Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР НАЗДИ ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА, 4 МАКТАБИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ВА 2 МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ ХУСУСӢ
single-product

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР НАЗДИ ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА, 4 МАКТАБИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ВА 2 МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ ХУСУСӢ

2024-10-17 17:35:50

 

17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода як қатор иншоот, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббиро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудаанд.

Бинои иловагии таълимӣ тарҳи замонавӣ дорад ва дар 8 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш барои 240 хонанда имкони омӯзиши илмҳои муосир фароҳам оварда шудааст.

Раванди таҳсил дар кабинетҳои фаннӣ бо истифода аз 40 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет ба омӯзиши бештари илмҳои даққиқ мусоидат менамояд.

Бинои хобгоҳ бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, дорои 48 ҳуҷраи барҳаво бо 400 рахти хоб мебошад.

Хобгоҳ бо шароити мусоид барои бо ҷойи хоб таъмин намудани хонандагони дурдаст, аз ҷумла шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав пешбинӣ шудааст.

Маҷлисгоҳи Литсей-интернати шаҳри Турсунзода бо 140 ҷойи нишаст ва ошхона бо 200 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Раванди таҳсил аз ҷониби 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус ба зиёда аз 1000 хонанда бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

Китобхонаи электронии пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет метавонад барои дастрасии таълимгирандагон ба маълумоти зарурӣ мусоидат намояд.

Иловатан хоҳишмандон имкони истифода аз 1600 номгӯи адабиётро доранд.

Вақтҳои холигии хонандагон бо машғулиятҳои варзишӣ дар шароити сатҳи баланд сурат мегирад.

Бунёди майдончаи варзишӣ метавонад дар тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба бозиҳои волейбол ва футбол нақши муассир гузорад.

Таъсиси бунгоҳи тиббӣ ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳа фаврияти муоина ва кӯмаки аввалияи тиббӣ ба хонандагонро таъмин месозад.

Волидоне, ки ба хотири шиносоӣ аз ҷараёни таҳсил ва огоҳ будан аз сатҳи донишу малакаи фарзандони худ ба Литсей-интернат ташриф меоранд, метавонанд аз хизматрасонии сатҳи баланд дар меҳмонхонаи назди муассиса истифода намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити таҳсил ва буду бош дар Литсей-интренати шаҳри Турсунзодаро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, аз хонандагон омӯзиши илму ҳунар ва аз омӯзгорон омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро тақозо карданд.

Иншооти мазкур, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Листей-интернати шаҳри Турсунзода ифтитоҳ карда шуд, ба таъсиси 14 ҷойи нави корӣ замина фароҳам овард.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусиро ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Танҳо ҳамин рӯз дар шаҳри Турсунзода дар 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3500 хонанда дар ду баст ва дар 3 муассисаи нави томактабӣ барои 650 кӯдак шароити муосири таълиму тарбия ба истифода дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки барои фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар шаҳр сохтмони боз 8 муассисаи томактабӣ барои 1200 кӯдак идома дорад.

Дар деҳоти Қаратоғи деҳаи Зарнисори шаҳри Турсунзода бинои дуошёнаи иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №103 ифтитоҳ гардид.

Бинои иловагӣ иборат аз 8 синфхона барои 384 хонанда дар ду баст бо харҷи беш аз 3 миллиону 455 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар деҳаи Неъматбачаи деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Массисаи мазкур аз 14 синфхонаи барҳаво, китобхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, бо саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.

Дар муассисаи тозабунёд барои 240 хонанда дар ду баст шароиту имконоти муосири таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Дар деҳаи Меҳргони деҳоти “10-солагии Истиқлолият” бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80, ки барои 450 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои тозабунёд аз ду ошёна ва 8 синфхонаи таълимӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳа бунёд гардидааст.

single
single
single
single
single