Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-04-16 17:00:29

МУҲИММИЯТИ ДОНИСТАНИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ БАРОИ КАСБОМӮЗОН

Дар ҷаҳони муосир, донистани забонҳои хориҷӣ на танҳо воситаи муошират, балки як ҷузъи асосии муваффақият дар касбомӯзӣ ва рушди шахсӣ мебошад. Имрӯз ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технологӣ талаб менамояд, ки ҳар яки мо забони хориҷиро омӯзем, зеро забондонӣ аз муҳимтарин унсурҳои муваффақият дар зиндагии шахсӣ ва касбӣ ба ҳисоб меравад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ ва тиҷорат пайваста густариш меёбанд, донистани забонҳои хориҷӣ на танҳо ҳамчун малакаи иловагӣ, балки зарурати ҳаётӣ шинохта шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода шуд, ки то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ машғул мебошанд.

Марказҳои зикршуда метавонанд дар як сол беш аз 8000 нафар сокинони мамлакатро ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гиранд. Ин раванд бо дарназардошти ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи аҳолии қобили меҳнат, тақвият дода мешавад. Тибқи маълумот дар панҷ соли оянда дар муассисаҳои зикргардида, беш аз як миллион шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд.

Барои касбомӯзон, донистани забонҳои хориҷӣ калиди дари имкониятҳои нав мебошад. Забондонӣ ба онҳо на танҳо имкони муошират бо фарҳангҳо ва одамони гуногунро медиҳад, балки имкон медиҳад, ки ба манбаъҳои пешрафтаи илмӣ ва технологияҳои муосир дастрасӣ пайдо кунанд.

Имрӯзҳо забонҳои англисӣ, русӣ, чинӣ ва дигар забонҳои байналмилалӣ ҳамчун воситаи асосии робита ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, технология, илм ва фарҳанг нақши муҳим мебозанд. Пас, омӯзиши онҳо на танҳо афзалият, балки сармоягузорӣ ба оянда мебошад.

Имрӯзҳо корфармоён шахсони донандаи забонҳои хориҷиро афзал медонанд, зеро ширкатҳои зиёде бо шарикон ва муштариёни байналмилалӣ фаъолият доранд. Барои ҷавонон донистани забонҳои хориҷӣ имконият медиҳад, ки дар чунин ширкатҳо кор пайдо кунанд ва дар аксари ихтисосҳои муосир, аз ҷумла технология, муҳандисӣ, тиб ва иқтисод, манбаъҳои асосӣ дар забонҳои хориҷӣ дастрасанд. Шахсони донандаи забонҳои хориҷӣ метавонанд аз адабиёти илмӣ, курсҳои онлайнӣ, ва барномаҳои таълимии байналмилалӣ баҳра баранд, ки ин онҳоро дар ҳунаромӯзӣ пешсаф месозад.

ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР МУАССИСАҲОИ КАСБӢ

-Ҷорӣ кардани барномаҳои махсуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.

-Ташкили курсҳои забонӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва платформаҳои онлайнӣ.

-Рушди ҳамкорӣ бо муассисаҳои хориҷӣ ва ташкили барномаҳои табодули донишҷӯён.

Донистани забонҳои хориҷӣ дар шароити ҷаҳони муосир ба рушди касбӣ ва шахсӣ мусоидат мекунад. Муассисаҳои касбӣ бояд ба омӯзиши забонҳо диққати ҷиддӣ диҳанд, то ҷавонон тавонанд дар бозори меҳнат муваффақ бошанд ва дар рушди ҷомеа саҳмгузор бошад.

Қадриддин ҲАИТОВ,

Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ,

коргузорӣ ва назорати Кумита

2025-04-16 08:14:51

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПОСДОРӢ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Дар ҳамаи дастовардҳои таърихии ҷомеаи мо хидмати занону бонувон хеле бузург ва арзишманд мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам гардид, ки мақоми зан дар ҷомеа назар ба гузашта, хеле баландтар шавад. Дар ҳамаи марҳалаҳои муҳими ҷомеа имрӯз нақши занон ба як унсури муҳим ва ногусастанӣ табдил ёфтааст.

Агар ба таърихи ҳаёти ҷамъиятӣ назар андозем, метавон дид, ки да ҳар давр занону бонувон дар ҷомеа нақши хосе доштаанл. Бо вуҷуди он ки дар замонҳои қадим дар баъзе ҷойҳо ҳуқуқҳои занон нисбат ба мардон маҳдуд буданд, бо рушд ва тавсеъаи мафкураи инсоният занон тадриҷан дар баробари мардон мақому манзалат пайдо намуданд. Имрӯз занон ҳуқуқи баробар бо мардон доранд ва дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти давлатдорӣ ва ҷомеа фаъолона иштирок мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занону бонувон имкониятҳои васеъ ва шароити хуби амал карданро фароҳам оварда, онҳоро барои ширкат дар раванди идоракунии давлат ва ба ин васила рушду нумӯи кишвар ҳидоят мекунад. Бо кӯшишҳои пайваста, шумораи занони роҳбар ва мутахассисон дар сохторҳои давлатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар сол то сол афзоиш ёфта, нақши онҳо дар пешрафт ва рушди иқтисоди миллӣ боризтар гардидааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карда буданд: "Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ мекунад, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад". Ин гуфтаҳо нишон медиҳад, ки ҷиҳати хидмат ба ватан, ҳамзамон, маҳфуз доштани қадру манзалат ва ҳуқуқи занон дар ҷомеа хеле муҳим ва зарур дониста мешавад. Дар соҳаи маориф ва илм ҳам бонувон бо шиддат ва садоқат меҳнат мекунанд. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии кишвар, аксарияти муаллимон занон ҳастанд, ки бо талоши бештар кӯшиш мекунанд, ки насли навро ба роҳи дониш ва маърифат раҳнамоӣ кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон, аз оғози марҳилаи соҳибистиқлолӣ, барои таъмин намудани ҳуқуқи занон ва таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои зиёд амалӣ намудааст. Дар доираи ин тадбирҳо, як қатор ҳуҷҷатҳо ва қонунҳои давлатиро ба мақсади беҳтар кардани шароити занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо қабул кардаанд. Сафи занон, ки дар зинаҳои баландтари ҳокимият, мақомоти қонунгузорӣ, судӣ ва иҷроия фаъолият мекунанд, рӯз то рӯз меафзояд. Ин нишон медиҳад, ки иштироки занон дар раванди идоракунӣ ва ҷомеа на танҳо асли зарурӣ, балки натиҷаи сиёсати дуруст ва ғамхории давлат аст.

Бо итминон метавон гуфт, ки бонувони тоҷик, бо далерӣ ва хирад, суннатҳои бостонии миллатро дар оянда низ нигоҳ медоранд ва дар таҳкими сулҳ, рушди кишвари азизамон ва оромии ҷомеа саҳми бағоят арзишманде хоҳанд гузошт.

Хайринисо ХОҶАЕВА,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар

2025-04-15 17:18:07

ФАЪОЛИЯТИ 3-МОҲАИ КУМИТА ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Имрӯз дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бо иштироки академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баҳрулло Давлатзода ва Алишер Ализода, муовинони раис, Хурсанд Содиқзода, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои Кумита ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти 3-моҳаи Кумита дар нимсолаи якуми соли 2025 ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳисоботи семоҳаро ба самъи ҳозирин расонида, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар шуморида, мунтазам барои рушду нумуи он тадбирҳо меандешад.

Қайд гардид, ки айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт (иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ, металлургия, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ) ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешаванд.

“Имрӯз дар литсейҳои касбии техникии кишвар 23 ҳазору 469 нафар хонанда таҳсил менамоянд, ки аз ин 6 ҳазору 276 нафарро (26,7%) духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи мазкур 20 ҳазору 956 нафар (89,3%) дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 2 ҳазору 513 нафар (10,7%) дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил доранд. Ба ҳолати 1 марти соли 2025 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 205 нафар хонандаи маъюб (55 нафар духтар), 54 нафар хонандаи ятими кулл (10 нафар духтар) ва 705 нафар нимятим (93 нафар духтар) таҳсил карда истодаанд, ки ҳифзи иҷтимоии онҳо таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Кумита ва муассисаҳои таълимӣ қарор доранд”, - гуфт Раиси Кумита.

Зикр гардид, ки барои зиёд намудани теъдоди қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар нақша гирифта шудааст, ки дар панҷ соли оянда беш аз як милион нафар шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд. Бо ин мақсад Кумита нақшаи ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандонеро, ки касбу ҳунар надоранд, барои нимсолаи якуми соли 2025 бо шумораи 20 ҳазор нафар тасдиқ намуда, барои иҷро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ирсол намуд. Дар се моҳи соли равон курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро 3 ҳазору 939 нафар хатм карданд, ки аз ин 859 нафарашро занону бонувон ташкил медиҳад.

Дар идомаи суханронӣ иброз гардид, ки айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 59 муассисаи давлатӣ ва 29 муассиса) ва 6 филиал фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ, таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи зиёда аз 209 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешавад. Дар муассисаҳои мазкур 98 ҳазору 551 нафар донишҷӯй (73 ҳазору 914 духтар) дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 2 ҳазору 991 нафар хонанда (777 духтар) дар шуъбаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 7 ҳазору 516 нафар омӯзгор ва 98 нафар устои таълими истеҳсолӣ дарс медиҳанд.

“Бо мақсади ташкили раванди таълим ва бо ҳамин васила мусоидат намудан ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар 36 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии самти тиббӣ аз рӯйи 13 ихтисос дар заминаи синфҳои 9 ва 11 нақшаҳои асосии ягонаи таълимии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, 70 адад нақшаи таълимии самти техникӣ ва технологӣ таҳия ва барои корбарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шуд. Айни замон, нақшаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат аз рӯйи 24 ихтисос мавриди таҳлил қарор дода шуда, барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад», - гуфт Раиси Кумита.

Дар хотимаи суханронӣ таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои соҳавии худро саривақт ва бо сифат ба иҷро расонад.

Сипас, Хурсанд Содиқзода, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, ҳисоботи Раиси Кумитаро қаноатбахш ҳисобид. Мавсуф роҷеъ ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар семоҳаи аввали соли 2025 ибрози назар намуда, иброз гардид, ки нақши соҳаи таҳсилоти касбӣ дар таъмини бозори меҳнат бо мутахассисони соҳаи коргарӣ назаррас мебошад.

Дар қисмати музокира директорони як қатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баромад карда, доир ба фаъолияти муассисаҳои худ маълумот дода, ҳисоботи Раиси Кумитаро қаноатбахш эълон карданд.

2025-04-15 17:16:51

«МАЛАКАИ КАСБӢ”. МАҲОРАТИ ХОНАНДАГОНРО ТАШАККУЛ МЕДИҲАД»


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайвастаи доир ба таҳсилоти касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон, саҳмгузор будани онҳо дар рушди соҳаҳои гуногун хоҷагии халқи мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа дода, онро ҳамчун омили пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар арзёбӣ менамоянд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Малакаи касбӣ - асоси пешрафти ҳар як инсон ва ҷомеа мебошад. Агар мо мехоҳем, ки ба рушди воқеии кишвар ноил шавем, бояд ба таълиму тарбия ва рушди малакаи касбӣ дар тамоми соҳаҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳем».

Баргузории озмуни малакаи касбӣ як иқдоми муҳим барои арзёбии қобилиятҳо ва малакаҳои касбии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки роҳандозӣ мегардад.

Озмуни мазкур имкон медиҳад, ки хонандагон бо малакаҳои касбии худ баҳо дода, барои такмил додани донишу малакаи худ чораандешӣ намоянд.

Давраи омодагӣ ба озмуни малакаи касбӣ муассисаи таълимиро ба истифодаи усулҳои нави таълим ва технологияҳои нав водор менамояд, ки дар натиҷа эҷодкорӣ ва иноватсия ба вуҷуд омада, ҳамзамон омодагӣ ба озмун боиси омӯзишҳои иловагӣ ва такмили дониш мегардад.

Аз натиҷаи озмуни малакаи касбӣ метавон хулосбардорӣ намуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ сатҳу сифати таълим дар кадом сатҳ қарор дорад. Натиҷаи озмун ёвари муҳими беҳтар намудани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Озмуни малакаи касбӣ яке аз воситаҳои баҳодиҳӣ ва таҳкими сифати малака ва дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб рафта, натиҷаи озмун нишон медиҳад, ки дар кадом самтҳо омӯзиш ва бозомӯзӣ зарур аст.

Мақсади асосии озмуни малакаи касбӣ ташвиқ ва тарғиби касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, на танҳо барои нишон додани беҳтаринҳо муҳим аст, балки барои шиносоӣ, талабот ва этиёҷи бозори меҳнат дар соҳаҳои гуногун низ ёрӣ мерасонад. Муассисаи таълимӣ уҳдадор аст, ки муҳити рақобатпазир ва солимро созгор намояд, ки дар он хонандагон тавонанд омодагии назариявӣ ва амалии худро санҷанд.

Ҳадаф аз баргузории озмуни малакаи касбӣ ин аст, ки хонандагон дар муҳити солим барои ноил гардидан ба натиҷаи назаррас рақобат намуда, такмили малакаи касбӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ таъмин гардад. Озмуни малакаи касбӣ барои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ манфиатҳои зиёде дорад. Баргузории озмун ба хонанда имкон медиҳад, ки малакаҳои касбии худро ба таври амалӣ беҳтар намуда, баҳри сайқал додани донишҳои назариявӣ ва амалии худ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён гардидан дар озмун ба хонанда эътимод ва боварӣ бахшида барои ноил гардидан ба муваффақиятҳои нав ба нав дар оянда замина фароҳам меорад.

Баргузории озмун ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо хонандагони дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ошноӣ ва робитаи дӯстӣ пайдо намоянд. Озмуни малакаи касбӣ як марҳилаи ҷамъ омадани хонандагон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ буда, ба онҳо имкон медиҳад, ки таҷриба ва донишҳои худро мубодила намоянд, ҳамкориҳои нав эҷод ва шабакаи дӯстӣ бунёд гардад.

Инчунин, шароит фароҳам меояд, ки беҳтаринҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ шинохта шаванд. Аз натиҷаи ноилгардида таасуроти хонандагон аз озмуни малакаи касбӣ метавонад гуногун бошад. Ҳангоми муваффақ гардидан дар озмун хонанда барои пешрафт ва такмили малакаҳои касбӣ ҳавасманд мегардад. Озмун метавонад барои ӯ як имкони хубе барои нишон додани малака ва маҳорат бошад. Дар ҳолати ба натиҷаҳои интизорбуда ноил нагардидан, ӯ дарк менамояд, ки донишу малакааш ҳанӯз кофӣ нест ва ин метавонад ба ӯ кӯмак кунад, ки ноумед нагардида барои дар оянда муваффақ шудан кӯшиш намояд. Дар ҳақиқат озмуни малакаи касбӣ рушди касбии хонандагонро таъмин менамояд ва хонанда имкон дорад, ки дониш ва малакаҳои худро таҳқиқ ва такмил намояд.

Хонандагони муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар ҳолати иштироки фаъолона ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар озмуни малакаи касбӣ муассисаи таълимиро муаррифӣ намуда, обрӯ ва нуфузи муассисаи таълимиро баланд бардошта барои ҷалби бештари довталабон ба муассисаи таълмӣ ва барои ҳавасманд гардидани хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ

саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Натиҷаи озмуни малакаи касбӣ ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки малакаи касбии омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ- истеҳсолӣ, муносибати онҳо ба хонандагон, иҷроиши дастурамали вазифавӣ ва дараҷаи масъулнокии онҳоро муайян, баҳогузорӣ ва баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаи таълимӣ чораандешӣ намоянд.

Озмуни малакаи касбӣ ба муассисаҳои таълимӣ ҳамчун воситаи арзёбӣ, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва тарғиби рушди касбӣ манфиатовар аст.

Ҳамзамон озмун имкон медиҳад, ки ҷанбаҳои сусти малакаҳои касбии хонандагон ошкор гардида, барои ислоҳи он чораандешӣ карда шавад.

Хулосабарорӣ аз озмуни малакаи касбӣ дар асоси натиҷаҳо ва дастовардҳои хонандагон метавонад як баррасии амиқ ва фарогир аз рӯи пешрафтҳо, мушкилот ва тавсияҳои оянда барои беҳбудии сифат ва сатҳи омодагии иштирокчиён бошад.

Умедҷон КЕНҶАЕВ, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита

2025-04-15 17:13:09

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ БО КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо мақсади эҷоди ҳамкориҳои мутақобилан судманд, дар доираи сафари корӣ, директори коллеҷи Академияи байналмилалии тиҷорати шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Хисматуллина Альфия Анваровна бо ҳайати рроҳбарикунандаи коллеҷи болозикр ба Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе, ташриф оварда, бо шароитҳои таҳсил ва базаи моддию техникии коллеҷ шинос шуданд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо барои таҳия ва татбиқи муштараки барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои илмӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, ҳамчунин ҳаракати академии донишҷӯён, омӯзгорон ва олимон бо мақсади тайёр кардан, такмили ихтисос ва такмили фаъолияти илмию таълимӣ, гузаронидани тадқиқоти илмии муштарак, таҳқиқоти илмии фундаменталӣ ва амалӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, татбиқи муштараки фаъолияти инноватсионӣ, иштироки мутақобила дар гузаронидани лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ, тадқиқотӣ ва илмию техникӣ, конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, инчунин мубодилаи адабиёти таълимӣ ва илмӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳадафи асосии вохурии мазкур татбиқ ва ҳамгиро намудани илм буда, дар ин асос, таҳсилоти босифат ва шуғли пурмаҳсул гардида, рушди устувори иқтисодӣ таъмин мешавад.

2025-04-15 17:11:38

ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ! ДАВРИ НИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Рӯзҳои 17-18 апрели соли равон дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024-2025 баргузор мешавад.

Даври якуми олимпиада моҳи март дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки беш аз 5000 донишҷӯ баргузор шуда, ба даври ниҳоӣ 322 нафар ғолибони ҷойи 1-ум аз 85 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоӣ беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардида, ба ғолибон Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки олимпиада бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.

2025-04-13 07:14:49

ҶАЛАСАИ КОРИИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” БАРГУЗОР ГАРДИД

11 апрели соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми ҳайати Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” дар соли 2025 таҳти раёсати раиси комиссияи озмуни мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни комиссияи озмун, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Нахуст, муовини Сарвазири кишвар иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бевосита таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.

“Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ба маротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси самтҳои муҳандисию техникӣ замина гардидааст. Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2025 дар озмун номинатсияи нав - «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова карда шуда, шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 расонида шуд. Ҳамзамон, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳамаи ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд”, - таъкид кард муовини Сарвазир.

Ҳамзамон, дар робита ба масъалаи мазкур масъулини муассисаҳо вазифадор карда шуданд, ки нисбат ба иҷрои талаботи Низомномаи озмун чораҳои зарурӣ андешида, бо мақсади ҷалби васеи хонандагон, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), унвонҷӯён, ходимони илмӣ, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ ва барномасозӣ, ҳамчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбати зиёд доранд, тариқи васоити ахбори омма, рӯзномаву маҷалла ва шабакаҳои иҷтимоии муассиса тарғиботу ташвиқотро ба роҳ монанд.

Раиси комиссия доир ба вазифаҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва салоҳиятҳои он тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баромад карда, вазифаҳои комиссияро дар самти баргузор намудани озмун иброз намуд.

Инчунин, таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки баргузории даврҳои сеюм ва чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Пешниҳод гардид, ки даври якуми озмун моҳи ҷорӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор карда шавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки озмуни имсола аз 8 наминатсия иборат аст:

– математика (арифметика, алгебра, геометрия);

– физика ва астрономия;

– химия;

– биология (ботаника, зоология, анатомия);

– география;

– технологияи иттилоотӣ;

– зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ;

– ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Дар охир ҳайати ҷаласаи озмун қарорҳои дахлдор ҷиҳати баргузории даври аввали он ва андешидани чораҳои зарурӣ қабул намуд.

2025-04-13 07:13:24

КАСБҲОИ СЕРТАЛАБГОРТАРИН КАДОМҲОЯНД?

Касби идеалӣ онест, ки соҳибкасб онро дӯст медорад, ба он майл дорад ва ҳамзамон, дар бозори меҳнат бо ин ихтисосаш қадршиносӣ мешавад. Дар ин матлаб кӯшиш кардем дар такя ба оморҳои ҷаҳонӣ таҳлил намоем ,ки имрӯз кадом касбу пешаҳо серталабгоранд.

Касбҳои серталабгор:

Мутахассиси IT-барномасоз;

Муҳандис-технолог;

Корманди миёнаи тиб;

Кишоварз-агроном;

Ронанда;

Мутахассиси IT-барномасоз

Дар асри рақамӣ моро аслан сомонаву барномаҳо иҳота мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҷаҳон пайваста ба мутахассисоне ниёз дорад, ки ин сомонаву барномаҳоро месозанд ва фаъолияташонро пайваста такмил медиҳанд. Ҳамин тавр, IT соҳаест, ки дорои ихтисосҳои гуногун буда, рисолати ҳамаи онҳо кор бо системаи компютер ва забонҳои сомонаву барномасозӣ мебошад.

Имрӯз мутахассисон метавонанд дар ин соҳа пули хуб ба даст оранд, зеро дар бозори IT-и ҷаҳон ва кишвари мо ҳанӯз ҳам норасоии кадрҳо дар ин самт баръало вуҷуд дорад. Ин аз он сабаб аст, ки имрӯз аксарият мехоҳанд мутахассиси IT шаванд, аммо махсусияти касбро то охир аз худ накарда, ба худтакмилдиҳӣ машғул намешаванд, зеро ҷаҳони технология ҳамарӯза дар ҳоли тағйирёбист. Тибқи таҳлилҳо ин касб ҳамеша ҳамчун ихтисоси серталабот боқӣ хоҳад монд.

Муҳандис

Намояндаи ин касб такягоҳи асосӣ дар истеҳсолот аст, ҳарчанд пештар ин касб танҳо бо заводу фабрикаҳо алоқаманд буд. Имрӯз муҳандис дар корхона одамони муҳимтаринанд, зеро тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳо ва роҳҳои самаранок нигоҳ доштани онҳоро тарҳрезӣ мекунанд. Маҳз ба шарофати муҳандисон компютеру дастгоҳҳои гуногун истеҳсол мешаванд, маъданҳои фоиданок истихроҷ мегарданд ва ҷаҳон ба коинот мушак мефиристад.

Имрӯз муҳандисони дигаре низ ҳастанд, ки бо дастгоҳҳои калон алоқаманд набуда, вазифаи онҳо таҳияи шабакаҳои нейронӣ ва омӯзиши технологияи зеҳни сунъист. Ин касбест, ки талабот ба он асрҳо боқӣ хоҳад монд, зеро маҳз фаъолияти муҳандис-технологҳо инсониятро дар ҷаҳони рақамӣ пеш мебарад.

Корманди миёнаи тиб (ҳамшира, бародари шафқат)

Инсоният мавҷудоти зинда аст ва албатта, бемор мешавем. Аз ин рӯ, ҳамеша ба онҳое ниёз дорад, ки ӯро табобат мекунанд. Бинобар ин, пешаи корманди миёнаи тиб то абад серталабгор боқӣ хоҳад буд. Гузашта аз ин, ин яке аз ихтисосҳои наҷиб аст, зеро вазифаи чунин мутахассисон наҷот додани ҳаёти дигарон аст.

Дар хориҷи кишвар пешаи мазкурро бонуфуз медонанд ва барои аз худ кардани он солҳои зиёдро ба таҳсил сарфу омӯзиши иловагӣ сарф мекунанд, зеро намояндагони ин пеша дар ҷомеа маоши арзанда ва эҳтироми баландро сазоворанд.

Кишоварз-агроном

Боз як касби серталаб дар Тоҷикистон кишоварз-агроном аст, зеро кишвари мо аграрӣ буда, аксарияти сокинон ба хоҷагидорӣ машғуланд. Имрӯз бо шарофати мутахассисоне, ки дар ин соҳа кор мекунанд, сокинони шаҳрҳои калон тамоми маводи зарурии хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмониро бо сифати баланд дастрас мекунанд. Ҳамин тавр, фермаҳои чорводорӣ моро бо гӯшту шир, хоҷагиҳои ғаллакорӣ бо орду гандуму нону дигар анвои ғалладона, боғкорон бо меваҳои тару тоза ва деҳқонон бо сабзавоти мухталиф дар ҳамаи фасли сол таъмин мекунанд. Аз ин рӯ, мутахассисони хоҷагии қишлоқ яке аз нафарони серталаб боқӣ хоҳанд буд.

Ронанда

Ин мутахассисоне мебошанд, ки бо ҳамлу нақли молу коло ва одамон сарукор доранд. Дар ин соҳа мутахассисон метавонанд дар самтҳои гуногун кор кунанд – аз ронандаи нақлиёти сабукрав то тайёраву ҳавопаймо ва киштиҳои обию кайҳонӣ.

Ихтисоси мазкур ҳамеша талабгор аст, ҳарчанд имрӯз бисёр вазифаҳои он автоматӣ шуда, тариқи роботҳо идора карда мешаванд, вале соҳаи роҳу нақлиёт ҳанӯз ҳам мавҷудияти инсонро дар ин самт талаб мекунад, то ин ки бо муштариёни зинда муошират кунад ва интиқолҳоро бурда расона.

Аз рӯи хулосаҳо, то он даме, ки ҷаҳон комилан ба нақлиёти бесарнишин гузарад, ронандагон лозим хоҳанд шуд. Ҳарчанд ин гуна пешрафтҳо аллакай вуҷуд доранд, вале дар ин самт садсолаҳо озмоиши ҷиддӣ лозим аст, зеро садамаҳо як монеи пешрафт дар ин самт аст. Ин маънои онро дорад, ки ронандагон дар садсолаи наздик ба бекорӣ дучор нахоҳанд шуд.

Аз идора: Хонандагони азиз, дар шумораҳои оянда мо боз ҳам дар мавриди дигар касбу ихтисосҳои серталабот бароятон маълумот медиҳем.

Таҳияи Мирсаид САТТОРИЁН,

«Ҷаҳони ҳунар»

2025-04-13 07:10:59

ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Саннаи 11 апрели соли 2025 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ иштирокчиёни фаъоли даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ̄ китоб аст” аз ҷониби роҳбарияти муассиса қадрдонӣ гардиданд. Дар даври якуми озмуни мазкур зиё̈да аз 100 нафар ширкат варзида, беҳтаринҳо ба даври дуюми озмун (ноҳиявӣ) роҳхат гирифтанд.

Директори муассиса Шаҳло Ашуриён ғолибонро табрик намуда, ба онҳо дар давраҳои минбаъдаи озмун барору муваффақият орзу намуд.

Зикр гардид, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ̄ китоб аст» бо сарпарастии Пешвои миллат мууҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарё̈фти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар таъсис ёфтааст.

2025-04-10 20:47:16

ДАР ДУШАНБЕ РОҶЕЪ БА ҲАМКОРИИ СИСТЕМАҲОИ МИЛЛИИ ТАЪЛИМИИ КИШВАРҲОИ ИДМ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз дар «Кохи Афсарон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ (МФГС) Конфронси байналмилалии илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳамкории системаҳои миллии таълимии кишварҳои Иттиҳод ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои ИДМ” оғоз гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок доранд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар марҳилаи муосири тараққиёти кишварҳои ҷаҳон салоҳиятнокии касбии аҳолӣ яке аз шартҳои муҳимтарини рушди устувори ҷомеа ва таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ буда, таъмини соҳаҳои гуногуни кишвар бо коргарони соҳибихтисос ва мутахассисони сатҳи миёнаи ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат бар дӯши зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гузошта шуда, маҳз ҳамин зинаҳои таҳсилот метавонанд дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии кишварҳо саҳми босазо гузоранд.

Ба таъкиди Раиси Кумита, бе назардошти таъмини сифати таълиму тарбия, ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани тахассусҳо ва алоқамандии илму истеҳсолот дар соҳаи таҳсилоти касбӣ наметавон ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд. Бинобар ин, зарурати моҳиятан баланд бардоштани сифат ва иҷроиши самараноки нақшаву барномаҳои таълимӣ, ташкили методу технологияҳо ва бароҳмонии таълими босифат дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани мутахассисони онҳо рӯз то рӯз аён мегардад.

«Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш таъкид намуданд, баланд бардошатни сифати таҳсилот дар шароити кунунии рушди ҷомеаи башарӣ яке аз авлавиятҳои муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб рафта, заминаи рақобатпазириро дар низоми соҳа фароҳам хоҳад овард. Бо назардошти таъкиди мазкур бояд гӯем, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳо истифода ва татбиқи пешниҳодҳо барои гузариш ба раванди ҳамгироии таҳсилоти байналмилалӣ ба татбиқи илм дар истеҳсолот авлавият дода шавад. Пас, зарурат пеш омадаст, ки тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаи баланд бардоштани нерӯи зеҳнии омӯзгорону мутахассисон, сатҳу сифати таҳсилот дар зинаҳои таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи каасбӣ, ба роҳ мондани барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки илмӣ-техникӣ, васеъ намудани доираи имкониятҳо ва ғайра дар маркази диққат қарор дода шаванд. Аз ин рӯ, соли дуюм аст, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ (МФГС) ҳамоишҳои байналмилалиро дар ин самт баргузор менамояд», - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории ин иқдом табодули донишу таҷриба байни мутахассисону коршиносони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишварҳои узви ИДМ мебошад.

Дар конфронс иброз гардид, ки чунин ташаббусҳо дар самти рушду тавсеаи муносибатҳо заминаи хуб мегузоранд ва дар ин доира, ҷиҳати табодули афкор ва шиносоӣ бо фарҳангу маданият ва сатҳи донишандӯзии якдигар мусоидат мекунанд, зеро тибқи барномаи чорабинӣ дар доираи ин ташаббус баромаду суханрониҳои илмӣ ва треннинги омӯзишӣ дар назар дошта шудааст.

Дар кори конфронс дар баробари намояндагони кишварҳои узи ИДМ, ҳамзамон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаик асбии шаҳри Душанбе иштирок доранд. Конфронси мазкур аз 8 то 12 апрели соли ҷорӣ идома мекунад.

 

2025-04-10 17:01:14

РУШДИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ - ҲАМЧУН СОҲАИ ОЯНДАСОЗ

Дар ҳама давру замон омӯзиш ва соҳибмаълумот гардидан дар мадди аввал меистод ва имрӯз ҳам таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ҳамин самт равона карда шудааст. Агар ба давраҳои қадим назар афканем, мушоҳида мекунем, ки одамон ба тангии шароит нигоҳ накарда, дар хонаву кӯчаҳо таълим мегирифтанд. Инро ба инобат гирифта, мо бояд шукргузор бошем, ки бо талоши фарзандонӣ фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифу таҳсилоти касбӣ сол аз сол рушд карда истодааст.

Тавре, ки Пешвои миллат дар ҳар баромадашон оид ба соҳаи маорифу таҳсилолти касбӣ, қайд менамоянд, Ҷавонон нерӯи асосии пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд ва таълими дурусти онҳо ба омӯзгор ҳам қарз асту ҳам фарз”. Барои дар амал татбиқ намудани ин гуфтаҳо, маъмурияти коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор барои таълимгирандагон шароит фароҳам оварда, таълим дар ду баст сурат мегирад ва ба онҳо омӯзгорони ихтисосманд дарс мегӯянд.

Давлату Ҳукумати кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф, таҳсилоти касбӣ ҳамчун омили асосии тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил таҳким, рушд ва тақвияту идома дода истодааст. Қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои маорифу таҳсилоти касбӣ ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорону устоҳои таълимии истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшиданд.

Бо иқдомоти ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз китобҳои таълимӣ бо назардошти шароити нав таълиф ва чоп гардиданд, ки онҳо доир ба ҳар як мавзуи дарсӣ маълумоти бештар дошта, бар замми ин, омӯзгорони соҳибтаҷриба бо истифода аз имконоти фароҳамовардашуда аз шабакаҳои иҷтимоии таълимӣ низ фаровон истифода менамоянд.

Инчунин, аксари муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс аз технологияҳои наву ҳозиразамон ва шаклу усулҳои фаъоли таълим истифода карда, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос мекунанд ва ҷиҳати васеъ гардондани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо кӯшиш менамоянд.

Чунин шароит ва дастгириҳои давлатӣ далели он мебошанд, ки имрӯз шумораи зиёди таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон, монанди дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, дар соҳаи таҳсилоти итбтидоӣ ва миёнаи касбӣ муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабии вазъи сиёсӣ ва мушкилоти давраи гузариш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ илму маорифро соҳаи муҳимтарину афзалиятноки кишвар эълон намуда, зери назар ва пуштибонии махсуси худ қарор доданд.

Аз ҷумла, дар даврони истиқлолияти мамлакат маҷмуи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи маорифу таҳсилоти касбӣ муайян менамоянд. Дар маҷмуъ, ҳамаи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ барои дигаргунсозии низоми маорифу таҳсилоти касбӣ, комёб шудан ба дастрасии баробар ба таҳсилот, ҳалли масъалаҳои гендерӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи баланд бардоштани сатҳи таҳсилот дар байни аҳолӣ равона шудаанд.

Яъне, то ин муддат марҳилаи устувори танзими ҳуқуқии ин соҳаи ҳаётан муҳим гузаронда шуда, санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавии давравӣ қабул ва дар амал татбиқ гардиданд.

Ҷомеаи омӯзгорон ва кормандони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор фаъолияти худро мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, амру фармон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарору фармоишҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муасисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассиса ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таҳсилот ба нақша даровада, ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ташкил ва гузаронидани дарсҳои намунавӣ ва иштироки омўзгорон ба дарсҳои ҳамдигар ба маҷрои нави ташкилию таълимӣ оварда шуд. Аксарияти чунин дарсҳо бо иштироки намояндагони маъмурияти коллеҷ гузаронида шуда, баъдан ҳаматарафа таҳлилу натиҷабардорӣ карда мешаванд, ки ин тарзи кор дар болоравии ҳисси масъулиятшиносии омўзгорони ҷавон замина хоҳад гузошт.

Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯз, ки аз рӯи ихтисосҳои техникӣ, омӯзгорӣ ва тиббӣ ташкилоту муассисаҳои кишвар ба мутахассисон ниёз дошта, ҳамчунин, талабот дар бозори меҳнати кишварҳои дигар низ ба ин мутахассисон меафзояд, омода намудани кадрҳои баландихтисоси зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ талаботи замон мебошад. Аз ин рӯ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо мазмуни таҳсилот тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни навро касб намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти кории онҳо ниҳоди нав Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Дар ин замина, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» барои таҳияи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа имконият фароҳам оварда, раванди рушди ин намуди муассисаҳои таълимиро дар замони истиқлолият фароҳам овард.

Дар ҷомеаи имрӯзи кишвар рӯз ба рӯз талабот ба ихтисосҳои ин зинаи таҳсилот бештар гардида, ба ихтисосҳои тиббӣ, омӯзгорӣ, техникӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳи шаҳрвандон чандин маротиба бештар шудааст. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсису ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ба талаботи замон ҷавобгӯ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар имконият фароҳам овард, ки шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ, техникию илмӣ ва таъмин бо кадрҳои баландихтисос дар онҳо фароҳам омад.

Имрӯзҳо натанҳо барои таълими хонандагон ва донишҷӯён балки барои кӯдакони синни томактабӣ низ, шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Пас ин қишри ояндасозӣ ҷомеаро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату миллат пайваста омӯзанд ва дар оянда номбардори миллати худ гарданд.

НИЁЗОВА ЗУМРАД - мудири шуъбаи кадрҳои Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор


2025-04-10 16:58:26

ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАЛАКАИ КАСБӢ” ДАР МИНТАҚАИ ХУҶАНДӢ ВИЛОЯТИ СУҒД ОҒОЗ ГАРДИД

Рӯзҳои 10-11 апрел дар Литсейи касбии техникӣ сохтмонии шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии Малакаи касбӣ миёни муассисаҳои таҳлоти ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон, Ғафуров, Мастчоҳ, Истиқлол, Исфара, Конибодом ва Ашт, баргузор гардид, ки дар кори он Ҷамолиддин Назарзода, муовини сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҳамасола дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 15 ихтисос, аз ҷумла барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ санитарӣ гузаронида мешавад.

Озмун дар ду давр баргузор гардида, хонандагон бо супоридани тест аз рӯи фани таълимӣ ва нишон додани маҳорат аз рӯи ихтисос иштирок менамоянд.

Дар ин давра аз 12 муассиса 250 нафар хонанда аз рӯи 15 ихтисос иштироки фаъолона намуда, баъди ҷамъбасти натиҷаи имтиҳон ғолибон ба даври ҷумҳуриявии он роҳхат мегиранд.

Маврид ба зикри хос аст, ки даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур 15 - 16 майи соли 2025 дар Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 

2025-04-09 12:11:58

ИШТИРОКИ МУОВИНИ РАИСИ КУМИТА ДАР ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ГУРӮҲИ КОРИИ БҲИМОМ (CAREC)

Дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) оид ба рушди малакаҳо ҷараён дорад, ки дар кори он дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер Ҳикматулло, муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ иштирок намуда истодааст.

Вохӯрии мазкур рӯзҳои 3-5 апрели соли равон аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд бо ҳадафи беҳбуди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои маориф ва таҳсилоти касбӣ баргузор гардида, намояндагони кишварҳои аъзо дар раванди он дар бораи ислоҳот дар соҳаи дахлдор суханронӣ менамоянд.

Дар вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф ва таҳсилоти касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон роҷеъ ба таҳияи стандартҳои таълимӣ дар кишварҳои худ, ки тибқи таснифоти стандарти байналмилалии таҳсилот амалӣ мешавад, маълумот доданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки давоми чанд соли охир дар кишварҳои аъзои гуруҳи корӣ таснифҳо, стандартҳои таълимӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва талаботи тахассусӣ барои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ комилан нав карда шудаанд, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2025-04-09 12:10:41

ИШТИРОКИ РАИСИ КУМИТА ДАР ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ МАХСУСИ МАЪЮБОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар тантанаҳои идона раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Раҳимӣ Фарҳод, муовини якуми раиси Кумита Баҳрулло Давлатзода, директори муассиса Шаҳло Сироҷова, кормандону омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуданд.

Дар қисмати расмии чорабинӣ академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарини идҳои ориёӣ буда, мaҳз бо зaҳмaту тaлошҳои пaйвaстaи Пешвои муaззaми миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон aз ҷониби Мaҷмaaи умумии Созмони Милaли Муттaҳид бa ҳaйси ҷaшни ҷaҳонӣ пaзируфтa шуд.

"Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Наврӯз бо тамоми ғановату рангорангии худ эҳё гардида, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо, тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои суннатии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст. Ҷашни Наврӯз таҷассумгари некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро буда, фарҳанги оламшумули мардуми тоҷикро тавассути ойинҳои худ машҳури олам гардонидааст”, - гуфт раиси Кумита.

Сипас, барномаи фарҳангии хонандагони муассиса, ки аз шеъру тарона ва рақсу сурудҳои наврӯзӣ иборат буд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Ҳамзамон, ҳунармандони маъруфи кишвар Нигина Амонқулова ва Шуҳрат Сайнаков бо сурудҳои хеш хотири хонандагони муассисаро шод намуданд.

Аз тарафи хонандагон низ баромадҳои ҷолиб ба саҳна гузошта шуд. Ташаккур ба ҳар як иштирокчӣ барои саҳми арзишманд дар барпокунӣ ва таҳкими ин ҷашни бузург!

2025-04-09 12:08:19

ТОҶИКИСТОН, УЗБЕКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН: АЗ ҲАМСОЯГИИ НЕК ТО ДӮСТИИ САМИМӢ

Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дӯстӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини инсоният ба шумор рафта, на танҳо барои равнақу таҳкими муносибатҳо, балки ҷиҳати рушди ҷомеа ва таъмини суботи ҷаҳонӣ нақши муассиру созанда дорад. Бинобар ин, ҳар қавму миллат барои зиндагии осоишта ва ободии кишвар бояд муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмиро бо ҳамсояҳои худ дар меҳвари сиёсати хориҷиаш қарор диҳад, чунки дӯстии халқҳо ҳамчун омили саодатбахш на танҳо дар сатҳи фардӣ, балки дар робитаҳои минтақавӣ ва байнимилалӣ низ аҳамияти бузург дорад.

Халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизҳо дар тӯли таърих бо ҳам робитаи қавии фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доштанд. Маҳз ҳамин дӯстии дерина ба онҳо имкон дод, ки тамоми мушкилоти мавҷударо якҷоя ҳал намоянд ва барои рушди устувори минтақа саҳми арзишманди хешро гузоранд.

Бояд қайд кард, ки дар марҳилаи нави таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни миллатҳо ташаббус намуда, чун мунодии сулҳу амонӣ барои ҷомеаи башарӣ пешниҳодҳои созандаву наҷотбахшро ба миён гузоштаанд, чун Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда.

Пешвои миллати тоҷикон бар он назаранд, ки сулҳу суботи минтақа танҳо бо мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъмин карда мешавад. Дар ин замина, ташаббусҳои сарони давлатҳо ҷиҳати таҳкими дӯстии халқҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои минтақа ва ҷаҳон аҳамияти вижа дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки бо шарофати сиёсати дурбинонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир муносибатҳои байни ин кишварҳо ба сатҳи нав баромада, ҳамкориҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ густариш ёфтанд. Кушодани роҳу пулҳо барои рафтуои озоди шаҳрвандон чун заминаи рушди тиҷорат ва барқарорсозии муносибатҳои иқтисодӣ самараи ҳамин сиёсати дӯстона мебошад.

Як намунаи равшани ин ҳамкориҳо бастани созишномаҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя оид ба истифодаи захираҳои обӣ, барқарор кардани рафтуомади марзӣ ва афзоиши савдои байнисарҳадӣ мебошад. Ин тадбир барои беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми минтақа мусоидат намуда, густариши ҳамкории бештарро миёни халқҳо таъмин менамоянд.

Пайки ифтихор аст, ки 31-уми март дар шаҳри бостонии Хуҷанди Тоҷикистон сарони се давлати дӯст ва бародар–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳои ҷашнӣ иштирок намуда, дар рафти он як қатор созишномаҳои муҳими ҳамкориро ба имзо расониданд, ки барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳои ҳамсоя саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Дӯстии халқҳои тоҷик, ӯзбек ва қирғиз гарави сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад ва барои наслҳои оянда намунаи ибрат хоҳад буд. Ин дӯстӣ бояд ҳифз ва таҳким бахшида шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд».
Ҳамин тавр, ташаббусҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими дӯстии байни халқҳо на танҳо ба манфиати давлатҳо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳиму арзишманд мебошад, зеро танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ба ояндаи равшану зиндагии осуда ноил гардид.

АШУРИЁН Шаҳло Сайфуллозода, н.и.т., директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

 

 

2025-04-09 11:44:08

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат таҳти унвони “Наврӯз-пайвандгари қалбҳо ва тамаддунҳо” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Анвар Ислом, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одилзода Дилбар Раҳим, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Набизода Мадина Раҳмат муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Шабнам Карим, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саиднуриддинзода Аҳлиддин Саиднуриддин муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаётзода Алиакбар, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Нахуст ҳайати меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумии ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллии халқи тоҷик шинос шуда, ба маҳорату малакаи роҳбарияту кормандон ва хонандагону донишҷӯёни ин муассисаҳо баҳои баланд доданд.

Сипас, дар наврӯзгоҳи муассиса қисмати тантанавии ифтитоҳи фестивал баргузор гардид. Академик Фарҳод Раҳимӣ чорабиниро ҳусни оғоз намуда, иброз дошт, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистон дар як рӯз, яъне 21 март, ду ҷашн - Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро таҷлил намуданд, ки ҳар ду ҳам аз ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

“Маҳз бо заҳмат ва саъю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷашни таърихию аҷдодии миллии мо байналмилалӣ эълон гардид ва баҳри наҷоти аҳли башар бо мақсади ҳифзи сарчашмаи асосии оби тоза дар курраи Замин санаи 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд. Агар ҷонибдорӣ гардидани ин ташаббусҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аз як тараф эътирофи Пешвои муаззами миллати мо дар арсаи байналмилалӣ бошад, аз тарафи дигар ин иқдомот дар роҳи шинохти миллати куҳанбунёд, тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик, ки дар рушди тамаддуни инсоният саҳми назаррас дорад, муҳим арзёбӣ мегардад. Яъне, Пешвои миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки мо меросбарони аҷдодони таърихсозу таммадунофари худ ҳастем, ки имрӯз низ дар ин роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳем ва дар рушди фарҳанги инсонӣ талош дорем”, - зикр кард академик Фарҳод Раҳимӣ.

Қайд гардид, ки Наврӯз ҷашни кайҳону табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки мавҷудияти худро то замони мо аз даст надода, баръакс дар замони давлатдории миллии мо шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо кард ва бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни байналмилалӣ унвон гирифт. Об бошад, дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи арз буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз аз вуҷуд доштани об вобастагӣ дорад. Ҳанӯз ҳазорон сол қабл ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи нуҷумӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузоштанд ва манбаи асосии ҳаёт будани обро дарк намуда, ба он мақоми баланд доданд ва ҳамеша покиза нигоҳ доштани обро таъкид кардаанд.

Сипас, барномаи театрикунонидашудаи фарҳангӣ, ки иборат аз шеъру тарона, рақсу бозиҳои варзишӣ, сеҳргарию афсункорӣ ва сурудҳои тараннумгари наврӯзу ватан, ки аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи мамлакат ва донишҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ садо доданд, пешниҳоди ҳозирини гардонида шуд.

2025-04-09 11:41:26

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ ТАВСЕА МЕЁБАД

Санаи 04.04.2025 дар доираи сафари кории намояндагони Коллеҷи сохтмонию техникии шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни муассисаҳои мазкур Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Зимни мулоқот ҷоннибҳо доир ба фаъолияти муассисаи таълимии худ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳавасмандии ҷонибҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар самти гузаронидани чорабиниҳои илмии муштарак, инчунин аз такмили ихтисос ва бозомӯзи гузаронидани омӯзгорону кормандон дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон матраҳ гардиданд.

Тарафҳо ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои зерин созишнома ба имзо расониданд:

1) Таҳия ва татбиқи муштараки барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои илмӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ.

2) Ҳаракати академии донишҷӯён, омӯзгорон ва олимон бо мақсади тайёр кардан, такмили ихтисос ва такмили фаъолияти илмию таълимӣ.

3)Гузаронидани тадқиқоти илмии муштарак, таҳқиқоти илмии фундаменталӣ ва амалӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва татбиқи муштараки фаъолияти инноватсионӣ.

4) Иштироки мутақобила дар гузаронидани лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ, тадқиқотӣ ва илмию техникӣ, конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, инчунин мубодилаи адабиёти таълимӣ ва илмӣ.

 

2025-04-09 11:39:09

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - СИПАРИ АМНИЯТ ВА ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - шахсияти барҷастаи таърихиест, ки номашон бо истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ободии саросарии Тоҷикистони азиз тавъам гаштааст.

Шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ва вориси арзандаи анъанаҳои пурғановати миллӣ дар лаҳзаҳои басо ҳассоси таърихӣ масъулияти бузурги роҳбарии давлатро ба дӯш гирифта, бо иродаи қавӣ ва ҷаҳонбинии хирадмандона миллати парешонгашта ва давлатдории вайроншударо ба роҳи ягонагӣ, амният ва рушд раҳнамоӣ намуданд.

Пешвои миллат дар муддати начандон тӯлонӣ тавонистанд, кишварро аз вартаи буҳрону ҷанги шаҳрвандӣ берун кашида, пояҳои давлатдориро аз нав эҳё ва мустаҳкам намоянд. Таъмини сулҳи устувор, оромии комил ва ризоияти миллӣ маҳз бо заҳматҳои бемисли ин шахси фидокор имконпазир гардид.

Бо дили соф, нияти пок, эҳсоси баланди масъулият ва садоқати бепоён ба Ватан, Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатеро, ки рӯ ба таназзул ниҳода буд, ба як кишвари соҳибистиқлоли дорои нуфузи байналмилалӣ табдил намуданд.

Бо талошҳои пайваста ва иқдомҳои созандаи Сарвари давлат, садҳо иншооти азими стратегӣ, аз қабили нақбҳои “Истиқлол”, “Озодӣ”, “Шаҳристон” ва “Хатлон” сохта шуданд, ки онҳо на танҳо василаи пайванди вилоятҳо, балки рамзи “Ваҳдат” ва якпорчагии миллат мебошанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари халқпарвар ва инсондӯст мебошанд. Ҳамеша дар канори мардум қарор дошта, ба ҳар гӯшаи дурдаст сафар карда, аз вазъи зиндагии сокинон огоҳ мегарданд, ба дарду ниёзашон гӯш дода, чораҳои амалӣ меандешанд. Маҳз ҳамин сидқ ва муҳаббат ба мардум аст, ки онкасро бо ифтихор "Пешвои миллат", "Падари Ватан" ва "Ҷони халқ" мехонанд.

Дар самти сиёсати хориҷӣ низ, таҳти раҳбарии Пешвои муаззами миллат, Тоҷикистон мавқеи устувор ва обрӯи баланд касб намудааст. Пешниҳодҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ба монади об, иқлим ва амният аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо самимият пазируфта шудаанд.

Имрӯз ҳамаи дастовардҳои кишвар сулҳу субот, ободӣ, пешрафти илм, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, натиҷаи сиёсати бунёдгароёна ва хидматҳои содиқонаи Пешвои миллат мебошанд. Бо диди васеъ, ақли расо ва қалби пурмеҳр, Пешвои миллат Тоҷикистонро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ менамоянд.

Бешак, хизматҳои таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои заррини давлатдории навини тоҷикон сабт гардида, барои наслҳои оянда ҳамчун намунаи фидокорӣ, садоқат ва ваҳдатгароӣ хизмат хоҳанд кард. Ӯ раҳнамои миллат ва нури чашми халқанд, симои барҷастае, ки таърих бо ифтихор аз он кас ёд хоҳад кард.

МАҚСУДА БОБОЕВА,ҷонишини директор оид ба таълим ва

тарбияи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент