситаи вакилони худ дар мақоми олии намояндагии ҷумҳурӣ масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад.
    Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, ҳокимияти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор сохт ва вазъи сиёсию иқтисодии мамлакатро бо дурнамои рушди ояндаи он муайян намуд.
    Иҷлосияи таърихии Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон, Сарвари давлат аз ибтидо дар ин мақоми басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани мамлакатро ба миён гузоштанд. Вале, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аллакай қисмати зиёди қаламрави Тоҷикистонро фаро гирифта буд ва ҳар рӯз иқтисодиёти мамлакат дучори хисороти азим гашта, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон мегардид. Баъдан Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои худ таъкид карда буданд, ки «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
    Дар суханронии таърихии худ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ аз 9 марти соли 2024 Пешвои муаззами миллат аз ин рӯзҳо чунин ёдоварӣ намуданд: «Мо худ шоҳид будем ва хуб дар ёд дорем, ки тамоми фоҷиаҳои солҳои 90-ум дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда сар заданд. Ҳамаро зери по кардем. Ба чӣ оварда расонд? Ба анархия – беҳокимиятӣ!».
    Ба чӣ овардани расонидани ин беҳокимиятӣ ва бесарусомониҳои он давра, ки дар натиҷаи он ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ аланга гирифт, беш аз 150 ҳазор нафар фарзанди миллат кушта, зиёда аз як миллион гуреза, 50 ҳазор кӯдаки ятим, ҳазорҳо оила ғамзада ва мамлакат мотамзада шуда, ба иқтисоди ҷумҳурӣ даҳҳо миллиард сомонӣ хисорот расонида шуда буд, аз хотири мардуми тоҷик ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.
    Аз ин рӯ, имрӯз, ки дар арафаи ин ҷашни бузург қарор дорем, набояд хидматҳои беназири Пешвои миллатро дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин фаромӯш намоем ва нагӯем.
    Сарсупурданҳо, ҷоннисориҳо, ҷони худро ба гарав гузошта ба минтақаҳои ҷангзадаву кишвари гирифтори ҷанг ба хотири сулҳу субот сафаркарданҳо, азхуд гузаштанҳои Роҳбари давлат ва Пешвои муаззами миллат буд, ки сулҳ шуд, оромӣ шуд, тоҷики гуреза ба Ватан баргашт, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ аз нав барқарор шуд, ҳазорҳо километр роҳҳову пулҳову нақбҳо канда шуданд, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ташаббускори сатҳи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохт.
    Пешвои миллат дар чунин як давраи басо мушкили буҳрони сиёсӣ масъулияти олии созандагиро ба зиммаи хеш гирифтанд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва бо мақсади демократӣ кардани ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи ҷумҳурии тозаистиқлолро (6 ноябри соли 1994) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар иртибот ба арзишҳои олӣ дарҷ шудаанд. Мо имсол 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Гузашти 30 сол нишон дод, ки Конститутсия дар ташаккули ҷомеаи нав, пеш аз ҳама, дар таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии ҷумҳурӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нақши созанда гузошт.
    Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси ҷумҳурӣ бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.
    Бояд таъкид намуд, ки ҳар як сокини мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаҳои сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад.
    Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазодди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм, эктремизм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.
    Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ, беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаю мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаю давлатҳои алоҳида ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.
    Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.
    Аз ин рӯ, ҳарчи бештар таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсию мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз пайдо кардааст.
    Маҳз ба ҳамин хотир масъалаи таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ, мақсаднок ва мунтазам таблиғу ташвиқ кардан амри зарурию ҳаётӣ мебошад.
    Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.
    Зеро аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо давлатҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ эмин буда наметавонад. Имрӯз аксари гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав аз номи дини мубини Ислом сӯйистифода карда, миёни мазҳабҳои он низоъҳои нангинро ташкил карда истодаанд, ки ин раванд, бешубҳа, сабабгори паст шудани мақому манзалати ин дини муқаддас дар афкори ҷомеаи ҷаҳон мегардад.
    Аз ин лиҳоз, ҳарчи бештар таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз пайдо кардааст.
    Маҳз ба ҳамин хотир масъалаи таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ, мақсаднок ва мунтазам таблиғу ташвиқ кардан амри заруриву ҳаётӣ мебошад.
    Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон набояд фаромӯш кунанд, ки мо муҳтоҷи ҷаҳонбинӣ ё мазҳаби дигар нестем. Дар ин раванд қайд намудан ба маврид аст, ки аъмоли фоҷиабори ҳаракатҳои зикршуда, аз ҷумла созмони террористии ба ном Давлати исломиро дар олами мутамаддин касе дастгирӣ намекунад ва баръакс, онро ҳама маҳкум мекунанд.
    Кайҳо муайян гаштааст, ки Давлати исломӣ бо дини мубини Ислом ягон робита надорад, баръакс нақшаву нияти қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд, амалӣ карда истодааст.
    Ҳамроҳ шудани баъзе ҷавонони мо ба ин ҳаракатҳо ҳар як инсони бедордилро набояд бетараф гузорад, баръакс ӯро водор созад, ки ба муқобили ин вабои аср мубориза барад ва давлату Ватани худро аз ҳар гуна хатарҳои даҳшатбор эмин нигоҳ дорад.
    Яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба чунин созмонҳо — орзуи дар муддати кӯтоҳ соҳиби пулу моли бисёр шудан мебошад. Онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғи таблиғотчиёни хориҷӣ бовар карда, ба чунин роҳи ҳалокатбор раҳсипор мегарданд.
    Доир ба масъалаи мазкур Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ аз 9 марти соли 2024 бори дигар ба шаҳрвандони мамлакат, махсусан ҷавонон муроҷиат намуда таъкид намуданд, ки «Солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар мамлакатҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст. Мо аз ҳадафҳои ғаразноки душманони миллати тоҷик огоҳ ҳастем ва ҷиҳати пешгирии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодаем. Амалҳои зикршуда бо мақсади беобрӯ кардани миллати тоҷик ва давлати тоҷикон роҳандозӣ карда мешаванд. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки гароидан ба гурӯҳҳои тундрав, даст задан ба амалҳои террористӣ ва бадном кардани давлату миллат оқибатҳои ногувор дорад. Онҳо бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа ба роҳ монда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии кишвар ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд».
    Барои пешгирӣ ва аз байн бурдани чунин падидаҳо ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон, қадру қимати Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ҳимояи арзишу дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, инчунин гирифтани пеши роҳи шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳаракату ҷараёнҳои тундрав эътибори аввалиндараҷа бояд дода шавад.
    Дар ин раванд мо бояд бори дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро, ки дар суханронии худ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат аз 30 майи соли 2024 ба роҳбарӣ гирем ва иҷро намоем, ки фармуданд: «Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад».
    Яъне бештар ба илмомӯзӣ рӯй овардани ҷавонону наврасон, омӯзиши ҳар чӣ бештари фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, донистани техникаву технологияи муосир ва забонҳои хоричӣ имрӯз тақозои замон ва роҳи халосӣ аз ифротишавии ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа аст.
    Аз ин рӯ, дар арафаи ин ҷашн бори дигар таъкид менамоям, ки имрӯз пеш ва беш аз ҳарвақта моро ваҳдат, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат, сиёсати дурандешона, созанда, ободкорона, фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат мебояд. Ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири рӯзгори ободу пешрафти ҷумҳурии азизамон дар атрофи ин абармарди дунёи сиёсат, сарсупурдаи давлату миллат муттаҳид бошем, бо кору пайкори ҳаррӯзаи худ дар татбиқи амалии нақшаву барномаҳои муҳими давлатӣ саҳми арзандаи худро гузорем, бо тоҷик будани худ ва бо Пешвои муаззами миллат ифтихор намоем.
Фарҳод РАҲИМӢ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

2024-07-16 10:05:06

БАЙНИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ОЛТОЙИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД

    Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита, академик Фарҳод Раҳимӣ бо Ирина Лазаренко ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия баргузор гардид.
    Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти кумита, коллеҷҳо ва литсейҳои касбию техникӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумита ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олию ибтидоӣ ва миёнаи касбии Федератсияи Русия ба роҳ мондааст.
    Маврид ба зикр аст, ки тибқи созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии барномаҳои таълимии муштарак, сафарбарии академӣ, ташкили таҷрибаомӯзии кутоҳмуддат, дарозмуддат ва курсҳои бозомӯзӣ ба нақша гирифта шудааст.
    Дар идомаи вохӯрӣ Ирина Лазаренко, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия барои пазироӣ ва меҳнавозии хоси тоҷикона изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф ва илм ёдовар гардид.

2024-07-16 09:46:30

БАЙНИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ВА ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АГРОАКСИЯИ ОЛМОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД

    Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии академик Фарҳод Раҳимӣ бо Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах баргузор гардид.
    Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти Кумита маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ва 2 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият доранд, ки шаҳрвандони кишварро барои бо шуғлу касбҳои талаботи замони муосир таъмин намудан талош меварзанд.
    Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар оянда талош меварзад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро бо таҷҳизоту техникаи муосир таъмин намояд.
    Ёоханнес Калтенбах, Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон барои пазироӣ ва меҳнавозии хоси тоҷикона изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Олмон ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон ёдовар гардид. Зикр гардид, ки Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар доираи ҳамкориҳо дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошими ВМКБ Муассисаи давлатии Литсейи касбии техникиро пурра азнавсозӣ намуда, онро бо техника ва таҷҳизотҳои муосир таъмин ва ба истифода медиҳад. Ҳамзамон, ташкилоти мазкур ният дорад, ки дар ояндаи наздик дар ноҳияи Лахш Литсейи касбии технкӣ бо муосиртарин таҷҳизот сохта мавриди истифода қарор диҳад.
    Дар рафти вохӯрӣ Фарҳод Раҳимӣ ба Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки дар доираи имкониятҳои ташкилот дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ ҷиҳати таъсиси Литсейи касбии техникӣ мусоидат намоянд.
    Аз ҷониби Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах пешниҳоди мазкур хуб пазируфта шуда, таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик сохтмони муассисаи мазкур ба нақша гирифта мешавад.
    Маврид ба зикр аст, ки Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон аз соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, шуруъ аз соли 2015 дар бахши таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон саҳм гузошта истодааст.
    Дар анҷоми вохӯрӣ байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

2024-07-15 14:34:48

ВОХӮРИИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО УМУТ АҶАР

    Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар доир гардид.
    Ҳамзамон, дар вохӯрӣ Давлатзода Баҳрулло, муовини якуми Раиси Кумита, Файзов Шарифҷон, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумита ва ҳамоҳангсози Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози байналмилалии Туркия (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Унал иштирок намудаанд.
    Нахуст, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷаноби Умут Аҷар ва Иброҳим Уналро ба Кумита хайрамақдам гуфта, дар бораи самтҳои фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ инчунин, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маълумоти мушаххас дод.
    Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро яке аз ҷузъҳои муҳими низоми таҳсил эътироф намуда, зеро ин зинаҳо тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро бо мутахассисони баландихтисос таъмин намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон саҳми бориз мегузоранд.
    Академик Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ солҳои охир обрӯву нуфузи баланд касб намудааст. Бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавҳари онро равобити байналмилалии сиёсати “дарҳои боз” ташкил медиҳад, ҳамкории мутақобилан судманд бо давлатҳои дуру наздик густариш ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар ин давра муносибату ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия боз ҳам мустаҳкам гардида, равобити фарҳангиву сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ин ду кишвари ба ҳам дӯст афзуд.
    Зикр гашт, ки бо мақсади таҳкими фаъолияти босамар ва беҳтар намудани шароити таҳсил Кумита талош меварзад, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати навсозӣ, таъмиру тармим, таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳо, аз ҷумла бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонад.
    Умут Аҷар барои истиқболу гарму самимӣ ба роҳбарияти Кумита изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Туркия, ки аз умқи таърих сарчашма мегирад, сол то сол густариш меёбад. Тайи солҳои ахир дар доираи ҳамкориҳои судманди тарафайн чорабиниҳои муштарак миёни корхонаву муассисаҳои гуногуни ду кишвари ба ҳам дӯст мунтазам роҳандозӣ мегардад.
    Дар рафти вохӯрӣ Фарҳод Раҳимӣ ба Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ва ҳамоҳангсози Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози байналмилалии Туркия (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Унал барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳод намуд, дар доираи имкониятҳои ташкилот дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои таъсис додани Парки техникии Тоҷикистону Туркия ҷиҳати бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои амалӣ мусоидат намоянд.
    Аз ҷониби Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ва ҳамоҳангсози Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози байналмилалии Туркия (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Унал пешниҳод ҷиҳати таъсис додани Парки техникии Тоҷикистону Туркия хуб пазируфта, таъкид гарид, ки дар ояндаи наздик лоиҳаи он омода гардида дар мувофиқа бо ҷонибҳо ба нақша гирифта мешавад.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкиму густашири бештари ҳамкориҳои муштарак ва истифодаи тамоми имкониятҳо ба манфиати ҳарду кишвар изҳор намуда, таъкид доштанд, ки баҳри расидан ба ҳадафу мақсадҳо дар ин замина бештар талош хоҳанд кард.

2024-07-15 14:29:14

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024 Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон мулоқот намуданд

    Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 33-юми олимпии шаҳри Парижи Фаронса иштирок менамоянд, мулоқот анҷом доданд.
    Дар вохӯрӣ дар баробари варзишгарон роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, федератсияҳои варзишӣ ва мураббиён иштирок намуданд.
    Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки варзишгарон дар чунин чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ натанҳо бо касбият ва қобилияти фавқулода, балки бо хушахлоқӣ ва рафтору кирдори намунавӣ низ муаррифгари меҳан ва фарҳанги хеш мебошанд.
    Инчунин иброз гардид, ки дастгирии ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст, аз ҷумла варзишгарон ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри инкишоф ва сайқали варзишии онҳо дар мамлакат тамоми шароит муҳайё мебошад.
    Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда варзишгарони тоҷик аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, шумораи роҳхатҳоро ба чунин мусобиқаҳои бонуфуз бештар менамоянд.
    Таъкид шуд, ки варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, аз номи Раиси шаҳри Душанбе бо хонаҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрадор дар пойтахти мамлакат сарфароз гардонида мешаванд.
    Дар охир Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Парчами кишварро ба Темур Раҳимов — парчамбардори дастаи варзишгарони Тоҷикистон тақдим намуда, ба ҳамаи онҳо барору музафаррият таманно намуданд.
    Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 33-юми олимпӣ аз 26 июл то 11 августи соли равон баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст.
    Иштирокчиён давоми 17 рӯз барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд. Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ хоҳанд намуд.

2024-07-15 14:24:32

Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бо роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ оғоз гардид.

    Нахуст, вакилон рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 сентябри соли 2023, №479 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар шаҳри Душанбе»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба ин муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.
    Муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муовини Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳияҳо ва дигар сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки корро дар самти ободонию сабзкорӣ, таъмини ҳифзи муҳити зист, беҳдошти вазъи санитарӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ, сабзазоркунӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва атрофи шоҳроҳҳои даромади шаҳр тақвият бахшанд.

2024-07-15 14:08:29

ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ КУМИТА НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

    9 - июли соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолияти шашмоҳаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони Раис Давлатзода Баҳрулло ва Ализода Алишер, мудири бахши маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сайдулло Қувватзода, намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, рушди иқтисод, ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва директорони коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ натиҷагирӣ карда шуд.
    Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ҳисоботи шашмоҳаро ба ҳозирин расонда, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар маҳсуб дониста, мунтазам барои рушду нумуи он тадбирҳо меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми навбатиашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2023) бори дигар ба ин нукта ишора карда, зикр намуданд, ки «рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».
    Ҳадафу мароми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони Ватани азизамон равона гардидааст. Аз ин рӯ, барои ташкили ҷойҳои кории нав дар дохили кишвар ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон мунтазам тадбирҳо андешида мешавад. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2023) чунин баён гардидааст: «Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯйӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълимии касбу ҳунар ва забономӯзии шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешем».
    Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшудаи Тоҷикистон ва Низомномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14 майи соли 2024 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, оғоз намуд.
    Фарҳод Раҳимӣ, зимни ироаи ҳисобот илова кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки аз инҳо 63 - тои он давлатӣ, 2 - тои он ғайридавлатӣ ва 1 филиали литсейи касбии махсуси маъюбон дар ноҳияи Рӯшон мебошанд.
    Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 ҳазору 525 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз ин шумора 4 ҳаҳору 576 нафар духтар, 46 нафар ятими кулл, 689 нафар нимятим ва 211 нафар маъюб мебошанд.
     Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 3 ҳазору 857 нафар корманд, аз ҷумла 3 нафар номзади илм, 1 ҳазору 875 нафар омӯзгор ва 904 устои таълими истеҳсолӣ фаъолият доранд.
Дар ин зинаи таҳсилот аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода гардида, дар назар аст, ки теъдоди ихтисосҳо то ба 1000 ихтисос зиёд карда шавад.
    Ҳоло хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 62,0% китоби дарсии фанҳои умумитаълимӣ ва 35,1% китоби дарсии фанҳои тахассусӣ таъмин мебошанд. Дар асоси наҳша давра ба давра таҳия ва нашр намудани китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, илова гардид, ки дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 4 филиал фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи 10 самт, (омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иҳтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуҳуҳ ва таъмини бехатарӣ) 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад.
    Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 90096 хонанда ва донишҷӯй (67641 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 6 ҳазору 85 нафар омӯзгор (2765 зан) дарс медиҳанд, ки аз онҳо 18 нафар (3 нафар зан) доктори илм ва 175 нафар (48 нафар зан) номзади илм мебошанд.
    Иҷрои «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи миёнамуҳлати омода кардани мутахассисони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027» зери назорати Кумита ҳарор дошта, аз натиҷаи амалишавии барномаҳои мазкур соле як маротиба ба унвонии Ҳукумати Вумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда мешавад.
    Маврид ба зикри хос аст, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 дар самти иҷрои «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 2 ҳазору 233 нафар, аз ҷумла 723 нафар занону духтарон курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм карда, зиёда аз 400 нафари дигар айни замон дар касбомӯзӣ ҳарор доранд.
    Дар фарҷом мудири бахши маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сайдулло Қувватзода миннатдории худро ба роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони ҷавобгуи бозори меҳнат иброз дошта, натиҷаҳои шашмоҳаи якуми соли 2024 - ро хуб арзёбӣ карда, барои фаъолияти пурсамар дар оянда ба кормандони Кумита барору комёби орзу намуд.
    Таъкид гардид, ки бо мақсади пешрафти зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён ва тайёр намудани мутахассисони касбии дар бозори меҳнат раҳобатпазир ва ба ин васила ғанӣ гардонидани неруи зеҳнӣ ва касбии коргарии кишвар тибҳи ҳарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
    Дар охир ҳайати кормандони Кумита бо эҳсоси ифтихори ватандорӣ аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу ҳаноатмандӣ намуда, бо ҳиси баландӣ миллӣ баён доштанд, ки бо дарки масъулияти дучанд фаъолиятро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ҳиссаи арзишманди худро мегузорем.

2024-07-15 13:48:20

ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТА ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ БУҶЕТИ ТАҲСИЛОТ

    Сиёсати молиявӣ аз қисмҳои таркибӣ ва асосии сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, ҳамеша такмил ва татбиқи таҷрибаи бешрафтаро тақозо менамояд. Дар ин замина омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ яке аз василаҳои муассири таҳия ва ҷорӣ намудани тарҳҳои натиҷабахши молиявӣ маҳсуб меёбад, ки дар ин самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Бо мақсади татбиқи созишномаи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилот ва таёрии техникӣ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои барномаи давлатии дастгирии буҷети бахши шуғл аз 10 то 17 июли соли 2024 дар ҷумҳуриҳои Гурҷистон ва Арманистон барои кормандони мақомоти молия ҷиҳати мубодилаи донишу таҷриба чорабиниҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад.
     Дар чорабиниҳои мазкур, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвар Қурбониён, сардорони раёсатҳои молия, маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо бо мақсади омӯзиши таҷриба дар самти истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ба кишварҳои Гурҷистон ва Арманистон сафар намуданд.
    Ҳадаф аз чорабиниҳои мазкур шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафта дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ, шафофияти буҷетӣ ва саманоки буҷети таҳсилоти Ҷумҳуриҳои Гурҷистон ва Арманистон мебошад.