Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҲИФЗИ ЭКОЛОГӢ - МУҲАРРИКИ РУШД
single-product

ҲИФЗИ ЭКОЛОГӢ - МУҲАРРИКИ РУШД

2025-05-15 17:29:35

Пайванди инсон бо табиат масъалаи нозук ва муҳим дар сохтмони ҷомеаи инсонӣ аст, аммо бархӯрди норавои инсон ба табиат, имрӯз инсониятро ба мушкилот ва муаммои сарбастае оварда, ки ҷуброни он гарон аст. Дар сиёсати давлатсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолият дар радифи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, рушд додани иқтисодиёту иҷтимоиёт ба масъалаи экология (ҳифзи муҳити зист) аҳамияти хоса дода, барои таъмини амнияти санитарию экологии шаҳру деҳоти кишвар ғамхориҳои доимӣ зоҳир мегардад.

Соли равон мардуми азизи Тоҷикистон 33-юмин солгарди рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зистро дар арафаи ҷашнвораҳои бузурги таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Соли 1972 санаи 5-уми июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист эълон гардидааст.

Табиат барои одам муҳити ҳаётӣ ва манбаи зиндагӣ аст. Одам, чун як намуди мавҷудоти биологӣ, муҳтоҷи ҳавои тоза, оби ширин, набототу ҳайвонот ва ҳарорати муътадил аст. Дар табиат ҷараёни гардиши модда ва энергия мунтазам идома дорад. Табиат ба мисли китоби нохонда мебошад.

Мо то ҳол пешакӣ намедонем, ки табиат ба мо чӣ ҳодисаҳо тайёр карда истодааст. Одам дар ҳаёту фаъолияташ ҳамчун як навъи мавҷудоти биологӣ мисли дигар мавҷудот ба муҳити зист таъсир мерасонад. Вале ин таъсир назар ба таъсироти дигаре, ки ҷомеа ба воситаи меҳнат мерасонад, хеле кам аст. Таъсири ҷомеа ба табиат ногузир аст ва он дар натиҷаи инкишофи ҷомеа, зиёдшавии миқдор ва массаи моддаҳои мавриди истифодаи рӯзгор ба амал меояд. Таъсире, ки ҳоло одам ба табиат мерасонад, ниҳоят зиёд аст ва он метавонад мувозинати умумии табиатро халалдор созад.

Дар замонҳои пеш одамизод гумон мекард, ки захириҳаои табиӣ беохир аст ва дар натиҷаи фаъолияти нодурусти худ ба табиат зарари ҷиддӣ расонд. Минбаъд ӯ маҷбур шуд, ки барои истифодаи оқилона ва ҳифзи табиат кӯшиш намояд.

Ҳифзи табиат маҷмӯи низоми исботгаштаи илмӣ буда, барои истифодаи оқилона, аз нав барқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, инчунин барои ҳифзи минбаъдаи муҳити зист аз ифлосу харобшавӣ равона шудааст. Ҳамаи ин барои наслҳои оянда зарур мебошад. Мақсади асосии ҳифзи табиат ташкили шароити мӯътадил барои ҳаёти одамон, имрӯз ва фардои инкишофи истеҳсолот, илм ва фарҳанги тамоми ҷаҳониён мебошад.

Захираҳои табиӣ ва гуногунии онҳо макони ҷойгиршавӣ, шароит ва равандҳои табиӣ, ки инсон дар ҷараёни корҳои илмию маърифатӣ ва хоҷагиаш истифода мебарад, захираҳои табиӣ ном гирифтаанд. Ҳаво, об, хок, канданиҳои фоиданок, нури офтоб, иқлим, олами наботот ва ҳайвонот аз ҷумлаи захираҳои табиианд.

Захираҳои табиӣ ба ду қисм ҷудо мешаванд: тамомшаванда ва тамомнашаванда. Захираҳои тамомшаванда дар навбати худ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: барқароршаванда ва барқарорнашаванда. Захираҳои табии барқароршаванда хок, олами набототу ҳайвонот, инчунин намакҳои маъданӣ, ошӣ ва техникӣ мебошанд, ки дар кӯлҳо ва таҳшинҳои (лагуна) баҳрӣ мавҷуданд. Ин захираҳо метавонанд дар шароити мӯътадил ва зиёд набудани меъёри истифодабарӣ аз нав барқарор шаванд.

Барқароршавии захираҳо бо суръати гуногун мегузарад; барои ҳайвонҳо якчанд сол, барои ҷангалҳо аз 60 то 85 сол, барои хоке, ки ҳосилхезиашро гум кардааст, чандин ҳазор сол лозим меояд. Бартарии ҳадди истифодабарӣ бар суръати пайдошавӣ, ё истеҳсолшавӣ ифодагари нишондиҳандаи харобӣ, ё аз байн рафтани захираҳо мебошад.

Ба гурӯҳи захираҳои табиии барқарорнашаванда захираҳое мансубанд, ки аз нав пайдо намешаванд, ё бо суръате барқарор мешаванд, ки назар ба истифодаашон садҳо маротиба суст аст. Нефт, газ, ангиштсанг, хокҳои металлӣ ва дигар канданиҳои фоиданок аз ҳамин қабиланд. Захираҳои онҳо маҳдуд буда, ҳифзашон бо роҳи истифодаи оқилона имкон дорад. Захираҳои тамомнашаванда аз сарватҳои обӣ, иқлимӣ ва кайҳонӣ иборатанд.

Захираҳои умумии об дар табиат тамомнашаванда аст ва асоси онҳоро обҳои шӯри уқёнусҳои дунё, ки кам истифода мешаванд, ташкил медиҳад. Дар баъзе минтақаҳо (ноҳияҳо) обҳои баҳрҳою уқёнусҳо бо нефт, боқимондаҳои саноату хоҷагиҳо, моддаҳои химиявии заҳрдор, ки шароити сабзиши рустаниҳою ҳайвонҳои баҳриро халалдор мекунанд, ифлос карда мешаванд. Оби ширин чун манбаи асосии ҳаётии одам захираи нотамом мебошад. Мушкилоти захира ва нигоҳдории обҳои ширин дар натиҷаи хушкшавии дарёву кӯлҳо, афзудани истифодаи заминҳои корам, рушди номутаносиби соҳаҳои саноат, нақлиёт ва ифлосшавӣ аз партовҳои саноатию маишӣ дучанд мегардад.

Зарур аст, ки истифодаи оқилонаи обро на фақат ба роҳ монем балки онро бояд ҳатмӣ ва ҷиддӣ ҳифз намоем. Захираҳои иқлимӣ, ҳавои атмосферӣ (фазоӣ ) ва қувваи шамол низ тамомнашаванда, лекин бо инкишофи саноат ва нақлиёт ҳаво бо дуду чанг ва газҳои гуногуни гулхонаӣ олуда мешавад. Дар шаҳрҳои калон ва марказҳои саноатӣ олудашавии ҳаво (фазо) барои саломатии инсонро хеле зараровар аст. Тоза нигоҳ доштани фазо яке аз вазифаҳои асосии ҳифзи табиат мебошад. Бо мақсади нигоҳдорӣ ва ҳифзи табиат дар замони муосир аз усулҳои гуногуни илмию технологӣ истифода мебаранд. Усули якум муайян месозад, ки ҳамаи ҳодисаҳо ва омилҳои табиӣ барои одам аҳамияти калон дорад.

Дар ин маврид нисбат ба ҳар кадоми онҳо роҳҳои хосеро интихоб карда, талаботи соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва барқароркунии табиатро ташкил кардан лозим аст. Масалан, ҷангал пеш аз ҳама манбаи асосии маҳсулоти сохтмонӣ ва кимиёвӣ мебошад, лекин вай ҳамчунин хусусияти захираву танзимкунии об, ҳифзи хок ва ҳосил кардани ҳавои тозаро дорад.

Бар замми ин, ҷангал ҷойи зисти ҳайвоноту паррандагони гуногун ва истироҳати одамон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳолат аҳамияти саноатии ҷангал дар ҷойи дуюм меистад. Мисоли дигар дарёҳо мебошанд, ки натанҳо барои ҳаракати нақлиёти обӣ, ё чархаи неругоҳҳои барқи обӣ, чун тавлидкунандаи неруи барқ хизмат мекунанд, ҳамчунон ба баҳрҳо моддаҳои гуногуни биологиро, ки барои мавҷудоти зиндаи обӣ заруранд, медиҳанд. Бинобар он, дарёҳоро танҳо барои як соҳа истифода намебаранд. Онҳоро барои соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, тандурустӣ, саёҳат ва ғайра истифода мекунанд. Аз ин рӯ, тоза нигоҳдории об вазифаи ҷонии ҳар як фарди сайёра мебошад.

Усули дуюми истифодаи захираҳои табиӣ ин шароити муҳити зисти аҳолии таҳҷойиро ба эътибор гирифтан лозим аст. Ҳоло дар табиат минтақаҳое мавҷуданд, ки аҳолиашон аз обҳои тоза танқисӣ мекашанд. Дар ҷойҳое, ки майдони ҷангалҳо зиёданду аз худ карда нашудаанд, истифодаи онҳоро иҷозат медиҳанд, вале дар минтақаҳои камҷангал онҳоро мувофиқи мақсад бо назардошти ҷараёни азнав-барқароркунӣ ва ҳифзи онҳо истифода кардан мумкин аст.

Қоидаи минтақавӣ (регионалӣ) ҳамчунин барои олами ҳайвонот низ мавҷуд аст. Масалан, як намуди ҳайвони шикорӣ дар як минтақа бинобар кам буданаш бояд ҷиддан ҳифз карда мешавад. Дар минтақаи дигар бошад, аз сабаби зиёд будани шумора баръакс, барои шикор иҷозат дода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло намудҳои гуногуни нақлиёт зиёд шудааст ва дар натиҷаи нодуруст истифодабарии сӯзишвории гуногунтаркиб ба атмосфера газҳои заҳрнок хориҷ мегардад, ки ба организми инсон таъсири манфӣ расонида, ба ҳар гуна бемориҳо дучор мегардонад. Бояд, ки ҳолати ихроҷи чунин газҳои хатарнок назорат карда шавад. Барои он асбобҳои ченкунии махсус ва танзимкунандаро истифода бурдан лозим аст. Дар замони шӯравӣ амалиёти санҷишию назоратӣ аз тарафи мутахассиси бахши экология ва кормандони БДА гузаронида мешавад.

Тибқи таъиноти стандарткунонӣ ва лоиҳаи сохти иморатҳои истеҳсолии ба саломатии инсон хатарнок, танҳо пас аз хулосаи мутахассиси соҳаи ҳифзи экология иҷозат дода мешуд. Сохтмони корхонаҳои истеҳсоли маводи кимёвӣ, тарканда ва сергарду чанг аз нуқтаи охирони макони зисти аҳолӣ ба самти вазиши шамол, дар масофаи на кам аз 150 метр дур сохта мешуд.

Ҳоло мувофиқи қоидаи минтақавии ҳифзи экологӣ, муносибат ба истифодаи захираҳои табиӣ аз сатҳи ҷойгиршавӣ ва пайдошавии онҳо вобастагӣ дорад. Усули сеюми истифодаи захираҳои табиӣ он аст, ки ҳифзи як намуди захираҳои табиӣ маънои ҳифзи дигар манбаҳои табииро дорад. Аз ҷумла, ҳифзи обанбор аз ифлосӣ, маънои ҳифзи моҳиҳо ва организмҳои дигари обиро дорад.

Ба воситаи ҷангал на фақат ҳаво тоза нигоҳ дошта мешавад, балки хок низ аз фарсоиш муҳофизат карда мешавад. Ҳифзи паррандаҳои ҳашоротхӯр ва макони мӯрчаҳо, инчунин ҳифзи ҷангалҳо аз зараррасонҳо ба ин усул дохил мешавад. Дар табиат муносибати мутақобилаи байни ҳамдигарӣ ҷой доранд, ки ҳифзи як намуд бар зарари намуди дигар аст. Масалан, ҳифзи оҳу дар як минтақа ба он оварда мерасонад, ки шумора он зиёд мегардад, вале аз суми боқуввати онҳо дар мавзеъҳои ҳифзшаванда (боғҳои миллӣ, мамнӯъгоҳҳо) намудҳои гуногуни гулу гиёҳҳои нодир нобуд мешаванд.

Бояд ҳангоми ҳифзи як намуд ҳолату имконияти дигар намудҳо ба инобат гирифта шавад. Пас, ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат барои чӣ зарур аст? Бе ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат инкишофи ҷомеа номумкин аст. Оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ гарави асосии рушд аст. Қоида ва қонунҳои ҳифзи табиат аз тарафи одамон дар он вақт иҷро мешаванд, ки пояи қонунӣ дошта бошангд.

Дар айни замон барои таъмини фаъолият дар бахши муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ як қатор кодекс ва қонунхо таҳия ва қабул шудаанд. Пеш аз ҳама Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат”, ки соли 1993 таҳия ва қабул шудааст. Қонуни мазкур қонуни асосии соҳа буда, дар асоси он дигар қонунҳое, ки меъёрҳо ва бахшҳои гуногуни соҳаро муайян менамояд, таҳия ва қабул шудаанд.

Бо мурури замон ва зарурати воқеӣ ба ин қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, ки таҷассумгари замони истиқлолият мебошад. Ба ин қонун солҳои 1994, 1996, 1997, 2002, 2004 ва 2007 тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки онро боз ҳам мукамммал намуданд. Соли 2011 қонуни асосии соҳа дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” таҳия ва қабул гардид, ки бо қонунгузории байналмиллалӣ мутобиқ ва мувофиқ мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Товикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ кафолатҳои ҳуқуқӣ инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ пешгирии таъсири зараровари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.

Дар асоси ин қонун дар Тоҷикистон 40 қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи табиат қабул карда шудааст, ки дар бораи муҳимтарини онҳо маълумот медиҳем. Соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера” таҳия ва қабул гардид. Мақсад аз қабули қонуни мазкур танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин соҳа муҳайё сохтани муҳити табиии мусоид барои зиндагии инсон, олами наботот ва ҳайвонот, ҳифз ва тозаву беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, муқаррар намудани назорати давлатӣ ба истифодаи ҳавои шаҳрҳо ва марказҳои саноатӣ, дигар маҳалҳои аҳолинишин, манбаъҳои олудашавии ҳавои атмосфера, инчунин таҳкими қонуният дар соҳаи ин муносибатҳо ба манфиати наслҳои имрӯзаю оянда мебошад.

Ба қонун солҳои 1996, 1997,2007, 2010 тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми майи соли 2006 “Нақшаи миллии фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист” –ро тасдиқ кард, ки он меъёрҳои асосии муносибати аҳли ҷомеаро муҳити зист муайян менамояд.

Хулоса, омӯзиши экологияи муосир нишон дод, ки одам чун як ҷузъи таркибии табиат нафақат онро ҳаматарафа истифода мебарад, балки вазифадор низ ҳаст, ки қонуниятҳои табиатро меомӯзад ва онро оқилона идора кунад.

Аз омӯзиши экология ба мо маълум шуд, ки қонунҳои экологӣ инсонро барои ба куллӣ тағйир додани муносибаташ нисбат ба табиат водор месозад. Табиат сирру асрори зиёде дорад, ки омӯхтани ҳаматарафаи онҳо ба мо бо осонӣ муяссар намегардад. Қонунҳои экологӣ аз мо талаб мекунанд, ки муносибати худамонро нисбат ба табиат ба куллӣ тағйир диҳем. Маҳз табиат инсониятро дар ҳолати мувозинат нигоҳ медорад.

Мо як қисми таркибии табиат ҳастем ва пурра ба он вобастагӣ дорем. Маҳз барои ҳамин омили асосии инкишофи инсоният на аз ҳукмронӣ ва поймол кардани он, балки аз муносибати оқилонаю бегаразона, ҳифзи тамоми ҷузъҳои олами органикӣ ва ғайриорганикӣ дар рӯи замин иборат мебошад. Инсоният дар айни замон вазифадор аст, ки тамоми фаъолияти худашро на бар зарари биосфера, балки барои бартараф кардани тамоми зарару зиёнҳо равона кунад. Фаромӯш набояд кард, ки биосфера то пайдоиши одам вуҷуд дошт ва бе он низ боқӣ хоҳад монд, вале одамон ( ҷомеа ) бе биосфера ҳаёт ба сар бурда наметавонанд.

А. Зарифӣ., М. Усмонов, омӯзгорони Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод