
АҲАМИЯТИ ХИМИЯИ ОРГАНИКӢ ДАР ТИББИ МУОСИР
2025-05-15 17:20:43
Химияи
органикӣ дар ҳаёти инсоният ва табиат нақши муҳим мебозад. Асоси тамоми ҳаёт
моддаҳои органикии табиӣ ва табдили онҳо мебошанд. Дар соҳаҳои гуногуни саноат
бисёр пайвастаҳои органикии синтетикӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногуни
фаъолияти инсон, аз ҷумла соҳаҳои дорусозӣ, косметикӣ, коркарди нафт, химиявӣ,
аграрӣ, полимерӣ истеҳсол карда мешаванд.
Пайвастаҳои
органикӣ дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон истифодаи гуногун доранд: аз
пайвастаҳои органикӣ ғизо, сӯзишворӣ, доруворӣ, воситаҳои шустушӯӣ, рангҳо,
маводи тарканда, мавод барои сохтани нақлиёт, чопи китоб, азхудкунии кайҳон ва
ғайра. Дар асл, пайдо кардани соҳаи саноат, ки дар он химияи органикӣ истифода
нашавад, ғайриимкон аст.
Гуногунӣ
ва шумораи зиёди пайвастаҳои органикӣ аҳамияти химияи органикиро ҳамчун
бузургтарин бахши химияи муосир муайян мекунанд. Усули асосии химияи органикӣ
синтез мебошад. Рушди усулҳои синтез на танҳо ба муайян кардани сохти
пайвастаҳои мураккаб мусоидат кард, балки ба сохтани объектҳои моддӣ, ки ҳеҷ
гоҳ дар табиат вуҷуд надоштанд, оварда расонд. Барои бомуваффақият гузаронидани
синтези органикӣ ба химик-синтетик омезиши комили донишҳои назариявӣ ва амалӣ
бо интихоби воситаҳое, ки барои сохтани молекулаҳои мураккабтарин мувофиқанд,
зарур аст.
Химияи органикии муосир пайвастаҳоеро, ки
аз организмҳои растанӣ ва ҳайвонот (моддаҳои табиӣ) ҷудо карда мешаванд,
инчунин пайвастаҳоеро, ки бо ёрии синтези органикӣ (лабораторӣ ё саноатӣ) ба
таври сунъӣ ба даст оварда шудаанд, меомӯзад.
Баъзе моддаҳои органикӣ дар тӯли даҳсолаҳо
ба инсон маълуманд, баъзеашон дар марҳилаи омӯзиш қарор доранд ва қисми
дигарашон танҳо дар арафаи ҳосилшавианд. Аммо, бешубҳа моддаҳои химияи органикӣ
ҳеҷ гоҳ наметавонад ба охир расанд. Гуногунии химияи органикӣ дар табиати он
ниҳон аст.
Ғизо, либос, пойафзол, доруҳо, рангҳо,
ҷузъҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти барқӣ, радио ва телевизион, нахҳои синтетикӣ,
пластмасса ва каучук, воситаҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, маводи тарканда ин
рӯйхати нопурраест, ки химияи органикӣ ба инсон медиҳад.
Химияи органикӣ бо тиб алоқамандии зич
дорад. Шумораи зиёди доруҳои гуногун, ки имрӯз дар тиб мавҷуданд, асосан
пайвастаҳои органикӣ мебошанд. Химикон дар ҳамкорӣ бо табибон, микробиологҳо ва
дорусозон тавонистанд на танҳо сохти бисёр пайвастаҳои табиии дар тиб
истифодашавандаро муайян кунанд, балки баъзеи онҳоро синтез кунанд.
Дар баробари ин, химикҳо роҳи ҳосил
намудани пайвастаҳоро пеш гирифтанд, гарчанде ки онҳо аз пайвастаҳои табиӣ фарқ
мекунанд, аммо таъсири шабеҳ ва аксар вақт самараноктар доранд. Гузашта аз ин,
доруҳои нав ба даст оварда шуданд, ки дар табиат маълум нестанд, аммо қодиранд
бисёр бемориҳоро табобат кунанд. Дар тиб маводи полимерии синтетикӣ нақши калон
мебозанд. Мисол, сӯзандоруҳои якдафъаина, клапанҳои сунъии дил ва ғайраҳо.
Одатан, доруҳо аз рӯйи таъсири асосии
табобатии худ тасниф карда мешаванд. Баъзе доруҳо таъсири зиддимикробӣ доранд
(масалан, доруҳои сулфаниламидӣ: стрептотсид, норсулфазол, селфален, фталазол,
сулфадимезин ва ғ.). Бо ёрии онҳо бемориҳои сироятӣ бартараф карда мешаванд.
Дигар доруҳо барои рафъи дард кӯмак мекунанд, аммо боиси беҳушӣ намешаванд
(масалан, кислотаи атсетилсалитсилат ё аспирин, парасетамол, аналгин ва
ғайраҳо.).
Доруҳое ҳастанд, ки ба дил ва рагҳои хун
таъсир мерасонанд (нитроглисерин, анапрелин, дибазол ва ғ.). Антигистаминҳо
барои табобати бемориҳои аллергӣ, табобати бемориҳои саратонӣ ва ҳатто доруҳои
психофармакологӣ, ки ба ҳолати равонии инсон таъсир мерасонанд, ба даст оварда
шудаанд.
Тиб муддати тӯлонӣ ва бомуваффақият маводи
гуногуни полимериро дар ҷарроҳӣ истифода мебарад. Полимерҳо ҳангоми ҷарроҳӣ дар
устухонҳо ва пайвандҳо, ҳангоми пӯшидани нуқсони калла, барқарорсозии
пайвандҳо, сутунмӯҳраҳо ва ғ. истифода мешаванд. Аз полимерҳо протезҳои
гуногуни узвҳои дохилӣ, рагҳои хунгузар, сурхрӯда, роҳҳои талхарон, клапанҳои
дил ва ғайра сохта мешаванд. Бо ёрии пластикҳо нуқсонҳои алоҳидаи чеҳраро ислоҳ
мекунанд қисмҳои бинӣ, суфраи гӯш, косаи чашмро иваз мекунанд.
Ҳангоми ҷарроҳӣ дар рагҳои хун маводи
лавсан, пропилен, капрон ва полимерҳои силитсийорганикӣ истифода мешавад.
Махсусан, маводи полимерӣ дар дандонпизишкӣ барои тайёр кардани дандонҳои сунъӣ
ва протезҳо васеъ истифода мешаванд. Барои ин, маводи аз ҳама мувофиқ
полимерҳои полиакрилӣ мебошанд, ки бо ранги дандонҳо ва милки он монанд ранг
карда мешаванд, боқимондаҳои ғизоро намегиранд ва барои микробҳо дастрас
нестанд.
Дар айни замон, онҳо ба қадри кофӣ чандир
ва мустаҳкаманд. Маводи дӯзандагии ҷарроҳӣ, ки ба осонӣ тамиз мешавад ва пас аз
ҷарроҳӣ дар бофтаҳои бадан бетаъсир ҳал мешавад, хеле муҳим мебошад. Намудҳои
маводи полимерӣ, ки дар тиб истифода мешаванд, сол аз сол васеъ мешаванд. Инҳо
полиэтилени фишори паст, пенополиуретан, полипропилен, полимерҳои эпоксидӣ,
полиэфирӣ ва силитсий-органикӣ мебошанд. Ширешҳои махсус пайдо шуданд, ки ҳангоми
ҷарроҳӣ метавонанд бофтаҳоро пайваст кунанд. Дар тиб аз резина низ даст
накашиданд: аз гармкунаки резинӣ то бистари махсуси резинӣ барои беморони
баданашон сӯхта.
Химия дар рушди саноати дорусозӣ нақши
калон дорад: қисми асосии ҳамаи доруҳо бо роҳи синтетикӣ ба даст оварда
мешаванд. Бо шарофати химия дар тиб бисёр табаддулот ба амал омад. Бе химия мо
доруҳои бедардкунанда, доруҳои хоб, антибиотикҳо ва витаминҳо надоштем.
Аҳамияти химияи органикиро дар ҷаҳони
муосир ба таври васеъ арзебӣ кардан душвор аст. Бе он, бисёр ҷанбаҳои ҳаёти мо,
ки мо ба он одат кардаем, ғайриимкон мегардад.Ҳамзамон, ба шарофати рушди ин
соҳаи илм, дар назди инсоният уфуқҳо ва имкониятҳои нав дар соҳаи тиб,
технология ва экология кушода мешаванд.
Моҳира УСМОНОВА,
омӯзгори
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода