
ҶАВОНОН - ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
2025-05-17 07:51:47
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар замири ҷавонони кишвар ҳамчун асосгузори давлати навини
точикон ва муаррифгари асили миллати точик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло
доранд.
Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои
нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои
тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва
хизмати басо бузурге кардаанд.
Махсусан, Пешвои миллат ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави
корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо
донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри
инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди
кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
пайваста таъкид менамоянд: “Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи
миллатанд”. Ҷавононро ҳамчун қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллат
эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри
ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро
баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.
Дар ҷомеаи
имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ҷавонон хеле саҳми бузург
гузошта истодаанд, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими
пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот
метавонад ба хубӣ таъмин созанд.
Мо, ҷавонон,
бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол
ба дӯши мо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба
наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш
масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири
таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши
худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоед.
Ин дастуру
ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи
мо, ҷавонон бошанд ва афкору андешаи тозаи мо ба роҳ ёфтани ақоиду амали
гурӯҳҳои тундраву ифротгаро дар фазои Ватан имкон надиҳад.
Ҳамин тариқ,
мо, ҷавононро мебояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда,
худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорем ва
парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошем.
Улуғбек ХИДИРОВ,
сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагони
Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе