Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-02-09 16:20:43

РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба мариҳила муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизотҳои муосири технологияи иттилоотӣ таъмин гардиданд. Омӯзишӣ технологияи иттилоотӣ нисбат ба даврони шӯравӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, хонандагону донишҷӯён аз рӯи ин фан дар олипиадаҳои байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Технологияҳои иттилоотӣ дар асоси интернет, шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва системаҳои зеҳнии компютерӣ ба насли оянда имкониятҳои паҳнкунии озодонаи донишҳо ва маълумоту маводи гуногунро фароҳам меоранд. Ба ин насл зарур аст, ки худро ба муҳити нави иҷтимоӣ мутобиқ гардонад, муҳите, ки дар он иттилоот ва донишҳои илмӣ омилҳои асосии муайянкунандаи иқтидори ҷамъият ва дурнамои рушди он бошанд.

Технологияҳои иттилоотиро ҳамчун унсур ва функсияи ҷамъияти иттилоотӣ, ки ба танзим, нигаҳдорӣ, дастгирӣ ва такмили системаи идораи ҷамъияти нави шабакавӣ равона шудааст, баррасӣ кардан мумкин аст.

Ба маънои васеъ, технологияҳои иттилоотиро ҳамчун системаи методу усулҳои ҷамъоварӣ, андӯхт, нигаҳдорӣ, ҷустуҷӯ, коркард, таҳлил ва пешниҳоди маълумот, иттилоот ва донишҳо бо истифодаи воситаҳои дастгоҳию барномавӣ ва мувофиқи талаботи пешгузоштаи истифодабарандагон фаҳмидан лозим аст.

Технологияҳои иттилоотӣ фаъолгардонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии ҷамъиятро, ки имрӯз омили муҳимми стратегии рушди он ба шумор мераванд, имконпазир мегардонанд. Он мутобиқгардонӣ ва дар бисёр ҳолатҳо автоматикунонии ҷараёнҳои иттилоотиро, ки солҳои охир дар фаъолияти ҷамъиятии инсон мавқеи зиёд касб мекунанд, имконпазир месозад.

Дар баробари воситаҳои анъанавии алоқа (телефон, телеграф, радио ва телевизион), дар соҳаи иҷтимоӣ системаҳои телекоммуникатсияи электронӣ, почтаи электронӣ, фиристодани иттилоот тавассути алоқаи факсимилӣ ва намудҳои дигари алоқа васеъ истифода бурда мешаванд. Ин воситаҳо ба фарҳанги ҷамъияти муосир зуд мутобиқ мешаванд.

Асри XXI барои он асри «техника ва технология» ном гирифтааст, ки бояд дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди иттилоот, маълумот баҳравар гардад.

Технологияҳои иттилоотӣ имрӯз дар ҷараёни зеҳникунонии ҷамъият ва пешрафти соҳаҳои маорифу фарҳанг мавқеи марказиро касб мекунанд. Методҳои муосири омӯхтан ва андӯхтани донишҳо дар назарияи зеҳни сунъӣ, методҳои моделсозии иттилоотӣ ва графикаи маърифатии компютерӣ асос ёфтаанд, ки онҳо ҳалли вазифаҳои душворбаёншаванда, инчунин, вазифаҳоеро, ки иттилооти нопурра ва маълумотҳои ибтидоии норавшан доранд, имкопазир мегардонанд. Аҳамияти барои марҳилаи муосири пешрафти ҷамъият комилан муҳимми рушди технологияҳои иттилоотӣ аз он иборат аст, ки истифодаи онҳо барои ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният, пеш аз ҳама, масъалаҳо вобаста ба зарурати бартараф намудани буҳрони тамаддуни глобалӣ, ки аҳли оламро дар ташвиш гузоштааст, ба таври назаррас мусоидат карда метавонад.

Он давлатҳое, ки воситаҳои муосири комму¬никатсияи компютерӣ ва шабакаҳо, технологияи иттилоотӣ ва сис¬темаҳои идораи захираи иттилоотиро хуб истифода мебаранд, ба комёбиҳои баланди иқтисодию иҷтимоӣ ноил мегарданд. Дуруст аст, ки имрӯз инсоният аз нигоҳи фанниву техникӣ бо сурьати кайҳонӣ пешрафт мекунад. Риштаи информатика, соҳаи компютер бо тамоми зарфияташ дар матни зиндагии мо нуфуз мекунад. Ин боиси хурсандист.

Вобаста ба ин, мо бояд аз зиндагӣ, аз истифодаи комёбиҳои илмӣ қафо намонем. Бо ҳамин хотир, мо мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муоссир ва саъю талошҳои навҷӯёнаи хешро, барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, саҳми арзишманди худро гузорем.

Сафаров У. Ҳ.

мудири бахши назорат ва

таъмини сифати таҳсилоти

Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон

2025-02-09 16:19:27

РУШДИ ФУТБОЛ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми худ вобаста ба баланд бардоштани соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ суханронӣ намуда, барои рушди он ба масъулони соҳа дастурҳои мушахас додаанд.

Тавре ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро ҳамчун самти муҳими фаъолияти давлатдорӣ дастгирӣ менамоем».

Хушбахтона, имрузҳо бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушду инкишофи варзиш тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар мамлакат, аз ҷониби мақомотҳои иҷроия садҳо бинову иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ин боз ҳам барои дар роҳи ҳаёти солим тарбия кардани ҷавонону наврасон нақши муҳим мебозад.

Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раиси Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон аввалин бор 10-уми феврали соли ҷорӣ пешниҳод намуд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуда, тавассути қабули қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад. Ин пешниҳод, ки расман эълон гардид, якбора ҳам мухлисон ва ҳам ҳаводорони рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба ҳайрат овард ва он на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҷаҳониёнро низ мутаҳайир намуд. Ҳамин тариқ 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шуд.

Маҳз ин қатъномаи пешниҳодгардида нақши бунёдии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва нақши муҳими федератсияҳои футболро дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ, инчунин ассотсиатсияҳои марбутаи онҳо дар пешбурди бозии футбол баланд арзёбӣ менамояд. Ин қатънома аз ҳамаи кишварҳои узв ҷиҳати дастгирии варзиш, аз ҷумла футбол, ки нақши он ҳамчун воситаи мусоидат барои таъмини сулҳ, рушд, тавонмандсозии занону духтарон ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, инчунин мусоидат ба фарогирии иҷтимоӣ, муколамаҳои байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо назаррас аст, даъват ба амал оварда шудааст. Метавон гуфт, ки баҳри баланд бардоштани варзиши касбӣ ва маҳорати дар ин самт равонагардида, амали варзишгар бештар дида мешавад ва дар ин самт нерӯи қавӣ рисолати ҷавонмардӣ ва ҳуввияти миллӣ низ вазифаи муҳимро мебозад.

Ҳамин аст, ки Маҷмааи Умумии СММ қарор қабул кард, ки рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад, зеро соли 2024 садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол, ки бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924 дар шаҳри Париж баргузор гардида буд, ҷашн гирифта шуд. Ин лаҳзаи хотирмон дар таърихи миллати варзишдӯсти тоҷик нақш баст. Солҳо мегузарад, аммо пешниҳоде, ки вобаста ба рушди соҳа ҷаҳонро фаро гирифт дар хотираҳо нақши бориз мегузорад. Акнун ҳар як варзишагари асили миллатро мебояд, ки риояи талаботҳои ҷойдошта ва қоидаҳои буду боши раванди баргузории бозиҳои варзиширо пайхас намуда, баҳри муаррифии Тоҷикистон дар самт бештар талош намояд.

Бахтиёр КАМОЛОВ, директ ори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

2025-02-09 16:06:20

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ САДА ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе 7-уми феврали соли 2025 бо иштироки директори муассиса, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, намояндаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Раҳимзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир ва кормандону донишҷӯёни муассиса ба муносибати ҷашни аҷдодии Сада чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи Коллеҷ аз ҷониби садоратони факултетҳо хони идонаи ҷашни Сада ороста гардида, гулхан фурӯзон шуд.

Директор Зоир Ғафурӣ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, чунин изҳор дошт: "Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо иқдомоти таърихию дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари идҳои Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон, ҷашни Сада дар низ кишвари маҳбубамон дубора эҳё шуда, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад."

- Ҷашни Сада рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Ба ақидаи мардум, дар ин вақт сармо ба авҷи худ мерасад ва баъдан, рӯ ба эътидол меорад. Ин рӯзро муҳаққиқону олимони соҳа Обонрӯз низ меноманд, - чунин зикр кард Зоир Ғафурӣ.

Дар идома профессор Саъдӣ Қосимӣ доир ба муҳимму таърихӣ будани ҷашни Сада ва таърихи пайдоиши он ба ҳамагон маълумот дод.

Сипас, аз ҷониби дастаи ҳунарии Коллеҷ барномаи хотирмони фарҳангӣ, ки фарогири суруду рақсҳои тоҷикона ва дигар бахшҳои рангин буд, дар сатҳи баланд пешниҳоди ҳозирин гардид.

Дар охир аз ҷониби раёсати Коллеҷ чун анъана ба ғолибони озмуну олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ, роҳбарон ва волидайни онҳо ифтихорнома, сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

Меҳмонон ва ҳозирин ба рафти чорабинӣ баҳои баланд доданд.

 

2025-02-09 16:03:53

“ТАХТИ САНГИН” - НИШОН АЗ ТАМАДДУНИ ВОЛО ВА ТАЪРИХИ КУҲАНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар саросари кишвар бозгӯи миллати бостониву қадима ва соҳибтамаддун будани тоҷикон аст. Боиси тазаккур аст, ки танҳо соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба Феҳрасти фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонзимни яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис ёбад. Ҳадафи ин ниҳод густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ арзёбӣ мешавад.

“Тахти Сангин” яке аз ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ, ки дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон, дар ноҳияи Қубодиён ҷойгир аст. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқ Ш.Раҳмонов “Тахти Сангин” (Утар қала) дар 8 гектар масоҳат доман густурда, дар миёни Амударё ва куҳдомани Тоштеппа, аз шимолу ҷануб бо деворҳои ғафс пушонида шудааст.

Дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносон маълум гардидааст, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино шудааст. Аз ин лиҳоз олимон онро “Тахти сангин№ номиданд. Азбаски ёдгории мазкур ба Тахти Ҷамшед (Персеполис) пойтахти империяи Ҳахоманишиён шабоҳат дошт, дар номгузорӣ ба он низ пайравӣ карданд. “Тахти Сангин” мавзеи таърихиест, ки маъбад шаҳрак унвон гирифта, ба асрҳои IV пеш аз милод ва II милодӣ тааллуқ дорад. Ин ёдгории пурарзиш аз ҳунари волои меъмории шаҳрсозии ачдодонамон дарак дода, муаррифгари таърихи як гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Қиммати баланди таърихӣ доштани “Тахти Сангин”-ро олимони ҷумҳурӣ Музаффар Азизов ва Ҷонибеки Асрориён низ таъкид намуда чунин нигоштаанд: “То ифшои рози ин ёдгории беназир шоҳигарии Бохтари куҳан барои олимон афсонаи ширинеро мемонд ва онҳо бовар намекарданд, ки мардуми бохтарӣ ба эҷоди тамаддуни бесобиқа қодиранд”. Дар нимаи дуюми асри Х1Х тоҷирони бухороӣ аз сокинони маҳаллӣ дар бораи бозёфти “Тахти Сангин” хабардор шуда онро харидорӣ намуданд. Сипас барои тиҷорат суи Ҳиндустон равона гардиданд ва “Хазинаи Амударё” аз ҷониби заргарони ҳинду ва амалдорони бритониягӣ харидорӣ шуданд. Баъди чанд сол бозёфти мазкур моли Осорхонаи миллии Британия гардид. Ин бозёфтҳо бозгӯи соҳиби таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ будани халқи тоҷик аст. Маврид ба зикр аст, ки номи “Хазинаи Амударё” - ро ба бозёфтҳои “Тахти Сангин” муҳақиқи англис О. М. Далтон гузоштааст. Ӯ нахустин муҳаққиқест, ки дар бораи ин бозёфт таҳти унвони “Ганҷинаи Амударё” соли 1905 рисолаи алоҳида навишта ба он баҳои баланд дода буд. Ба иттилои муаллифони китоби “Қубодиён”- Қуввати Доро, Фозили Абдуррашид, Қиёмиддин Сатторӣ бошад, барои кашфи ёдгории “Тахти Сангин” дар сафарномаи сайёҳ ва афсари рус Н. Маев ҳамчун раҳнамо ба пажуҳишгарони баъдинаи осори бостонӣ ахбори муҳиме гирд оварда шудааст, ки он имконият дод, то ки макони аслии “Хазинаи Амударё” муайян гардад. Дар қарни ХХ бошад маълумотҳои муҳим аз ҷониби бостоншиноси шуравӣ М. М. Дяконов низ ба даст оварда шуданд. Инчунин, ҳафриётҳои натиҷабахши бостоншиносӣ зери роҳбарии бостоншиносони барҷастаи шуравӣ А. М. Менделштам, Б.А Литвинский, И.Р Пичикян ва дигарон ҷиҳати кашфу муаррифӣ намудани ёдгории “Тахти Сангин” гузаронида шуда тадқиқоти пурарзиш роҳандозӣ гардидаанд.

Хушбахтона дар замони имрӯза низ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи “Тахти Сангин” идома ёфта истодааст. Қобили ёдоварист, ки “Тахти Сангин” ба номгуйи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз Ҷониби Тоҷикистон соли 2011 пешниҳод шуда, соли 2015 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии Юнеско сабт гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба 2500 – солагии шаҳраки бостонии “Тахти Сангин” 11 ноябри соли 2021 дар чаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ба Руйхати рӯзҳои муҳим ва хотирмоне, ки Юнеско дар солҳои 2022-2023 таҷлил мекунад, дохил гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳо ва суханрониҳо пайваста таъкид менамоянд, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро ҳифзу эҳё созем, омӯзем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Маҳз бо дастурҳои Сарвари давлат аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонуну қарор, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамал қабул гардид, ки ба ҳифзу эҳёи ин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат намуд. «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки айни замон барои пешрафти кор дар ин самт нигаронида шудааст.

Азимзода Нусратулло Абдулло, сардори идоракуни сифати таҳсилоти Коллеҷи муҳандисӣ - омӯзгории шаҳри Бохтар

 

2025-02-04 19:59:52

ДАР ДАВРАИ ҲИСОБОТӢ 10 САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ОМОДА ГАРДИД

Дар оғози нишаст академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 маълумот дода, қайд кард, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо кадрҳои соҳибкасб омода карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он фаъолиятро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, қонунҳои миллӣ ва соҳавӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияву стратегияҳои давлатӣ, барномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соли 2024 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ барои пешбурди фаъолияти корӣ Кумита 10 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва лоиҳаҳои дигари санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, барои баррасӣ пешниҳод шудаанд. Аз ин теъдод 4 санад, аз ҷумла Низомномаҳои намунавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, стандарҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.

Ҳамзамон, Стандарти салоҳият ва барномаҳои таълимии модулии 31 касбу ихтисос таҳия ва ба тавсиб расонида шуда, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фиристода шуданд.

Бо мақсади беҳтар кардани сифати таҳсилот дар 36 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии равияи тиббӣ аз рӯйи 13 ихтисос дар заминаи синфҳои 9 ва 11 нақшаи таълимӣ, инчунин 70 нақшаи таълимии равияҳои техникӣ ва технологӣ ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.

Айни замон, нақшаҳои таълимии равияҳои фарҳанг ва санъат аз рӯйи 24 ихтисос мавриди таҳлилу корбарӣ қарор доранд.

“Дар соли таҳсили 2024 - 2025 ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 ҳазору 453 нафар хонанда қабул шудааст, ки 100 дарсади иҷрои нақшаи қабулро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ин муассисаҳо 23 ҳазору 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар соли таҳсили 2023 - 2024 беш аз 8 ҳазору 73 нафар аз рӯйи 53 ихтисос хатм намуданд, ки 2 ҳазору 674 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд”, - иттилоъ дод академик Фарҳод Раҳимӣ.

Дар ин давра 12 000 нафар шаҳрвандон аз рӯйи 50 касбу ҳунар курсҳои кутоҳмудатро хатм намуданд, ки аз ин 1 ҳазору 484 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ 106 000 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

 

2025-02-04 19:58:17

НИШАСТИ МАТБУОТИИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР

Санаи 4 феврали соли 2025 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” бо иштироки директори муассиса, номзади илмҳои тиб Одилзода Исмоил Ёкубҷон, роҳбари сохторҳои Коллеҷ ва доираи ивасеи хабарнигорон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар давраи ҳисоботӣ ба дастовардҳои назаррас дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, такмили заминаи моддиву техникии коллеҷ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ноил гардид. Зикр гардид, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар соли гузашта як қатор ташаббусҳои муҳими омӯзишӣ ва илмию методиро амалӣ намуда, мавқеи худро дар низоми таҳсилоти тиббии кишвар мустаҳкамтар гардонидааст.

Баъд аз пешниҳоди ҳисоботи расмӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро матраҳ намоянд. Журналистон бештар ба мавзӯъҳои марбут ба сифати таълим, дастгирии иҷтимоии донишҷӯён, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нақшаҳои ояндаи коллеҷ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Ҳамаи саволҳо бо ҷавобҳои мушаххас ва муфассал посух дода шуданд.

Нишасти матбуотӣ дар фазои ошкоро ва мусбат ҷараён гирифта, имконияти хуберо барои боз ҳам мустаҳкамтар шудани ҳамкориҳо миёни муассисаи таълимӣ ва ҷомеаи журналистӣ фароҳам овард. Роҳбарияти коллеҷ изҳори қаноатмандӣ намуд, ки чунин чорабиниҳо барои инъикоси воқеии фаъолияти муассиса ва беҳтар намудани иртибот бо ҷомеа мусоидат мекунанд.

2025-02-04 19:55:59

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бо иштироки директори Коллеҷ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Одиназода Латофат Амиршо ва дигар сохторҳои Коллеҷ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2024 бо доираи васеи рӯзноманигорони маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Омӯзгорону кормандони муассиса дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастури супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб то имрӯз як чанд корҳоро ба анҷом расонидаанд, - иброз дошт директори Коллеҷ.

Таъкид гардид, ки дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар соли 2024 шумораи умумии кормандон 116 нафарро буда, аз он 90 нафарро омӯзгорон ташкил медиҳад.

Дар соли таҳсили 2023-2024 муассисаро 399 нафар хатм намуданд.

Дар пайравӣ аз ҳидоятҳои хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмурияти Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар ҳар ҷашну маросим аз ҳолу аҳволи қишри ниёзманди ҷомеа дидан намуда, то ҳадди имкон ба онҳо кӯмакҳои моддии худро мерасонад. Аз ҷумла, дар арафаи ҷашни пуршукуҳи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба аёдати омӯзгорони собиқадор, ки солҳои зиёд дар коллеҷ фаъолият кардаанд ва шогирдони зиёдро ба воя расонидаанд, рафта, бо аҳли оилаи эшон вохӯрда, туҳфаҳои хотирмонро тақдимашон карданд.

Дар соли 2024 дар самти ободонӣ дар муассиса чунин корҳо ба сомон расонида шуданд:

Дар асоси мактуби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ҳайати омӯзгорон ва кормандони хоҷагӣ дар муассиса ва дигар қитъаҳои ба он вобастакардашуда ҳашарҳои дастаҷамъона мегузаронанд.

Дар бахши саволу ҷавоб рӯзноманигорон оид ба самтҳои мухталифи муассиса савол дода, аз ҷониби директори муассиса ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

2025-02-04 19:52:36

РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КУМИТА ТАВСЕА МЕЁБАНД

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаик асбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар оғози нишаст академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 маълумот дода, қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ роҳбарияти Кумита бо мақсади муҳокимаи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак, мубодилаи маълумот дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди соҳа, баррасии масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва самтҳои стратегӣ, муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои оянда, бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, муассисаҳо, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд мулоқотҳои судмандро ҳам дар шакли ҳузурӣ ва видеоконференсия баргузор намуд.

“Дар соли 2024 мулоқоти ҳузурӣ ва видеоконференсияҳо бо намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ЮНЕСКО, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, ЮНИСЕФ, ТИКА, JICA, KOICA, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд баргузор гардиданд, ки ба баррасии масъалаҳои муҳимми соҳа, ҳамкориҳои муштарак ва пешниҳодҳои мушаххас оид ба рушди соҳа равона шуданд”, - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Кумита дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ (МФГС) аз 3 то 10 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Мактаби илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи "Ҳамкории мутақобилаи системаҳои миллии таълимии кишварҳои ИДМ ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои ИДМ" доир гардид. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ табодули донишу таҷриба байни мутахассисону коршиносони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишварҳои узви ИДМ маҳсуб ёфта, ҷиҳати иштирок ва суханронӣ дар он коршиносони хориҷии соҳа дар ҳайати умумии 25 нафар аз кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Узбекистон ва Озарбойҷон даъват шуданд. Дар рӯзи пӯшидашаваии Мактаби илмӣ-омӯзишӣ ба иштирокчиён дар вазъияти тантанавӣ сертификатҳо тақдим гардида, ширкаткунандагон бо таассуроти нек ва эҳсоси қаноатмандӣ ба кишварҳои худ баргаштанд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма роҷеъ ба тамоми паҳлӯҳои фаъолият саволгузорӣ намуда, аз ҷониби Раиси Кумита посухҳои мушаххас гирифтанд.

2025-02-04 19:49:13

ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаик асбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми раис Баҳрулло Давлатзода, мудири шуъбаи илму маорифи Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ 33 рӯзноманигор аз АМИТ "Ховар", телевизионҳои "Тоҷикистон", "Ҷаҳоннамо", "Сафина", "Илм ва табиат", "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", "Душанбе", "Баҳористон", радиоҳои "Тоҷикистон", "Садои Душанбе", "Фарҳанг", "Ховар", нашрияҳои "Ҷумҳурият", "Халқ овози""Садои мардум", "Ҷавонони Тоҷикистон", "Истиқлол", "Фараж", хабаргузории "Азия плюс", сомонаҳои "Авеста" ва Oila.tj иштирок намуданд.

Дар оғози нишаст академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 маълумот дода, қайд кард, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо кадрҳои соҳибкасб омода карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки тибқи дурнамои он ҳамасола дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳарчи бештар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Маврид ба зикри хос аст, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 таъсис дода шуд.

 

2025-02-04 07:54:00

РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Соҳаи тандурустӣ ҳамчун ҷузъи муҳими сармояи инсонӣ ва калиди пешрафти иқтисодӣ буда, ҳифзи тандурустии мардум на танҳо вазифаи иҷтимоӣ, балки омили асосии тақвияти нерӯи миллӣ ва солимии ҷомеа аст.

Таъкид шуд, ки рақобати солим байни бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ метавонад, сатҳи хизматрасониҳоро баланд бардошта, ба беҳбудии сифати табобат мусоидат кунад. Дар идомаи суханронии худ, Президенти кишвар афзуданд, ки таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ, аз вазифаҳои асосии давлат боқӣ мемонад. Дар доираи ислоҳот, ворид намудани технологияҳои пешрафта ба муассисаҳои тандурустӣ, инчунин баланд бардоштани малакаи мутахассисон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад.

Ҳадафи асосии давлат беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, афзоиши дастрасии аҳолӣ ба муассисаҳои тандурустӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад, ки ин метавонад, боиси солимии миллат ва рушди бомароми кишвар гардад.

Бо пайравӣ аз дастурҳои Пешвои миллат, мо кӯшиш менамоем, ки ҳар рӯз бо истифодаи ҳама захираҳои моддию маънавӣ сатҳи дониши донишҷӯёнро баланд бардошта, кадрҳои баландихтисос ва сазовори ояндаи миллатро тарбия намоем.

Аёмҷони МАҲМАДШАРИФ, мутахассиси шуъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи тиббии деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

 

2025-02-04 07:52:19

БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТИББӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳои хеш, ҳамеша масъалаи ҳифзи тандурустӣ ва пешрафти соҳаи тибро яке аз афзалиятҳои стратегии сиёсати давлат меҳисобанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин баробари ин Сарвари давлат ҳамеша таъкид намуд, ки дастрасии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба хизматрасониҳои тиббӣ муҳим аст. Бинобарин, дар солҳои охир муассисаҳои тиббӣ бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидаанд. Баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони тиббӣ тавассути курсҳои такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар аҳамияти зиёд дорад. Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир садҳо маркази тандурустӣ, беморхонаҳо ва марказҳои ташхисӣ бунёд шудаанд. Тавассути барномаҳои миллӣ ва иқдомҳои давлатӣ сатҳи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вараҷа ва сили шуш, назаррас коҳиш ёфтааст.

Боиси ифтихор аст,ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ ба дастовардҳои арзишманд сазовор гардидааст. Истиқлоли давлатӣ ва суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллию давлатӣ ва умумибашарӣ дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, солимии миллат, ободии Ватан ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гардад. Боиси сарфарозист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барномаҳои зиёди давлатӣ ҷиҳати ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, солимгардонии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои гуногун амалӣ мегарданд.

Ҳуснигул КАРИМОВА ,

мудири кафедраи фанҳои тахассусии Коллеҷи тиббии деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

 

2025-02-04 07:49:45

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар мавзуи пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро вохӯрӣ доир шуд.

Барои вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим аъзои гурӯҳи кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

2025-02-04 07:47:05

нишасти матбуотии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма мерасонад, ки санаи 4 феврали соли 2025, соати 11:00, дар толори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Варзишгарон 6, назди маркази Исмоилия (собиқ бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) нишасти матбуотии Кумита баргузор мегардад.

Барои пешниҳод ва саволҳои иловагӣ, лутфан ба Маркази матбуоти Кумита муроҷиат намоед:

Телефон: 2-50-37-15, 881-88-80-41

Email: jahonihunar2024@gmail.com

2025-02-01 15:56:40

САДА – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Боиси ифтихор ва хушнудист, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои Меҳргон, Тиргон, Сада ва Наврӯз ҷашнҳои расмии миллӣ эълон шуданд ва бо як шукӯҳу манзалати ба худ хос ҷашн гирифта мешаванд.

Сада ҷашни қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-ум ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасад.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ, омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.

Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг, шоҳи пешдодиён, ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда, аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта, ба он саҷда мекарданд.

Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд.

Ба гуфти бархе аз донишмандон, ҳамин, ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда, аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат, пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамуи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.

Дар хотимаи андеша гуфтаниам, ки Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва мужда аз Наврӯз буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 30-юми январ ҷашн гирифта мешавад.

АШУРИЁН Шаҳло Сайфуллозода,

директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ,

номзади илмҳои тиб

2025-02-01 15:53:16

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ САДА

Ҳамватанони азиз!

Сокинони заҳматпешаи пойтахт!

Ҳамаи Шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни Сада, ки аз ойинҳои қадимии халқи тамаддунсози тоҷик шаҳодат медиҳад, самимона табрик мегӯям.

Сада дар баробари ҷашнҳои мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, ба он умри дубора бахшида шуд.

Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи тамаддунсози халқи тоҷик пайванд медиҳанд.

Сада дар баробари дигар унсурҳо, моҳиятан ҷашни кишоварзон буда, ба марди деҳқон аз наздик шудани фасли баҳору оғози корҳои саҳро хабар медиҳад ва аҳли заҳматро ба андешаи давраи нави кишоварзӣ ва боғдорӣ ҳидоят менамояд.

Бори дигар ҷашни бостонии Садаро ба тамоми сокинони кишвари маҳбубамон самимона табрику таҳният гуфта, орзу менамоям, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони кишварамон ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҷовидонӣ бошад.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

2025-02-01 15:52:16

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ САДА

Ҳамаи шуморо ба ифтихори фаро расидани яке аз ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёду тамаддунсозамон - Сада самимона табрик мегӯям.

Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соли 2009 ҷашни Наврӯз, яъне Соли нави аҷдодии мо бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт.

Баъдан дар таърихи 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми ЮНЕСКО ҷашни Сада ва 4-уми декабри соли 2024 дар 19-умин ҷаласаи ин созмони бонуфуз ҷашни Меҳргон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Имрӯз ин се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон бо номҳои равону зебои тоҷикии худ аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд ва таҷлил карда мешаванд.

Зеро дар ҷашнҳои миллии мо на танҳо арзишҳои фарҳанги бостонӣ ва ниятҳои неку созандаи мардуми мо бозтоб гардидаанд, балки онҳо ифодакунандаи ғояву ормонҳои пурарзиши башарӣ низ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки маҳз бо дарназардошти ҳамин нукта онҳо аз доираи як миллат ва як минтақа фаротар рафта, бо ташаббуси Тоҷикистон ба ҷашнҳои умумибашарӣ мубаддал гардида истодаанд.

Ҳамзамон бо ин, дар кишвари мо таҷлили ҷашни Тиргон низ ба анъана табдил ёфтааст.

Яъне ба шарофати соҳибистиқлолӣ чор ҷашни миллиамон, ки дар чор фасли сол бо расму ойинҳои ба худ хос таҷлил карда мешаванд, на танҳо эҳёву оммавӣ гардиданд, балки тадриҷан дар миқёси олам низ нуфузу эътироф пайдо мекунанд.

Дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон ва эҳёву гиромидошти беҳтарин расму ойинҳои гузашта худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии мардуми кишварро таҳкиму тақвият мебахшад.

Ҷашни Сада аз ҷумлаи расму ойинҳои аҷдодие мебошад, ки аз даврони хеле қадим ба мо мерос монда, бо ҷашнҳои дигари миллиамон, бахусус, Наврӯзи байналмилалӣ иртиботи қавӣ дорад.

Ба ақидаи маъмул номи ҷашни Сада аз рақами сад гирифта шуда, зери ин мафҳум маъниҳои зиёде нуҳуфтаанд.

Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ат – тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ин ҷашнро аз миқдори рӯзҳои то иди Наврӯз боқимонда, яъне панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз шарҳ медиҳад.

Дар робита ба ин, муҳим аст таъкид намоем, ки номи ҳамаи ҷашнҳои бостонии мо дар забони модарии ширину гуворои мо реша доранд ва калимаи «сада» вожаи ноби тоҷикист, ки аз адади сад таркиб ёфтааст.

Ҷашни Сада аз айёми бостон то ба имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму ойинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст.

Моҳият ва асли онҳоро пирӯзии шодию сурур бар ғаму андӯҳ, гармо бар сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад.

Ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва аз наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад.

Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада кишоварзони моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафа бинанд.

Дар робита ба ин, инчунин, бо дарназардошти вазъи зудтағйриёбандаи ҷаҳони имрӯза, торафт боло рафтани нархи маводи ғизоӣ, гармшавии иқлим, ки обшавии пиряхҳо яке аз пайомадҳои он буда, боиси камобиву хушксолӣ гардида истодааст, кишоварзони мамлакатро дар ин айём зарур аст, ки махсусан ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Чунонки дар паёми навбатӣ таъкид намудам, мо бояд барои таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода карда, рушди соҳаи кишоварзиро дар заминаи дастовардҳои инноватсионӣ ба роҳ монем.

Ниёгони мо пас аз гузаронидани ҷашни Сада ба ниҳолшинонӣ ва ба тартиб овардани дарахту боғҳо машғул мешуданд.

Мардуми сарбаланди тоҷик, ки аз замонҳои хеле қадим то кунун бунёдкору созанда мебошанд, ин анъанаи неки аҷдодиро имрӯз низ идома дода, дар сарсабзу обод гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд.

Бо нияти ободиву пешрафти рӯзафзуни Тоҷикистони маҳбубамон бори дигар мардуми шарифи кишвар, бахусус, кишоварзони мамлакатро ба ифтихори ҷашни Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар тандурустӣ, бахту саодат ва иқболи нек орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

 

2025-02-01 15:49:48

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 01.02.2025

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

01.02.2025

2025-01-31 20:04:42

ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ...

Сада яке аз ҷашнҳои қадимии ориёиҳо ва мардуми тоҷик аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-уми баҳманмоҳ, яъне рӯзи 30-юми январ баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегӯянд.

Ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо кунанд ва онҳоро ситоиш намоянд. Агар Хуршед бо нури худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошт. Дар баробари ин, ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйи оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд.

Ба таври ҳамагонӣ ва бо шукуҳу ҷалоли тоза таҷлил намудани ҷашни Сада ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд ва дар он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста аст.

Фалсафаи ҷашни Сада ин, пеш аз ҳама, ба принсипҳои инсондӯстию зиндагисозӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ асос меёбад. Зиндагии заминӣ ва кайҳонии инсон-ягона ҳақиқат ва воқеият мебошад. Консепсияи мушкилиҳои экологии ҳаёти инсонро Сада дар арзишҳо ва рамзҳои устуравӣ ва фарҳангие муҳим мегардонад, ки мазмуни онҳоро адолати иҷтимоӣ низ ташкил медиҳад. Дар натиҷа ин гуна арзишҳо ва рамзҳои умумимиллӣ, ки хусусияти инсондӯстӣ ва зиндагипарварона доранд, тадриҷан ба заминаи маънавии муттаҳид кардани мардумони мухталифи кишвар, минтақа ва ҷаҳон табдил меёбанд.

Сада дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ (30-юми январ) бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд оғоз мешавад. Дар ишороти таърихӣ ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпо намудани як оташе бузург баргузор менамуданд.

Кашфи оташ тавассути ниёгони мо як воқеаи тасодуфӣ набуд. Он ҷараёни дуру дарози ҷустуҷӯро ба дунбол дошт ва як ҳодисаи муҳимми иҷтимоӣ дар асри навсангӣ ба шумор мерафт. Ҷашни Сада ва маросими оташсӯзии он мазҳари оташи фалаки нуронӣ ва аҳуроӣ буд, ки ин масоил дар «Таърихи Байҳақӣ», «Таҷориб-ул-умам», «Таърих»-и Ибни Асир ва дигар сарчашмаҳои таърихию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ироа шудаанд. Дар онҳо ҳамчунин маросими баргузории ҷашни Сада, оростани хони иди Сада, садо додани рақсу мусиқӣ дар ҷашн, иҷрои оҳангҳои Борбаду Накисо, овозхонӣ ва бадеҳагӯйӣ то бомдоди рӯзи дигар тасвир гардидаанд.

Тибқи иттилои маъхазҳо дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷманду камбағалон ба ҳайси ҳадя медоданд.

Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондааст.

Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада дар ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур дод, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шуда, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин ҷашни пуршукуҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндарӯд низ баргузор шуда, ки Ибни Асир роҷеъ ба он дар «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст. Саёқӣ мефармояд:

Сада омад, ки тарабро сару солор бувад,

Шодмониро з-ин пас ба(р) мо бор бувад.

Бар рухи ҷашни Сада гарчи зимистон дор баст,

Партави чеҳраи ӯ гуфт, ки ин ёр бувад…

Анна Красноволская дар «Чанд чеҳраи калидӣ дар асотири гоҳшумории эронӣ» ҷашни Садаро пешомади намодини Наврӯз ва муҳимтарин ҷашни зимистонӣ ба қалам додааст, ки аз даврони куҳан ҳамчун иди ҳошиявии пешазнаврӯзӣ ҳар сол таҷлил мегардид.

Артур Кристенсен ҷиҳатҳои муштараки ҷашни Сада ва ҷашнҳои оташи роиҷ дар Аврупоро муқоиса намуда, оташи поки иди Фасхи насронӣ бо унвони растохези Масеҳ дар кишварҳои Аврупоро ёде аз ҷашни Сада арзёбӣ намудааст.

Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,

К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.

Ҳамин тавр, Сада ҷашни зода шудани Хуршед ва Наврӯз, ҷашни ба балоғат расидани он мебошад. Мардум дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушорикат мекунанд ва ба ин тартиб, ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ин ҷашн маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни “Масленница” роиҷ аст.

Дар охир ҳамин нуктаро қайд намудан зарур аст, ки бо заҳмату кӯшишҳои бевосита ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллиамон аз нав эҳё ва ҷаҳонӣ мешаванд, ки ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидани Наврӯзи миллиамон мисоли он аст ва вақти он расидааст, ки ҷашни Сада низ байналмилалӣ шавад, зеро аҳаммияти байналмилалӣ касб кардани ҷашни куҳани Сада ва дар ҳамбастагӣ бо мардуми олам таҷлил намудани он, махсусан, дар замони муосир, ки тамаддуни инсонӣ ниёз ба ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва ҳамзиштии осоишта дорад, хеле муҳим аст.

Фарҳод РАҲИМӢ,

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон