Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-07-27 13:06:53

ТАВАҶҶУҲ, ЭЪЛОН!

    Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма мерасонад, ки санаи 30 июли соли 2024, соати 9:00, дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо 94 нишасти матбуотии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор мегардад.
    Намояндагони ВАО метавонанд, барои дарёфти маълумотнома ва пешниҳоди саволҳо ба Маркази матбуоти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тел: 881-88-80-41, e mail: roma-jum@mail.ru муроҷиат намоянд.
СОМОНАИ РАСМИИ КУМИТА www. Tahsilot.tj

2024-07-27 12:46:06

БАРОИ ТАҲИЯ НАМУДАНИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ ФАНҲОИ ТАХАССУСӢ ҶАЛАСА ДОИР ГАРДИД

Санаи 24 июли соли равон таҳти раёсати Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, бо иштироки муовинони раис Давлатзода Баҳрулло, Алишер Ализода, раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии кумита, директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷаласаи Гуруҳи кории дохилиидоравӣ ҷиҳати таҳия, тарҷума ва нашри китобҳои дарсии соҳавӣ баргузор гардид.


Возможно, это изображение 4 человека


Возможно, это изображение 3 человека и текст


    Дар ҷаласа академик Фарҳод Раҳимӣ, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаи омода намудани китобҳои дарсӣ, тибқи Дастурамал оид ба таҳияи адабиёти таълимӣ зимни таълифи китобҳои дарсӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки ҳамчун муассисаҳои заминавӣ муайян карда шудаанд, дар таҳия ва тарҷумаи китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ бо мутахассисон ҳамкориро ба роҳ монанд.
    Таъкид гардид, ки таъмини хонандагон бо китоби дарсӣ ба боло бурдани сифати таълим ва беҳтар намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.

Возможно, это изображение 3 человека и текст

Возможно, это изображение 4 человека

    Дар фарҷоми ҷаласа, аз ҷониби Раиси кумита ба аъзои Гуруҳи кории дохилиидоравӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои саривақт таҳия ва тарҷума намудани китобҳои дарсӣ ва модулҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

2024-07-22 15:42:59

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ КУМИТА


22 июли соли ҷорӣ дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовинони Раиси Кумита, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии Кумита ва 15 нафар кормандоне, ки нав ба хизмати давлатӣ тариқи озмун қабул гардидаанд, иштирок намуданд.

Возможно, это изображение 1 человек


Возможно, это изображение 7 человек


    Нахуст Раиси Кумита ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, иброз дошт, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур афзоиш меёбад, ки он барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам меорад.


Возможно, это изображение 1 человек и помост


Возможно, это изображение 1 человек и помост


    Дар ҷаласа ҳамзамон, баррасии масъалаи аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҷалб ва дастгирии омӯзгорони ҷавон, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷои кор, бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҷалби беҳтари хонандагон ба литсейҳои касбӣ, ташкили махзани маълумотҳои оморӣ, азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, таъмини хонандагону донишҷӯён бо маводҳо ва китобҳои дарсӣ, ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, тарбияи ватандӯстии хонандагону донишҷуён, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, зиёд намудани иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ инчунин, масъалаҳои болозикр ва бартараф намудани норасоиҳо чораҳои таъхирнопазирро андешанд.


 Возможно, это изображение 1 человек


Возможно, это изображение 1 человек и текст


Возможно, это изображение 1 человек и помост


    Ҳамзамон, мувофиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шаҳрванде, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул мешавад, дар ҳузури кормандони мақомоти давлатӣ ботантана ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ савганд ёд менамояд.
    Дар робита ба талаботи қонунгузорӣ, имрӯз, зимни баргузории ҷаласаи назоратӣ маросими тантанавии савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ, ки нав ба хизмати давлатӣ шомил шуданд, баргузор гардид.
    Хизматчиёни давлатии навтаъин дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд карда, бо имзо гузоштан ба манти савганди қироатнамуда, санадҳои мазкурро ба Раиси Кумита супориданд.

Возможно, это изображение 1 человек

Возможно, это изображение 1 человек

Возможно, это изображение 1 человек, помост и текст

Возможно, это изображение 1 человек и помост

    Дар охир, Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия, барнома, консепсия, протоколи ҷаласаҳои назоратии назди Раиси Кумита дастуру супоришҳои мушаххас дод.

2024-07-18 16:23:36

Таъиноти кадрӣ 18.07.2024

    18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои мақомоти судӣ, Прокуратура, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва якчанд мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.


Возможно, это изображение 11 человек и текст


    Номзадии Мирзозода Неъмат Мирзо ба баррасии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин намудан ба вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ пешниҳод карда шуд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Раиси суди шаҳри Хоруғи ВМКБ, Раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, Судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, Судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, Муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе, Муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кадрҳои ҷавону соҳибтаҷрибаи соҳа таъин карда шуданд.


Возможно, это изображение 8 человек и текст


    Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзидаю таҷрибадор ба вазифаҳои Муовини вазири маориф ва илм, Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Роҳбари Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”, Муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо”, Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъин гардиданд.
    Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ, Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои роҳбарикунандаи ин соҳаҳо таъин карда шуданд.


Возможно, это изображение 5 человек, Овальный кабинет и текст


    Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону варзида ба вазифаҳои сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Мурғоби ВМКБ, Прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Суғд, прокурорҳои ноҳияҳои Муминобод ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Сангвору Рӯдакӣ ва сардорони ду раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин гардиданд.
    Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баъзе командирони қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ асосан аз ҳисоби кадрҳои дорои ду ва зиёда таҳсилоти олии ҳарбӣ амалӣ гардид.
    Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба рафтори ношоиста ва ғайриоинномавии раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ раво дидааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ӯ натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад.


Возможно, это изображение 14 человек и текст


    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суҳбат аз вазъи мураккабу зудтағйирёбанда дар минтақа ва ҷаҳон ва афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ёдовар шуда, ҳозирин ва ба василаи онҳо ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва муҳофизони Ватанро ба хизмати содиқонаю софдилона, баланд бардоштани донишу маҳорати касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тарбияи дурусти кадрҳои ҷавон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа ва пурзӯр намудани қудрати дифоии давлат ҳидоят намуданд.
    Таъкид гардид, ки доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ҳамеша дар ҷойи аввал гузоштани манфиатҳои миллии Ватан аз ҷумлаи талаботи асосии роҳбарияти давлат аз ҳар як хидматчии давлатӣ ва муҳофизи марзу буми Тоҷикистони азиз аст.


Возможно, это изображение 8 человек и текст

2024-07-17 15:42:59

Ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    5 июл дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
    Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти ду иншооти муҳташаму муосир - Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.
    Зимни суханронӣ дар назди иштирокдорони чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси Олӣ ва ҳайати кормандони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин муносибати хотирмон табрик гуфта, аз таърихи оғози бунёди иншооти нав ёдовар шуданд.
    Таъкид гардид, ки сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур, ки намои онҳо бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд.
    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар биноҳои замонавӣ барои фаъолияти ду мақомоти калидии ҳокимияти давлати кишвари мо – Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити беҳтарини корӣ фароҳам оварда шудааст.
    Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин биноҳо ба пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҳусну таровати нав бахшида, симои онро боз ҳам зебову рангин менамоянд.
    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, ба бинокорону меъморон ва муҳандисону коргарон, ки дар сохтмони маҷмаа саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуданд.
    Президенти кишвар иброз доштанд, ки ин маҷмааи биноҳои бо дастгирии муҳтарам Си Ҷинпин бунёдгардида, дӯстии пойдор, рӯҳияи рафоқат ва муносибатҳои неки ҳамсоягии мардумони Тоҷикистону Чинро инъикос мекунад.
    Дар фароварди суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои дастгириҳои доимӣ аз раванди рушду пешрафти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва саҳми муассир дар бунёди маҷмааи биноҳои Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.



    Дар маросими ифтитоҳи расмии биноҳои боҳашамати парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, ҳозирин ва мардуми кишварро бо ин рӯйдоди хотирмони таърихӣ табрику таҳният гуфтанд ва ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва мардуми ҳамсоякишвари бузург барои ин кумаки пурарзиши беғаразона арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.
    Сипас, сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин бо шароити корӣ дар бинои Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд.
    Зимни шиносоӣ ба Сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки дар рафти сохтмон беш аз 1500 коргари маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ аз 5 ширкати сохтмонӣ иштирок кардаанд.
    Бинои Парлумон дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо бунёд гардидааст.
    Баландии бинои асосӣ 49,7 метр буда, бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 43 ҳазору 750 метри мураббаъ мебошад.
    Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудааст.

Возможно, это изображение небоскреб, храм и Темпл-Сквер в Солт-Лейк-Сити

Нет описания фото.

    Дар рафти сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос, бо нақшу нигор мувофиқ бунёд гардид. Ороиши ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода шудааст.
    Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.
    Масоҳати қитъаи замини маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15-ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13-ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд шудааст.
    Дар ошёнаҳои бинои Ҳукумат ҳуҷраҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату сохторҳои зертобеи он, толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо сохта шудааст. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.
    Баъди шиносоӣ бо шароити бинои Парлумон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба кори босифати бинокорон баҳои баланд доданд.
    Бунёди биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи муносибатҳои судманду самимии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин бунёду ба истифода дода шуд, метавон намунаи олии ҳамкории ду кишвар номид.

Возможно, это изображение 5 человек и текст

Возможно, это изображение 8 человек и текст

2024-07-17 15:17:59

ТАҲИЯИ НАВИ СОМОНАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сомонаи нави https://www.president.tj, ки аз ҷониби мутахассисони варзидаи ватанӣ таҳия гардидааст, аз шакли пешинаи худ бо тарҳи зебою замонавӣ, суръати баланд ва дигар имконоти муосир фарқ намуда, ҳамқадам бо дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини фаврият, сабукии кори истифодабарандагон ва дастрасии озоду бевосита ба хабарҳо аз фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
    Дар сомона имкониятҳои нав барои дарёфт кардани маводи зарурӣ, аз ҷумла пешниҳоди васеи ҷустуҷӯ аз рӯйи калидвожаҳо, сана ва рақам, калону хурд кардани ҳаҷми матнҳо, бо сифати баланд дар таҷҳизоти худ боргирӣ кардани аксу наворҳо ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубодила намудани онҳо фароҳам оварда шудааст.
    Барои истифодабарандагони компютер, телефонҳои мобилӣ ва планшетҳо тарҳҳои алоҳидаи сомона таҳия гардида, хабарҳо дар онҳо ба таври хос ҷойгир карда мешаванд.
    Ҳамаи маводи сомона бо чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисиву арабӣ пахш ва бо аксу наворҳои баландсифат пешниҳод мегардад. Бахшҳои сомона аз зербахшҳои зиёд иборат буда, дар онҳо маълумоти муфассалу фарогири ҷанбаҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.
    Дар сомона барои хонандагон ҳамчунин дар бораи Тоҷикистон, Рамзҳои давлатӣ, Пешвои миллат, Президент, Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроия маълумот пешниҳод гардидаанд.
    «Нома ба Президент» аз бахшҳои муҳими сомона буда, барои таъмини робитаи мустақиму бевоситаи Роҳбари давлат бо истифодабарандагони ин саҳифаи интернетӣ ва умуман мардуми кишвар пешбинӣ шудааст.
    Бояд ёдовар шуд, ки аввалин маротиба сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2005 таҳия гардида, соли 2012 навсозӣ шуда буд.
    Таҳияи нави сомонаи https://www.president.tj ба кормандони воситаҳои ахбори омма ва ҳар як истифодабарандаи шабакаи ҷаҳонии интернет имконият медиҳад, ки бо истифода аз навгониҳои он ё аз саҳифаҳои Президент дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, X.com, Telegram, Youtube саривақт, бевосита ва ба осонӣ маълумоти заруриро дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт намоянд.

2024-07-17 15:03:00

ВОХӮРИИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО РАЙМУНДАС КАРОБЛИС

    Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Раймундас Кароблис доир гардид.
    Нахуст, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷаноби Раймундас Кароблис ва ҳайати ҳамроҳонашро ба Кумита хайрамақдам гуфта, дар бораи самтҳои фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ инчунин, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои мазкур маълумоти мушаххас дод.
    Академик Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро ба сифати яке аз ҷузъҳои муҳими низоми маориф арзёбӣ менамояд, зеро ин зинаҳо тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро бо мутахассисони баландихтисос таъмин намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон саҳми бориз мегузоранд.
    Таъкид гардид, ки бо мақсади таҳкими фаъолияти босамар ва беҳтар намудани шароити таҳсил Кумита талош меварзад, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати навсозӣ, таъмиру тармим, таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳо, аз ҷумла бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонад.
    Ҷаноби Раймундас Кароблис барои истиқболи гарму самимӣ ба роҳбарияти Кумита изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, изҳорӣ омодагии худро ҷиҳати таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо техникаву технологияи зарурӣ, асбобҳои аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ ва дастурамалҳои корӣ баёнд дошт.
    Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкиму густашири бештари ҳамкориҳои муштарак ва истифодаи тамоми имконияту зарфиятҳои мавҷуда изҳор намуда, таъкид доштанд, ки баҳри расидан ба ҳадафу мақсадҳо дар ин замина талош хоҳанд кард.
    Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар руҳияи созанда, ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо аз натиҷаи мулоқоти баргузоргардида ибрози қаноатмандӣ намуданд.

2024-07-17 14:55:15

ВОХӮРӢ БО АВВАЛИН ХАТМКУНАНДАҲО

    Дар толори Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтар бо аввалин хатмкунандагон вохурӣ доир гардид.
    Дар вохӯрии мазкур Ашуров Ойбек - директори Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтар, муовинон, деканони факултаҳо, омӯзгорон ва хатмкунандагон ширкат варзиданд.
    Ашуров Ойбек зимни баромади худ иброз дошт, ки тавре ба ҳамагон маълум аст Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтар, бо ташаббус ва ибтикори соҳибкори ватандуст Қаҳҳоров Қурбоналӣ ва бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.
    Боиси хушнудист, ки айни замон баъди 3 соли фаъолияти худ Муаасисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтар аввалин хатмкунандагонашро барои хизматҳои шоиста ва ҳифзи солимии миллат раҳсипор намуд.
    Дар ин роҳи пурмашақати илму дониш кормандони ин даргоҳ бо заҳмату талошҳои беназири худ саҳми босазои худро гузоштанд ва арзандаи таҳсину офарин ҳастанд.
    Донишҷӯёни муассиса, ки аз ихтисосҳои "Кори ҳамширагӣ", "Кори фарматсевтӣ", "Кори табобати дандон" ва "Кори дандонсозӣ" имтиҳони давлатӣ супориданд бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳамчун мутахассиси хуб кору фаъолият хоҳанд кард.
    Бо маҳорату малакаи дониши худ баъзе аз донишҷӯён сазовори "Дипломи сурх" гардиданд, ки ин боиси ифтихори ҳар як омӯзгори муассиса ба ҳисоб меравад.
    Зимни вохурӣ аз ҷониби хатмкунандагон савганди тиббӣ ироа гардид.
   Хатмкунандагон зимни савгандӣ тиббӣ миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта ваъда доданд, ки ҳамчун пайравони Синои бузург ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

2024-07-17 14:48:32

ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

    “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб, миллат надорад ва ба ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизму терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд”.
                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон
    Терроризм рӯйдоди хавфноки замони муосир аст, ки бо шаклҳои мухталиф доман паҳн мекунад. Ҳамлаҳои террористӣ хисороти зиёди ҷонӣ оварда, ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин хисороти молию маънавиро дар пай дорад. Терроризм хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид намуда, барои бартарафсозии оқибатҳои он баъзан ҳаёту зиндагии як насл камӣ мекунад.
     Ҳоло ҷаҳони муосир дар муқобили терроризм қарор дорад. Терроризм- силоҳи тарсу ваҳм, қатлу куштор ва нобудсозӣ гашта, дар фаҳмиши одамони ҷудогона ахлоқу фарҳанги заифро ба бор овардааст. Ҳоло терроризм бо он чеҳраи сиёҳе, ки дорад, дар ҷаҳон проблемаи рақами як қарор гирифта, ба ҳаёту мамоти одамон таҳдид мекунад. Қурбони терроризм метавонад ҳар инсоне, ки ба муноқишаҳо ягон муносибат ва ҳатто рабте надошта бошад, гардад.
    Хонандагон ва донишҷӯён дар дарсҳои тарбиявӣ бояд ҳадафҳои шуми террористонро дарк созанду фаҳманд. Барои ин омӯзгор метавонад аз маводи хеле зиёди илмӣ-таҳлилӣ, ки дар китобҳои алоҳида чоп шудаанд, истифода барад. Дар сайтҳои интернетӣ вобаста ба таърихи пайдоиши терроризм, ҳаракатҳои ба терроризм монанд ва ғайра низ фаровон ба чашм мерасад. Барои таъсирнок доир намудани ин мавзуъ филмҳои мустанади зиёде низ вуҷуд доранд, ки терроризму ифротгароиро фош мекунанд.
    Ба омӯзгорон лозим меояд, ки террористону ифротгароёнро ба хонандагону донишҷӯён муаррифӣ кунанд. Кистанд онҳо? Дар ин бобат месазад суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар боло зикр гардид, ҳамаҷониба шарҳ диҳем. Пешвои миллат ба амалҳои террористӣ ва шахсияти онҳо баҳои дурусту воқеӣ доданд. Террористон дин, мазҳаб ва миллат надоранд. Онҳо дар муборизаи худ аз тамоми роҳҳою имкониятҳо истифода мебаранд.
    Ҷавони босаводу худогоҳ, ки ватану миллаташро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ шомил намешавад. Ҷавононе майл мекунанд, ки аз таълиму тарбия дур монда, ҷаҳонбинӣ надоранд ва фирефтаи дурӯғу ваъдаҳои болохонадор мешаванд. Бинобар, ин мо-омӯзгорон вазифадорем, ки дар тарбияи маънавӣ ва ватандӯстии ҷавонон кӯшиши бештар диҳем, нагузорем, ки ягон нафар ҷавон аз таълиму тарбия дур ё дар канор бимонад. Он гоҳ бо боварӣ метавон гуфт, ки мо насли давронсози Ватан ва меҳандӯстро ба камол мерасонем.
Дилафрӯз Саидова, раиси Созмони ҷавонони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом

2024-07-17 14:43:03

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТӢ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

    Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Кумита таҳти унвони “Ваҳдат заминаи пешрафт ва шукуфоии миллат” мизи мудаввар баргузор гардид.
    Дар чорабинии мазкур, Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, Давлатзода Баҳрулло, Ализода Алишер, муовинони раиси Кумита, сардорони раёсату шуъбаҳо кормандон иштирок ва суханронӣ намудаанд.
    Нахуст, мизи мудавваро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки миллат ва давлат дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор доранд ва мардум имрӯзҳо, замоне, ки даргириҳои хунин дар аксари мамлакатҳои олам идома дорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳувиятӣ аз як тараф ва мушкилоти дигари иқлимӣ аз тарафи дигар, ки пайомадҳои номусоиди он тағйири боду ҳаво аст, мардум бештар ба мафҳуми ваҳдат, ки маънои он барои одамон якдилӣ, барои давлат якпорчагӣ, барои рушди он иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳаб мебошанд, рӯй меоранд ва онро бояд пос доранд. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда имкон фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аҷдодӣ ва ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ таҳкурсии қавии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.
    Вале, то расидан ба Ваҳдати миллӣ, ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон рӯзҳои басо вазнинро паси сар кард, ки заминаҳои он ҳанӯз дар охири давраи шуравӣ гузошта шуда буданд ва воқеаҳои февралии соли 1990 эътирози ошкорои душманони миллат ва ҳомиёни дохилию хориҷии онҳо буд. Он солҳо гурӯҳҳои алоҳида таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳона кашида, хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷиконро ба вуҷуд оварданд.     Эътироф накардани натиҷаи интихоботи умумихалқии соли 1991 аз ҷониби ба ном қувваҳои демократӣ, ки дар асл бозичаи дасти исломгароён буданд, баёнгари он буд, ки ин қувваҳо бо ҳар роҳу восита талоши ҳокимияти сиёсӣ доранд.
    Аз ин ҷост, ки неруҳои бадхоҳ бо дастгирии ҳомиёни худ аз хориҷи дуру наздик Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд, ки он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавӣ гардида, появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро комилан фалаҷ сохта, дар ҷумҳурӣ беқонуниятӣ ва бесомониҳоро ба вуҷуд овард.
    Таъкид гардид, ки Иҷлосияи таърихии Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон, Сарвари давлат аз ибтидо дар ин мақоми басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани мамлакатро ба миён гузоштанд. Вале, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аллакай қисмати зиёди қаламрави Тоҷикистонро фаро гирифта буд ва ҳар рӯз иқтисодиёти мамлакат дучори хисороти азим гашта, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон мегардид. Баъдан Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои худ таъкид карда буданд, ки «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
    Дар идомаи мизи мудаввар, Назарзода Давлатхон - сардори шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус, Маҳмадализода Бобоҷон Раҳмон - сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Давлатшозода Дилшодҷони Сафаралӣ - сармутахассиси шуъбаи байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумита дар мавзуҳои гуногун баромад намуда, таъкид доштанд, ки ҳар як сокини мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаҳои сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад. Сулҳу субот ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазодди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм, эктремизм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.
    Дар охир илова гардид, ки имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ, беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаю мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаю давлатҳои алоҳида ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст. Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.
    Аз ин рӯ, ҳарчи бештар таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсию мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз пайдо кардааст.
    Маҳз ба ҳамин хотир масъалаи таҳкиму тақвияти Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ, мақсаднок ва мунтазам таблиғу ташвиқ кардан амри зарурию ҳаётӣ мебошад.

2024-07-17 09:40:03

ИФТИТОҲИ БИНОИ ТАРАБХОНАИ “БАҲОР - ФОРЕЛ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бинои тарабхонаи “Баҳор - Форел” - ро мавриди истифода қарор доданд.
    Иншооти муосири хизматрасониву сайёҳӣ мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” Саймуҳриддин Сайфов бунёд шудааст.
    Ёдовар мешавем, ки 10 ноябри соли 2022 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат дастур дода буданд, ки бо истифода аз ин имкон дар пойтахти кишвар нуқтаҳои фурӯши гулмоҳӣ ва хӯрокҳои аз он омодашударо таъсис диҳанд.
    Корҳои сохтмониву бунёдӣ дар иншооти нави хизматрасониву сайёҳӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати кутоҳ бо риояи санъати хоси меъмории милливу муосир бо сифати баланд ба анҷом расонда шудааст.
    Бинои тарабхонаи “Баҳор - Форел” аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои се толори калон, ҳуҷраҳои алоҳидаи оилавӣ, нуқтаи фурӯши моҳӣ ва дигар ишнооти ёрирасон мебошад.
    Масоҳати умумии иншоот наздики 1 гектар буда, бо ифтитоҳи он зиёда аз 100 ҷойи корӣ муҳайё гардидааст.
    Дар тарабхона имкон аст, ки дар як вақт ба зиёда аз 500 нафар хизмат расонида шавад. Хӯрокҳо аз моҳӣ дар ин тарабхона аз тарафи ошпазони моҳир омода мегардад.
    Дар тарабхона ҳамчунин дигар навъи хӯрокҳои милливу аврупоӣ бо таъму лаззати хос тайёр ва пешниҳоди мизоҷон мегардад ва ба таъкиди масъулон танҳо аз моҳӣ наздики 20 навъ хӯрок ва дар умум 100 навъ ғизо ва хӯришҳо омода карда мешавад.
    Дар нуқтаи фурӯши тарабхона моҳии зинда, дудпаз, тухми моҳӣ, гӯшти парандаи истеҳсоли худӣ ва чорво ба фуруш бароварда шудааст.
    Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон бо табиати биҳиштосои кӯҳсор, тармаву пиряхҳо ва рӯдҳои шухи сардоб имкон дорад, ки аз ҷиҳати истеҳсол ва содироти гулмоҳӣ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дошта бошад. Тавре иттилоъ дода шуд, феълан иқтидори истеҳсолии ҶДММ "Баҳор" дар як сол 200 тонна гулмоҳӣ буда, дар 2 соли оянда дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ин нишондод то ба 1000 тонна расонда хоҳад шуд.
    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар тарабхонаи тозабунёд ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ ва муаррифии фарҳанги баланди меҳмоннавозии тоҷикона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
    Атрофи иншоот бо услуби хос гулкориву сабзкорӣ шуда, дар саҳни он се фаввора бунёд шудааст. Ҳамчунин барои воситаҳои нақлиёти мизоҷон бо 140 ҷой таваққуфгоҳ мавҷуд мебошад. Шабона рӯшноии бинои тарабхона ба ҳусни ин мавзеъ зебоии хос зам менамояд.
    Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” оянда нақша доранд, ки дар заминаи шароити хуби соҳибкорӣ дар кишвар боз ду адад чунин тарабхонаҳои замонавиро дар шаҳри Душанбе сохта, ба истифода диҳанд.
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор”-ро дар самти рушди соҳаи моҳипарварӣ, сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ намуна арзёбӣ карда, ба масъулони дахлдор барои дастгирии ҳамаҷониба аз ин гуна ташаббусҳои созанда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

PRESIDENT.TJ

2024-07-16 15:17:41

БОЗДИД АЗ КОРХОНАҲОИ ХАЛТАҲОИ ПОЛИПРОПИЛЕНӢ, ПЛАТАҲОИ ЧОПӢ ВА ФУРӮЗОНАКҲОИ ДИОДИИ ҶДММ “ҒАЮР ГУРУҲ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • 16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат, дар ҳудуди Парки технологияҳои инноватсионии “Ғаюр Гуруҳ” марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр Гуруҳ”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
    Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли махсулоти полипропиленӣ дар асоси технологияи муосири соҳавии ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ фаъолият менамояд. Таҷҳизоти корхона аз ширкати “Старлингер”-и Австрия харидорӣ гардида, дар Осиёи Марказӣ феълан ягона ба ҳисоб меравад.
    Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали корхонаи мазкур соли 2020 аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ гардида буд.
    Марҳилаи дуюми корхона аз хатҳои иловагии истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, духти матоъ, ламинатсия, суратофарӣ, буриши матоъ ва насби клапанҳои автоматӣ иборат буда, имкон медиҳад, ки 140 нафар ба кори доимӣ таъмин гарданд. Мувофиқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон ба 600 нафар расонида мешавад.
    Иқтидори истеҳсолии корхона аз 70 млн. дона халтаҳои полипропиленӣ то ба 120 млн. дона расонида шуда, талаботи бозори дохилӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, кимиё ва ғайра пурра бо халтаҳои дорои клапани автоматӣ бо технологияи инноватсионии Ад Стар “AD STAR” қонеъ мегардад, вобастагӣ аз маҳсулоти борпечонии хориҷӣ бартараф мешавад. Ҳамчунин ва қисми боқимондаи маҳсулот ба содирот хоҳад рафт.
    Насби технологияи насли нав имкон медиҳад, ки корхона бе партов фаъолият намуда, боқимондаи ашёи коркардшуда ба дигар корхонаҳои саноатӣ барои истеҳсоли номгӯи дигари маҳсулоти саноатӣ равона карда шавад.
    Ғайр аз халтаҳо барои семент ҳамчунин ширкати “Ғаюр Гуруҳ” тибқи фармоиш имкон дорад, ки тавлиди халтаҳои полипропилении орд, дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти кимиёвиро ба роҳ монад.
    Тамоми марҳилаҳои истеҳсолии халтаҳои полипропиленӣ, шуруъ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва рангу ороиши он дар худи корхонаи навтаъсис роҳандозӣ гардидааст.
    Президенти кишвар зимни боздид ба фаъолияти истеҳсолии корхона ва иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати назорати сифат ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
    Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодӣ оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
    Таҷҳизот ва технологияи наву инноватсионӣ аз Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷопон харидорӣ ва ба корхона ворид гардидааст.
    Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар кишвар ягона буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини саноатикунонии босуръати кишвар сохта шудааст.
    Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва платаҳои чопӣ аз хатҳои автоматии аз ҳамдигар мустақили платаҳои чопӣ SMT line, рангуборкунӣ, насбу васли фурӯзонакҳои диодии мурудшакл, пресофарии оҳан, пластмасса барои фурӯзонакҳо ва ғайра иборат мебошад.
    Хати истеҳсоли платаҳои чопӣ имкон дорад, ки маҳсулоташро на танҳо барои фурӯзонакҳои диодӣ, балки барои зиёда аз 150 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз қабили яхдон, кондитсионер, телевизор, камераҳои назоратӣ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва ҳамчунин мошинсозию мебелбарорӣ тавлид намояд, ки замина барои рушди дигар соҳаҳои саноат дар кишвар мегардад.
        Бунёди корхонаи мазкур ҳамчунин имкон медиҳад, ки истеҳсоли платаҳои чопӣ (PCBA) ва қисмҳои фурӯзонакҳои диодӣ дар дохил ба роҳ монда шуда, Тоҷикистон ба яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти мазкур дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
    Дар маҷлисгоҳи корхонаи истеҳсоли платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодӣ ба Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои минбаъдаи ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ” муаррифӣ карда шуд. Тибқи нақша дар ояндаи наздик корхонаи истеҳсоли смартфонҳо, планшетҳо, соатҳои рақамӣ, ноутбукҳо ва камераҳои назоратиро дар шаҳри Душанбе бунёд меёбад. Корхонаи мазкур аз пажуҳишгоҳи тадқиқот ва рушд, хатҳои истеҳсоли қисмҳои металӣ, пластикӣ, платаҳои чопӣ ва хати васлу насб иборат мебошад.
    Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоиши маҳсулоти корхона дидан карданд. Аз ҷумла семент, гаҷкартон, халтаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти гигиенаи шахсӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуд.
    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр Гурӯҳ” ҷиҳати истифодаи пурра аз иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони кишвар дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
PRESIDENT.T

2024-07-16 15:04:59

ИФТИТОҲИ ҶДММ “ҶАВОҲИРОТИ ЗАРГАРИИ ЗАРАФШОН” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон”-ро ба истифода доданд.
    Иншооти нави истеҳсолӣ аз коргоҳҳои заргарӣ ва маркази фурӯши тилло иборат буда, дар як сол иқтидор дорад то як тонна тиллоро коркард намояд. Минбаъд намудҳои гуногуни ҷавоҳирот бо истифода аз технологияи муосир дар ҳамин ҷой истеҳсол ва пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.
    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Душанбе ҷиҳати истихроҷу коркарди металҳои қиматбаҳо дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
    Бо амалӣ гардонидани ҳадафҳои Ҳукумати кишвар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” тибқи лоиҳа 65 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
    23 декабри соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки ҷиҳати таъсиси 4 корхонаи коркарди металҳои қиматбаҳо то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
    Бо иҷрои саривақтии ҳамин супориши Роҳбари давлат Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин сохта ба истифода дода шуд.
    Корхона аз ҳуҷраҳои рехтагарӣ, буриш, занҷирбофӣ, қолабрезӣ, нақшбандӣ, бастубанд ва дигар коргоҳҳо иборат мебошад.
    Хатҳои нави технологии корхона имкон медиҳад, ки ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи ниҳоӣ коркард ва аз он маҳсулоти заргарӣ мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад.
    Намудҳои гуногуни маҳсулоте, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” истеҳсол карда мешавад, дар мағозаи корхона муаррифӣ карда шуд.
    Корхонаи саноатӣ аз ду бинои ду ва се ошёна иборат буда, ҳудуди он, ки 30 садякро ташкил медиҳад, чароғон ва сабзкорӣ шудааст.

PRESIDENT.TJ

2024-07-16 13:48:08

Мулоқоти Фарҳод Раҳимӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси намояндагони халқи музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин

    18 июни соли 2024 мулоқоти Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод бо муовини Раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси намояндагони халҷи музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Ли Сяоин, ки ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши занони Тоҷикистону Чин дар шаҳри Душанбе қарор дорад баргузор гардид.
    Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи кишварҳоро баррасӣ карданд.
    Зикр гардид, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамчун ҳамсояи ҷуғрофӣ ва шарикони стратегӣмуносибатҳои дустонаи худро дар асоси эҳтиром, хамфикрӣ ва дастгирии ҳамдигар таҳкиммебахшанд.
    Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла рушди ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва маориф мубодилаи афкор намуданд.

2024-07-16 11:31:40

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ НОНИЮ ҚАННОДИИ ҶДММ “НОНПАЗ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз”-ро мавриди истифода қарор доданд.
    Иншоот дар заминаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи санъати хоси меъмории миллӣ бунёд ёфта, корҳои навсозӣ ва мутобиқгардонӣ ба замони муосир соли 2021 оғоз гардидааст.
    Таъкид бояд кард, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз” аз солҳои 30-юми қарни гузашта фаъолият дошт ва бо пешрафти замону рушди ҷомеа тамоми дастгоҳу таҷҳизоти он корношоям гардида буд.
    Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар иншоот пурра навсозӣ гардида, дар он тамоми инфрасохтор барои истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ муҳайё гардидааст.
    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити фароҳамгардида ва раванди истеҳсолот ба ташаббускорон ҷиҳати ҳамоҳангӣ дар амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ карда, иқдоми мазкурро намунаи олии дастгирӣ ёфтани сиёсати давлату Ҳукумат дар самти бунёдкориву созандагӣ арзёбӣ намуданд.
    Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар корхонаи “Нонпаз” беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла нон, батон, баггет, кулчаҳои қандин, торт, круассан, шириниҳои варақӣ ва амсоли инҳо истеҳсол карда мешавад, ки бо тамъҳои хоса дар бозори истеъмолӣ харидорони худро пайдо кардааст. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад.
    Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли насли нав буда, аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид гардидааст, ки аз ҷиҳати самаранокии неруи барқ каммасраф ва бисёрфунксионалӣ мебошанд.
    Тавре иттилоъ доданд, бо пурра ба истифода додани корхонаи нонию қаннодии “Нонпаз” теъдоди кормандон аз 200 то ба 400 нафар расонида мешавад, ки дар ин замина иқтидори истеҳсолӣ низ ба маротиб зиёд хоҳад шуд.
    Барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти ниҳоӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ташкили 24 нуқтаи фурӯш дар назар дошта шудааст ва барои анҷоми хизматрасонӣ мошинҳои хизматӣ ҷалб хоҳанд шуд.
    Мавриди зикр аст, ки намои зоҳирии бино бо усулҳои нави меъморӣ бунёд ва чароғон шудааст. Саҳн ва атрофи корхона сабзкорӣ шуда, ҳамчунин роҳравҳои берунии он ва таваққуфгоҳ, асфалтпӯш гардидааст.
    Корхона дар масоҳати 4 ҳазору 800 метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби соҳибкори ҷавон Усмон Мирзоалиев бунёд гардидааст. Иншоот аз сехҳои алоҳидаи истеҳсолӣ иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, муҳосибот, фурӯш, маҷлисгоҳ ва ошхона барои 100 нафар дар бинои маъмурии дуошёна ҷойгир карда шудааст.
    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандон ва масъулин, ба онҳо ҷиҳати беҳтар кардани сатҳу сифати истеҳсолот ва рақобатпазир намудани он дастуру маслиҳатҳои муфид дода, ба фаъолият пардохтани корхонаро қадами муҳим барои рушди соҳаи саноат дар пойтахт арзёбӣ намуданд.
    Дар навбати худ кормандон ва масъулини коргоҳи “Нонпаз” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ва фароҳамсозии шароити созгори кору фаъолият изҳори миннатдорӣ намуда, уҳдадор шуданд, ки минбаъд низ дар амалишавии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳаи саноат саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.
www.president.tj

2024-07-16 11:06:02

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ЯГОНАГӢ, ИТТИҲОД ВА ЯКПОРЧАГӢ

    Миллат ва давлат дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор доранд ва мардум имрӯзҳо, замоне, ки даргириҳои хунин дар аксари мамлакатҳои олам идома дорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳувиятӣ аз як тараф ва мушкилоти дигари иқлимӣ аз тарафи дигар, ки пайомадҳои номусоиди он тағйири боду ҳаво аст, мардум бештар ба мафҳуми ваҳдат, ки маънои он барои одамон якдилӣ, барои давлат якпорчагӣ, барои рушди он иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳаб мебошанд, рӯй меоранд ва онро бояд пос доранд.
    Доир ба мафҳуми ваҳдат ҳамин нуктаро гуфтаниям, ки фаҳмиши ваҳдат хеле қадимист ва шояд аз қадимтарин зинаи ҷомеаи инсонӣ ибтидо гирифта бошад. Ваҳдат дар раванди шаклгирии қабилаҳо ва шиддатёбии низои байни онҳо барои ҳифзи бехатарии аъзои қабила, ки ҳамбастагии зичи онҳоро тақозо дошт, лозим буд.
    Агар амиқтар назар кунем, дар ҳама ҳолат ҳамбастагии қавмию қабилавӣ, ки пасон ба иттиҳодияи қабилавию аз он баъд омили асосии ташаккулу рушди давлатдорӣ гаштааст, дар асоси ифоқаю ваҳдат будааст. Халқҳое, ки беҳтару бештар муттаҳид мешуданд, дигар халқҳои ҳамбастагии сустдоштаро ба зери тасарруфи худ медароварданд. Дар натиҷа империяҳо пайдо мешуданд, ки аз конгломерати халқҳои гуногун иборат буда, ядрои онҳоро халқияте ташкил мекард, ки бештар муттаҳид буда, парокандагию низои дигар халқҳоро истифода мебурд ва иҷборан онҳоро ба худ тобеъ менамуд.
    Ба омилҳои халқиятро муайянкунанда, ҳамзабонӣ, ҳамҳудудӣ, ҳабастагии психологию фарҳангии дар тули асрҳо инкишофёфта, боз як омили дигар – мутаммарказии иқтисодӣ зам мешавад, ки ба ташаккули миллат асоси қавӣ гузошт. Аз инҷост, ки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ низ аз ваҳдат маншаъ мегирад.
    Мафҳуми ваҳдатро бо кадом забоне, ки ном набарем, аз он омили манфиатбахшиаш тағйир намеёбад. Дар фарҳанги тоҷикӣ ибораи «ваҳдат» арабӣ буда, маънии ягонагӣ, танҳоӣ, як будан аст. Ин фаҳмиши дунявии ваҳдат аст.
    Дар асрҳои миёна маҳз ҳамин эҳсоси ваҳдат буд, ки имконияти раҳоӣ аз тобеъияти хилофат, дарёфти мустақилияти комил, ташаккули халқияту давлати тоҷиконро дар замони Сомониён фароҳам овард.
    Дар тули таърихи баъдина моро аз имкони ваҳдатсозӣ истилои беамони аҷнабиён, ивазшавии силсиласулолаҳои онҳо маҳдуд сохта буданд ва қариб ҳазор сол халқи тоҷик фақат заҳри тобеъият чашида, ягона тасаллои дил тарғиби ғояҳои ваҳдат дар назми оламгири тоҷикию форсӣ тараннум мекарду роҳи халосиро дар ваҳдати вуҷуд медид.
    Вале гардиши таърих чун подоши ҳамаи ин ранҷу хориҳо моро ба эҳёи навини давлатдорӣ расонд. Табиист, нигаҳдошти ин атои тақдир, ин дастоварде, ки қарнҳо тоҷикон дар орзуяш буданд, бе ваҳдати комил имкон надошт.
    Воқеан, муҳимтарин сарчашмаи рушди ҳар як давлати соҳибисттиқлол, пеш аз ҳама, ваҳдат – ягонагӣ, иттиҳод ва якпорчагии он маҳсуб меёбад. Ҳодисаҳои сиёсии охири садаи ХХ ва чаҳоряки аввали асри XXI нишон дод, ки бе ваҳдат, ваҳдати комил, ё ин ки ваҳдати миллӣ, ки нуқтаи баландтарини ваҳдати ҷомеа мебошад, на танҳо рушд ва пешрафти мамлакат ба даст намеояд, балки эҳтимоли аз байнравии он ба миён меояд. Ба андешаи коршиносон Ваҳдати миллӣ ин ягонагӣ ва ҳамдилии ҳамагон атрофи миллат дар ростои мусолиҳаҳои миллӣ, ҳифз ва таҳкими арзишҳои суннатӣ, таърихӣ, динӣ, илмиву фарҳангӣ ва ширкати ҳама дар дастёбӣ ба рушди ҷомеа мебошад.
    Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда имкон фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аҷдодӣ ва ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ таҳкурсии қавии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.
    Вале, то расидан ба Ваҳдати миллӣ, ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон рӯзҳои басо вазнинро паси сар кард, ки заминаҳои он ҳанӯз дар охири давраи шуравӣ гузошта шуда буданд ва воқеаҳои февралии соли 1990 эътирози ошкорои душманони миллат ва ҳомиёни дохилию хориҷии онҳо буд.
    Он солҳо гурӯҳҳои алоҳида таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳона кашида, хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷиконро ба вуҷуд оварданд. Эътироф накардани натиҷаи интихоботи умумихалқии соли 1991 аз ҷониби ба ном қувваҳои демократӣ, ки дар асл бозичаи дасти исломгароён буданд, баёнгари он буд, ки ин қувваҳо бо ҳар роҳу восита талоши ҳокимияти сиёсӣ доранд.
    Аз ин ҷост, ки неруҳои бадхоҳ бо дастгирии ҳомиёни худ аз хориҷи дуру наздик Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд, ки он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавӣ гардида, появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро комилан фалаҷ сохта, дар ҷумҳурӣ беқонуниятӣ ва бесомониҳоро ба вуҷуд овард.
    Майдоннишиниҳои беохир, ҳамчун як воситаи асосӣ оғози муборизаи ошкорои мусаллаҳона, таъсиси ба ном Ҳукумати муросои миллӣ, вале дар асл зиддимиллӣ, ки як минтақаи калони мамлакатро дар муҳосира нигоҳ дошта, тавассути воситаҳои ахбори умум, пеш аз ҳама телевизиону радио дар ҷумҳурӣ ошкоро тухми низову бадбинӣ ва маҳалгароӣ мекошт, мардуми тоҷику тоҷикистониёнро ноумед карда буд.
    Дар чунин шароити душвори сиёсӣ шаҳрвандони фаъол ва асили мамлакат ба воситаи вакилони худ дар мақоми олии намояндагии ҷумҳурӣ масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад.
    Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, ҳокимияти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор сохт ва вазъи сиёсию иқтисодии мамлакатро бо дурнамои рушди ояндаи он муайян намуд.
    Иҷлосияи таърихии Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон, Сарвари давлат аз ибтидо дар ин мақоми басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани мамлакатро ба миён гузоштанд. Вале, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аллакай қисмати зиёди қаламрави Тоҷикистонро фаро гирифта буд ва ҳар рӯз иқтисодиёти мамлакат дучори хисороти азим гашта, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон мегардид. Баъдан Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои худ таъкид карда буданд, ки «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
    Дар суханронии таърихии худ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ аз 9 марти соли 2024 Пешвои муаззами миллат аз ин рӯзҳо чунин ёдоварӣ намуданд: «Мо худ шоҳид будем ва хуб дар ёд дорем, ки тамоми фоҷиаҳои солҳои 90-ум дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда сар заданд. Ҳамаро зери по кардем. Ба чӣ оварда расонд? Ба анархия – беҳокимиятӣ!».
    Ба чӣ овардани расонидани ин беҳокимиятӣ ва бесарусомониҳои он давра, ки дар натиҷаи он ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ аланга гирифт, беш аз 150 ҳазор нафар фарзанди миллат кушта, зиёда аз як миллион гуреза, 50 ҳазор кӯдаки ятим, ҳазорҳо оила ғамзада ва мамлакат мотамзада шуда, ба иқтисоди ҷумҳурӣ даҳҳо миллиард сомонӣ хисорот расонида шуда буд, аз хотири мардуми тоҷик ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.
    Аз ин рӯ, имрӯз, ки дар арафаи ин ҷашни бузург қарор дорем, набояд хидматҳои беназири Пешвои миллатро дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин фаромӯш намоем ва нагӯем.
    Сарсупурданҳо, ҷоннисориҳо, ҷони худро ба гарав гузошта ба минтақаҳои ҷангзадаву кишвари гирифтори ҷанг ба хотири сулҳу субот сафаркарданҳо, азхуд гузаштанҳои Роҳбари давлат ва Пешвои муаззами миллат буд, ки сулҳ шуд, оромӣ шуд, тоҷики гуреза ба Ватан баргашт, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ аз нав барқарор шуд, ҳазорҳо километр роҳҳову пулҳову нақбҳо канда шуданд, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ташаббускори сатҳи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохт.
    Пешвои миллат дар чунин як давраи басо мушкили буҳрони сиёсӣ масъулияти олии созандагиро ба зиммаи хеш гирифтанд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва бо мақсади демократӣ кардани ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи ҷумҳурии тозаистиқлолро (6 ноябри соли 1994) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар иртибот ба арзишҳои олӣ дарҷ шудаанд. Мо имсол 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Гузашти 30 сол нишон дод, ки Конститутсия дар ташаккули ҷомеаи нав, пеш аз ҳама, дар таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии ҷумҳурӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нақши созанда гузошт.
    Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси ҷумҳурӣ бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.
    Бояд таъкид намуд, ки ҳар як сокини мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаҳои сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад.
    Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазодди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм, эктремизм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.
    Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ, беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаю мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаю давлатҳои алоҳида ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.
    Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.
    Аз ин рӯ, ҳарчи бештар таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсию мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз пайдо кардааст.
    Маҳз ба ҳамин хотир масъалаи таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ, мақсаднок ва мунтазам таблиғу ташвиқ кардан амри зарурию ҳаётӣ мебошад.
    Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.
    Зеро аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо давлатҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ эмин буда наметавонад. Имрӯз аксари гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав аз номи дини мубини Ислом сӯйистифода карда, миёни мазҳабҳои он низоъҳои нангинро ташкил карда истодаанд, ки ин раванд, бешубҳа, сабабгори паст шудани мақому манзалати ин дини муқаддас дар афкори ҷомеаи ҷаҳон мегардад.
    Аз ин лиҳоз, ҳарчи бештар таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз пайдо кардааст.
    Маҳз ба ҳамин хотир масъалаи таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ, мақсаднок ва мунтазам таблиғу ташвиқ кардан амри заруриву ҳаётӣ мебошад.
    Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон набояд фаромӯш кунанд, ки мо муҳтоҷи ҷаҳонбинӣ ё мазҳаби дигар нестем. Дар ин раванд қайд намудан ба маврид аст, ки аъмоли фоҷиабори ҳаракатҳои зикршуда, аз ҷумла созмони террористии ба ном Давлати исломиро дар олами мутамаддин касе дастгирӣ намекунад ва баръакс, онро ҳама маҳкум мекунанд.
    Кайҳо муайян гаштааст, ки Давлати исломӣ бо дини мубини Ислом ягон робита надорад, баръакс нақшаву нияти қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд, амалӣ карда истодааст.
    Ҳамроҳ шудани баъзе ҷавонони мо ба ин ҳаракатҳо ҳар як инсони бедордилро набояд бетараф гузорад, баръакс ӯро водор созад, ки ба муқобили ин вабои аср мубориза барад ва давлату Ватани худро аз ҳар гуна хатарҳои даҳшатбор эмин нигоҳ дорад.
    Яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба чунин созмонҳо — орзуи дар муддати кӯтоҳ соҳиби пулу моли бисёр шудан мебошад. Онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғи таблиғотчиёни хориҷӣ бовар карда, ба чунин роҳи ҳалокатбор раҳсипор мегарданд.
    Доир ба масъалаи мазкур Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ аз 9 марти соли 2024 бори дигар ба шаҳрвандони мамлакат, махсусан ҷавонон муроҷиат намуда таъкид намуданд, ки «Солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар мамлакатҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст. Мо аз ҳадафҳои ғаразноки душманони миллати тоҷик огоҳ ҳастем ва ҷиҳати пешгирии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодаем. Амалҳои зикршуда бо мақсади беобрӯ кардани миллати тоҷик ва давлати тоҷикон роҳандозӣ карда мешаванд. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки гароидан ба гурӯҳҳои тундрав, даст задан ба амалҳои террористӣ ва бадном кардани давлату миллат оқибатҳои ногувор дорад. Онҳо бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа ба роҳ монда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии кишвар ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд».
    Барои пешгирӣ ва аз байн бурдани чунин падидаҳо ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон, қадру қимати Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ҳимояи арзишу дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, инчунин гирифтани пеши роҳи шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳаракату ҷараёнҳои тундрав эътибори аввалиндараҷа бояд дода шавад.
    Дар ин раванд мо бояд бори дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро, ки дар суханронии худ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат аз 30 майи соли 2024 ба роҳбарӣ гирем ва иҷро намоем, ки фармуданд: «Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад».
    Яъне бештар ба илмомӯзӣ рӯй овардани ҷавонону наврасон, омӯзиши ҳар чӣ бештари фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, донистани техникаву технологияи муосир ва забонҳои хоричӣ имрӯз тақозои замон ва роҳи халосӣ аз ифротишавии ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа аст.
    Аз ин рӯ, дар арафаи ин ҷашн бори дигар таъкид менамоям, ки имрӯз пеш ва беш аз ҳарвақта моро ваҳдат, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат, сиёсати дурандешона, созанда, ободкорона, фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат мебояд. Ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири рӯзгори ободу пешрафти ҷумҳурии азизамон дар атрофи ин абармарди дунёи сиёсат, сарсупурдаи давлату миллат муттаҳид бошем, бо кору пайкори ҳаррӯзаи худ дар татбиқи амалии нақшаву барномаҳои муҳими давлатӣ саҳми арзандаи худро гузорем, бо тоҷик будани худ ва бо Пешвои муаззами миллат ифтихор намоем.
Фарҳод РАҲИМӢ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

2024-07-16 10:05:06

БАЙНИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ОЛТОЙИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД

    Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита, академик Фарҳод Раҳимӣ бо Ирина Лазаренко ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия баргузор гардид.
    Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти кумита, коллеҷҳо ва литсейҳои касбию техникӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумита ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олию ибтидоӣ ва миёнаи касбии Федератсияи Русия ба роҳ мондааст.
    Маврид ба зикр аст, ки тибқи созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии барномаҳои таълимии муштарак, сафарбарии академӣ, ташкили таҷрибаомӯзии кутоҳмуддат, дарозмуддат ва курсҳои бозомӯзӣ ба нақша гирифта шудааст.
    Дар идомаи вохӯрӣ Ирина Лазаренко, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия барои пазироӣ ва меҳнавозии хоси тоҷикона изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф ва илм ёдовар гардид.

2024-07-16 09:46:30

БАЙНИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ВА ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АГРОАКСИЯИ ОЛМОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД

    Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии академик Фарҳод Раҳимӣ бо Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах баргузор гардид.
    Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти Кумита маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ва 2 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият доранд, ки шаҳрвандони кишварро барои бо шуғлу касбҳои талаботи замони муосир таъмин намудан талош меварзанд.
    Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар оянда талош меварзад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро бо таҷҳизоту техникаи муосир таъмин намояд.
    Ёоханнес Калтенбах, Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон барои пазироӣ ва меҳнавозии хоси тоҷикона изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Олмон ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон ёдовар гардид. Зикр гардид, ки Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар доираи ҳамкориҳо дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошими ВМКБ Муассисаи давлатии Литсейи касбии техникиро пурра азнавсозӣ намуда, онро бо техника ва таҷҳизотҳои муосир таъмин ва ба истифода медиҳад. Ҳамзамон, ташкилоти мазкур ният дорад, ки дар ояндаи наздик дар ноҳияи Лахш Литсейи касбии технкӣ бо муосиртарин таҷҳизот сохта мавриди истифода қарор диҳад.
    Дар рафти вохӯрӣ Фарҳод Раҳимӣ ба Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки дар доираи имкониятҳои ташкилот дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ ҷиҳати таъсиси Литсейи касбии техникӣ мусоидат намоянд.
    Аз ҷониби Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах пешниҳоди мазкур хуб пазируфта шуда, таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик сохтмони муассисаи мазкур ба нақша гирифта мешавад.
    Маврид ба зикр аст, ки Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон аз соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, шуруъ аз соли 2015 дар бахши таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон саҳм гузошта истодааст.
    Дар анҷоми вохӯрӣ байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.