
ҲИФЗИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ
2024-10-15 13:00:58
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва пуртазод рушди
ҳеҷ рукни давлатдориро бидуни донишҳои зарурӣ ва истифодаи технологияи
иттилоотӣ - коммуникатсионӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Дар арафаи
гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи устувори рушди технологияҳои муосир
омӯзиши амиқи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ аҳамияти
махсусро пайдо мекунад. Дар ин радиф, дар шароити мукаммалгардонии механизми
ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо мутобиқсозии тамоми равияҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ
ва иҷтимоӣ комилан рушди ҷараёни умумиҷаҳониро талаб менамояд.
Айни замон, дар ташаккул ва рушди хоҷагии халқ таъсири ҷаҳиши илмию техникӣ
аҳамияти хоса дорад, ки аллакай ҳар як фарди соҳибмаълумот ҳаёти худро бе
технологияи муосир тасаввур карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, донишҷӯён бояд ба
ғайр аз донистани технологияи муосир, инчунин донишҳои ҳифзи иттилооти
ҷойдоштаро низ дошта бошанд.
Рушди раванди иттилоотии ҷомеа ва татбиқи комили имкониятҳои компютер дар
тамоми самтҳои фаъолияти инсон муаммои амнияти иттилоотиро боз ҳам ба дараҷаи
болотар бардоштааст. Акнун дар баҳисобгирии маҷмӯи шароитҳои нави гардиши
иттилоот, эҷод ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ, ки онҳо дар якҷоягӣ муҳити
иттилоотӣ ном гирифтаанд, ҳалли ин мушкилотро саривақт дарёфтан зарур аст.
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» таҳти №334, аз
12-уми ноябри соли 2002, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография»
таҳти №832, аз 3-юми июли соли 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» таҳти № 411, аз 18-уми июни соли 2008 ва ғайра.
Қонунҳои мазкур аз ҷиҳати назариявӣ доир ба самти ҳифзи иттилоот саҳми хешро
мегузоранд.
Ба воситаи истифодаи технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ инсон
метавонад шахсият ва мавқеи худро ба вуҷуд орад. Аз ин лиҳоз, зарурате ба миён
меояд, ки бояд инсон барои зистан дар шароити нави ҳаёт, яъне дар муҳити
автоматикунонидашудаи иттилоот омода бошанд, тавре Пешвои муаззами миллат
таъкид менамоянд:
“Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилотиву коммуникатсионӣ ва
ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад:
Амнияти иттилоотӣ - ин маҷмӯи тадбирҳо ва стратегиёҳоест, ки барои
муҳофизат кардани маълумотҳо, системаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳо аз таҳдидҳо,
хатарҳо ва истисмори ғайриқонунӣ равона шудааст. Он ба бехатарии маълумот дар
тамоми давраҳои ҳаёти он, аз ҷамъоварӣ то нигоҳдорӣ ва интишор, диққат медиҳад.
Амнияти иттилоотӣ кӯмак мекунад, ки ташкилотҳо ва давлатҳо аз таҳдидҳои
киберӣ, ба монанди вирусҳо, ҳамлаҳои киберӣ, фишинг ва хатарҳои дохилӣ
муҳофизат шаванд.
Истеҳсолкунандагон ва муштариён бештар ба системаҳое боварӣ доранд, ки
амалҳои муҳофизатии муфидро ба роҳ мемонанд, ки ин ба рушди иқтисод ва тиҷорат
кумак мекунад.
Бисёре аз кишварҳо қонунҳои махсуси амнияти иттилоотиро қабул кардаанд, ки
риояи онҳо барои ташкилотҳо ва муассисаҳо ҳатмӣ мебошад.
Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ
дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017 № 443 тасдиқ
шудааст. Барнома аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гирифта,
ҳадаф афзалият ва тадбирҳои рушди технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсиониро
дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян менамояд. Дар ин шароит соҳаимаориф бе
истифодабарии воситаю усулҳои муосири коркард, интиқол ва пешниҳоди иттилооти
электронӣсамаранок буда наметавонанд.
Чунонки тадқиқотҳо нишон медиҳад, зиёд гардидани ҳаҷми иттилооте, ки дар
соҳаи маориф истифода бурда мешаванд, бояд ба манбаи ягонаи иттилоотӣ асос
ёфта, ба таври замонавӣ коркард карда шаванд.
Дар асри маълумот, амнияти иттилоотӣ як рукни муҳимми рушди иқтисодӣ ва
иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун як кишваре, ки дар марҳилаи
рушди технологияҳои навин қарор дорад, бо чолишҳои мухталифе рӯ ба рӯ мебошад,
ки ниёз ба таҳким ва баррасии амнияти иттилоотиро афзун мекунанд.
Таҳдидҳои киберӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои киберӣ, вирусҳо, ва фош шудани
маълумот, яке аз масъалаҳои ҳалталаб мебошанд. Ин хатарҳо метавонанд барои
муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин барои шаҳрвандон хатар эҷод кунанд.
Чунин таҳдидҳо на танҳо ба бехатарии иттилоот, балки ба эътимоди ҷомеа низ осеб
мерасонанд.
Яке аз тадбирҳои муҳими таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ин тайёр кардани
мутахассисон дар соҳаи киберситемӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими барномаҳои таълимӣ ва курсҳои махсус барои
мутахассисон шуруъ кардааст. Ташкилоту муассисаҳоро лозим аст, ки кормандони
худро бо дониши замонавии киберситемӣ таъмин кунанд.
Амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти рушди технологӣ ва
таҳдидҳои киберӣ, як масъалаи бисёр муҳим боқӣ мемонад. Таҳкими сиёсати
давлатӣ, омодагии мутахассисон, ва истифодаи технологияҳои муосир метавонанд
барои коҳиш додани хатарҳо ва таъмини бехатарии иттилоотӣ мусоидат намоянд. Ин
раванд, на танҳо амнияти иттилоотиро беҳтар мекунад, балки рушди иқтисод ва
иҷтимоии кишварро низ таъмин менамояд.
Амнияти иттилоотӣ як соҳаи муҳими ҳаёти замони муосир аст, ки бо рушди
технологӣ ва афзоиши таҳдидҳои киберӣ робита дорад. Таъмини амнияти иттилоотӣ
на танҳо барои ташкилотҳо, балки барои давлатҳо ва ҷомеа низ муҳим мебошад. Ин
раванд ба талаботҳои навин ва стратегияи муосир ниёз дорад, то бехатарии
иттилоот ва маълумотҳо таъмин гардад.
Дар замони муосир ягон кишваре, созмоне ва махсусан истифодабарандагони
интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз таҳдиду хатари ҷиноятҳои киберӣ дар канор
монда наметавонанд. Имрӯзҳо инкишофи ҷиноятҳои киберӣ бештар дар шабакаҳои
иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ зиёдтар ба чашм мерасанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд,
ки дар баъзе кишварҳо 4/10 истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет
қурбони ҷиноятҳои киберӣ мегарданд. Бинобар ин, раванди зиёд шудани таҳдидҳои
киберӣ давлатҳоро вазифадор месозад, ки ба амнияти иттилоотии кишвари худ
диққати махсус дода, аз уҳдаи таъмини он баромада тавонанд, зеро дар асри ХХ1
амнияти миллии ҳар як кишвар пурра аз амнияти иттилоотӣ вобастагӣ дорад.
Нурулло Саидзода, мутахассиси Раёсати
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон