
БА ИШТИРОКЧИЁНИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ “ИСТИФОДАБАРАНДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ” СЕРТИФИКАТ ТАҚДИМ ГАРДИД
2025-05-17 07:39:29
Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси
Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, Штефан Зиверт, Роҳбари лоиҳаи кумаки Иттиҳоди
Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои
таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки иштирокчии курси омӯзишии
“Истифодабарандаи зеҳни сунъӣ (AI)” буданд, маросими тақдими Сертификат доир
гардид.
Академик Фарҳод Раҳимӣ чорабиниро оғоз
намуда, иброз дошт, ки имрӯз зеҳни сунъӣ дар раванди таълим торафт нақши
муҳимтар бозида, имкон медиҳад барномаҳои омӯзишии фардӣ эҷод карда шавад, ки
ба ниёзҳои инфиродӣ ва сатҳи дониши ҳар як истифодабаранда мутобиқ бошад.
“Зеҳни сунъӣ як соҳаи муштараки илму
технолия буда, ба таҳияву истифодаи барнома ва системаҳои мушаххас равон
шудааст, ки қобилияти фикр кардан, омӯзиш, ҳал кардани масъалаҳо ва қабули
қарорҳоро дорад. Он як технология ё самти илми муосир аст, ки роҳҳои омӯзиши
компютер, технологияи роботӣ ё системаи таҳлилиро барои тафаккури оқилона мисли
инсон меомӯзад.
Зикр шуд, ки курси кӯтоҳмуддати “Истифодабарандаи зеҳни сунъӣ (AI)” аз
ҷониби Кумита миёни омӯзгорони фанни информатикаи муассисаҳои таълимии
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, давомнокии
он 12 соат буд.
Дарсҳо давоми 3 рӯз дар Кумита доир шуда, дар ин муддат мутахассисони соҳа
ба омӯзгорон асосҳои зеҳни сунъиро омӯзонанд.
Дар фарҷом ба иштирокдорон сертификат тақдим гардида, таъкид шуд, ки онҳо
дар оянда ин фанро ба хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимиашон
меомӯзонанд.