
ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД
2024-10-02 14:49:50
Санаи 26 сентябри соли 2024 доктор Сандип Кулшрешта
директори Институти илмӣ-тадқиқотии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамзамон
профессори Донишкадаи сайёҳӣ ва идоракунии меҳмонпазироии шаҳри Ҳайдаробод ба
Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Доктор Сандип Кулшрештаро директори Коллеҷ
Рабизода Наҷибулло, намояндаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Низомов ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқоти фаъолияти муассисаи таълимӣ
тариқи призинтатсия пешниҳод гардид. Ҳавасмандии ҷонибҳо оид ба масъалаҳои
вобаста ба таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар самти гузаронидани чорабиниҳои илмии
муштарак, инчунин аз такмили ихтисос ва бозомӯзи гузаронидани омӯзгорону
кормандон дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва Ҷумҳурии Ҳиндустон матраҳ гардиданд.
Доктор Сандип Кулшрешта аз озмоишгоҳҳои
сайёҳӣ, физика, химия ва технологияҳои рақамӣ дидан намуда, ҳавасмандии хешро
ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.

